ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИФЗИ ЗАБОН РИСОЛАТ АСТ

ҲИФЗИ ЗАБОН РИСОЛАТ АСТ

04 октябр 2024, Ҷумъа
11
0


Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон 5-уми октябр бесабаб муайян карда нашудааст. Ин сана ба рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рабт дошта, аз соли 2009 инҷониб ҳамасола таҷлил мегардад. Бояд гуфт, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи пурпечутобро тай карда, аз санҷишҳои сангини таърих гузаштааст. Имрӯзҳо забони тоҷикӣ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст.
Бо таъкиди Сайфиддин Мирзоев, мудири шуъбаи забони тоҷикии Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", пеш аз ҳама, барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ ба тасвиб расид. Чуноне мо медонем, Иттиҳоди Шуравӣ аз 15 давлат иборат буд ва ҳарчанд ҳар давлат забони худро дошт, аммо забони умумии муоширати байни миллатҳо ба забони русӣ мегузашт. Бинобар ин, вақте ки давлати мо истиқлолияти худро ба даст овард, зарурат пеш омад, ки бо истифода аз шароити мусоид забони худро аз калимаҳои бегона тоза намоем. Мақсади асосии қабули Қонуни забони давлатӣ ҳам ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар ин самт хеле пешравиҳо ба назар мерасад. Чунончи, дар мактабҳои олӣ китобҳо ба забони тоҷикӣ таҳия гардида, дасрҳои назариявию амалӣ ба забони тоҷикӣ ҷараён доранд. Ҷаласаҳо ва чорабиниҳои дигари ҳукуматӣ ҳам бо забони тоҷикӣ гузашта, тарҷумаи он бо забонҳои иштирокдорон таъмин мешавад, ки ин яке аз пешравиҳои замони соҳибистиқлолӣ дар самти эҳтирому гиромидошт ва ҳифзи забони давлатии тоҷикӣ мебошад.  
Гуфтан бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ имрӯз дар мақоми расмиву давлатии худ на фақат дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷиву байналмилалии мо низ васеъ истифода мегардад. Тавассути забони тоҷикӣ моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд. 
Тавре Сайфиддин Мирзоев мегӯяд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр маҷлисҳои воломақом ба забони тоҷикӣ суханронӣ менамоянд, ки ин ҳам муаррифии забони мо дар арсаи байналмилалӣ аст. Дар масъалаи давлатӣ кардани забони тоҷикӣ, дар сатҳи байналмилалӣ баровардани он нақши Роҳбари давлати мо ниҳоят муҳим буда, аз ғамхору пуштибони ин забон буданашон дарак медиҳад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҷанбаи дигари мусбати давлатӣ шудани забони тоҷикӣ дар он аст, ки имрӯз номвожаҳои ҷуғрофиамон аз номҳои ғайритоҷикӣ тоза гардида, ба забони тоҷикӣ номгузорӣ шуданд ва ҳоло ин раванд идома дорад. Вале бояд гуфт, ки дар масъалаи номгузории ашхос каме душворӣ эҳсос мешавад. Мо мебинем, ки номҳои ғайритоҷикӣ дар номгузории мо бартарӣ доранд. Аз ин лиҳоз, дар номгузорӣ мо бояд дурандеш бошем. Гузашта аз ин, имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд нафароне, ки огоҳонаву ноогоҳона забони адабии тоҷикиро бо калимаҳои дағал ва кӯчагӣ, ки ба сохтори забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд, хароб месозанд. Дар хиёбонҳои шаҳр номи муассисаву ташкилот, овезаву таблиғот калкаи забонҳои дигар  буда, ба сохтори грамматикии забони тоҷикӣ мувофиқат намекунанд, ки бояд муодили онҳо ёфта шаванд. 
Ба гуфтаи забоншиносон, забон ин шоҳсутуни давлат аст ва моро дар ҳамаи гӯшаву канори ҷаҳон бо забонамон мешиносанд. Мутаассифона, ғалатгӯиву ғалатнависӣ ва омехтасозии забони шевои тоҷикӣ, бахусус забони гуфтор, то ҳанӯз аз байн нарафтааст ва ин боиси нигаронии ҳам забоншиносон ва ҳам аҳли зиё мебошад. Дар ин ҷо гуфтан зарур аст, ки барои устувор гардондани забони давлатӣ, ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он, баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат на танҳо олимону донишмандон, балки ҳар фарди соҳибфарҳангу хештаншинос, бонангу номуси миллат масъул мебошад. Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан забони муошират, яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар шаҳрванд аст.

Шаҳноз ҚУРБОН, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 04.10.2024 №: 193
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив