ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ТО ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

02 октябр 2024, Чоршанбе
10
0




Дар даврони истиқлоли давлатӣ халқи тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ ба дастовардҳои арзишманд сазовор гардидааст. Истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллию давлатӣ ва умумибашарӣ дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, солимии миллат, ободии Ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гарданд. Боиси сарфарозист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, солимгардонии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун амалӣ мешаванд. 
Пешрафт ва муваффақиятҳои соҳаи тандурустӣ зери сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо борҳо бо кормандони соҳаи тибби мамлакат мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ карда, доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқ ва адолати иҷтимоии шаҳрвандон ва мушкилоти дигари ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки дар ин замина ба ислоҳоту навсозии соҳа такони ҷиддӣ бахшида шуд. 
Бояд гуфт, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд. Ҳоло дар соҳа татбиқи бештар аз 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Қабул ва мавриди амал қарор додани барнома ва ҳуҷҷатҳои дигари соҳавӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи муҳим дарак медиҳад. 
Дар ин давра як қатор муассисаҳои табобатию профилактикӣ ифтитоҳ гардиданд. Танҳо дар соли 2023 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла маркази саломатии Зарафшон дар ноҳияи Зафаробод, маркази ташхисию тиббии хусусӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Муассисаи тиббии хусусии «Дастаи дил», Беморхонаи минтақавии №2 дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, Маркази ташхисӣ-табобатии «Садаф» дар шаҳри Хуҷанд, бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии «Сино» дар ноҳияи Мастчоҳ, бинои иловагии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, маркази ташхисию табобатӣ дар ноҳияи Ховалинг, беморхонаи руҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб, Маркази тиббии «Саломат», Маркази ташхисию табобатии «Ориёно» дар ноҳияи Фархор, беморхонаи марказии ноҳияи Вахш баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ гардиданд. 22-юми декабри соли 2023 бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо бунёди бинои мазкур шароити беҳтарини кору фаъолият муҳайё гардид. 
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ мешавад. Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошт, пас, дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора ба 5126 расидааст. 
Солҳои охир дар самти ташхису муолиҷаи бемориҳо навовариҳо дар амалияи фаъолият ворид мегарданд. Навгониҳои дар самти ташхис воридшуда ташхису муолиҷаи бемориҳои саратон, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, бемориҳои пӯст, инчунин, амалиётҳои ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмуҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, бемориҳои меъдаю рӯда, саратон, ҷарроҳиҳои қафаси сина, абдоминалӣ, рентгенэндоваскулярӣ ва чашмро дар бар мегирад. Амалиётҳои тиббии мазкур дар муассисаҳои бистаринамоии мамлакат ба роҳ монда шудаанд. Натиҷаи татбиқи самараноки ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт ба коҳишёбии шумораи шифоҷӯён дар дигар давлатҳо боис гашта, афзоиши табобатҷӯёни хориҷиро ба Тоҷикистон дар пай гузоштааст. 
Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳа ба ҳисоб рафта, бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори хадамоти ҳифзи саломатии модару кӯдак дар солҳои соҳибистиқлолӣ чанде аз муассисаҳои нав сохта, ба истифода дода шудааст. Ғамхорӣ дар ҳаққи модару кӯдак ва таҳти назорат қарор додани вазъи саломатии онҳо метавонад, ки таваллуди насли солимро дар оянда таъмин намояд. Тайи солҳои охир дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хоса самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, нишондиҳандаҳои фавти модару кӯдак тамоюли камшавӣ доранд.
Бо мақсади таъмини рушди устувори саноати дорусозӣ ва беҳтар кардани дастрасии аҳолӣ бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббии хушсифат Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад. Барнома тамоми уҳдадориҳо, мушкилоти ҷойдошта дар соҳа ва роҳҳои ҳалли онро ҷиҳати рушди саноати дорусозӣ фаро мегирад. Барнома, асосан, сари бештар кардани ҳиссаи дорувории истеҳсоли ватанӣ равона гардидааст. Соли ҷорӣ 130 иҷозатнома барои фаъолияти фарматсевтӣ ва фаъолияти муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шудааст. Дар мамлакат бештар аз 3 ҳазору 374 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамояд. Дорусозӣ дар кишвар тадриҷан рушд намуда, имрӯз дар мамлакат 64 корхонаи истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ фаъолият дошта, дар онҳо истеҳсоли 592 номгӯйи маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва коркарду бандубасти гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монда шудааст. 
Беҳбуди сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад. Бо ин мақсад, зарурати пешбурди сиёсати нав дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ пеш омад ва Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар самти омодакунии кадрҳои тиббӣ дастовардҳо назаррас буда, ҳамасола нафарони зиёд муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи тандурустиро хатм карда, соҳиби ҷойи кор мешаванд. Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 21 ҳазору 616 табиб ва 62 ҳазору 485 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд. 
Маврид ба зикр аст, ки илми тиб илми кашфиёту таҳқиқ аст, илмест, ки дар натиҷаи навовариву бозёфтҳо башариятро аз ҳар гуна бемориҳо раҳоӣ мебахшад. Соли ҷорӣ дар шуроҳои диссертатсионии фаъолиятдошта 49 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шудааст. 425 довталаб, аз ҷумла, 48 аспирант, 52 доктор аз рӯи ихтисос, 264 унвонҷӯи номзадии илм, 61 унвонҷӯи докторӣ ба таҳсилу пажӯҳиш машғуланд. Ҳамзамон, 46 лоиҳаи илмию тадқиқотӣ дар соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегардад. Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм ба истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон бо истифода аз технологияи пешрафта амалӣ мешавад. Ҳаминро гуфтан зарур аст, ки дастовардҳои олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад.
 «Саломатии миллат боигарии давлат аст» аз таъкидҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ мебошад. Дар робита ба ин, метавон хулоса кард, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рушд карда, дар самти таъмини саломатии аҳолӣ гомҳои устувор мегузорад.

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА, 
ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
ба номи Абуалӣ ибни Сино,
доктори илмҳои тиб, профессор



Санаи нашр: 02.10.2024 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив