ЗАБОН. МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Соли 1989 Қонун дар бораи забони давлатӣ қабул шуд. Аз он рӯз забони ноби тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикистон эълон гашт ва тамоми умури коргузорӣ дар кишвар бо ҳамин забон сурат гирифт.
9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон сабт шуд ва халқи тамаддунофари тоҷик пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи хешро соҳиб гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо барои тоҷикони Тоҷикистон, балки барои тамоми тоҷикзабононе, ки худро мансуб ба миллати тоҷик медонанд, дастоварди бузурги сиёсӣ гашт.
Дар ин рӯз ба забони модариамон чун ба модари хеш арҷ мегузорем, таърихи худро варақ мезанем, роҳи тайкардаи забону фарҳангамонро пеши назар меорему сабақ меомӯзем. Чуноне шоир гуфтааст:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед,
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Забони мо тавоно ва рақобатпазир аст. Дар замони ғалабаи аҷнабиҳо, вақте ки забони ғолиб дар як қисми бузурги ҷаҳон фотеҳона қадам зада, забони бисёр давлатҳои муқтадири дунёи қадимро аз феҳристи забонҳои ҷаҳон нобуд мекард, забони мардуми Эрону Хуросону Мовароуннаҳрро фурӯ бурда натавонист. Дар миёни миллатҳои зиёди мутеи аҷнабиён, ниёгони мо ягона мардуме буданд, ки забони худро ҳифз карда, адабиёти бузургро ба мерос гузоштанд. Забони тоҷикӣ боиси нобудии ҳеҷ забоне нашудааст. Баръакс, дар бисёр маврид барои тараққиву такомули забонҳои ҳамсоя мусоидат намуда, барои онҳо намунаи пайравӣ ва махзани луғот будааст.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки нуфуз ва тавоноии забони тоҷикии форсии дарӣ ба ҳадде буд, ки на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсат ва давлатдорӣ низ ҳеҷ забони дигар бо вай рақобат карда натавонист ва қавму миллатҳои мухталифе, ки асрҳо дар сарзамини мо ҳукм рондаанд, онро на танҳо ҳамчун забони илму фарҳанг, балки ба ҳайси забони давлатӣ пазируфтанд. Ин ҷо байти ифтихорангези Унсурии Балхиро ёд овардан бисёр бамаврид аст:
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз бо лафзи дарӣ.
Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Шояд дар ҷаҳон қавмеро камтар метавон пайдо кард, ки забони имрӯзаи он ба забони беш аз дуҳазору дусадсолааш чунин пайвастагии наздик дошта бошад. Мо забони Рӯдакию Фирдавсиро мисли забони имрӯзаи хеш мефаҳмему дарк месозем. Бинобар ин, ҳамин забон дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ буд, имрӯз низ ба сифати забони давлатӣ қарор дорад. Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони шеъру шоирӣ, забони илму адаб бо покию шириниаш оламгир шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон дар Рӯзи забони давлатӣ чунин зикр карда буданд: «Ба назари ман, боз як хизмати бузурги шоҳони Сомонӣ, хусусан Исмоили Сомонӣ, ҳифзи забони тоҷикӣ ва ба дараҷаи мақоми давлатӣ баланд бардоштани он мебошад».
Таҷассумгари беҳтарини забони ноби тоҷикӣ «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ бо сабки содаю зебост. Ҷовидонии «Шоҳнома» пойдорию ҷовидонии забони мост.
Ҳадафи асосии мо ин аст, ки донишҷӯён, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо, сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих, то чи ҳад дар ҳифзи забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои ояндагон забони тавоноеро бо осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд.
Озодамо КЕНҶАЕВА,
мудири кафедраи Коллеҷи
тиббии шаҳри Кӯлоб