ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИЛЛАТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. БЕТАРАФ БОЯД НАБОШЕМ!

МИЛЛАТ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. БЕТАРАФ БОЯД НАБОШЕМ!

01 октябр 2024, Сешанбе
8
0


Омӯзиши суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ва дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки бо далелу мисолҳои равшан андешаҳояшонро иброз доштаанд, ба рӯям дари наве боз намуд. Бояд ҳар як сокини кишвар ин суханрониҳои пурмуҳтаворо биомӯзад ва дар ҳаёт истифода барад. 

Ҷаҳони имрӯз ба буҳрони амиқ гирифтор шудааст. Мамлакатҳое, ки замони на чандон дур, аз кишварҳои амн ва ором ба ҳисоб мерафтанд, ба гирдоби ҷангу ноамнӣ гирифтор гардида, иқтисодашон коҳиш ёфт.  Пӯшида нест, ки дар ин ноамниҳо ва бесуботиҳо қудратҳои тавсиаталаб ва ҷаҳонхоҳ даст доранд ва барои татбиқи ҳадафҳои шуми худ ба ҳар дасиса ва амале даст мезананд.  Агар оммаи васеи мардум соҳибтаҳсилоту бомаърифат, худшиносу ватандӯст бошанд, метавонанд дар ҳар гуна шароит арзишҳои миллӣ, муқаддасот ва давлати миллии худро муҳофизат кунанд. Дар муқобили ҳар гуна қувва бо далелҳои боэътимод пойдору устувор бошанд. 
Бо итминони комил гуфта метавонем, ки сиёсисозии дин барои авҷ гирифтани ифротгароӣ ва терроризм имконият фароҳам меорад.  Агар мо ба пуштманзари таълимоти ин гурӯҳҳо бо чашми ақл назар афканем, ифротгароҳо касонеро, ки аз ақидаҳои динӣ ва ё эътиқодии онҳо  пайравӣ намекунад, такфир ва ҳатто маҳкум ба қатл менамоянд. Ин раванди даҳшатнок имрӯз бештар шиддат гирифта, мо ҳар рӯз шоҳиди террор ва қатлу куштори одамони бегуноҳ аз ҷониби пайравони чунин ақидаҳои  ботил ва ифротгаро ҳастем. 
Таҷриба нишон дод, ки бегонагон ва хоинони миллат наврасону ҷавононро на ба хотири худошиносӣ, балки барои дар оянда ҳамчун силоҳ истифода бурдан, бо мақсади амалӣ гардондани ҳадафҳои миллаткуши худ ба мактабҳои махсус ҷалб мекарданд. Мазҳаби мо ҳеҷ гоҳ инсонро дар руҳияи худкушӣ ва харобкорӣ тарбият намекунад, балки касро ба ободкорию созандагӣ, ба инсондӯстиву худшиносӣ раҳнамоӣ менамояд.
Ҳар як сокини мамлакат ақл дорад ва бо чашми сар мебинад, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахуст барои муҳайё намудани шароити мусоид бо мақсади иҷрои қавоиди динии сокинони мамлакат ғамхорӣ мекунад. Қариб дар тамоми шаҳру шаҳрак ва деҳаҳои мамлакат масҷидҳо амал мекунанд. Барои таҳсили онҳое, ки мехоҳанд аз қавоини шариати ислом бохабар бошанд, дар мамлакатамон мактабу мадраса фаъолият дорад ва ба омӯзгорон аз хазинаи давлат музди меҳнат дода мешавад.  
Бадтарин рафтори инсон дар ҷомеа бетарафист. Насли калонсол шоҳиданд, ки солҳои навадум бетарафии мардум боиси харобии мамлакат ва хунрезиҳои зиёд шуд. Агар сокинони мамлакат ҳамон солҳо ҳақиқатро дуруст сарфаҳм мерафтанд ва атрофи Ҳукумати кишвар сарҷамъ шуда, муқобили хоинон пойдорӣ мекарданд, мушкилӣ байни чанд рӯз ҳал мешуд. Имрӯз ҳам бетарафии қисмати мардумро мушоҳида мекунем. Рафтори ношоистаи бархе аз ҷавононро мебинему худро нодида меангорем. Мо муваззаф ҳастем, ки ба хотири миллату давлати худ ҳамеша ҳушёру бедор бошем. Дар муқобили зуҳуроти номатлуб далерона сухан гӯем ва гумроҳшудагонро ба роҳи рост ҳидоят кунем. 
Масъалаи дигар ва хеле муҳим тақлид ба расму оин ва сару либоси бегона аст. Ҳафт пушти мо, ҳатто дар давроне, ки Бухоро мамлакати мустақил буд ва тамоми мансабдорон аз шумори ашхоси диндор буданд, сару либоси миллии моро касе эрод намегирифт. Бибию бибикалонамон либоси аз гузаштаҳо меросгирифтаашонро мепӯшиданд. Солҳои охир миёни сокинони кишвар як тамоюли бегонапарастӣ ва майлу рағбат ба фарҳанги бегона дида мешавад. Чунин муносибат ба мероси ниёгони хеш боиси ташвиш аст. Ҳанӯз соли 1868  К. А. Абрамов дар асараш “Хотираҳо” таъкид мекунад, ки “Дар Қаротегин занҳо аз мардҳо рӯй пинҳон намекунанд ва ба ҷамъияти мардҳо озодона меоянд. Дар ин минтақа мардони дузана низ ангуштшуморанд”. Ҷойи таассуф аст, ки тақлиди занон ва духтарон ба либоси бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоӣ ва бехабарӣ аз асли воқеа мебошад. Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон мусулмониро дар пӯшидани либоси сиёҳ медонанд ва бо ин ҷаҳолати хеш фарҳанги миллии моро поймол мекунанд. Магар он заноне, ки зикрашон дар боло рафт, аз ҳақиқати ислом огоҳ набуданд? Магар дар он даврон уламои ислом, ки барои таҳсил то шаҳрҳои бузурги олам рафта меомаданд, ба онҳо дар бораи сару либос ҳарф намезаданд?
“Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.”
Бо боварӣ  гуфта  метавонам,  ки ҳар суҳбату суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳаббату эҳтироми ӯро дар дили тамоми сокинони кишвар афзун мегардонад. Ҳар як роҳбар бояд ба Пешвои муаззами миллат пайравӣ намояд. 
Вазифаи мост, ки мунтазам корҳои фамондадиҳиро миёни ҷомеа ба роҳ монем. Илова ба ин, мунтазам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронему мардумро аз муҳтавои қонунҳо воқиф созем. Чунонки болотар ёдовар шудем, дар пешгирии ҷинояткорӣ дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд саҳми ҷомеа боло бошад. 

Абдурашид КИШВАРЗОДА, 
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3,
прокурор ва раиси Шурои ҳамоҳангсозии
 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт

Санаи нашр: 01.10.2024 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив