ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲЕҶ КАС АЗ ПЕШИ ХУД ЧИЗЕ НАШУД...

ҲЕҶ КАС АЗ ПЕШИ ХУД ЧИЗЕ НАШУД...

01 октябр 2024, Сешанбе
12
0


Муаллим, устод, омӯзгор. Чун ин вожаҳо вирди забон меоянд, пеши назар шахси мушфиқу меҳрубон, роҳнамои зиндагӣ, касе, ки тамоми ҳастии худро баҳри баланд  бардоштани сатҳи дониши шогирдон, маърифатнокии ҷомеа бахшидааст, ҷилвагар мешавад. Омӯзгорӣ пешаи душвор ва дар айни замон серталаб аст, бояд пайваста биомӯзиву биомӯзонӣ ва бо ишқу муҳаббат дарс бидиҳӣ. Иштибоҳи як муаллим иштибоҳи як ҷомеа маҳсуб мешавад. Воқеан, дуруст аст, ки иштибоҳи як пизишк зери хок дафн мешавад, иштибоҳи як муҳандис рӯи замин фурӯ мерезад. Иштибоҳи як муаллим, рӯи замин роҳ меравад ва оламеро ба фано мекашад.
Дар зиндагӣ ҳеҷ пешаеро бе дастгирӣ, роҳнамоӣ ва розигии муаллим пеш гирифта наметавонем. Агар ҳам тавонем, ба авҷи аълои он намерасем ва соҳиби мақому мартабае намегардем. Чунончи:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Маҳз омӯзгор аст, ки дар ҳама давру замон ба мардум, ҷомеа хидмат намуда, илму дониш, таълиму тарбия медиҳад. Насле, ки ҳидоятгар ё худ омӯзгор надорад, дар зиндагӣ пеш рафта наметавонад. Муаллимон ташвиқкунандаи роҳи илму камоли инсониянд. Муаллимро оина дар рӯзгори халқ, низ мегӯянд. Оинае, ки орӣ аз ҳар гуна кину бадиҳо, оинае, ки дар он нигариста, нуқсонҳои худро мебинем ва барои бартараф кардани он нуқсонҳо мепардозем.
Ҳар гоҳе устод мебинад, ки шогирдонаш ба роҳи рост рафтаву ба камоли инсонӣ расидаанд, меболаду мефахрад. Оре! Аз он меболаду мефахрад, ки ниҳоли бо хуни дил парваридааш имрӯз самар додаву дар хизмати халқу Ватан аст. 
Бузургон низ дар васфи муаллим суханҳои арзишманду баланд гуфтаву шеърҳо навиштаанд. Гоҳе мартабаи ӯро ба анбиё ва ё гоҳе ҷабри ӯро беҳ аз меҳри падар донистаанд. 
Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Бар сари лавҳи ӯ навишта бо зар:
“Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар”.
Воқеан, муаллим шахсест, ки вуҷуди ӯ мисли порчаи латифест, ки бо тори ишқу муҳаббат ва пӯди илму дониш дӯхта шудааст.
Муаллим низ бояд дар навбати худ барои сайқал додани дониши худ кӯшиш намояд, хислату рафтори ҳамида дошта бошад ва ҳамвора фурӯтан бошад. Бузурге барҳақ фармудааст: ”Шахсияти муаллим борҳо арзишмандтар аз дарсе аст, ки ба шогирдонаш медиҳад”. Шахсияти муаллим худ тарбиякунандаи насли наврас мебошад. Ояндаи мо, ояндаи ҷомеа ва миллати мо, ояндаи насли мо ба ақлу заковат ва малакаи омӯзгор вобастагӣ дорад.
Заҳмат, тавоноӣ ва фидокориҳои ин қишри ҷомеа бар ҳеҷ кас пӯшида нест. Муаллимон ҳунармандтарин инсонҳои рӯи Заминанд, чун онҳо зоту сиришти инсониро шакл медиҳанд. Боиси сарфарозии мост, ки зери сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи хосса равона гардида, барои фаъолияти онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин, барои заҳмат ва фаъолияти пурсамари онҳо ҳамасола дар саросари кишвари азизамон, рӯзи якшанбеи ҳафтаи аввали октябр , ҳамчун “Рӯзи омӯзгор” ҷашн гирифта мешавад.

Зебунисо ҲАМИДЗОДА, 
шаҳри Кӯлоб

Санаи нашр: 01.10.2024 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив