ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ПАЙВАНДИ НАСЛҲО ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ПАЙВАНДИ НАСЛҲО ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

30 март 2023, Панҷшанбе
675
0


Роҳҳо дар ҳаёт ва кору рӯзгори одамон мавқеи муҳимро ишғол намуда, барои беҳтар кардани ҳамкориҳо ва робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақши бағоят калон мебозанд. Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ кишвари саросар кӯҳсор ба шумор меравад. Мавқеи душвори ҷуғрофӣ, релефи кӯҳӣ ва номусоидии боду ҳаво дар минтақаҳои душворгузар на ҳамеша имкон медоданд, ки шаҳрвандон бо мақсади баровардани эҳтиёҷоти худ аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар намоянд.

Гарчанде дар замони шуравӣ роҳҳо бунёд гардида, аз марказ ба минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ нақлиёт ҳаракат мекард, вале онҳо хатарноку ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади мусофирон аз марказ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд тавассути ағбаҳои мушкилгузари Анзобу Шаҳристон ва Хабуработ сурат мегирифт, ки дар фасли зимистон ниҳоят вазнину хатарнок буд.  Зимистону баҳор аз марказ ба шимоли кишвар ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаракат кардан ғайриимкон буд. Ҳатто 5-6 моҳ роҳҳо баста ва аҳолӣ дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор мегирифт ва робитаи марказ бо шаҳру вилоятҳо қатъ мегардид. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти ин масъаларо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дарк намуда, гуфта буданд: «Мо ба истиқлолияти воқеӣ ба маънои томаш ҳамон вақт муваффақ мегардем, ки агар бо назардошти шароити кишвари худ ва мақоми ҷуғрофии он истиқлолияти озуқаворӣ ва энергетикиро таъмин сохта тавонем».
Сарфи назар аз мушкилоти вазъи иқтисодӣ ва молиявӣ, Сарвари давлат бо ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамзамон, маблағҳои буҷетӣ барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар талошу кӯшиши зиёд намуданд. Воқеан, тақвият бахшидан ба рушду инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёт, алалхусус кушодани роҳу нақбҳо, тармиму таҷдид ва навсозии роҳҳое, ки ҳаракат дар онҳо душвор буд, ягона роҳе ба ҳисоб мерафт, ки пешрафту тараққиёти ҷомеаи навини Тоҷикистонро дар чунин шароити нозуку ҳассос таъмин менамуд. Оид ба ин масъала Сарвари давлат дар паёми табрикотӣ ба муносибати 9-солагии Истиқлоли давлатӣ 8 сентябри соли 2000 таъкид карда буданд: «Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки баъди истиқлолият пеш омад, ин раҳоӣ бахшидани кишвар аз маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳану ҳавоӣ ва таъмини алоқа бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва кишварҳои дигар мебошад. Татбиқи ин масъала имкон медиҳад, ки бисёр ҳадафҳои стратегӣ – таъмини ваҳдату ягонагӣ, болоравии иқтисодиёт, мубодилаи мол, ривоҷи тиҷорат ва дар ниҳояти кор ободонии Ватан ва болоравии сатҳи зиндагии халқ ҳалли муваффақиятноки худро ёбанд».
Барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар даврони истиқлолият таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳарчи бештар ба бунёди инфрасохтори зарурӣ ва ба талабот ҷавобгӯ дар соҳаи нақлиёт равона гардид.
Бояд зикр кард, ки ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти  иқтидори боргузаронии он чун яке аз марҳилаҳои муҳими ҳадафҳои рушди кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба рушди шабакаи роҳҳо тақвият бахшида, барои амалӣ шудани ин  ҳадафи стратегии кишвар мусоидат менамояд.
Сарвари давлат 19 марти соли 2009 зимни суханронӣ дар маросими оғози сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Ваҳдат – Қурғонтеппа вобаста ба нақш ва мавқеи роҳҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар зикр карданд: «Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мо қадру қимати роҳро, ки барои давлати мо дорои аҳамияти ҳаётӣ ва омили муҳимтарини рушди мамлакат мебошад, басо хуб эҳсос намудем. Бинобар ин, ҳанӯз аз солҳои нахустини истиқлолият аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварамонро дар қатори таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории он яке аз ҳадафҳои стратегии давлати худ эълон кардаем».
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар доираи татбиқи ин ҳадафи муҳим дар давоми солҳои истиқлолият бунёду навсозии як қатор роҳҳои оҳану мошингард, нақбу пулҳо анҷом дода шуданд. Дар натиҷа Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, роҳҳои он кишварамонро бо давлатҳои ҳамсоя пайваст карданд.
Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани нақби "Озодӣ" 3 августи соли 2009 ва оғози азнавсозии роҳи Душанбе – Ваҳдат – Данғара таъкид гардид, ки аз соли 2000-ум то имрӯз дар мамлакат бо сарфи зиёда аз 3 миллиарду 200 миллион сомонӣ 1480 километр роҳҳои таъиноти гуногун таъмиру таҷдид гардида, роҳҳои нав сохта ба истифода дода шуданд. 
Сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе – Хуҷанд– Бӯстон – Чанак, Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Мурғоб – Қулма, Душанбе – Саритош – Ош, ки Тоҷикистонро бо давлатҳои ҳамсоя мепайванданд, суръати тоза касб карда, дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 6 пули мошингузар, аз ҷумла 4 пул дар қисмати ВМКБ тавассути шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Ванҷ, Дарвоз ва 2 пули мошингузар дар ноҳияҳои Панҷ ва Шамсиддин Шоҳин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бунёди шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, ниҳоят ормонҳои сокинони мамлакат, алалхусус шимоли кишвар, ки дар фасли зимистон алоқаи онҳо бо марказ муддатҳо қатъ мешуд, амалӣ гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки  11 июли соли 2006  маросими оғози корҳои азнавсозии шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Дар ҷамъомади тантанавӣ Сарвари давлат азнавсозии шоҳроҳи мазкурро тақвияти ҳамкориҳои дӯстона миёни Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии  Чин, ки амалӣ гардондани онро Ширкати “Чайна Роуд” ба уҳда дошт, идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ арзёбӣ намуда, чунин таъкид карданд: “Шоҳроҳи мазкур дар қатори роҳҳои бузурги Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим пайдо карда,  тамоми пойтахтҳои кишвари ҳамсоя, марказҳои калони саноатӣ, тиҷоративу туризми байналмилалӣ, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро бо ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналхалқӣ имконият медиҳад”.

Дар доираи азнавсозии шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак сохтмони нақби "Майхура" дарозиаш беш аз 1000 метр ва нақби Шаҳристон ба дарозии беш аз 5 км ва 37 кӯпруки хурду бузурги дарозиашон 6300 метр дар назар дошта шуда буд. Ҳамзамон, марҳилаи сеюми сохтмони галерея ё долонҳои зиддитармавиро ба дарозии 3645 метр, ки  арзиши он 32,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медод, дар бар мегирифт. Бояд қайд намуд, ки роҳи мазкур аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ гузашта, дарозии он 350 километрро ташкил медиҳад. Бо талош ва дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт. 
Дар ин раванд корҳои таҷдиду навсозӣ дар роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент оғоз гардиданд. Бояд гуфт, ки таҷдиду азнавсозии роҳи мазкур, ки 114 километрро дар бар мегирад, идомаи шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак ба ҳисоб рафта, дар баробари беҳбудӣ бахшидан ба шароити зиндагии сокинони водии Зарафшон ва рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин минтақаи фарохдоман ва таърихиву бостонии кишвар, инчунин, Тоҷикистонро бо шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мепайвандад. 
Дар тули 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари ИМА 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи лоиҳаҳои болозикр сохтмон, таҷдид ва таъмири 2558 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаи сесатҳа ва 2  дусатҳа, 5 нақби  мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин, 220 км роҳи оҳан бо 5 пул ва 3 нақб бунёду таҷдид ва 679 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харида  шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини пешрафт ва рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа роҳҳои ҷалби сармояи хориҷиро дар бунёди роҳу нақбҳо муҳим дониста, барои амалӣ гардидани  нақшаи таҷдиду азнавсозии як қатор роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта асос гузоштанд.
Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби сармоя оид ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, сохтмони роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар – Қалъаихумб, таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ, Ховалинг – Сангвор, Балҷувон – Сарихосор, эстакадаи хиёбони С. Шерозӣ бо буриши кӯчаи А. Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе, сохтмони роҳи оҳани Ҷ. Балхӣ – Панҷи Поён, барқарорсозии пулҳо аз болои дарёҳои Кофарниҳон ва Элок дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Рӯдакӣ, инчунин, дар доираи лоиҳаи “Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ-РАОМ-4” таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Гулистон – Кӯлоб, Хоруғ (мавзеи Барсем) – Қулма ва Хуҷанд – Конибодом корбарӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони Рушд идома дорад.
Дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории амалишудаистода имрӯзҳо беш аз 1560 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки аз ин 1424 нафар, зиёда аз 91 фоизро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. 
Дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ, иҷрои корҳои сохтмони асосӣ аз ҳисоби маблағҷудокунии буҷети ҷумҳуриявӣ вусъат ёфта, ба ин мақсад, ба маблағи беш аз 398 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардиданд. Бояд қайд кард, ки дар доираи маблағгузориҳо таҷдиду барқарорсозии 217 км роҳ, сохтмону таҷдиди 104 пул бо дарозии беш аз 3 км, барқарорсозии 4 қубур бо дарозии 133 метр ва 1425 метр садди соҳилмустаҳкамкунӣ, ҳамзамон, бунёди 6 бинои хизматӣ ва маъмурӣ, инчунин, дигар корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудаанд.
Роҳҳо омили пешрафти ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, бунёди инфрасохтори нақлиётии ҳозиразамон ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, барои истифодаи афзалиятҳои сиёсати дохилӣ ва берунаи иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Хушбахтона, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат шароит фароҳам овард, ки бунёди роҳҳои нақлиётгард барои ба якдигар пайвастан ва интиқоли молу маҳсулот ба минтақаҳои кишвар дар тамоми фаслҳои сол мусоидат намояд. 
Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар ин раванд ҳадафи асосӣ, яъне тавассути давлатҳои ҳамсоя ба роҳҳои ҷаҳонӣ пайваст гардидани Тоҷикистон ва содироту воридоти борҳои гуногун амалӣ гардид.
Имрӯз ба воситаи роҳҳои байналмилалӣ аз кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла давлатҳои Туркия, Арабистон, Федератсияи Россия, кишварҳои назди соҳили Балтик, Эрону Афғонистон ва ғайра молу ашёи гуногун ворид карда шуда, дар навбати худ аз Тоҷикистон ба он ҷо ҳар гуна маҳсулот интиқол мегардад.

Дар арафаи таҷлили Истиқлоли давлатӣ 8 сентябри соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои даврони истиқлол дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа, алалхусус таҷдиду навсозии роҳҳо, ёдовар шуда, дар бораи пурра ба истифода додани роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум дар соли 2005 ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби Анзоб (“Истиқлол”) дар соли 2006 таъкид намуда, иброз дошта буданд, ки дар сурати амалӣ гардидани ормонҳои деринтизори мардум, ин дастовард ҳамлу нақли бор ва рафтуомади мусофиронро дар тамоми фаслҳои сол таъмин менамояд. 
Инчунин, зикр гардид, ки дар оянда бо ҷалби сармояи хориҷӣ таъмир ва азнавсозии роҳи Душанбе – Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Ба истифода додани роҳҳои мазкурро Сарвари давлат аз дастовардҳои бузурги таърихии давраи истиқлолият арзёбӣ карданд. Дар он шабу рӯзҳо, ки марҳалаи якуми азнавсозии шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Рашт – Саритош – Ош оғоз мегардид, Сарвари давлат иброз доштанд, ки баъди ба истифода додани шоҳроҳи мазкур он Тоҷикистонро бо Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Россия мепайвандад.
Муҳимият ва аҳамияти роҳҳо дар баромаду суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода мешаванд, ки ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, талаботи роҳсозӣ ва ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои байналмилалӣ диққати махсус дода шавад. Ҳангоми ба истифода додани роҳу нақбҳо мо борҳо шоҳиди он ҳолатҳое гардидем, ки барои муайян кардани сатҳу сифати корҳои роҳсозӣ Сарвари давлат худ паси чанбари автомашина нишаста, ҳаракат мекарданд ва дар сурати пайдо гардидани камбудӣ ва номувофиқатӣ дар корҳои роҳсозӣ барои бартараф намудани онҳо сари вақт супориш медоданд.
Яке аз иқдомҳои наҷиб ва саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша дар дохил ва хориҷи кишвар ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ мебошад. 
Дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат зикр карданд, ки дар доираи омодагиҳо ба ин санаи таърихӣ ва барои миллати тоҷик фаромӯшнашаванда дар се соли охир бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ва таъмиру таҷдиди беш аз 4,5 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ ва дохили шаҳру ноҳияҳо анҷом дода шуда, корҳо дар ин самт минбаъд низ, идома дода мешаванд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи дастгирӣ ва саҳмгузории шахсони саховатпеша, соҳибкорони бонангу номус, ватандӯст ва содиқ ба давлату миллат ба маблағи зиёда аз 442 миллион сомонӣ корҳои ободонӣ дар бунёд ва барқарорсозии роҳу пулҳо ва иншооти он иҷро шудаанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Корҳои дар ин соҳа анҷомдода шароиту имконият муҳайё карданд, ки сифати роҳҳо беҳтар, ҳаракати нақлиёт бехатар ва рафтуомади мусофирон ба дилхоҳ шаҳру вилоятҳои мамлакат осону бемалол гардад. Маҳз ба шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба ҳудуди воҳид табдил ёфта, робитаи байни минтақаҳои кишвар дар чор фасли сол таъмин гардид.
Дар натиҷаи амалӣ намудани марҳилаи аввали ҳадафи стратегии рушди ҷумҳурӣ, яъне раҳоӣ додани диёр аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дар мамлакат бунёд шудани шабакаҳои воҳид ва таъминкунандаи равобити нақлиёти дохилӣ ва баромадан ба кишварҳои ҳаммарз, нишондиҳандаҳои асосии хизматрасониҳои нақлиётӣ тадриҷан тараққӣ ёфтанд. 
Дар шароити ҷуғрофии ҷумҳурии мо, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, истифода ва рушди нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт афзалият дорад. Аз ин рӯ, бунёд ва таҷдиду барқарорсозии роҳҳо, воридоти нақлиёти боркаш ба кишвар барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёт ва саноату кишоварзӣ, ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки интиқоли беш аз 94 дарсади борҳо ва 97 дарсади мусофирон дар ҷумҳурӣ ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд. Мавқеъ ва саҳми нақлиёти автомобилӣ дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ беш аз пеш афзуда, ҳаҷми боркашонӣ сол ба сол зиёд мегардад ва дар ин раванд, бо мақсади интиқоли бехавфу хатари мусофирон ва молу маҳсулот ба инфрасохтори ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати кишвар мудом таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, дар умум, тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 763 миллиону 47 ҳазор тонна бор ва 717130,6 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки ҳаҷми  боркашонӣ  103,8  ва  гардиши мусофирон 108,6 дарсадро ташкил медиҳад. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ ба 187 ҳазору 228 тонна расида, нисбат ба соли 2020-ум 20,2 дарсад афзудааст.
Бо мақсади боло бурдани нақш ва мавқеи мусофирбарии байналмилалии автомобилӣ дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, хатсайрҳои нави мусофирбарии байналмилалӣ бо Федератсияи Россия 2 хатсайр, Ӯзбекистон 9, Қирғизистон 4, Қазоқистон 3 ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 2 хатсайр ва ҳамагӣ 20 хатсайри байналмилалии мусофирбарӣ ба роҳ монда шуд. 
Илова бар ин, дар радифи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар ин давра ба маблағи 173 миллиону 55 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он анҷом ёфтаанд. 
Дар маҷмуъ, 949,5 км роҳ, аз ҷумла 329,5 км асфалт ва 620 км шағалпӯш, 95 пул бо дарозии 2641 метр, 114 лӯла бо дарозии 986 метр аз таъмир бароварда шуданд. 7349 км роҳ таъмири ҷорӣ дида, корҳои кабудизоркунӣ ба маблағи беш аз 266 ҳазор сомонӣ бо шинондани 8358 бех ниҳол ва 5643 дона гулҳои ороишӣ, нигоҳдории нақбҳо бо равшаннамоӣ ва дигар корҳо ба анҷом расиданд. 
Бо мақсади дар чор фасли сол, бахусус дар давраи тирамоҳу зимистон, ки бар асари боришоти барфу борон ва фаромадани ярчу тарма ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилӣ эҷод мегардад, Ҳукумати ҷумҳурӣ омодагии ҳаматарафа дида, барои ҳалли мушкилиҳои соҳа сохторҳои дахлдорро вазифадор менамояд. Ҳамасола бо ба имзо расондани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон” дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати нақлиёт ситоди фаврӣ ташкил гардида, масъулони соҳа барои назорати роҳҳо, пешгирии хавфу хатар ва таъмини бехатарӣ сафарбар мешаванд.
Дар раванди ҳамлу нақли мусофирон ва боркашонӣ нақлиёти роҳи оҳан низ, мавқеи муҳим дорад. Тавассути нақлиёти роҳи оҳан дар соли 2021 зиёда аз 56 миллиону 81 ҳазор тонна бор ва 443 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба соли 2020 боркашонӣ 90,2 дарсад ва мусофирбарӣ 97,8 дарсадро ташкил медиҳад. Сабаби коҳиш ёфтани ҳаҷми боркашонӣ дар ин давраҳо паҳн шудани вируси сирояткунандаи COVID-19 дар ҷаҳон ва маҳдуд гардидани рафтуомади мусофирон ва интиқоли бор мебошад. 
Дар солҳои охир бо беҳтар гардидани робитаҳои дипломатӣ ва муносибатҳои сиёсӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиёту саноат ва кишоварзӣ рушд ёфтанд. Сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба оғози муносибатҳои дӯстонаи ду миллати ҳамдину оин ва фарҳангу маданият заминаи боэътимод гузоштанд.
Аз ҷониби президентҳои ду кишвар ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои ояндадори муносибатҳои дутарафа арзёбӣ гардида, барои ба роҳ мондани робитаҳои мустақими роҳи оҳан байни пойтахтҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон 75 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорону тоҷирон ба имзо расид, ки маблағи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. 
Дар доираи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мулоқоту гуфтушунидҳо бо Президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев аз 20 июни соли 2022 ҳаракати қатора дар хатсайри Душанбе – Тошкент – Душанбе оғоз гардид, ки ин тадбир ба рушди минбаъдаи сайёҳии минтақавӣ мусоидат хоҳад кард. 
Инчунин, дар соли 2022 ҳаракати қатораҳои мусофирбарӣ дар хатсайрҳои байналмилалии Кӯлоб– Волгоград – Кӯлоб, Душанбе – Волгоград – Душанбе ва Хуҷанд – Волгоград – Хуҷанд ба роҳ монда шуд.
Дар раванди ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боркашонии транзитӣ дар вилояти Суғд барқарор гашта, роҳи оҳани Тоҷикистон барои кашондани бори Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 дарсад сабукӣ пешниҳод намуд. Дар натиҷаи мубодилоти молу маҳсулот ҳаҷми боркашонии транзитӣ дар ин давра 7,7 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Дар навбати худ Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” соли 2022 ҷиҳати афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии хизматрасониҳо мунтазам имтиёзҳо, аз ҷумла барои интиқоли маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ аз 30 то 90 дарсад, алюминий 60, гилхок 10, барои содироти семент аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Амузанг бо нимвагон 50 ва бо вагони болопӯш 40 дарсад, барои содироти пиёз аз ҳамаи истгоҳҳои Хатлон то Амузанг 90, аз истгоҳи Ёвон то истгоҳи Қудуқлӣ бо нимвагон 30 дарсад ва вагони сементбар 50 дарсад, барои содироти ҳама намуди бор аз ҳамаи истгоҳҳои вилояти Суғд ба самти истгоҳи Истиқлол 20 дарсад, аз истгоҳи Хуҷанд ба самти истгоҳи Бекобод 30 дарсад, аз истгоҳҳои Спитамен ва Ҷ. Расулов ба самти истгоҳи Бекобод 40 дарсад, аз истгоҳи шаҳри Исфара то истгоҳи Бекобод барои содироти меваи хушк 30 дарсад, инчунин, барои мусофирон дар хатсайри Душанбе – Кӯлоб 60 дарсад сабукӣ пешниҳод кардааст.
Аз ҳаҷми умумии боркашонӣ, аз ҷумла содироти маҳсулоти кишоварзӣ 103 ҳазору 918 тонна ва воридот 4504 ҳазор тоннаро ташкил намудааст. Зиёдшавии содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳисоби содироти пиёз ва меваҳои хушк мебошад. Содироту воридоти маҳсулот, аз қабили семент, алюминий, оҳанпора, нӯшокӣ, равғанҳои молиданӣ, битум, мазут, гази моеъ, орд, ғалла, глинозём, кокс, маҳсулоти филизӣ, нуриҳои минералӣ ва шакар дар байни ин ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ба амал бароварда мешавад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти роҳи оҳан, дар ин давра дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 107 вагон, аз ин 103 боркаш ва 4 мусофирбар аз таъмири асосӣ ва 1004 вагон, аз ин 898 боркаш ва 106 адад мусофирбар аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуда, ба маблағи 20 миллиону 225 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири хатти роҳ иҷро гардидаанд. Аз ҷумла, дар 55,7 км роҳи оҳан ба маблағи зиёда аз 16 миллиону 494 ҳазор сомонӣ, корҳои бардошту ивази релсҳо гузаронда шудаанд.
Дар ин замина, ҷиҳати навсозии парки вагонҳои мусофирбару боркаш Вазорати нақлиёт дар ҳамбастагӣ бо КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” лоиҳаҳои сармоягузорӣ «Оид ба харидорӣ намудани 1000 адад вагони боркаш ва 30 адад вагони мусофирбар» таҳия намуда, барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ ва муаррифӣ ба шарикони рушд ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод намудааст. 
Инчунин, бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ барои навсозии парки вагонҳо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд лоиҳаи Созишномаи пешакӣ ва индикативӣ оид ба харидории вагонҳои боркашро омода намуда, дар ин самт корбарӣ дорад.
Сол ба сол бо дастгирию ғамхории Президенти мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт тадбирҳои судманд андешида шуда, дар ин самт корҳои зиёду назаррас ба анҷом расонда мешаванд.


Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 қайд гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Дар баробари анҷом додани корҳои зиёди созандагӣ дар бунёду таҷдиди роҳҳо имрӯзҳо боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки дар се соли оянда солҳои 2023-2026 боз 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Саъю кӯшиши роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар роҳи расидан ба дастовардҳои иқтисодӣ ва пешрафту тараққиёт дар тамоми соҳаҳо, алалхусус бунёди роҳҳо, самараи нек овард. Лозим ба ёдоварист, ки   мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар зарфи ду соли охир бист зина боло рафта, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлат зинаи панҷоҳумро ишғол намуд.
Соли 2022 бо мақсади идомаи корҳои  азнавсозии роҳҳо ва тақвияти имкониятҳои транзитии кишвар татбиқи боз 3 лоиҳаи сармоягузорӣ, аз ҷумла таҷдиди як қисми роҳи мошингарди Данғара – Бохтар ба масофаи 29 километр ва роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон ба масофаи 93 километр, оғоз гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани шаҳру ноҳияҳои ВМКБ пайваста талош доранд. Соли 2001 бо ибтикору ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб дар қитъаҳои Шоҳон ва Зиғар байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд шартномаи қарзӣ ба имзо расид. Бояд  гуфт, ки лоиҳаи сохтмони қитъаи мазкур аз се марҳила иборат буд ва он солҳои 2003 – 2009-ро дар бар мегирифт.
Яке аз минтақаҳои душвор ва ниҳоят хавфноке, ки дар кори сохтмончиён  мушкилӣ эҷод мекард, ин қитъаи Девдара ба ҳисоб мерафт, зеро кӯҳ саросар аз шаху санг иборат буд ва зарурияти ваҷаб ба ваҷаб тарошидану кандани он ба миён омад. 
Зимни суҳбат бо вазири собиқи нақлиёт Фаррух Муҳиддинов мавсуф иброз дошт, ки соли 1998 сафари кории Роҳбари давлат ба ВМКБ сурат гирифт. Мо тавассути чархбол ба ноҳияи Дарвоз ҳаракат кардем. Роҳи Шоҳон – Зиғар ончунон шебу фароз ва санглох буд, ки ҳаракати нақлиёти сабукрав ғайриимкон буд. Ҷаноби Олӣ дар кабинаи мошини ГАЗ-66 ва мо ҳайати намояндагони сохторҳои давлатӣ дар болои мошин ба мавзеи мазкур раҳсипор шудем. Дар наздикии Девдара як гурӯҳ мӯйсафедон ба дидорбинии Сарвари давлат омада, аҳволпурсӣ карданд ва иброз доштанд, ки чанд подшоҳ шуд, вазъият ҳамон тавр боқӣ монд, оё ин роҳ, дар ҳақиқат, кушода мешуда бошад? Ҷаноби Олӣ бо қатъият гуфтанд, ки ҳатман мешавад ва шӯхиомез илова намуданд, ки ана вазири роҳ ҳамин ҷо ва маро фарёд карда, гуфтанд, ки ба мӯйсафедон ҷавоб деҳ, роҳ кай кушода мешавад? Ман гуфтам, то охири сол. Ҷаноби олӣ гуфтанд, ки ҳамин ваъдаатро аз хотир набарор. Мӯйсафедон  ба қуллаи кӯҳ назар карда, нобоварона суол менамуданд, ки оё, дар ҳақиқат, дар ин мавзеъ роҳ бунёд мегардад? Ҷаноби Олӣ дасти муйсафедонро фишурда гуфтанд, ки модоме гуфтам, пас роҳи хубу замонавӣ  сохта мешавад. Шояд аз ғояти шодӣ буд ё муҳаббат ба Роҳбари давлат, ки ашки чашми мӯйсафедон гирди чашмашон халқа зад. Онҳо дасти дуо бардошта барои суботу оромӣ, осоиштагӣ, саломатии Президенти кишвар ва барори кори сохтмончиён  омин карданд.
Дар он шароит техника, сӯзишворӣ ва равғани молидании зарурӣ надоштем. Бар замми ин, мушкилоти ҷуғрофӣ ва душвории релефи кӯҳӣ имконияти истифодаи пурраи техникаро намедод. Корҳо қариб, ки дастӣ анҷом меёфтанд. Мо маҷбур будем чархболи ҳарбиро киро карда, қисмҳои техникӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи сӯзишвориро  тавассути он ба болои кӯҳ интиқол диҳем. Дар ҳолатҳое, ки боду ҳаво ва шароити номусоиди кӯҳӣ имкон намедод, аз аҳолии таҳҷоӣ 45 харро киро карда, ҳаққи хизмати соҳибони онҳоро пардохт  менамудем ва масолеҳи сохтмониро ба боло мекашондем. 
Кушодани роҳ аз байни кӯҳи сангӣ мушкили зиёдро ба вуҷуд овард. Дар ин миён зарурияти бунёди пули дарозиаш 100 метр ва баландияш аз сатҳи дарё низ ҳамин қадар ба миён омад, вале ин кор ниҳоят заҳматталаб буд. Мо ба хулосае омадем, ки нақбҳои ҳаҷман хурд канда, қаъри дараро бо сангу хок бардорем. Талошҳои сохтмончиён ва ёрии мардуми маҳаллӣ имкон дод, ки қариб 130 метр нақб канда, Девдараро пур созем ва барои ин кор беш аз 70 тонна маводи тарканда истифода намудем. Бо ихроҷи сангу хок сатҳи Девдараро 55 метр, ки 1,2 миллион метри мукаабро ташкил медод пур карда, аз болои он роҳ сохтем.
Ҳисси ватандӯстӣ ва самимияту садоқат ба кор буд, ки роҳбарону мутахассисон ва кормандон новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, моҳҳо дар хаймаҳо зиндагӣ карда, корро пеш мебурданд. Сохтмони роҳи мазкур соли 2005 ба анҷом расида, соли 2006 аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул шуд. 
Собиқ вазири нақлиёт Фаррух Муҳиддинов афзуд, ки ба истифода додани роҳи Шоҳон – Зиғар ниҳоят дар сатҳи баланд баргузор гардид. Бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ аз марказ дар 6 чархбол меҳмонон барои ифтитоҳи роҳи мазкур ба ноҳияи Дарвоз интиқол дода шуданд. Аз ғояти фараҳу шодмонӣ ва сипосгузорӣ аз дастгирию ғамхории Сарвари давлат мардуми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пиёда ба макони баргузории чорабинӣ омаданд. 

Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Девдара ба Гулдара иваз гашт ва мардум онро хеле хуш қабул карданд. Як пайроҳаи касногузар, ки ҳамасола ҷони чандин  одам ва ҳайвоноти хонагиро мерабуд, ба як роҳи кушоду ҳамвор табдил ёфт.
Маҳз устуворию матонат, азму иродаи қавӣ ва садоқат ба миллат ва халқи куҳанбунёд дар замири фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд, ки орзуҳои дастнорас амалӣ ва аҳолии кишвар ба ормонҳои худ расиданд. 
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021-2025 амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар мулоқот бо намояндагони мардумӣ Сарвари давлат аз аҳамияти азнавсозии роҳҳо ёдовар гардида, зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои зиёдеро ба анҷом расонда, дар даврони соҳибистиқлолӣ 11 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ намуд. Дар натиҷа, бунёду азнавсозии 373 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта ва 40 пул ба анҷом расонда шуд. 
Маблағгузорӣ дар татбиқи лоиҳаи роҳи байналмилалии Душанбе – Кулма, қитъаи Қалъаи хумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бо кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2,5 миллард сомонӣ амалӣ хоҳад шуд. Ин роҳи сохташаванда аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳнои стандартии он 12 метр ва паҳнои роҳи мошингард ҳафт метр мумфарш мегардад.
Қисмати роҳи автомобилгарди Дарвоз – Ванҷ – Рӯшонро метавон аз мавзеи хатарноктарин ва мушкилгузар дар ин минтақа арзёбӣ намуд. 
Дар ин масири душворгузар, ки кори сохтмонӣ саҳлу осон нест, роҳсозон ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Аммо масъулияти касбӣ онҳоро водор месозад, ки вазифаи дар наздашон бударо дар сатҳу сифати баланд иҷро намоянд. Воқеан, ранҷу заҳмати онҳое, ки барои ободии ватан, алалхусус кушодани роҳҳо, дар чунин як масири пур аз кӯҳпора ва хатарнок барои бо ҳам пайвастани минтақаҳои кишвар, ҳамзамон, барқарор намудани робитаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ заҳмат мекашанд, боиси таҳсину офарин аст.
Бунёди роҳи сатҳи байналмилалӣ, ки Тоҷикистонро бо яке аз кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ тараққикардаи ҷаҳон– Чин мепайвандад, ҳамкориҳои иқтисодиро боз ҳам қавитар гардонда, дар заминаи муносибатҳои дуҷониба, мубодилаи молу маҳсулот ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳим ва болоравии сатҳи зиндагию некуаҳволии аҳолӣ мусоидати ҳамаҷониба мекунад.
Эҳёи Роҳи "Абрешим", ки ҳанӯз дар қарнҳои гузашта ҳамкориҳои иқтисодиро байни кишварҳои ҷаҳон аз Аврупо то Осиё мепайваст, имрӯз дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорӣ дар ин масири таърихӣ имкон медиҳад, ки кишвари мо тавассути ин шоҳроҳ ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёбад.  
Зикр кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо тавассути ин шоҳроҳ, ки бо меҳнату заҳмати роҳсозон тахту ҳамвор карда шудааст, садҳо автомашинаҳои боркашу мусофирбар ҳаракат мекунанд. Талошҳои пайвастаю самарабахши Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи роҳсозӣ имкон дод, ки барои аз бунбасти нақлиётӣ раҳо намудани ҷумҳурӣ боз як қадами устувор гузошта шуда, сокинони Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ноил гарданд.
Таҷрибаи сохтмони роҳу нақбҳо дар кишварамон маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳҳои нақлиётгард роҳандозӣ ва амалӣ гардид.
Бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» «Озодӣ» ва «Хатлон» имрӯз ҳаракати бемамонияти нақлиёти сабукраву боркаш ва рафтуомади мусофиронро ба тамоми минтақаҳои мамлакат таъмин намуда, дар рушду инкишофи иқтисодиёт, саноату кишоварзӣ ва ҳаёти маданиву фарҳангӣ заминаи боэътимод гузошт. 
Ҳанӯз дар оғози сохтмони аввалин нақбҳо Сарвари давлат гуфта буданд, ки агар дар хазинаи давлат як сомонӣ ҳам набошад, мо нақбу роҳҳоро бо нохун ҳам бошад, бунёд мекунем, то кишвари маҳбубамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшем. 
Сол ба сол зиёд гардидани шумораи нақлиёт ва аҳолӣ дар пойтахти кишвар, ҳамзамон, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани  хатҳои коммуникатсионӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ, оби гарм, барқ, алоқа, газ ва корез, инчунин, бо мақсади бартарафсозии тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард ва рафтуомади бемамонияти шаҳрвандон сохтмони роҳҳои дусатҳа ва сесатҳа ба нақша гирифта шуд. Соли 2018 марҳалаи аввали он, яъне корҳои азнавсозӣ дар шаҳраки 82-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки соли 2016 оғоз гардида буданд, ба анҷом расиданд. Дар марҳилаи дуюм корҳои сохтмонӣ соли 2020 анҷом ёфтанд. Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур, корҳои иловагӣ, аз ҷумла кӯчондани хатҳои коммуникатсионӣ, кабудизоркунӣ, насби сангҳои ороишӣ, сохтмони истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ, насби лифтҳо дар гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва ғайраҳо иҷро гардиданд.
Дар ин раванд, соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида, ҳамчунин, 500 метр роҳи иловагӣ, аз назди чорроҳаи шаҳраки Шифобахш, хиёбони Абуалӣ ибни Сино то Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе азнавсозӣ шуд.  
Бунёду таҷдиди роҳҳои дар боло зикргардида, шароит фароҳам оварданд, ки имрӯз воситаҳои нақлиёт бидуни тамбашавӣ ва дигар мушкилоте, ки қаблан ҷой доштанд, дар роҳҳои хубу замонавӣ ҳаракат намоянд.
Аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе корҳои ҷустуҷӯӣ-лоиҳакашии сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи хиёбонҳои С.Шерозӣ – А.Қаҳҳоров ва ҳалқароҳи майдони “Ғалаба”, кӯчаи С. Шерозӣ – хиёбони Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 20 феврали соли 2018,  таҳти № 109 “Дар бораи ғолиби тендер” аз ҷониби Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе” дар ҳамбастагӣ бо КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншоотҳои нақлиётӣ”-и Вазорати нақлиёт амалӣ гардиданд.
Дар муддати 31 соли даврони соҳибистиқлолӣ дар самти роҳу пулсозӣ ва нақбу роҳи оҳан шаҳрвандони мо таҷрибаи зиёд пайдо карда, ба дастовардҳои зиёд шарафёб гардиданд. Ҳамаи ин пешравию комёбиҳо, ноил шудан ба дастовардҳои беназир маҳз самараи сулҳу субот, муттаҳидӣ ва ваҳдати миллӣ, ки таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони мамлакат муяссар шуд.
Сокинони Тоҷикистон, миллати тамаддунофару бофарҳанги тоҷик ҳеҷ гоҳ ва дар ҳама гуна вазъияту шароит дастовардҳои даврони истиқлолиятро, ки маҳз бо талошҳои пайгирона, сиёсати созандаву бунёдкорона ва таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардиданд, фаромӯш нахоҳанд кард. 
Воқеан, мавқеи шахс, донишу маърифат, ақлу фаросат, азму иродаи қавӣ, устуворӣ дар афкору андеша ва кордонию раҳнамоӣ барин фазилатҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамонро аз мушкилтарин масъалае, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият пешрӯи мардуми Тоҷикистон буд, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан, раҳоӣ бахшид. 
Нотавонбиноне, ки ин ҳама пешрафту шукуфоиро дидан намехоҳанд, тоҷик ва фарзанди ин сарзамин нестанд. Кӣ будани онҳоро метавон бо як ибора, яъне хоинони Ватан, ифода намуд. Онҳо доғҳо дар оинаи миллат ҳастанд, ки ба зудӣ шуста хоҳанд шуд.
Имрӯз сокинони Тоҷикистон дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид гардида, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкорона ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мениҳанд.
Мо бояд бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор кунем, ба ояндаи давлату миллат бо назари нек нигариста, садоқату самимият ва эҳсоси миллатдӯстиву ватанпарастиро бо меҳнати софдилона, ғуруру номуси тоҷикона ифода намоем. 

А.А. АЛАМШОЗОДА, 
муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 30.03.2023 №: 65-69-72
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив