ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

04 октябр 2024, Ҷумъа
6
0


МЕҲРИ БЕМАРЗ
ҚИССА АЗ ДУ МОДАРИ МАН,  ЯКЕ ЧИНИВУ ДИГАРЕ ТОҶИК
Ван ХУЭЙҶУАН, омӯзгори Донишкадаи Конфутсий дар назди ДМТ
Як хонаводаи хушбахти байналмилалӣ дорам, ки фазояшро аз меҳру муҳаббат сириштаанд. Дарахти зиндагии ман аз ду реша шодоб аст, яке чиниву дигаре тоҷикӣ. Чилучорумин баҳори умрамро пешвоз мегираму бист сол аст, ки бо ҷавонмарди тоҷик оила барпо кардаам. Ҳар вақте аз ман мепурсанд, ки чаро чунин ҷавон менамоям, посухам ин аст: таъсир ва маърифатпарвариҳои неки ду модари азизам ба ман нуру неруи ҷавонӣ ато мекунанд. Ин ду модари бузург, ки дорои фарҳангҳои гуногунанд, на танҳо ба ман тарзи дурусти пешбурди ҳаёти оқилонаро таълим доданд, балки тарзи оиладорӣ, муҳаббат ба наздикон, рафтору гуфтор ва чигунагии масъулиятдориро дар оила омӯзонданд. Модаре, ки маро ба дунё овардааст, як хонуми наҷиби чинӣ, зани меҳнатдӯст, неку ва меҳрубон аст. Модари ҳамсарам, яъне хушдоманам, зани бисёр меҳрубон, рӯзгордида, ботамкин ва пандомӯз мебошад. Маҳз ҳамин ду модари бузург ҷаҳонбинии маро шакл додаанд.

НАМУНАИ ИБРАТ ВА УСТУВОРӢ
Дар хурдсолӣ медидам, ки модар бо ғамхории беохир бибиямро нигоҳубин мекард ва ӯро бо тамоми қалб дӯст медошт. Аз ӯ эҳтиромгузории волидонро омӯхтам. Бибии пирам бемор буд, модарам субҳ барвақт бархоста, то шаб ӯро парасторӣ мекард. Модарам на танҳо корҳои хонаро саришта мекард, балки бо як таваҷҷуҳи хос саломатии бибиямро низ пурра таҳти назорат дошт. Модарам қариб тамоми умри азизашро ба оила бахшид. Ҳарчанд дар кӯдакӣ ман бисёр чизҳоро намефаҳмидам, аммо ин амалҳои модарам, махсусан қавииродагиву устувории ӯ, аллакай, дар дили ман тухми муҳаббатро кошта буд.
Он вақтҳо мо камбизоат будем ва хонаамон низ хеле хурд буд. Писару духтари аммаам барои таҳсил дар мактаб бо мо зиндагонӣ мекарданд, аммо дар чеҳраи модарам ягон маротиба хастагиву норозигӣ дида намешуд, онҳоро низ монанди фарзандони худ нигоҳубин мекард, нисбаташон хеле меҳрубону ғамхор буд. Ҳар вақте ӯро саргарми ташвишҳои рӯзгор медидам, як ҳиссиёти ифтихору сипосмандӣ маро фаро мегирифт. Модарам ҳамеша мегуфт: аъзои як оила бояд ба якдигар ғамхорӣ кунанд, дар айёми ниёзмандӣ ба ҳам бидуни дудилагӣ ва умедворӣ аз подоше ёрмандӣ намоянд.
Модарам дар кор низ як корманди пешқадам ва фидокор буд. Ӯ ҳеҷ гоҳ фоидаи шахсиро ба назар намегирифт ва бо садоқат ва меҳнати соф корро пеш мебурд. Гарчи кораш осон набуд, аммо ҳамеша хушбиниро аз худ дур намекард ва ҳеҷ гоҳ фишору хастагиҳои корро ба хона намеовард. Ӯ бо ҳамкорону ҳамсоягон бо хушнудиву ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекард ва ҳаргиз бо касе бо кадом сабабе баҳсу мунозира намекард. Ҳалимии модарам ба ман фаҳмонд, ки қуввати ҳақиқӣ на аз зӯриву сарват, балки аз оромии ботин ва таҳаммулгароӣ пайдо мешавад.

МОДАРИ ТОҶИК ВА МУТОБИҚШАВӢ БА ФАРҲАНГИ НАВ
Баъд аз издивоҷ, бо шавҳарам ба Тоҷикистон омадам ва узви як оилаи бузурги тоҷик шудам. Дар аввал ба зиндагӣ ва фарҳанги нав пурра одат карда натавонистам, чунки дар миёни оилаи тоҷикӣ ва хонаводаи чинӣ фарқияти калон вуҷуд дошт. Хушбахтона, модари тоҷикам, бо меҳрубонии беинтиҳо ва дастгирии беҳамто маро вуруди ин оилаи бузург намуд.
Модари шавҳарам, ки яке аз занони меҳрубон ва дилсӯзи тоҷик буд, бо ман мисли духтари худ муносибат мекард. Ӯ ба аҳли хонавода рӯ оварда гуфта буд: “Ин келини ман дур аз падару модари хеш аст ва бояд ӯро бештар ғамхорӣ ва меҳрубонӣ намуд”. Ин суханони самимӣ ба дили ман таъсири амиқ гузошт. Ӯ дар баробари ғамхории лафзӣ, ҳамзамон, дар амал низ муҳаббати худро нишон медод. Хусусан, вақте дар беморхона бистарӣ гардидам, ҳар рӯз хӯрок меовард ва маро қуввати дил бахшида нигоҳубин мекард. Дар натиҷа, зудтар тандуруст шудам ва дар руҳи ман ҳисси наздикшавӣ ба ин хонавода боз ҳам қавитар гардид.
Аз замони зиндагии модарам бо оилаи ман, ба зиндагии Тоҷикистон мутобиқ шудам ва фаҳмидам, ки чӣ тавр бояд бо ин муҳити зебои тоҷикон ҳамоҳанг бошам. Модарам ба ман бисёр арзишҳои анъанавии занони тоҷикро омӯзонд, аз ҷумла эҳтиром, таҳаммул, меҳнатдӯстӣ, саховатмандиро. Бо дастгирии ӯ дар оила эҳтиром пайдо кардам. Акнун ӯ на танҳо модари шавҳарам, балки очаҷони ман ҳам ҳаст.

ТАЪСИРИ ДУ МОДАР: ҲАМГИРОИИ ФАРҲАНГҲО
Модари чинӣ бо ранҷбариву устуворӣ ва модари тоҷикам бо муҳаббат ва саховатмандии худ маро тарбият намуданд. Ба шарофати онҳо фаҳмидам, ки чи тавр бояд оиларо бо кор ва корро бо хонавода созиш дода, дар ҳолатҳои душвор оромиро нигоҳ дошт.
Модарам дар Чин ҳамеша маро таълим медод, ки нисбат ба дигарон меҳрубон бош, дар ҳоле ки модари тоҷикам бо амалҳои худ нишон медод, ки муҳаббат ва ғамхорӣ новобаста аз фарқиятҳои милливу фарҳангӣ яксон аст. Бо насиҳату маслиҳату дастгирии онҳо ман ба зиндагии Тоҷикистон одат кардам ва яке аз аъзои муҳими оилаи тоҷик шудам. Ҳар ду модарам муҳаббати беандозаи худро ба ман бахшиданд ва ин муҳаббат на танҳо марзҳоро убур кард, балки дар дили ман решаи тиллоӣ гирифт.

РУШД ДАР МАСЪУЛИЯТ  ВА ХУШБАХТӢ
Бо гузашти вақт, масъулиятҳои мо дар ин оилаи бузург афзуд. Мо дар баробари ба оилаи кӯчаки худ ёриву ғамхорӣ расондан, инчунин, ба бародарону хоҳарони шавҳарам низ, ёрӣ мерасонем. Шукр, ки соҳиби фарзанд шудем.
Ҳамеша ба кӯдакони ин хонавода таъкид мекардам, ки бо таҳсили дурусту фарогир зиндагии худро беҳтар кунанд. Баъзеи онҳоро ба Донишкадаи Конфутсий дар назди ДМТ барои омӯзиши забони чинӣ фиристодем, то забони чиниро хуб омӯзанд ва ба Чин рафта, такмили ихтисос намоянд. Гарчи солҳои охир масъулиятҳои мо зиёд шудаанд, аммо масъулиятҳоро хушбахтии хонавода медонам. Фаъолият ва зиндагии онҳо рӯз ба рӯз беҳтар мешаваду маро ҳиссиёти қаноатмандӣ ва ифтихор фаро мегирад.
Бовар дорам, ки ин ҳисси масъулият ва меҳрубонӣ мероси ду модари бузурги ман аст. Офарин ба онҳое, ки аз дигарон дасти ёрӣ мегиранд ва меҳрубониҳоро боз ба дигарон давра ба давра паҳн мекунанд. Чунин  саховати муҳаббат ва некукории аз модарони худ омӯхтаам ганҷинаи бузурги умри ман аст.
Таҳти таъсири бузугвории онҳо ман ба як зани қавӣ, меҳрубон ва некхоҳ табдил ёфтам. Медонам, ки хирад ва муҳаббати онҳоро чун дороӣ тамоми умр истифода мебарам. Бо ҳастии онҳо, зиндагии ман саршор аз меҳрубонӣ ва хушбахтӣ шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ман бояд ин ҷодаи муҳаббат ва хирадро идома диҳам ва ёдгориҳои бебаҳо – ишқ ва тарбияти хуҷастаро ба дигарон расонам!

Таҳияи Б. БАҲОДУР

Санаи нашр: 04.10.2024 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив