ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

30 сентябр 2024, Душанбе
5
0
ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
Боздиди Сарвари давлат аз рафти корҳо дар
нақби сохтмонии қабати 4 (СТ-4)-уми НБО “Роғун”
27-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”, нахуст, бо ҷараёни корҳои анҷомёфта дар бинои дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4-ум шинос шуда, бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти иншоот оғоз бахшиданд.
Дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати 4-ум дар баландии 1088 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ бо назардошти меъёрҳои ҷаҳонии соҳаи энергетика анҷом ёфтааст. Дарозии дарвозаҳо 12,5 метрро ташкил дода, бо истифода аз маҳсулоти корхонаҳои ватании насби таҷҳизоти гаронарзиш сохта мешавад.
Бояд гуфт, ки корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот соли 2019 оғоз гардида, онро бинокорони корхонаи пудратии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” ба иҷро расондаанд. Иҷрои корҳои васлу насби оҳанфулузот ва таҷҳизоти гидромеханикӣ дар ин минтақа мутаносибан 1150 ва 936 тоннаро ташкил медиҳад. Дарвозаҳои таъмирӣ дар неругоҳҳои обӣ яке аз ҷузъҳои муҳими иншоот ба шумор рафта, дар ҳолатҳои таъмир ва садама истифода мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар НБО “Роғун” баъди боздид аз дарвозаҳои садамавӣ-таъмирии нақби сохтмонии қабати чорум, аз шохаи “А”-и нақби мазкур дидан карданд. Нақби сохтмонии қабати 4-ум аз шохаҳои “А” ва “Б” иборат буда, вазифаи онҳо тақсим намудани ҳаҷми об ва паст кардани шиддатнокии ҷараёни он мебошад. Иншоот, ба истиснои баромадгоҳ, 1770 метр дарозӣ дошта, қутраш 15 метрро ташкил медиҳад ва иқтидори обгузаронии он 3500 метри мукааб дар як сония мебошад. Дар минтақаи камераи дарвозаҳои шохаи “А” кор тибқи лоиҳа идома дошта, то имрӯз корҳои бетонхобонӣ 1271 метри мукааб, корҳои кафшерӣ 489 метр ва васлу насби варақаҳои оҳанӣ анҷом ёфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳо ва суҳбат бо бинокорон, аз натиҷаи кор дар ин минтақа изҳори қаноатмандӣ намуда, дар оянда барои сари вақт ва мувофиқи талабот иҷро кардани корҳои боқимонда дастурҳои мушаххас доданд. Маврид ба ёдоварист, ки НБО “Роғун” дар рӯди Вахш бунёд гардида, бузургтарин дар силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори 3600 МВт дар Осиёи Марказӣ ҳам калонтарин неругоҳ маҳсуб мешавад. Агрегати нахустини НБО “Роғун” 16-уми ноябри соли 2018 ва агрегати дуюмаш 9-уми сентябри соли 2019 аз тарафи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Зимни боздидҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргарон даъват менамоянд, ки содиқонаву софдилона фаъолият намуда, ҳар як кори ба зиммаашон гузошташударо тавре анҷом диҳанд, ки садсолаҳо барои миллати тоҷик хизмат намояд. Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро барои тезондани корҳои бунёдӣ дар дигар минтақаҳои иншоот вазифадор карданд.
Президенти кишвар НБО “Роғун”-ро яке аз сарчашмаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар номида, пурра ба фаъолият пардохтани онро барои давлату миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ арзёбӣ намуданд. Бунёдгузори «кохи нур» – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо бинокорон, барои иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва саҳм гузоштан дар бунёди иншооти аср – НБО “Роғун”, ба онҳо миннатдорӣ баён дошта, таъкид сохтанд, ки номи ҳар яки онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва барои ояндагон намунаи ибрат хоҳад буд.

Ҷараёни корҳо дар сарбанд
27-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
Дар ин ҷо аз сатҳи баҳр дар баландии 1140 метр то 1300 метр корҳои таркишию хокбарорӣ, ки ҳаҷми умумии лоиҳавии он 880 ҳазор метри мукааб мебошад, анҷом ёфтааст. Насби лангарҳои оҳанин 80%, лангарҳои фишордор 85% ва корҳои арматурбандию бетонхобонӣ 81% иҷро гардид. Айни замон корҳои мустаҳкамкунӣ дар болои обқабулкунандаҳои доимӣ идома дошта, ҳадафи коргарону мутахассисон ба иҷрои босифати нишондодҳо равона шудааст. Ҳаҷми умумии корҳои бетонхобонӣ бошад, 55 ҳазор метри мукаабро дар бар мегирад, ки то имрӯз 80% ба сомон расид.
Дар минтақаи ядрои сарбанд кор шабонарӯзӣ дар ду баст идома дошта, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизмҳои пуриқтидор сафарбар мешавад. Танҳо дар минтақаи ядрои сарбанди Неругоҳ наздики 400 нафар машғули кор аст. Дар ядрои сарбанди Неругоҳ шаш намуди маводи асосии сохтмонӣ мувофиқи технология қабат ба қабат хобонда шуда, ҳамарӯза сифати кор санҷида мешавад. Ҳоло хобондани мавод, аз ҷумла гилхок ва филтрҳо, дар ядрои сарбанд дар сатҳи 1013 метр аз сатҳи баҳр идома дорад. Ҳаҷми лоиҳавии гилхок дар ядрои сарбанд 7,5 миллион метри мукааб пешбинӣ мегардад ва то имрӯз зиёда аз 561 ҳазор метри мукааб хобонида шудааст. Дар минтақаи сарбанд бинокорон дар маҷмуъ, 21 миллион метри мукааб маводи гуногуни сохтмонӣ хобондаанд. Дар як рӯз ба ҳисоби миёна сарбанди Неругоҳ тақрибан 50 сантиметр баланд бардошта мешавад. Имсол сатҳи об дар обанбор 5 метр баланд бардошта шуда, ба 1075 метр расид.
Баландии лоиҳавии сарбанди НБО “Роғун” 335 метрро ташкил медиҳад, ки баландтарин садди чунин навъ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Қабатҳои назди кӯҳ бошад, мувофиқ ба талаботи технологӣ мустаҳкам мегардад. Дар минтақаи ядрои сарбанд корҳои сементрезӣ ва мустаҳкамсозии паҳлуҳои чап ва рости кӯҳ то сатҳи 1110 метр бо шумораи 5093 чоҳ идома дошта, то имрӯз 1800 чоҳ парма ва сементрезӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, аз ҷараёни фаъолияти хатти конвейерии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд. Дар қитъаҳои муайяни Неругоҳ барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки хатти конвейерӣ аз ҷумлаи онҳост. Дар маҷмуъ, дар ин қитъаи сохтмонӣ 70 нафар дар ду баст фаъолият дошта, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ беш аз 30 техника ҷалб гардид. Дар марҳалаи аввал ашёи хом дар конҳо ва қитъаҳои муайяни иншоот тавассути техника ва таҷҳизоти пуриқтидор коркард мешавад. Бо истифода аз чунин технологияи замонавӣ коргарони муҳандисию техникӣ метавонанд, ки дар як соат то 3500 тонна маҳсулотро омода ва ба воситаи хатти конвейерӣ ба сарбанди Неругоҳ интиқол диҳанд. Таъкид шуд, ки ду қисмати борфарории хатти конвейерӣ дар биефи поёнии сарбанд дар сатҳи 1090 метр ҷойгир аст. Маҳсулоти сохтмонӣ ба воситаи хатти конвейерӣ то биефи поёнӣ интиқол дода шуда, ба воситаи мошинҳои боркаш ба қитъаҳои сарбанд хобонда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар сарбанди Неругоҳ, таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба иҷрои босифати сохтмон, риояи талаботи лоиҳавӣ, босифат ба анҷом расондани кор ва тезондани раванди сохтмон ҷалб намуданд.

Рафти корҳо дар рӯди Оби Шӯр
27-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдончаи назоратии рӯди Оби Шӯри НБО “Роғун” бо ҷараёни корҳои тозакунии сангу шағал дар сарбанди ҳимоявӣ шинос шуданд.
Сарбанди ҳимоявӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатари селу обхезӣ дар Оби Шӯр, ки ҳамасола дар мавсими боронгарӣ ба вуқуъ меояд, бунёд гардид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тоза намудани пешдарғоти сарбанд бо истифода аз 70 нақлиёти соҳавии пуриқтидор ва бо ҷалби 100 мутахассиси маҳаллӣ сурат мегирад. Барои дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани иқтидори ҳимоявии сарбанд, тоза намудани сангу шағал ва дигар селовардҳо дар ҳаҷми 350 ҳазор метри мукааб зарур аст ва то имрӯз корҳои иҷрошуда 50 ҳазор метри мукаабро ташкил менамояд.
Ёдовар мешавем, ки сарбанди ҳимоявии Оби Шӯр дар масофаи 1500 метр болотар аз соҳили дарё дар баромадгоҳи нақбҳои обпартои Неругоҳ сохта шудааст. Бунёди он вуруди сангҳои гаронвазн ба нақбҳои обпартои Неругоҳро пешгирӣ намуда, ба таъмини фаъолияти муназзами он мусоидат менамояд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бунёди иншооти нави ҳимоявӣ дар шохобҳои болоии Оби Шӯр мутахассисон корҳои омӯзиширо шуруъ хоҳанд кард. Дар сурати анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва муайянсозии минтақаҳои мувофиқ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ сохтмони иншооти иловагии ҳимоявӣ оғоз мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои гузарондани омӯзишҳои дақиқ вазифадор карда, аз ҷумла таъкид сохтанд, ки иҷрои босифати корҳо дар ҳамаи мавзеъҳои Неругоҳ касбият, масъулият ва садоқати воқеӣ ба миллату давлатро тақозо менамояд. Азбаски нақши муассир гузоштан дар бунёди НБО «Роғун», ки бузургтарин мактаб дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи гидроэнергетикӣ маҳсуб меёбад, қадами бузург дар роҳи расидан ба таъмини истиқлоли энергетикӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди Ватан хоҳад буд.

Нақбҳои обқабулкунандаи доимӣ ва шахтаҳои дарвозаҳои он
27-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи боздид аз НБО “Роғун” бо рафти кор дар нақбҳои обрави агрегатҳои №3 ва №4-и обқабулкунандаи доимӣ дар сатҳи 1152 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд.
Корҳо дар деворҳои болоии иншооти мазкур, аз қабили таркишию хокбарорӣ ва сементрезию мустаҳкамгардонӣ, дохили нақбҳои обгузар аз тарафи мутахассисони ватанӣ анҷом дода мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки нақбканӣ ва мустаҳкамкорӣ дар ин нақбҳо ба анҷом расида, сементрезӣ ва мустаҳкамкунӣ идома доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои то имрӯз анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ба босифат ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расондани корҳо ҳидоят намуданд. Дар ин қитъа корҳои лоиҳавӣ аз ҷониби коргарон ва мутахассисон, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, бо сифати баланд идома дошта, марҳала ба марҳала ба сатҳи ниҳоӣ наздик мешаванд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки нақбҳои болоии обгузари №3 ва №4 пурра канда, бо рӯйпӯши муваққатӣ мустаҳкам гардида, сементрезию мустаҳкамсозии ниҳоии он дар ҳаҷми мутаносибан 30 ва 20 фоиз анҷом дода шуд.
Мутахассисону коргарон бо дилгармӣ дар иншооти мазкур пайи меҳнати созанда буда, талош менамоянд, то корҳои бауҳдадоштаашонро бо сифати баланд ва дар вақтҳои муқарраргардида анҷом диҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳаётан муҳим будани бунёди НБО “Роғун” дар пешрафти Тоҷикистон кормандонро ба масъулиятшиносӣ ва фаъолияти босифат дар ин иншооти аср ҳидоят намуданд. Дар идома Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳо дар обқабулкунандаҳои доимии дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр дидан намуданд.
Тавре гуфта шуд, сифати корҳо дар ин қитъа ҷавобгӯи талабот буда, тамоми тадбирҳои бунёдӣ, шуруъ аз омодасозии мавзеъ то ба бетонрезиву лангарбандии сақфу деворҳо ва дигар корҳо аз рӯи стандартҳои бехатарии муҳандисӣ амалӣ мешаванд. Афзоиши истеҳсоли барқ барои таъмини рушди муназзаму устувори иқтисоди миллӣ, қонеъ гардондани талаботи рӯз ба рӯз афзояндаи соҳаҳои истеҳсолӣ ва аҳолии кишвар ба он аз ҷумлаи заруратҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Бо бунёди ин Неругоҳи бузург, дар баробари аз байн рафтани норасоии неруи барқ, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, муҳайёсозии ҷойҳои нави кор ва беҳтар гардондани ҳаёти иҷтимоии мардум заминаи устувор фароҳам мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо раванди корҳо, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо заҳмати содиқонаи бунёдгарони иншооти муҳими аср дар ин қитъаи сохтмонӣ корҳо хеле пеш рафтаанд. Корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” бо сифати баланд идома дошта, бунёдгузорони ин «кохи нур» шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд, то дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба ҷараёни кор дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунандаи доимӣ, ки дар баландии 1290 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд, мушоҳида намуданд. Дар ин ҷо ба Роҳбари давлат корҳои бетонхобонӣ дар ин шахтаҳо, ки тавассути дастгоҳи махсус ба роҳ монда мешавад, муаррифӣ шуд. Аз ҷумла, масъулон иттилоъ доданд, ки дар шахтаҳои амудӣ корҳо бо суръат ҷараён дошта, дар сохтмон маҳсулоти босифат истифода мешавад.
Мавриди таъкид аст, ки бо иродаи қавӣ ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” идома дошта, мутахассисону кормандон барои саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони Ватани соҳибистиқлол ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – истиқлоли энергетикӣ, дилгармона талош менамоянд.

Кони №17-и НБО «Роғун»
27-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз раванди корҳо дар кони рақами 17-и иншооти бузургтарини гидроэнергетикии аср дар Ватани азизамон – НБО «Роғун» шинос шуданд.
Дар кони рақами 17 маводи гилхок тавассути 8 дастгоҳи муосир ва 3 корхонаи ширкати паймонкори лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” коркард ва захира мешавад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои коркарди гилхок дар чор қитъаи кони №17 дастгоҳу таҷҳизоти муосир гузошта шудааст, ки тавассути онҳо ин мавод бо андозаҳои 0-20, 0-50 ва 0-200 миллиметр истеҳсол мегардад.
Иқтидори лоиҳавии ҳар як дастгоҳи коркарди гилхок аз 50 то 100 тоннаро дар як соат ташкил медиҳад. Чун дигар қитъаҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони соҳибтахассус бо истифода аз мошину механизмҳои муосир коркард ва захираи гилхокро дар кони №17 бо сатҳу сифати баланд ба анҷом мерасонанд. То ҳол дар кони мазкур 1,5 миллион метри мукааб гилхок коркард ва захира гардид.
Гилхоки коркардшуда дар ядрои сарбанди Неругоҳ бо мақсади мустаҳкамнамоӣ ва обногузар намудани он истифода мешавад. Мувофиқи лоиҳа, ҳаҷми гилхок дар ядрои сарбанд 7,5 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад ва то сатҳи 1110 метр 3,35 миллион метри мукааб хобонда хоҳад шуд.
Тибқи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ, баъди ба анҷом расидани корҳои бетонӣ, моҳи июни соли равон дар ядрои сарбанд хобондани гилхок аз сатҳи 984 метр шуруъ гардид. Ҳоло дар кон 67 мошини боркаш бо иқтидори вазнбардории аз 40 то 90 тонна то минтақаи ядрои сарбанд гилхок мекашонад. Тавре иттилоъ доданд, ки аз моҳи июн то имрӯз аз кони №17 дар ядрои сарбанд 350 ҳазор метри мукааб гилхок хобонидаанд. Ҷиҳати коркард ва захираи гилхок ҳоло дар кони №17 270 мутахассис дар ду баст шабонарӯзӣ заҳмат мекашад. Аз ҷониби ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” барои сохтмони НБО “Роғун” дар қитъаҳои гуногун зиёда аз 6 ҳазору 200 нафар кормандону муҳандисон ва беш аз 950 техникаю механизмҳои муосир ба кор ҷалб шудаанд.
Мавриди таъкид аст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти гидроэнергетикии кишвар лаҳзае қатъ нагардида, бунёдгузорони он бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқату мардонагӣ ва азму иродаи устувор шоҳкорӣ менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти назарраси коргарону мутахассисон дар кони №17 дар самти коркард ва захираи гилхок изҳори қаноатмандӣ намуда, барои омодасозии босифати гилхок, таъмини саривақтии минтақаи ядрои сарбанд бо он ва таҳкими раванди корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Толори мошинҳо
27-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз НБО «Роғун» ба толори мошинҳо ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат аз чархи кории доимӣ, ки ҳоло дар майдончаи васлгарӣ гузошта шудааст, дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин чархи корӣ барои иваз намудани чархи кории агрегатҳои мувақатии 5 ва 6 дастрас шудааст ва баъди анҷом ёфтани ин кор тавоноии ҳар яке аз 200 ба 400 мегаватт баланд бардошта мешавад.
Ҳоло кормандону мутахассисон бо азму иродаи қавӣ ва бо умеди ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон корҳои бунёду васлгариро дар дигар агрегатҳои Неругоҳ суръат бахшида истодаанд. Дар кратери агрегати №4 статори турбина бо вазни 269 тонна, камераи спиралӣ бо вазни 200 тонна насб гардидаанд.
Зимни боздиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки дар атрофи зонулӯла, конус ва камераи спиралӣ вазни арматураи басташуда 380 тонна ва бетони хобондашуда 9 ҳазору 579 метри мукаабро ташкил медиҳад. Анкерҳои таҳкурсии сервомоторҳои дастгоҳҳои самтдиҳанда насб шуда, корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонӣ идома доранд. Дар кратери агрегати №3 зонулӯла ва конуси лӯлаи ҷабанда гузошта шуда, корҳои арматурбандӣ ва бетонгирӣ то сатҳи 948 метр амалӣ гаштанд. Дар қисмати горизонталии лӯлаи ҷабандаи гидроагрегатҳои 3 ва 4 корҳои сохтмонӣ идома дошта, зонулӯла ва конуси лӯлаи ҷабандаи гидроагрегати №2 дар кратери гидроагрегат гузошта шуд.
Корҳои арматурбандӣ ва бетонхобонии атрофи зонулӯла ва конуси лӯлаи ҷабандаи гидроагрегати 2 то сатҳи 948 метр расида, васли зонулӯлаи ҷабандаи гидроагрегати №1 дар сатҳи 948 метр баробар гардида, дар байни кратерҳои гидроагрегатҳои №2 ва №3 идома дорад. Ҳоло дар кратери гидроагрегати №1 корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, кандани ҷинсҳои кӯҳӣ то сатҳи 247 метр иҷро шудааст.
Лозим ба таъкид аст, ки ҳар як сафари кории Сарвари давлат ба ин иншооти азими энергетикӣ ба кормандону муҳандисон неруи тоза мебахшад ва онҳо дар тезондани бунёди НБО «Роғун» бо масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ саҳм мегузоранд. Дар ин ҷо ба Сарвари давлат доир ба фаъолияти ду агрегати нахустини Неругоҳ маълумот дода шуд. Тибқи иттилоъ, агрегатҳои №5 ва №6 аз ибтидои фаъолият то ин ҷониб 7,6 миллиард киловатт/соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол гашт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар толори мошинҳо, ки яке аз иншооти асосии НБО «Роғун» ба шумор меравад, сифати корҳои сохтмониро баланд арзёбӣ намуда, баҳри вусъат бахшидани корҳои боқимонда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Нақби турбинии агрегати №4
27-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни корҳои насби лӯлаҳои обрасон дар нақби турбинии мавзеи агрегати №4-и НБО “Роғун” шинос шуданд.
Дар ин нақб корҳои нақбканӣ, мустаҳкамсозӣ ва сементрезӣ ба анҷом расиданд. Дарозии қисмати горизонталии нақби мазкур 48 метр ва баландии шахтаи амудии он 206 метрро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар нақб ба масофаи 64 метр оҳанфилизот насб гардида аст, ки 517,4 тоннаро ташкил менамояд. Он ҳамчун нақби обрасон аз шахтаи вертикалии сатҳи 1 ҳазору 152 метри обқабулкунаки асосӣ то ба агрегати №4 хизмат мекунад. Қутри нақб 7 ва дарозияш 459 метрро ташкил менамояд.
Васлу насби оҳанфилизоти обрасон дар нақби турбинии агрегатҳои №3 ва №4 аз ҷониби муҳандисону кормандони ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонда мешавад. Ҳоло дар нақби турбинии №3 қисмати оҳанфилизот барои васлу насб омода гардида, дарозии он 16 метр ва вазнаш 141 тонна мебошад.
Зимни шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳандисону коргарон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.

Мулоқоти Роҳбари давлат бо кормандони НБО “Роғун”
28-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд.
Сарвари давлат баъди боздид аз маҳали бунёди Неругоҳ ва шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо таҳлилҳои амиқ суханронӣ намуда, барои вусъати корҳо ва назорати сифат дар назди коргарон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқи обии Роғун” Хайрулло Сафарзода, намояндаи ширкати “Вибилд” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фабио Гуэрино, директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” Иқбол Сафаров, директори ҶСП “Корхонаи таҷрибавии механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба иҷрои корҳои сохтмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба Сарвари давлат гузориш доданд.

ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
Боздиди Сарвари давлат аз боғи хоҷагии деҳқонии «Умеда»
28-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод ташриф оварда, нахуст, дар деҳаи Дурахшони деҳоти Чашмасор аз боғи хоҷагии деҳқонии «Умеда» дидан намуданд.
Майдони хоҷагӣ 41 гектарро ташкил дода, дар 6 гектари он саҳмдорон боғи себи навъҳои содиротӣ бунёд намудаанд. Ҳосили пурбори себҳои «зарринтоб», «ситораи кӯҳсор», «хубонӣ» ва ноки «нозанин», ки навъҳои асосии боғро ташкил медиҳанд, заҳмати садоқатмандонаи саҳмдорони хоҷагӣ мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки соли гузашта аз ҳар гектар боғи себ 25-тоннагӣ ҳосил гирифтаанд. Имсол низ ҷамъоварии ҳосили себ дар хоҷагии деҳқонии «Умеда» даҳаи аввали моҳи октябр оғоз мегардад ва тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, аз ҳар гектари он бояд беш аз 25-тоннагӣ ҳосил ба даст оварда шавад. Хоҷагидорон, бо назардошти ба талаботи бозор мутобиқ будани сифати ҳосил, дар фурӯши он душворӣ накашида, аз сари замин ҳосилро бо нархи дилхоҳ ба савдо мебароранд.
Дар баробари саҳмдорони хоҷагӣ ҳангоми ҷамъоварии ҳосили боғот, то 40 нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли равон дар миёни қаторҳои боғ сабзавоту полизӣ кишта, аз он ҳам ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Барои таъмини чорво бо хӯроки дурушту серғизо дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ юнучқа кишт шудааст, ки бо се дарав ва захира намудани ҳосили он чорвои хоҷагӣ аз зимистон беталаф бароварда мешавад. Парвариши тамоми намуди зироати кишоварзӣ бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ба роҳ монда шуда, дар мавсими ҷамъоварии он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳмдорони хоҷагӣ суҳбати самимӣ анҷом дода, барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосил, васеъсозии масоҳати боғ, бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот ва аз ин ҳисоб тақвият додани иқтидори содиротии кишвар ба кишоварзон маслиҳатҳои муфид доданд.
Мавриди зикр аст, ки иқлими ноҳияи Файзобод барои парвариши себу нок мусоид буда, майдони боғот дар ноҳия 6 ҳазору 420 гектарро дар бар мегирад. Ҳосили бадастомада, дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ, ба содирот низ равона мегардад. Бо зиёдшавии майдони боғҳо, дар баробари афзудани ҳаҷми истеҳсоли мева, шумораи ҷойҳои кор низ зиёд гардид, ки аҳолӣ бо шуғли мавсимӣ ва доимӣ фаро гирифта мешавад.

Намоиши маҳсулоти кишоварзони ноҳияи Файзобод
28-уми сентябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзон ва ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия дидан намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо ҳосили фаровони зироаткорӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, ба меҳнати содиқонаи аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд доданд.
Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои кишт аз меҳнати созанда ва истифодаи самараноки ҳар як қитъа замини корам дар ноҳияи Файзобод шаҳодат медиҳад.
Дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, ҷуворимаккаи дон, қаланфури булғорӣ ва лӯбиёдонагӣ, ки самараи кишти такрорист, бомаром идома дорад.
Бояд гуфт, ки иқлими ноҳия барои кишт ва ба даст овардани ҳосили зиёду босифати навъҳои гуногуни помидор, картошка, қаланфури булғорӣ ва меваҷот мусоид мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳматкашони ноҳияро ба ҳамкории пурсамар бо олимону мутахассисони соҳа, барои дарёфти тухмиҳои навъҳои серҳосил, истифодаи нуриҳо, мубориза бар зидди ҳашароту бемориҳо ва ҷамъоварии беталафи ҳосил ҳидоят намуданд.
Кишоварзони ноҳияи Файзобод дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода бурдани ҳар як қитъаи замини корам сармашқи кори худ қарор дода, ҳамасола бо гирифтани ҳосили дилхоҳ ва фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Файзобод зиёда аз 3941 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа, маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.
Дар намоишгоҳ беҳтарин навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полизӣ ва ғалладонагию лӯбиёиҳоро, ки дар кишти тирамоҳию баҳорӣ бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ба даст омадаанд, ба намоиш гузоштанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба давраи то 1-уми августи соли 2024, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Файзобод зиёда аз 50 558 тонна ғалладонагӣ, 47 486 тонна картошка, 13 428 тонна сабзавот ва 32 751 тонна мева истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ, инчунин, маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия, аз ҷумла анвои гуногуни нон, фатир ва кулча, муаррифӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва деҳқонон барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, беҳдошти фарҳанги заминдорӣ, истифодаи заминҳои бекорхобида, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва баланд бардоштани ҳавасмандии саҳмдорон дастуру тавсияҳо доданд.
Санаи нашр: 30.09.2024 №: 189
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив