ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

03 октябр 2024, Панҷшанбе
36
0


НОМАҲО БО БӮИ ГАНДУМ
Модаркалонам, ки 89 сол дошт, баҳори соли сипаришуда чашм аз дунё пӯшид. Бо тақозои кору рӯзгор, ба дидори гармаш нарасидам. Ба чи ваҷҳе дилам аз он ки пеш аз марг ӯро хабар нагирифта будам, оромиш надошт. Дар ҳаққаш чи некие карданӣ будаму натавонистам гӯё… 
Бо ҳамин ҳолу ҳаво мегаштам, ки рӯзе сари як гуфтугӯи телефонӣ модарам паём расонд: «Рӯзи ҷанозаи модаркалон баъзе сарулибос ва ашёи табарруки ӯро байни хешу пайвандон тақсим карданду ман чанде аз номаҳои ба писараш (тағои модарам) навиштаро бо худ овардам». 
Чунон шод шудам, ки гӯё хазинаи зар ёфтам. Гуфтам, ки зуд ба шаҳри Душанбе фиристонад. Нияти навиштани ёднома кардам. Аслан, гумон доштам, ки номаҳои модаркалон танҳо дар дастархонҳои порчаӣ (қуроқ) сабт аст. Ӯ дар як гӯшаяки ҳамаи дастархонҳои қуроқии худ бо ресмони сурх менавишт: «Аз Холдор» ва таърихи дӯхташуданашро мегузошт. Аммо ҳеч гумон намекардам, ки замоне номаҳое ҳам навиштааст.
Се номаи марҳум, ки дар замони шуравӣ, солҳои гуногун ба ягона писараш фиристодааст, чун хатти дирӯз навишташуда хонову дурустанд. Модаркалон баъди бозгашти писараш аз хизмати ҳарбӣ номаҳоро аз ӯ гирифта, дар кунҷи сандуқаш нигаҳ медоштааст. 
Зани одии деҳотӣ тавонистааст дар номаҳои худ самимияту меҳри афзуни худро ҳувайдо созад. Ин мактуб ҳаргиз достону қиссаву очерк нест. Фалсафаҳои дақёнусиву ҳикматҳои бузургворона надорад, ҳатто, сатрҳо гоҳо аз хатҳо берун рафта. Аммо ҳамон қадар сода аст, ки бори мураккаби маъниро мекашад. Аз коғазҳои нома бӯи нон, садоқат ва иффату шарофат меояд. Муҳимтар аз ҳама, аз варақҳои зардшудаи замони шуравӣ ба димоғ накҳати гарми зиндагӣ мерасад. Ин нома ҳамон номаест, ки шоири номвар Қайсари Аминпур сутуда: 
Номае, ки содаву самимӣ аст,
Бӯи шеъру достон намедиҳад.
Бо салому орзуи тули умр,
Ки замона ин замон намедиҳад.
Мехонам: «Ин номаи безабони ман ба ту расида маълуму равшан  шавад, ки ману падарат нағз гаштем». Ӯ, ҳатто, аз чанд дараҷа гарм будани обу ҳаво менависад ва хабар мерасонад, ки вақти гандумдаравӣ фаро расида: «…обу ҳавои ин ҷоро гӯям, 25-30 градус гарм мебошад. Вақти гандумдаравӣ омадагӣ».
Бо ҳамон шеваи худ боз ҳам менависад: «…Балояки аз назар ғойибаму ба ҷон наздикам, аз гул нозукам. Доимо андоми бачагиат дар назару хаёлам». Бале, дар назари модар фарзанд бо вуҷуди ба балоғату камолот расиданаш, ҳамон кӯдаки бегуноҳу маъсум аст. «Балояки аз назар ғоибаму ба ҷон наздикам, аз гул нозукам» шеърҳои мардумиро ба ёд меоранд.
Дар ҷои дигари нома менигорад: «Як мактуби туро гирифтам. Ҳам хурсанд шудаму ҳам аз ҳолат хабардор. Тез-тез хат нависта ист, балом, моя хавотир накун».
Он қиссаю ривоят рост будааст, ки падару модар вақти тифлии фарзандон решаву камари дарахт, вақти ҷавонӣ шохаҳо ва дар замони оиладор будани писарону духтарон, ба баргҳои ларзони дарахт мубаддал мешудаанд. Ҳар лаҳза ҷон ба каф меистодаанд, ки мабодо дар хонаводааш ҷанҷолу пархоше шавад, мабодо, аз сари ҷавонӣ зану шавҳар ба ҳам дағаливу дуруштӣ кунанд, пеши дӯсту душман сархам шавем. Ва вақте ки фарзандонашон фарзанд меёбанд, дигар мисли барги тирамоҳӣ охирон риштаи робитаро аз шоха канда, ба замин сарозер мешудаанд.
Модар бо муштоқӣ дар нома арз мекунад: «Мана, баъди камакак вақт нуҳ моҳ мешавад. Ту зиқ нашуда гард, ду сол ҳеч гап не, мегузарад меравад». Воқеан, дар дунё танҳо модар аст, ки дар роҳи омадани фарзанд бо чашмони чор нишаста, рӯз мешумурад, солҳоро аз сар гузаронда, сапедиву сиёҳӣ дар мӯяш радду бадал шуда, бехабар аз он мемонад, ки умри азизи худро бохтаст:
Модари ҷон оҳ мегӯиву оҳ,
Бар сари раҳ мекашӣ тори нигоҳ...

«Ту дар ду хатти аввалаат китоб фиристон гуфта будӣ. Чандта китоб фиристодам, намедонам, маъқул мешавад ба ту ё не?». Бубинед, як нафар фарзанди деҳқон аз як гӯшаи дунё хоҳиши китоби тоҷикӣ хондан дорад.
Дар охири мактуб бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат лаб ба дуо мекушояд: «Дар кадом кунҷи дунёи рӯшан набошӣ, мо туя ба Худо супурдагӣ. Хат нависта ист, моя аз ёдат набурор. Сарат дар амон бошад».
Модари бечора тамоми умр барои хушрӯзгории фарзанд зиндагӣ карда, ҳастияшро ба ӯ бахшида бошад ҳам, аммо сахт метарсад, ки аз ёди ҷигарбанд фаромӯш мешавад. 
Аммо имрӯз ман мегӯям, ки фаромӯш намешавад модар, ҳамон модаре, ки аз номааш бӯи гандум, накҳати гулҳои саҳро, гармии замин, нармии сабза ва шамими умеду орзуҳои фардои рӯшан меояд…
Модаркалони мо бо вуҷуди солхӯрда будан, солҳо боз қоматаш хамида буд. Ба ибораи Саъдии Шерозӣ қадаш камон шуда буд. Сарфи назар аз ин, аз сари дегу таҳи дарахт дур набуд. Лаззату накҳати нонҳои дегӣ, себу ноки хушконида, талқон ё ҳамон кӯфтаи меваҳо, кулчаҳои аз хуч сохтааш ҳеч аз комам намеравад. Он замон термосҳои махсусро на ҳама кас дошт, аммо чойи ӯ ҳамеша гарм буд, зеро бо чойникпӯш рӯи чойникро маҳкам карда, ба болояш боз матои пахтагӣ мегузошт. 
Дарвоқеъ, модаркалон соат надошт, ёд надорам, ки боре ҳам чанд будани соатро пурсида бошад, гоҳо ба хонаи мо меҳмонӣ омада, гаҳвораи додару хоҳарчаамро соатҳо меҷунбонд, аз ғашу гиряҳои онҳо заррае дилгиру асабӣ намешуд, зери лаб чи шеър ё сурудеро зам-зама мекарду гаҳвора меҷунбонд. Ӯ бесоату бетақвим 89 баҳори умрашро барои шукуфоии мо бахшид, бе ин ҳам, вай соатҳои муосирро намефаҳмид, соаташ гардиши Офтоб буд:
Соати хонаи мо хобидаст,
Модарам бетақвим,
Модарам бесоат,
Сарҳисоби гираҳи тобу табаш медонад.
Аз раҳи рафтану бозомадании Хуршед
Гузари рӯзу шабаш медонад.
Аз ҳисоби ҳамаи суду зиён;
Аз рақамҳои парешони умр,
Рӯзи мелоди маро медонад.
Зотан ӯ фалсафаи зиндагиро медонад,
Ки барои дигарон зистан аст бесоат, бетақвим…
Рӯзи ӯ испед аст,
Ба дилаш ақрабаки уммед аст,
Соати модари ман Хуршед аст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив