«ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ»
Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даври ниҳоии Озмуни якуми ҷумҳуриявии донишҷӯён баргузор гардид.
Озмун аз рӯи 4 равия – забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ дар ду давр баргузор шуд. Даври якум дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ моҳи сентябр баргузор гашт. 1-нафарӣ ғолиб аз ҳар равия, барои иштирок дар даври дуюм пешниҳод гардиданд. Даври ниҳоии он 1-уми октябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон доир гашт.
Озмуни мазкур дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузаронда шуд. Донишҷӯён аз рӯи талаботи низомнома дар доираи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ тариқи барномаи махсус ба саволномаҳои тестӣ ҷавоб гардонда, дар даври дуюм дар мавзуъҳои пешниҳодгардида эссе навиштанд. Ҳамин тариқ, аз рӯи равияи забони тоҷикӣ ҷойи якум насиби донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Меҳрона Самадова, ҷойи дуюм – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара Саёҳат Баротова, ҷойи сеюм – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Муҳаммадҷон Ҳасанов шуд.
Аз рӯи равияи забони русӣ ҷойи якумро донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Мукаррама Одилова, ҷойи дуюмро донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Сайёра Ахмедова, ҷойи сеюмро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Сафияхон Орифова сазовор гаштанд.
Аз рӯи равияи забони англисӣ донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Севинч Раҳимова ҷойи якум, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Санҷар Яковлев ҷойи дуюм, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Жасмин Сайдалӣ ҷойи сеюмро мушарраф гардиданд.
Аз рӯи равияи забони чинӣ бошад, ҷойи якум ба донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Аминҷон Шарофов, ҷойи дуюм ба донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Алишер Қурбонов, ҷойи сеюм ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара Мумин Мавлонзода дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки Шоҳҷоиза насиби донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Аминҷон Шарофов гашт.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
РУКНИ АСОСИИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
1-уми октябр дар Кумитаи кор бо занон ва оила таҳти унвони “Забон – рукни асосии ҳастии миллат ва давлат” Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ доир гашт. Дар он намояндагони соҳаҳои дахлдори давлатӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, кормандону устодони маркази таълимии “Чароғи ҳидоят”, шунавандагони курси шашмоҳаи “Мактаби сарварони ҷавон” ширкат доштанд.
Раиси Кумита Бунафша Файзиддинзода ҳадафи баргузории Конфронсро ҳифз ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти давлату миллат арзёбӣ намуд. “Дар шароити пуртазодду печидаи ҷаҳони имрӯза офтоби бахти миллат тобон аст, ки истиқлоли комил дошта, сарнавишти давлат ва тақдири худро бо дасти худ менависаду месозад. Маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон фароҳам овард. Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ дар сарнавишти таърихи миллат далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахш ба ҳисоб рафта, миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад”, – гуфт Б. Файзиддинзода.
Ба андешаи Салтанат Қодирова, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, саҳми занон дар рушду такомули забони давлатӣ бузург аст. Кӯдак забони модарашро ёд мегирад ва барои ҳамин забони модарӣ мегӯем.
Намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо маърузаҳо баромад намуда, чорабинӣ бо қироати шеърҳо аз ҷониби тарбиятгирандагони маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” анҷом ёфт.
Б. САТТОРОВА, “Ҷумҳурият”
НОРАК. ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ ШВКД БАЪДИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ
Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода бинои маъмурии шуъбаи ВКД дар шаҳри Норакро, ки аз таъмири пурра бароварда шуд, мавриди истифода қарор доданд.
Саҳн ва гирду атрофи шуъбаи ВКД пурра мумфарш гардида, ҳаммом, хобгоҳ, боксҳои нақлиётӣ ва ошхона барои ҳайати шахсӣ ҳамчун бинои иловагӣ сохта шуда, таъмири ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ, роҳравҳо ва маҳкамаи нигаҳдории муваққатӣ, бо назардошти стандартҳои муосир, навсозӣ шудаанд.
Вазири корҳои дохилӣ ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бо ҳайати кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир намуд.
Зикр гардид, ки шароити муосири фаъолият барои кормандони милитсия баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ бунёд гардидааст.
Бо назардошти ин ҳама дастгириву иқдомҳои созанда, аз кормандони милитсия даъват карда шуд, ки барои садоқатмандона хизмат намудан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ содиқонаю софдилона фаъолият кунанд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ПАНҶАКЕНТ. 29,6 КМ РОҲ МУМФАРШ ГАРДИД
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, бунёди иншооти муҳими хоҷагии халқ ва корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, ба мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад.
Чанде пеш бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент ба мумфаршкунии роҳи деҳаи Ғӯсари деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. Тибқи иттилои масъулин, 1,2 километр роҳи деҳаи Ғӯсар ба тариқи ҳашар бо саҳми соҳибкорон ва сокинон ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ мумфарш карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки соли равон нақшаи мумфаршкунии роҳҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Панҷакент 26,2 километрро дар бар гирифта, то ин дам 29,6 километр роҳ бо сифати баланд мумфарш шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои таъмири роҳҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, марҳала ба марҳала роҳҳои таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилоят навсозӣ мешаванд.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор