ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРОҒИ МУНАВВАРИ СУХАН

ЧАРОҒИ МУНАВВАРИ СУХАН

01 октябр 2024, Сешанбе
1
0


Вақте ки ба идораи кумитаи комсомолии ноҳия даромада, касеро пайдо накардам, қарор додам, ки ҳуқуқдонеро меёбаму бо ӯ маслиҳат меороям ва мушкили худро осон мегардонам.
Аз роҳ мегузаштам, ки дар рӯбарӯям ду марди либоси низомипӯш баромаданд. Яке аз онҳо бо кунҷкобӣ сарупои маро аз назар гузаронду пурсид:
– Шумо меҳмонед?
Ман аз ин бархӯрди ногаҳонӣ каме даступо хӯрда, гуфтам:
– Ҳам меҳмону ҳам не.
– Аҷиб, аҷиб, – ҳар ду ба ҳам маъниҷӯёна назар карданду хандиданд.
Гуфтам: 
– Ман, аслан, аз ҳамин ҷо. Аммо ба коре аз Душанбе омадаам.
Оқибати гуфтугӯ он шуд, ки ба идораи шуъбаи корҳои дохилӣ даромадем ва маълум гардид, ки ҳамсуҳбатони ман кормандони масъули интизомии ноҳия будаанд: яке Сайидалӣ Сайфиддинов – сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, дигаре Саид Бекбобоев – прокурор. 
Акаи Сайидалӣ, ки ба назар марди солор, ҷаҳондида, сахтгир ва меҳрубон менамуд, гуфт:
– Ман бародари шумо Умед Келдиевичро (бародари раҳматиям ҳамон вақт ҷонишини мудири шуъбаи КМ ҲК Тоҷикистон буданд) хуб мешиносам. Ба он кас саломи маро расонед.
Баъд, маро ба мошини идораи милитсия шинонда, ба деҳаи Гузари Бод гусел карданд.
Акаи Сайидалӣ бори дигар таъкид кард:
– Саросема нашавед. Аз рӯи маслиҳати ман амал кунед.
Гап сари он буд, ки ба идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (имрӯза “Ҷавонони Тоҷикистон”) аз ноҳияи Айнӣ аз номи як духтар номаи шикоятӣ омада буд. Ӯ навиштааст, ки “падарам маро ба ҷавони дилнохоҳам доданист. Аммо ман каси дигарро дӯст медорам. Ба ман имдод кунед”.
Ман, ки аз ҳамин ноҳияаму баъзе урфу одатҳои мардумашро медонам, барои тафтиши ин мактуб сафарбар гардидам.
Чун мошин ба деҳаи Гузари Бод расид, аз он пойин шудаму тибқи маслиҳати акаи Сайидалӣ, ба хонаи духтардор рафтам.
Марди миёнқади мӯйлабдор дарвозаро ба рӯям кушоду ҳайрон-ҳайрон сарупоямро аз назар гузаронд.
Пурсидам:
– Ин хонаи фалонӣ?
Ному насаб, касбу кори соҳиби хонаро пешакӣ гуфта буданд.
– Бале. Марҳамат.
Аз дарвоза даромадаму салом карда, гуфтам:
– Ман корманди рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”.
Он вақтҳо сухани рӯзноманигор, мақолаву хабарҳои дарҷшуда мақоми хосса доштанд.
– Чӣ хизмат?
– Ба ман гуфтанд, ки шумо колхозчии пешқадам. Хостам бо шумо суҳбат кунам.
– Марҳамат.
Дар рӯи ҳавлӣ ду той пахта, халтаҳои сабзиву пиёзу биринҷ ва як фляга равған меистод. Маълум буд, ки тӯй наздик аст.
Дар таҳи айвон ҷойи густурдаи тайёр буд. Нишастем. Чою нон оварданд, аз шириниҳо рӯи дастархон пур шуд.
Суҳбати дӯстона авҷ гирифт.
Дар омади гап пурсидам:
– Аз ҳавлиатон бӯйи тӯй меояд.
– Мухбирҳо зираканд. Зуд пай бурдед, – гуфта,  илова кард: – Бале, духтарамро ба ҳаёти мустақилона гусел карданӣ ҳастам.
Ҳамин вақт духтараки сафедрӯи қоматбаланде ба мо чой овард.
Ӯ аз мани бегона рӯ пинҳон намекард, худро озод медошт. Ман ҳам далер шудаму гуфтам:
– Ман фалонӣ, аз рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”.
Дарҳол гуфт:
– Ман бисёр навиштаҳои шуморо хондагӣ. Ин рӯзномаро дӯст медорам.

Фурсатро аз даст надода пурсидам:
– Оё бо мо ҳамкорӣ надоред? Мақолаву хабар наменависед?
– Не, – гуфт ӯ. – Нанавиштам. Аммо ҳамеша мутолаа мекунам.
Падараш ба суҳбат ҳамроҳ шуд: 
– Иншоаллоҳ, баъди тӯй ба Душанбе мераванд, дар мактаби олӣ таҳсил мекунанд, баъд нависанда хоҳанд шуд.
Рӯйи духтар лолагун шуд, табассуми малеҳе карду хомӯш монд.
Гуфтам:
– Мо хоҳишу дархости хонандагони худро пайваста чоп мекунем. Хуб мешавад, агар шумо он чизе, ки дар бораи рӯзнома гуфтед, нависед ва ман онро ба Душанбе барам.
Дафтарча ва қаламро ба духтар дароз кардам.
Духтар рафт ва ман аз корубори падар пурсон шудам. Баъди фурсате духтар баргашт ва қаламу дафтарро ба ман дод. Бо баҳонаи ба ҷузвдон мондани онҳо, мактуби шикоятиро баровардаму бо хатти духтар муқоиса кардам. Хатҳо фарқ доштанд.
Далер шудаму пурсидам:
– Фалонӣ (яъне, он ҷавоне, ки гӯё дилхоҳи духтар будааст ва падараш ба издивоҷи онҳо розӣ нест) чӣ кор мекунад?
Падараш даст афшонду гуфт:
– Бекорхӯҷа. Кораш нӯшидан.
Пурсидам:
– Зану фарзанд дорад?
– Не. Ин дайдуро кӣ мегирад?
Ба духтар гуфтам:
– Оё, духтаре ӯро дӯст медорад?
Бо нози духтарона гуфт:
– Ҳар чи падарам гуфтанд, ҳақиқат аст.
Дарёфтам, ки мактуби шикоятӣ навиштаи духтар нест. Баъди он ки ба дастархон фотиҳа хондем, ба сари роҳ, ба назди мошини сардори милитсия омадам. Ҷавоне сархуш бо ронанда суҳбат дошт. Саломаш додам ва пурсидам:
– Оё фалониро медонӣ?
Ҳайрон шуду гуфт:
– Он кас манам.
Ба мошин нишастам ва ман оҳиста мактубро ба ӯ дароз кардам. Диду ҳушёр шуд. Гуфт:
– Инро ман навиштам . Аз алами дил.
– Чаро аз номи духтар?
– Хостам қасос гирам.
– Аз кӣ?
– Аз духтар. Чунки муҳаббати маро рад кард.
Каме хомӯш монду гуфт:
– Илтимос, ин сирро фош накунед. Ягон рӯз Душанбе равам, шуморо меёбаму хизмататонро ба ҷо меорам.
Гуфтам: 
– Ман розӣ. Гапи мард якта. Аммо ту духтарро дигар ранҷ надеҳ.
 Ба маркази ноҳия вақти офтобшин расидем. Сайидалӣ Сайфиддинов он ҷо маро интизор буд.
Аз дар даромадаму гуфтам:
Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.
Акаи Сайидалӣ бо табассум аз ҷо бархосту гуфт:
– Фарзияи ман дуруст баромад? Гуфтам, ки он оила ҳозиразамон аст ва ҳеҷ гоҳ ба чунин рафтори ношоям роҳ намедиҳад.
Сардори милитсия маро ба оғӯш гирифт ва бо ин “ғалабаи рӯзноманигорӣ” табрик гуфт.
Маро, ки ба деҳа, ба дидани хешу ақрабо рафтанӣ будам, бо мошини худ гусел кард ва гуфт:
– Пагоҳ ман интизор.
Рӯзи дигар боз ин дӯстони қадрдон – Сайидалӣ Сайфиддинов ва Саид Бекбобоев, ки ҳамеша бо ҳам буданд,  маро пешвоз гирифтанд.
Акаи Сайидалӣ гуфт:
– Эй мухбири азиз! Оё Искандаркӯлро дидаӣ?
Гуфтам:
– Не.
– Ин кори хуб не. Шумо зодаи Фалғару то ҳол чунин муъҷизаи табиатро надидаед. Савор шавед, рафтем.
Ростӣ, ман ин гуна ҳамсафарони хушсуҳбат, бозарофат ва шеърдону шеъргӯро кам вохӯрда будам: яке сардори милитсияву дигаре прокурори ноҳия. Боз мегӯянд, ки ин тоифа мардум дурушту каммуҳаббатанд!
Аз дур Искандаркӯл намоён шуд. Гуфтаи Горкий ба ёдам омад: як пора осмони соф ба замин афтодааст!
Акаи Сайидалӣ гуфт:
–   Асрҳо боз ҳамин кӯли софу покиза дилу дидаро мебарад. Ному шарафи одамӣ ҳам мисли ин кӯл нозук аст. Бо каме беадолатӣ ва камандешӣ онро метавонад олуда кунад. Шумо, ки бо қалам сару кор дореду дар бораи инсонҳо менависед, ҳамеша боэҳтиёту санҷидакор бошед.
Ман, ки дар рӯзноманигорӣ камтаҷриба ва навкор будам, ин насиҳат тӯшаи якумрии роҳи эҷодиям гардид. Тафтиши як номаи шикоятӣ, дарбарҳамии сарнавишти як ҷавони ошиқ, муҳаббату рашк, нотавонбиниву беадолатӣ маро ҳушдор дод, ки “он роҳ, ки меравӣ, на осон аст!”.
Солҳо гузаштанд. Падаронамон – чароғҳои раҳнамоямон, бо мо нестанд. Аммо панду андарзҳои онҳо моро ба роҳи инсонгарӣ ҳидоят мекунанд.
Вақте ки мани ҷавон бо акаи Сайидалӣ Сайфиддинов ва Саид Бекбобоев дар соҳили Искандаркӯл нишаста, шеърхонӣ мекардем, ҳаргиз гумон намекардам, ки замоне бо писари акаи Сайидалӣ – Мансур ҳамкору ҳамкасб мешавам ва дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шарафи узвият доштан насибамон мегардад.
Мансур Суруш аз қаламкашони барӯманди мост ва панду насиҳати падари бузургворро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
Шояд муҳаббати акаи Сайидалӣ нисбати ман розеро бо худ дошт, ки дар симои азизи Мансур имрӯз зуҳур кард.
Ба ҳар ҳол чароғи хиради он кас дар сухани падари қаламкашон мунаввар аст.

ГУЛНАЗАР, Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 01.10.2024 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив