ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”. ОЗМУНЕ, КИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД

“ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”. ОЗМУНЕ, КИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД

03 октябр 2024, Панҷшанбе
24
0


Дақиқ намедонам идеяи ташкили Озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” кай ва аз ҷониби кӣ рӯи кор омадааст, вале баъди тақдими ҷоизаҳо ба ғолибону ширкаткунандагони он ба ин натиҷа расидам, ки Озмун ба сурати идомадор ҳамасола бояд баргузор шавад. Зарфи як соли охир ин гуна чеҳраҳои шодро надида будам. 

Ҳадафи Озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши дақиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ буд, муваффақ ба расолати худ шуд. Ҳатто, гумон мекунам, ки болотар аз ҳадди интизор. Ба ин Озмун нафароне ҳам ҷалб шуда буданд, ки шояд пештар, аслан, намедонистанд чи аслу насаб ва чи таъриху фарҳанг доранд. Карашмаи Нангиёлой, кобулидухтаре, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат мехонад, баъди ширкат дар Озмун бо ифтихор гуфт, ки 22 асари Пешвои миллатро хондааст. Муҳимтарин нукта аз мутолеоташ он буда, ки дақиқ дарёфтааст ориёӣ аст ва акнун аз ин ҳисси ифтихор хоҳад кард. 
Тасаввур кунед, аз мутолааи ин китобҳо киҳо чиро барои худ кашф карда бошанд. Дарвоқеъ, мешавад сари ин мавзуъ жарфтар андешид. Агар ин Озмун эълон намешуд, оё ба ин шумор хонандае меёфтем, ки дар баробари хондани осори Пешвои миллат қалбаш аз ҳисси ифтихор аз гузаштагони некномаш лабрез шудаву дар пайравӣ ба онҳо ба тарҳи орзуҳои ҷавонии худ иловаҳо ворид карда, ё равиши зиндагии худро тағйир дода бошад? 
Узви ҳайати ҳакамон Ҳафиз Раҳмон, ки тули чаҳор рӯз на танҳо доварӣ кард, балки шомгаҳон сари як пиёла чой ё шояд як финҷон қаҳва назару бардоштҳояшро аз рафти Озмун менавишт ва дар саҳифаи фейсбукии худ чун як озмуншиноси борикбин ба мутолааи хонанда ҳавола мекард, як нуктаи басо ҷолиберо овард. Вай аз суҳбати хеле кӯтоҳаш бо як донишҷӯи Коллеҷи тиббии Бохтар ёд кард. Дар омади гап аз ӯ пурсидааст, ки шояд баъди хатми Коллеҷ духтури хуб шавӣ. Вай гуфтааст, ки мехоҳад сиёсатшинос шавад. Ҳафиз Раҳмон мепурсад, ки: “Чаро фикрат дигар шудааст?” Ӯ посух медиҳад, ки ҳамин асарҳои Роҳбари давлат боис шудаанд, ки ба сиёсатшиносӣ рӯ орад. 
Мо бо нафарони зиёде ҳамсуҳбат шудем ва бо тақозои касбу вазифа назарашонро пурсидем. Аксарият ба ҷанбаи омӯзишии он таъкид доштанд. Яъне, китобҳои барои Озмун пешниҳодшуда аз нигоҳи назарӣ мароқангезанд ва ба хонанда ангеза медиҳанд, ки оянда кӣ бояд бошад,  ё худ кӣ шавад. Ин китобҳо пеши назари хонанда асрори асрҳои куҳанро мекушоянд ва бидуни шак руҳи гузаштагон аз қаъри асрҳои пурошӯб дар баҳсу андешаи хонанда шарик мешавад. Аз миёни саҳифаҳои ин китобҳо метавон чанги таърихро бод кард ва аз аср ба асри дигар нобиғаҳои худро ҷӯё шуд. 
Як худи “Чеҳраҳои мондагор” дунёест, ки дар он метавон ҳам аз қаҳрамониҳои Куруши Кабир, Спитамен, Монӣ, Маздак матлаб хонд, аз дини аҷдодонамон Зардушт огоҳ шуд, ҳам аз ҳотами анбиё Муҳаммади Мустафо (с) ҳикмати зиндагӣ омӯхт, ҳам бо ирфони Шамси Табрезиву Мавлонои Балхӣ ошно шуд, ҳам бо Носири Хусраву Пури Сино, Мир Сайид Алии Ҳамадониву Хоҷа Камоли Хуҷандиву  Мавлоно Ҷомӣ ҳамсуҳбат шуд ва ҳам муосирони худ Айниву Нусратулло Махсум, Лоҳутиву Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзодаву дигаронро аз наздик шинохт. 
Озмун ба сари худ як тадорукоти вижа ва бесобиқа барои ин муассисаи адабиву фарҳангӣ буд. Кулли харҷи он аз ҳисоби Китобхонаи миллӣ пардохт шуд. Дар даври ниҳоии он 180 нафар ширкат кард: 62 нафар донишҷӯи мактабҳои олӣ, 56 нафар муҳассилини коллеҷҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, 62 нафар аз коллеҷҳои вилояти Хатлон.
10 нафар соҳиби мукофоти пулӣ гардид ва 21 нафар шоистаи ҷойҳои ифтихорӣ гашт. Ширкаткунандагон ва ғолибон бо сипосномаву ифтихорномаҳои Китобхонаи миллӣ, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио ва ғайра сарафроз гардиданд.  
Озмун ба ҳадафи дигари худ, ки кашфи истеъдодҳои нав низ буд, муваффақ шуд. Гулнисо Содиқзода барандаи ҷойи аввал дар миёни донишҷӯёни коллеҷҳои кишвар ва донишҷӯи соли севуми Коллеҷи омӯзгории Қубодиён бо тарзи баёну андеша, сабурӣ дар посух ба суолҳо, дониши амиқ ва маҳорати то шунаванда расонда тавонистани посухи дақиқ ҳамин гуна истеъдоди нодир муаррифӣ гардид. Ҳатто, то кунун пайи дарёфти сабти садову видиои ин духтари ҷавон муроҷиат мекунанд, то чун як василаи омӯзишӣ истифода баранд. Интихоби Гулнисо аз Қубодиён чун ғолиби ҷойи аввал нишони дигар аз шаффофияти Озмун аст. 
Озмун марҳалаи таҷрибавиро пушти сар кард ва ташаббуси соли аввал паёмҳои хуше аз ояндаи роҳандозии он башорат медиҳад. Аз назари инҷониб боястӣ барои таҳкими минбаъдаи ифтихорот ва бедории худшиносии миллӣ, шинохти асли худ ин Озмун дар Китобхонаи миллӣ васеътару густардатар ва бо ҷалби доираи васеи хонандагон, намояндагони касбу кори гуногун ҳамасола баргузор шавад.  

Бобоҷон ШАФЕЪ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив