КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ КАЛИДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҚАБУЛУ ТАТБИҚИ ОН
Яке аз муҳимтарин нишонаҳои давлати соҳибистиқлол доштани Конститутсия мебошад, ки Тоҷикистони азизи мо расо 30 сол қабл ин санади олии ҳуқуқиро қабул кард. Конститутсияи мамлакат ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фарогир буда, аз беҳтарин сарқонунҳои дунё эътироф мешавад, ки боиси ифтихор аст.
Таҷрибаи давлатдорӣ гувоҳ аст, ки бе устувории пояҳои қонунгузорӣ таъмини устувории раванди сиёсиву пойдории давлат ғайриимкон аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ҳассоси таърихӣ ва даргириҳои шадиди сиёсӣ қабул гардидааст.
Конститутсияи мазкур 5-умин Конститутсияи Тоҷикистон маҳсуб мегардад, вале он ягона Конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кардааст, зеро конститутсияҳои қаблӣ чунин бартарии муҳимро фарогир набуданд
Барҳақ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории кишвар мақому манзалати хосаро доро буда, меъёрҳои он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошанд, ки ин аз волоият ва нақши барҷастаи он дар давлатдории миллии мо шаҳодат медиҳад. Чун сухан аз давлатдорӣ рафт, мехоҳам аз нақши бузурги Пешвои миллат дар таҳия, муҳокима ва қабулу татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардам, зеро Сарвари давлат дар тамоми марҳалаҳои қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калидӣ доштанд, ки ба зимма гирифтани масъулияти раисии комиссияи конститутсионӣ далели ин гуфтаҳоянд.
Сарвари давлат зимни баррасии лоиҳа доир ба такмили Конститутсия ба як қатор нуктаҳои Конститутсия, аз ҷумла ҳолати душаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дахлнопазирии инсон, шакли идоракунӣ, сохтори давлат, принсипҳои ташкили мақомоти олии давлат, таъсиси Ҳукумат, мақомоти додгоҳ ва дигар масъалаҳои умда андешаҳои бунёдӣ баён намуданд, ки дар такмили лоиҳаи Конститутсия аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ормон ва андешаи дунявии мардуми тоҷикро ифода намуда, дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд.
Бо итминон иброз медорем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар таъмини волоияти қонун ва дар ин замина дар таҳкиму нигаҳдошти истиқлолияти давлатӣ саҳми бузург дошта, он ба сифати роҳнамои рушди давлатдории миллӣ садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Лола АЗИМОВА,
мураббияи Муассисаи давлатии
таҳсилоти томактабии равияи
“Кӯдакони болаёқат”-и назди
сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе