ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”. ҒОЛИБОН ҚАДР ШУДАНД

“ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”. ҒОЛИБОН ҚАДР ШУДАНД

02 октябр 2024, Чоршанбе
47
0


Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”  баргузор шуд. 
Тибқи хулосаи ҳакамон, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Дилшод Ниёзов (байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) ва донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён Гулнисои Содиқзода (байни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ) сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ғолибон бо ҷом, диплом ва 20 ҳазор сомонигӣ сарфароз шуданд. 
Ҳафиз Раҳмон,  намояндаи ҳайати доварон, таъкид дошт, ки Озмуни мазкур ҳарчанд таҷрибаи аввал барои ташаббускорон ба ҳисоб мерафт, дар дараҷаи хуби ташкилӣ доир шуд. Барои боз ҳам беҳтар баргузор гаштани Озмун, номбурда ба низомномаи он пешниҳодҳои мушаххасро ироа дошт, ки иштирокдорон хуб пазируфтанд. Ӯ, инчунин, иброз дошт, ки ташкили Озмун бамаврид буда, дорои аҳамияти бузурги таърихист. 
Тавре таъкид рафт, ғолибон ва онҳое, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, зинаи магистратура ва маълумоти дуюми олӣ бе супурдани имтиҳон, тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илм, ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои касбии баъд аз муассисаи олии таълимии мамлакат қабул мешаванд.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Озмун метавонад яке аз сарчашмаҳои асосии ҳавасманднамоии ҷавонон ба омӯзиши ҳаматарафаи давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шинохти таърихи тоҷикон гардад. Воқеан, инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади Пешвои миллат низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳм гузоранд.

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


ХАДАМОТИ ГУМРУК.  БАРДОШТ АЗ КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
Дар бинои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Конститутсия кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандон ва собиқадорони мақомоти гумрук, кормандони вазорату идораҳо ва устодони муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. 
Манзур аз баргузории Конфронси мазкур ин тарғиби Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии ифодагари арзишҳои демократӣ, кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. 
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудаанд. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад.
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат,  дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдоми пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам гардидааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаанд. 
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосири демократӣ аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода бурда, дар тарғиби арзишҳои демократӣ масъулияти баланд дошта бошанд. 
Дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ доштани рамзҳои муқаддас ва Конститутсия мебошад, ки маҳз дар он масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи башарӣ мустаҳкам мегарданд. 
Дар баробари ин, муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектони ваколатдори давлатӣ ҳатмист. 
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлатдорӣ маъруза намуданд. 
Зикр гардид, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024  ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун равона гардидааст. 
Барои бунёди ҷомеаи демократӣ зарур аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ ҳамагон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояшонро хеле хуб ва дар сатҳи зарурӣ донанд ва аз он самараноку пурмаҳсул истифода баранд. Ҳамчунин, қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоянд. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
“Ҷумҳурият”


ХАТЛОН.  ТАЪКИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВОБАСТА БА ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА
Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба ташкили ҷамъоварии ҳосили пахта баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳии пахтакори вилоят ба тариқи ҳузурӣ ва қисме аз онҳо онлайнӣ ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар ҳамаи 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилоят ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзон баҳри беталаф ғундоштани “тиллои сафед” аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар бораи қабул ва коркарди пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Давлаталӣ Саид масъулонро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён вазифадор намуда, иброз дошт, ки бо назардошти чангу ғубори рӯзҳои охир ва ҳавои номусоид, барои ҷамъоварии ҳосили бо сад ранҷ парваридаи деҳқон мусоидат бояд кард. Раиси вилоят таъкид кард, ки бояд пахта беталаф ҷамъоварӣ шавад.  
Роҳбари вилоят ташкили дурусти кор, саъю талош, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт сафарбаркунии қувваҳоро гарави муваффақият арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки деҳқонон соли равонро бо дастовардҳои муносиби меҳнатӣ ҷамъбаст менамоянд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон соли 2024 дар майдони зиёда аз 120 ҳазор гектар чигит кишт шудааст. Мутобиқи дурнамо, дар вилоят бояд 295 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ  шавад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 02.10.2024 №: 191
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив