ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АРЗИШИ БЕНАЗИР

АРЗИШИ БЕНАЗИР

04 октябр 2024, Ҷумъа
1
0


Таърихи инсоният кам ёд дорад забонеро, ки дар дарозои таърих таркиби луғавӣ ва сохти грамматикии худро ҳифзу нигаҳдорӣ кардааст ва низ кам забонеро метавон ёфт, ки осори ҳазорсолаи хаттӣ дошта бошад. Агар дошта бошанд ҳам, онро хонда наметавонанду рамзкушоӣ мекунанд. Чунки сохтори забон ва таркиби луғавии он тули қарнҳо дигаргун шудааст. Аммо меросбарони миллати тоҷик осоре, ки бо ин забон ҳазор сол пеш нигошта шудааст, дар нусхаи асл мехонанду бе шарҳу тавзеҳ мефаҳманд.
Александр Востоков, забоншинос ва бостоншиноси рус, давраи қадими забонҳои славяниро асрҳои IХ-ХІІІ милодӣ медонад. Вале осоре, ки аз ин давра ба онҳо мерос мондааст, бе шарҳу тафсирҳои махсус намефаҳманд. Лиҳозо, давоми беш аз ҳазор сол тағйир наёфтани забони тоҷикӣ дар таърихи мавҷудияти забонҳои дунё воқеаи нодир ба шумор меравад.
Забони тоҷикӣ дар паҳнои таърих, давра ба давра ба мушкилоту таҳоҷумоти аҷнабиёни яғмогар мувоҷеҳ шуда, аз зулумоти қарнҳо то имрӯзи рушани мо расидааст. 
Барои исботи ин андеша лозим намедонем, ки далелу арқоми зиёде биёрем, балки варақгардон кардани чанд саҳфаи таърих кифоя аст, то бидонем, ки, воқеан, ниёгони мо дар душвортарин ва ҳассостарин лаҳазоти умр дифоъ аз забони модарӣ кардаанд. Чунончи, арабҳо ба хоки Мовароуннаҳру Хуросон ҳуҷум намудаву ишонро ба сӯи ислом фаро хонданд. Бархе аз донишмандон, аз ҷумла Муҳаммадтақӣ Баҳор, эътироф мекунад, ки нуфузи арабҳо ба Мовароуннаҳр ба ҳамон андозае буд, ки ба Мисру Сурия доштанд. Чунончи, пас аз расидани лашкари араб ба ин кишварҳо забон ва фарҳангу тамаддуни мисрӣ (фиръавнӣ) ва аҳли суриявӣ (сомирӣ) аз миён рафт, вале натавонистанд, ки забону фарҳанги худро дар Мовароуннаҳр комилан ҷорӣ кунанд.  
Дардноктарину даҳшатноктарин фоҷиа барои забону миллати тоҷик ҳуҷуми муғулон ба шумор меравад. Ибни Асир, муаррихи асрҳои миёна, ки худ шоҳиди бевоситаи ваҳшонияту харобкории муғулон будааст, дар асари “Ал-Комил-фи-т-таърих” вазъияти Бухороро чунин тасвир мекунад: “Бар замин хун равона шуд, чунон ки аз фаровонии хун пои асп бар хок мелағжид”. Дар баробари ин, ҳама ранҷу азоб, соҳибзабонон бо таълифи “Бӯстон”-у “Гулистон”, “Маснавии маънавӣ”-ву “Девони кабир” ва садҳо осори дигар ин бор низ забонро аз нобудӣ раҳонданд. 
Саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик ҳузнангез аст, ки аз варақгардонии онҳо садои найзаву шамшер ва нолаҳои дилхароши гузаштагон ба гӯш мерасад. Ба ин хотир, гуфтанием, ки парешониву набасомонӣ ҳамеша думболагири миллату забони тоҷикӣ будааст. Чунончи, ҳатто, садаи ХХ низ барои забони тоҷикӣ ва, дар маҷмуъ, миллати тоҷик тақдирсоз омад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба хотири истеҳкоми пояҳои забони адабии миллӣ, аз аввалин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ тамоми чораҳоро андешид. Соли 2008 бо ибтикори Сарвари давлат Соли забони тоҷикӣ эълон гардида, ин санаи муҳими таърихӣ баробар бо 1150-солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил гардид. Бо назардошти меъёрҳои давлати соҳибихтиёр, Қонуни забон аз нав таҳия гардида, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (5-уми октябри соли 2009) қабул гардид. 
Имрӯз дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо тамоми имконият ва шароити мусоиди рушд барои забони давлатӣ вуҷуд дорад. Аз ин нуқтаи назар, вазифаи мо соҳибзабонон  он аст, ки забони модариамонро, ки нишон аз ҳастии мост, покизаву гиромӣ дорем, ба сарваташ дороиҳои нав афзуда, ба пасояндагон мерос гузорем. 

Шодмон АБДУРАҲИМ “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.10.2024 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив