ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОМАҲО, НОМАҲО, НОМАҲО”

НОМАҲО, НОМАҲО, НОМАҲО”

01 октябр 2024, Сешанбе
9
0


Дар “Ҷумҳурият” (17-уми сентябри соли 2024) матлаби хабарнигори рӯзнома Абдулқодири Раҳим бо номи “Номаҳо, номаҳо, номаҳо” ба табъ расида буд. Бо мутолааи он бархе аз хонандагон дар зимни ҳамовозӣ андешаҳояшонро дар бораи ин навишта иброз доштанд, ки чанд намунаашро меорем.
Мизроб КАБИРОВ: – Бародари азиз, “Номаҳо, номаҳо, номаҳо”-ро мутолаа кардам. Онҳоро ҷонсӯз дарёфтам, мисли ҷонсӯзиҳои модарон – қаҳрамонони ин матлаб. Номаи духтарак, толибаи муассисаи таҳсилоти умумӣ вуҷудамро ба ларза овард. 
Навиштаӣ, вақте ки хонанда будаӣ, ки “Нома ё худ иншои ман иборат аз як ҷумла ва он чунин буд: “Модар, бубахш, ки ба номат нома навишта наметавонам”. Ман фикр мекунам, ки ин беҳтарин иқрор ва нома аст ва он ба модаратон расидаву руҳаш шод шудааст.
Хоҳиши ҷиддие дорам аз шумо ва он  ин аст, ки матлаби мазкурро бо тарҷумаи русиву англисӣ ба табъ бирасонед, то дигар мардумон миллати номанависиву донишманди моро бештар бишиносанду эътироф бикунанд ва ҳам бидонанд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ чи бадбахтиҳоеро бар сари миллати мо, хосса модари тоҷик овард. Аз даст додани фарзанд ва бо умеди зинда будану баргаштанаш то дами вопасини зиндагӣ осон набуд. Ҷангҳо зуд ё дер ба анҷом мерасанд, аммо мусибати овардаи он ҳеҷ аз миён намеравад.

Зарафшони ХУРОСОН: – Номаҳо, дар ҳақиқат,  як пораи меҳр, як пораи ишқу армон, як пораи беармонӣ, як пораи ҳасрату нокомӣ, як пораи орзуҳои инсон ҳастанд...

Мирзоалӣ МИРАЛИЕВ: – Номаҳо беҳтарин асарҳоянд, аз қалб иншо шудаанд. Солҳои қабл ҳама нома менавишт: ҳам писарон, ҳам духтарон. Аҷоиб давраҳо буданд. Ё ки мардум ҳамдигарро бештар дӯст медоштанд, ки ба ҳамдигар нома менавиштанд?
Афсус, ки он номаҳоро нигоҳ, маҳфуз дошта натавонистем, ба қадрашон нарасидем. Агар мебуданд, имрӯз ба фарзандон нишон медодем ва мегуфтем, бубинед, ки мо ба фарзандони падар ва волидайни хеш чӣ қадар муҳаббат, чӣ қадар самимият доштем.

Шодӣ РАҲМОНОВ: – Чи ҳақиқати ҷонсӯзу дарднок.
Беҳтарин қиссаҳои рӯзгорро навиштеду зинда кардед. Номанависӣ фаромӯш шудааст. Шумо бисёр хуб ин ҳақиқатро ёдовар гардидед. Маҳз номанависӣ буд, ки насли калонсол фикрашонро ифода карда метавонанд.

Боймурод ФАЙЗУЛЛОЕВ: – Матлабро хондам. Дар ҳақиқат, матлаби хонданбоб аст “Номаҳо, номаҳо, номаҳо”. Ва ҳам ҷолибу ғамангезанд. Ҳақиқати талхро барои мо иброз доштед, балки ёдовар шудед.
Менависам номаву бар нома медорам ҳавас,
К-ӯ чаро пеш аз мани ғамдида бинад рӯйи ту.
Ба ин мазмун шоири дигар чунин гуфтааст:
Ту зудтар зи ман, эй нома, рӯйи дӯст бубинӣ,
Чаро ҳасад набарам бар саодате, ки ту дорӣ?
Бисёре аз номаҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯйи дӯст, волидон, пайвандонро диданд, дар ҳоле ки соҳибонашон аз он маҳрум монданд.

Набиҷон ШОДИЕВ: – Шоир барҳақ фармудааст:
Хат дар варақи даҳр бимонад сад сол,
Бечора нависанда, ки дар хок шавад.
Ин ҳақиқатро аз мақолаи шумо бештару беҳтар дарк кардам, дар симои Шоҳзода – модари Талбак Сафаров, ки 30 нома фиристоду худаш номаълум, ки дар куҷо ба ҳалокат расиду хок шуд. Оқибати ногувори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Кангурт, ба як деҳа ва як хона расидааст. Сулҳ неъматест, ки бояд қадрашро бидонем.

Мавлуда ҲАЛИМОВА: – “Номаҳо, номаҳо, номаҳо”- ро ашкрезон хондам. Номаҳои пурҳасрат буданд, ки бе рехтани ашк мутолааи онҳо мумкин набуд. Алалхусус, номаи он духтаракро, ки бар асири марги модараш иншо шуда буд, дилҳоро ба дарду ба риққат меоварад. Набераи хурдсолам чун дар чашмони ман ашкро дид, пиндошт гуноҳе кардааст ва ё хатое аз ӯ сар задааст, ки бибияшро гирён намудааст. Аз ман бахшиш хост. Дар асл, онҳо хотираҳои маро ҳангоми видоъ бо модар, марги ӯ аз нав зинда карда буданд.

Садбарг БОҚИЕВА: – Солҳои баъдӣ телефонҳои мобилӣ ё худ ҳамроҳӣ баромаданду анъанаи неки номанависиро аз миён бурданд, дар баробари он меҳру садоқатро.
Гоҳо нома менавиштам, ба номи модарам ва ба дасти хоҳарам онро ба ноҳияи Муъминобод мефиристодам. Бо ҳамин як коғаз, як навишта модарам он қадар шод мегардидаанд, ки аз тавсифу тасвираш оҷизам. Вақте ба Душанбе меомаданд, дар назди меҳмонҳо, ёру дӯстон бо ифтихор мегуфтанд: “Духтарам, Садбаргҷон ба номам нома навиштааст”.
Ҳолиё сахт пушаймонам, ки чаро ин амалро зуд-зуд анҷом намедодам ва ҳам чаро чандин варақ нома наменавиштам, ба як варақ иктифо менамудам.
Афсус! Вақте волидайн бо моанд, яъне зиндаанд, мепиндорем, ҳеҷ гоҳ аз дунё дарнамегузаранд. Аз ин рӯ, камтар дар андешаи онҳо, зисташон мешавем, аз пайи иҷрои кори худ вақтро сипарӣ мекунем.

Ҳафиза ПӮЛОДОВА: – Падарам ба ман аз сафарҳо, аз диёрҳои  дур тез-тез мактуб менавиштанд  ва ман бесаброна онҳоро интизор мешудам. Вақти мактубро ба даст гирифтан як ҳиссиёт, пас аз хондани он эҳсоси дигар маро фаро мегирифт. Ин номаҳоро то имрӯз нигоҳ доштаам ва ҳар замон такрор ба такрор мехонам. Он чи бо хонданашон эҳсос мекунам, ногуфтанист. Дар назарам, овози падарамро мешунавам. Баъзан худ ба худ мегӯям, ки хайрият он вақтҳо телефони мобилӣ набуд. Телефони симӣ, албатта, буд. Баъзан бо он аз ҷойҳои махсус ҳам гуфтугӯ мекардем. Аммо ин суҳбатҳо дар ҳаво монданд.
Бале, сад афсус, ки номанависӣ аз миён рафтааст.
 
Ҳозиркунандаи чоп 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.10.2024 №: 190
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив