ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

04 октябр 2024, Ҷумъа
8
0


ЧАРОҒИ ЁДИ МОДАР ҶОНФУРӮЗ АСТ!
Модарам Бароат Ҳоҷибоева, доктори илмҳои педагогика, дар бораи рӯзгори наврасиву навҷавонии худ нақл карданро дӯст намедоштанд. Вале ман аз нақлҳои модаркалонам шунида будам, ки модар дар Самарқанд ба дунё омада, то 9-солагӣ дар Душанбеву Хуҷанд ва баъдан дар Москва зиндагӣ кардаанд. Овони кӯдакиашон дар муҳите гузашт, ки барояшон беҳтарин китобҳо, суҳбату дидори бузургтарин ашхоси адабиву фарҳангии замон, дилошӯбтарин оҳангҳои мусиқӣ, тамошои осорхонаву театрҳо муҳайё буд. Вале баъд... 
Баъд замоне фаро расид, ки кулли арзишҳои аслӣ зери по гаштаанд. Бар асари ин гирудорҳо бар сари ҳазорҳо фидоиёни миллат борони туҳмату ҳақорат борид ва онҳо ҳама аз тири ҷаҳолат кушта шуданд, ки хокҷояшон то имрӯз маълум нест. Фарзандони онҳо парешон гаштанд, ба хонаҳои кӯдакон, ба гӯшаву канорҳои дурдасти Россия фиристода шуданд, аз оддитарин имтиёзҳо маҳрум гардиданд. Дар сарнавишти модари ман низ ҳамин гуна чанд саҳифаи ҳузновар аз азал сабт шуда будааст. Баъди фоҷиаи ин рӯзгор дар зеҳни кӯдак мебоист дилмондагӣ аз зиндагӣ, канораҷӯӣ аз ҷомеа ва созишкорӣ бо ҳукми айём ҷо мегирифт. Аммо куҷост он неруе, ки хилқати инсонро дигар кунад, куҷост он занҷире, ки ақлу хирадро завлона занад ва куҷост садде, ки пеши роҳи эҳсосҳои гарми як инсони зиндадилро боздорад? Ба рағми ҳама нокомиҳои рӯзгор иродаи қавӣ пирӯз гардид. Дар душвортарин лаҳазоти зиндагӣ барои худ ва дигарон ҳарфи тасалло ёфтан чӣ қадар муҳим аст! Борҳо шудааст, ки ман ё хоҳаронам баъди ягон ноомади кор сархаму пакар рӯ ба рӯи модар нишастаем. Модарам чунон боварибахшу самимӣ гап мезаданд, ки мо, воқеан ҳам, бовар мекардем: ин ноомади кор дар қиёси дастовардҳо ҳеҷ аст! Ва дар поёни суханашон ҳатман пораи мувофиқи шеъре аз Пушкин, Блок, Есенин ё каси дигар садо медиҳад. Дар ин лаҳзаҳо ашъори зерини Блок садо медод:
Принимаю тебя, неудача,
И удача, тебе мой привет!
... Узнаю тебя, жизнь, принимаю,
И приветствую звоном щита!

Ба назарам аввалин суҳбати ҷиддии ман бо модарам соли 1974 ба вуқуъ пайваст. Он вақт ман дар синфи даҳи мактаб мехондам ва ҳанӯз риштаи таҳсили олии худро интихоб накарда будам. Медонистам, ки ба улуми инсонӣ муҳаббатам бештар аст, вале факултае, ки ба он дохил мешудам, ҳанӯз муайян нашуда буд. Модарам ба китобхонаи бузурги худ ишора карда гуфтанд, ки агар ба адабиёти рус майл дошта бошам, метавонам соҳиби тамоми ин ганҷинаи бебаҳо гардам. Ман андак фикр кардаму розӣ шудам, бехабар аз он ки барои соҳибкитоб шудан, соҳибмаърифат бояд шуд. Мо забони русиро дар мактаб хеле кам омӯхта будем ва дар хона низ танҳо ба тоҷикӣ гап мезадем. Модарамро лозим омад, ки ҳар рӯз барои ман чанд соат вақт ҷудо кунанд, ки аз қоидаву қонуни забони русӣ каму беш огоҳ бошам. Дар ин соатҳо ҷаҳони беканори адабиёти русӣ, ки аз забони як нафари шефтаву дилбохта бо ҳазорон пораҳои шеъру наср садо медод, пеши назари ман боз шуд. Ман бехабар мондам, ки чи тавр ошиқи Татянаи Пушкину Бэлаи Лермонтов ва санавбарҳои Есенин гаштам. Дар ҳамин соатҳо модарамро ба сифати муаллиме ёфтам, ки тарзи баёни дилнишин, завқи баланду эҳсоси гарм ва садои рӯшанашон, воқеан, маҷзуб мекунад. 
Аз хотироти давраи донишҷӯӣ: "Дар донишкада номзадии маро барои гирифтани стипендияи ленинӣ пешниҳод карданӣ шуданд. Модарам қатъиян зид баромаданд. Гуфтанд: “Шуҳрати осон аз инкишофи маънавӣ, аз ҷустуҷӯву меҳнат бозмедорад”. 
Дар мавсими пахтачинӣ аксари ҳамсабақонам бо ёрии падару модар ҳуҷҷатҳо пайдо карда, аз кори саҳро озод мешуданд. Барои модари ман, ҳатто, ба ҳуҷҷат ёфтан ниёз набуд, як ҳарфашон басанда буд, вале мо хоҳарон аз оғоз то анҷоми мавсим дар саҳроҳои Зафаробод пахта мечидем. Ҳаргиз аз ёдам намеравад, ки дар курси панҷум охири моҳи ноябр аз байни духтарони гурӯҳ як худам бо дастҳои аз неши ғӯзаҳо хуншору аз сардӣ варамида пахта мечидам... 

Аввалин мақолаҳои худро дар овони донишҷӯӣ навиштаам. Боре ҳини навиштани мақолае фикри касеро бе нохунак аз номи худам овардам. Модарам ин кори маро пай бурда гуфтанд: “Дар кори илмӣ касе обрӯ мегирад, ки ҳосили заҳмати дигареро аз худ накарда бо ишора ба дастоварди ӯ фикри тозае илова намояд”. 
Аз хотироти давраи коромӯзӣ: Баъди хатми донишкада ман хонданро дар Маскав идома додан хостам. Маҷлиси оилавӣ бо сарвари модаркалон қарор кард: иҷозат дода шавад! Ҳамроҳи модарам ба Маскав омадем, дар меҳмонхона ҷой гирифтем. Ман коромӯзи Академияи фунуни педагогӣ таъин шуда будам, вале маълум шуд, ки ба тақдири коромӯз дар ин муассиса тамоман бепарвоянд. На бо хобгоҳ таъин мекунанд ва на чизе ба ӯ меомӯзанд. Коромӯз бояд зиндагии мустақилонаро омӯзад ва роҳи худро дар ҷодаи илм низ худаш муайян кунад. Чанд нафар шиносҳо ба модарам маслиҳат доданд, ки духтаратонро гирифта баред. Ман ҳам, ки то он рӯз дуртар аз Хуҷанд ҷоеро надида будам, ба ин шаҳри бузурги пурҳаёҳуи бегона бо чашмони ҳайратзада менигаристаму тасаввур намекардам, ки ин ҷо танҳо чӣ гуна хоҳам зист. Модарам, ки моро ягон бор ба коре маҷбур намекарданд, ин бор низ пурсиданд: “Ту баргаштан мехоҳӣ ё ба рағми тамоми мушкилиҳо мемонӣ?” Гуфтам: мемонам. 
Акнун, ки худам модар ҳастам, тасаввур мекунам, ки ҳоли модари ман он рӯз чӣ гуна буд. Шояд ба бахти ман бошад, ки рӯзи дигар дар китобхонаи Маскав мо тасодуфан собиқ шогирди модарам Муяссархон Абдуллоеваро дидем, ки мушкилкушоям гаштанд. Шавҳарашон ба сафари кории тулонӣ рафта буданд ва он кас маро ба манзили худашон бурданд.
Бо модарам ба театр рафтанӣ шудем. Ҳамон бегоҳ дар театри “Современник” асари Чехов бояд ба саҳна гузошта мешуд. Хеле кӯшиш кардем, аммо танҳо як билет пайдо карда тавонистему халос. Ночор ба меҳмонхона баргаштанӣ будем, ки модарам ба тамошо дилкашол будани маро пай бурда гуфтанд: “Агар хоҳиш дошта бошӣ, даромада тамошо кун, ман туро дар берун мунтазир мешавам”. Ман аз фармони ақл баромада ба фармони дил розӣ шудам. Аз он намоиш чи бурд кардам, намедонам. Баъди тамошои спектакл вақте берун баромадам, модарам гӯё воқеае рух надода бошад, маро пешвоз гирифтанд. Дар ҳавои сарди кӯча лабҳояшон кабуд шуда буд... 
Аз айёми кӯдакӣ муносибат ба ҳар кадоми мо махсус буд. Масалан, дар нисбати хоҳаракам Фарзона як нукта фаромӯшношуданист. Модарам кайҳо дарк карда буданд, ки духтари хурдиашон кӯдаки муқаррарӣ нест. Ӯ аз рафтори одамон ва ҷилваҳои табиат маъниҳои нав мегирифт, ки аз дарки умум тафовут дошт. Вақте ки мо – аҳли оила ба ягон кори хоҷагӣ машғул мешудем, ӯ ҳамеша бо баҳонае китоберо гирифта дар кунҷи хона пинҳон мешуд. Аммо модарам аз чи бошад, ки аксар вақт барои ин кораш ӯро сарзаниш намекарданд, ҳарчанд ки ҳамон вақт дар назари мо адолат риоя намешуд. Аз ҳикмати ин муаммо дертар воқиф шудем... 
Ҳолиё фикр мекунам, ки воқеан, ҳар чи дар зиндагӣ дорем, ба шарофати заҳматҳои модар аст. Модари мо ҳам  мисли ҳамаи  модарони ҷаҳон буданд ва  дар айни ҳол як нафари  бемисл ҳам  буданд. Соҳибназар, соҳибқалам, соҳибдил, фурӯтан. Ҳар сифоте, ки ин ҷо мечинам, норасост барои бозтоби чеҳраи  офтобии модар.
Ин иншо 26 сол қабл аз ин, дар рӯзҳои 70-солагии модар оғоз ёфта буд. Вале ҳанӯз ҳам нотамом аст. Дар ин  миён як рӯзи  сарди зимистон, шоми  2-юми январи соли 2016 офтоби мо ғуруб кард, ҳамешагӣ бо мо видоъ гуфт. Мо фарзандон дар  сари  болини модар бечораву лол менишастем. Охир ҳамин  чанд рӯз пеш модар бо вуҷуди беморӣ боз ҳам сари ҳол буданд. Дар ҳузури беҳтарин коргардони синамо ва аксбардори зиндаёд Заур Дахте ва рӯзноманигори номвар Суҳроби Зиё, ки охирин бор  модарро ба навор гирифта буданд, модар бо хоҳиши онҳо шеър мехонданд:
Выхожу один я на дорогу
Сквозь туман  кремнистый путь блестит.
Ночь тиха. Пустыня внемлет богу
И звезда с звездою говорит...

Офтоби  мо рафт. Не! Нарафтааст  ва ҳаргиз намеравад. То  даме, ки  мо ҳастем, то даме, ки ёди  модар  дар дили  мост, то  даме, ки донишҷӯёну пажӯҳишгарон  китобҳои  он бузургворро мехонанд, до даме, ки модарномаҳои Фарзонаро мехонанд... ин офтоб беғуруб аст.
Баъди яку ним моҳи даргузашти  модар дар оилаи мо кӯдаке ба дунё омад, духтарча. Ба писарам гуфтам, ки агар майл дошта  бошад, номи модарро ба  ин кӯдак монем. Ӯ гуфт: “Бо ҷону дил, кош фарзанди ман як зарра ба модаркалонам  монанд шавад, сарам ба осмон хоҳад расид!”
Инак, ин духтарчаи ширин ҳаштсола шудааст. Ҳар гоҳ ба  китобхонаи ман медарояд, акси  модарбузургро дида, ба даст мегирад, мебӯсад, ба  сари дил онро монда, мепурсад: “Номи ин касро ман гирифтаам-а? Ман ҳам олим мешавам?”.
Дар дили ман дубора офтоб тулуъ мекунад. То даме, ки Бароатбонуи мо ҳаст, ёди  модарбузург ҳам зинда  аст. Ба манзили модар меравам, ки чароғбонаш Фарзона аст. Аз ҳар гӯшаи он садои  модар ба гӯш мерасад. Аз даҳлези айвон, ки телефони рӯйимизӣ он ҷо буд ва садои ҷарангосии суҳбати  модар бо касе  аз ҳамкорон ё шогирдонашон фазои ҳавлиро пур мекард...
“Аз ошхона: Матлубаҷон, биё, ош мекашем... 
Аз китобхона: Ҳамон китоби Чингиз Айтматовро гир ва ривояти манқуртро бори дигар бароям  бихон...”.
Аз ҳама ҷо... аз ҳама ҷо... аз ҳама ҷои ин манзил ҳузури  модар пайдост. Дар пазироии гарми Фарзонаҷону Толибҷону фарзандону наберагон,  аз дуоҳои дилнишини хоҳарбузургам Муаззамабону, аз  китобҳои дӯстдоштаи модарам, ки дар рафҳои айвон фарзандон бо муҳаббат чидаанд, чароғи ёди  модар медурахшад:
Чароғи  ёди  модар ҷонфурӯз аст,
Вуҷудаш мутааллиқ бар ҳанӯз аст.
Аз ин пас зодрӯзаш ёдрӯз аст,
Ва ё на, ёдрӯзаш зодрӯз аст!


Матлубаи МИРЗОЮНУС,
доктори илмҳои филология, 
профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Санаи нашр: 04.10.2024 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив