ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ 

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ 

03 октябр 2024, Панҷшанбе
4
0

Муҳаммаддовуд Бузмаков 1-уми феврали соли 1957 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба Техникуми кредитории шаҳри Ленинград дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонд. Ҳамон сол ба Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб шомил шуду онро ҳам бомуваффақият хатм намуд. Баъди хатми Донишкада дар бисёре аз мансабҳои давлатӣ фаъолият дошт. Айни замон дар вазифаи директори Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Левакант” кор мекунад. 

Ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми гӯшаву канори кишвар сабзу хуррам гардида, корҳои ободонӣ босуръат идома доранд. Талошҳои ӯ дар самти ободгардониву гулзор гардондани шаҳри Левакант саҳмгузорӣ дар татбиқи ин иқдоми созандаи Пешвои миллат мебошад. Мавсуф ҳамчун директори КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Левакант” барои боз ҳам зебову озода намудани гирду атрофи биноҳои шаҳр ва хиёбони шафати он корҳои зиёдеро ба сомон расонда истодааст.
Бо мақсади ҳамеша сабз нигоҳ доштани гулзорҳои атрофи шаҳр кормандони бахши хоҷагидорӣ, бахусус кормандони гармхона, кӯшиши зиёд ба харҷ дода, дар кабудизоркуниву сабзакорӣ намудани шаҳр саҳми хешро мегузоранд. “Гулпарварӣ хоси мардуми бофарҳанги мо буда, яке аз анъанаҳои қадимаи мардуми тоҷик аст, –  мегӯяд М. Бузмаков. - Ин анъана таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома меёбад. Гулшинонӣ ва сабзкорӣ аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ ба ҳисоб меравад”. 
Тамоми кӯшишу ғайрати онҳо имрӯзҳо ба он равона гардидааст, ки шаҳри Левакантро ба шаҳри гулҳо табдил дода, дар ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ саҳмгузор бошанд.  Тайи солҳои охир гӯё шаҳр қабои нав ба бар кардааст.  
Суханаш аз тарғибу ташвиқи дастоварду навгонӣ ва ободонӣ аст. “Агар мо худ сохта наметавонем, пас, бояд дар фикри тозаву озода нигоҳ доштани мавзеъҳои ободшуда бошем, –  мегӯяд ӯ.  – Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, моро зарур аст, ки дар самти боло бурдани фарҳанги шаҳрнишинӣ масъулияти баланд эҳсос намуда, бо хулқу атвори писандидаи худ номбардори Ватан гардем”. Ин суханони ҳикматомези Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиори зиндагиаш шудаанд:  “Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем”.

Азамат АМИНҶОНЗОДА, 
корманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Санаи нашр: 03.10.2024 №: 192
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив