ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИД БОЛОИ ИД. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ ДАР АТРОФИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

ИД БОЛОИ ИД. СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ ДАР АТРОФИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

01 октябр 2024, Сешанбе
6
0


Азбаски имрӯз мо дар арафаи ду ҷашн – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон қарор дорем, ин навбат бо раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода  перомуни истиқбол аз ин ҷашнҳо, қадру манзалати  омӯзгорон ва корҳои созандагӣ дар соҳаи маорифи ноҳия  суҳбат оростем, ки онро пешкаши хонандаи  гиромӣ мегардонем.

– Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон, дар радифи  дигар   санаҳои таърихӣ, аз шоистатарин ҷашнҳо ба шумор мераванд. Ин рӯзҳои саиду муборакро дар ноҳияи Ванҷ бошукӯҳ ва манзалати хосса истиқбол мегиранд, – гуфт раиси ноҳия. 
Одинашо Мардзода афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишофи забони давлатӣ, забони шевои  тоҷикӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар сиёсати иҷтимоиашон соҳаи маорифро самти асоситарин ва калидии ҳаёти ҷомеа медонанд. Тайи чанд соли охир бо сарпарастии Роҳбари кишвар гузарондани озмунҳо, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, аз сиёсати фарҳангдӯстона ва маорифпарваронаи Роҳбари  фозилу оқилу  донишманд дарак медиҳад. 
Дар мавриди қадру манзалати омӯзгорону устодон гуфтаниям, маҳз омӯзгор аст, ки ба қалбҳои мардум рӯшноӣ бахшида, ба онҳо илму маърифат меомӯзонад, инсониятро аз чоҳи ҷаҳлу нодонӣ наҷот бахшида, ба роҳи инсодӯстиву раиятпарварӣ ҳидоят месозад. Шоире ин маъниро хуб ифода карда:
Қадри устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Имрӯз тамоми қадршиносиҳо нисбат ба муаллим аз эҳтироми баланди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгор, пешқадамтарин фарди  ҷомеа сарманшаъ  мегирад, ки тамоми рӯзгори пур аз ҳикмат ва рангини Сарвари давлат, алалхусус  арзи эҳтироми Роҳбари хирадманд ва дурандеш, лоиқи омӯзиш ва дарси ибрат аст. Бо гузашти солиёни дароз Пешвои миллат муаллимони худро ҳанӯз ҳам аз ёд набаровардаанд ва мунтазам  садоқати худро ҳамчун шогирди сазовор  нисбат ба онҳо баён менамоянд. 
– Ҳамчунин, дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон гуфтанӣ ҳастам, ки МИМҲД-и ноҳияи Ванҷ ба инкишофи забони тоҷикӣ, инчунин, рушди  соҳаи маориф, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар амалӣ гардидани барномаи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  саҳм мегирад. Маҳз аз нахустин солҳои истиқлоли давлатӣ сар карда, бо раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бунёди таълимгоҳҳои  нави мутобиқ ба меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозии ҳозиразамон оғоз гардиданд. Бо бовари комил гуфтанӣ ҳастам, ки дар ин диёр  аз ҳама бештар корҳои ободонию созандагӣ дар соҳаи маориф ба ҷо оварда мешаванд. Дар ин давра тамоми таълимгоҳҳои ҳудуди шаш ҷамоати деҳоти ноҳия навсозӣ гардиданд. Дар дурдасттарин маконҳои аҳолинишин, аз қабили деҳаҳои Зайч, Узбай, Пшихарв, Пои Мазор, мактабҳо сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ, компютерҳо ва дигар техникаи иттилоотӣ  таъмин гаштанд. Танҳо дар се-чор соли охир муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, асосӣ ва ибтидоӣ дар маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв, деҳаҳои Бунай ва Дашти Язгуломи деҳоти Ҷовидон ва Язгулом ба истифода дода шуданд. Имрӯзҳо дар маркази навбунёди  такмили  эҷодиёти   наврасону кӯдакон даҳҳо нафар  толибилм  таълим мегиранд, – гуфт дар  анҷоми суҳбат раиси ноҳия  Одинашо Мардзода.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

Санаи нашр: 01.10.2024 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив