ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОЙГОҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУДИРИЯТИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК, ФОРСИЗАБОН ВА ОРИЁӢ

ҶОЙГОҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУДИРИЯТИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК, ФОРСИЗАБОН ВА ОРИЁӢ

07 октябр 2024, Душанбе
29
0


Дар бораи ҷойгоҳи фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон лозим медонам хотираеро ёдоварӣ намоям. 

Як сол пеш Теҳрон рафта будам. Таксӣ гирифтам то ба «Синамопорк» биравам. Ронандаи таксӣ як шахси мураттаб буд. Аз ман пурсид, аз куҷоӣ? Гуфтам аз кишвари Афғонистон. Гуфт забони мардуми Тоҷикистону Афғонистон монанди Эрон форсӣ аст ва ману шумо ҳамзабонем. Дар бораи ҷашнҳои бостонӣ, монанди Наврӯз, Чилла, Меҳргон, Сада ва ғайра сухан гуфт ва ибрози нигаронӣ кард, ки ба ин ҷашнҳо ғайр аз Тоҷикистон дар кишварҳои дигари форсизабон чандон таваҷҷуҳ намешавад. Аз ман пурсид, медонӣ чаро дар Тоҷикистон ба ҷашнҳои ориёӣ таваҷҷуҳ мешавад ва ин ҷашнҳо ба хубӣ баргузор мегарданд? То ман ибрози назар кунам, гуфт: "Дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди асили ориёӣ Президент аст, ки қадри фарҳангу ҷашнҳои ориёӣ ва ниёконро медонад. Таъкид кард, ки кишварҳои форсизабон ниёз доранд монанди Эмомалӣ Раҳмон аз фарзандони асили ориёии худ роҳбар дошта бошанд". Ин назари як шаҳрванди эронӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин назар хеле маънодор аст. Чаро? Барои ин ки баёнгари ҷойгоҳи фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон дар берун аз марзҳои Тоҷикистон аст ва назари воқеӣ ва дақиқ низ ҳаст. 
Агар таваҷҷуҳ намоем, ончунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарҳанг, суннат ва ҷашнҳои ниёкон таваҷҷуҳ ва аз ин фарҳанг посдорӣ мекунад, дар дигар кишварҳои форсизабон ба фарҳанги ориёӣ чандон таваҷҷуҳе намешавад ва, ҳатто, бо фарҳанги ниёкони бумӣ мухолифат мешавад. "Толибон" дар Афғонистон бо Ҷашни Наврӯз мухолифат карданд ва расмияти Ҷашни Наврӯзро лағв ва мамнуъ намуданд. Дар чунин шароите, ки нисбат ба фарҳанг ва ҷашнҳои ориёӣ бемеҳрӣ сурат мегирад, хушбахтона, ба гуфтаи ҳамон шаҳрванди эронӣ «Тоҷикистон фарзанди асили ориёӣ монанди Эмомалӣ Раҳмон» дорад, ки бо миллати тоҷик аз фарҳанг ва ҷашнҳои ориёӣ посдорӣ ва ин фарҳангро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. 
Маҳатма Ганди гуфта буд: «Фарҳанги кишварҳои ҷаҳон бояд ба фарҳанги Ҳинд монанди насим бивазад ва бо ин вазиш байни фарҳанги Ҳинд бо фарҳангҳои ҷаҳон таодул эҷод шавад, ки муҷиби шукуфоии ҳарчи бештари фарҳанги Ҳинд ва ҷаҳон шавад. Аммо фарҳанге, ки қасди таҳоҷум ва аз байн бурдани фарҳанги Ҳиндро дошта бошад, он фарҳанг мавриди пазириши мо нест». Сиёсати фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон мисдоқи ҳамин сухани Ганди аст, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фарҳанги кишварҳои ҷаҳон таассуб надорад ва мехоҳад мардуми тоҷик бо фарҳанги кишварҳои ҷаҳон ошно бишаванд ва фарҳанги тоҷик ва кишварҳои ҷаҳон бо ҳам таодул дошта бошанд ва ба шукуфоӣ бирасанд. Аммо фарҳанге, ки бихоҳад фарҳангу забони тоҷикро ҳазф кунад ва ҷойи фарҳангу забони тоҷикро бигирад, мухолифи чунин таҳоҷуми фарҳангӣ аст. 
Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба хубӣ тавзеҳ медиҳад, ки фарҳангу забон барои як миллат чӣ қадар муҳим аст: «Агар ба таърихи забонҳои ҷаҳон аз оғози пайдоиш то имрӯз нигарем, мебинем, ки забони ҳар миллат дар ҳамаи давраҳои таърихӣ дар сатҳи тараққиёти тафаккур ва андешаи соҳибони он қарор дошта, дараҷаи пешрафти моддӣ ва маънавии онро инъикос мекунад. Ба ибораи дигар, миллат ҳар қадар пешрафта  ва созандатар бошад, забон ҳам ба ҳамон андоза тавоно, зоянда ва поянда аст». Дуруст аст, ки фарҳанги тоҷик барои Эмомалӣ Раҳмон хеле аҳамият дорад, аммо бино ба дарки дуруст ва илмие, ки аз коркарди ҷаҳонии фарҳанг дорад, дар сиёсату мудирияти фарҳанг бо фарҳанги тоҷик, ориёӣ, исломӣ ва ғарбӣ бархӯрди андешабарангез ва воқеъгаро дорад. 
Кишварҳо маъмулан фарҳанги миллӣ ва мардумӣ, фарҳанги динӣ ва мазҳабӣ ва фарҳангҳои воридотӣ доранд. Дар Тоҷикистон низ фарҳанги миллӣ ва мардумӣ, фарҳанги динӣ ва мазҳабӣ ва фарҳангҳои модерн вуҷуд доранд. Фарҳанги миллӣ ва мардумӣ фарҳанги ниёкон ва бумии мардуми тоҷик аст, фарҳанги динӣ ва мазҳабӣ фарҳанги исломӣ аст ва фарҳанги модерн фарҳангест, ки дар асари таомулоти ҷадиди ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст. Дар бархе аз кишварҳо маъмулан дар мудирияти фарҳангҳо ифроту тафрит сурат мегирад. Масалан, «Толибон» дар Афғонистон бо хушунат ва зӯр фарҳанги мазҳабиро амалӣ мекунанд ва бо фарҳанги миллӣ ва мардумӣ, монанди Наврӯз ва бо фарҳанги модерн мухолифату душманӣ доранд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангӣ бо таваҷҷуҳ ба меҳварияти фарҳанги миллӣ, мардумӣ ва бумии мардуми тоҷик ва сарзамини Тоҷикистон таомулу таодулро бо фарҳанги исломӣ ва модерн барқарор нигаҳ медорад.
Ин ки дар сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги тоҷику ориёӣ дар меҳварият қарор  дорад, барои ин аст, ки  роҳбари ҳар кишвар дар қадами нахуст  посдори фарҳанги мардум ва кишвари худ бояд бошад, зеро дар ҷаҳон даҳҳо кишвари исломӣ вуҷуд дорад, ки фарҳанги исломӣ байни онҳо муштарак аст ва ҳамин тавр, фарҳанги модерн низ дар кишварҳои ҷаҳон ба гунаҳои мутафовит вуҷуд дорад, аммо кишвари Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аст ва посдорию масъулияти фарҳанги бумии ин кишвар ва муаррифии он дар ҷаҳон ба дӯши Президент, давлат ва мардуми Тоҷикистон аст.
Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва мудирияти фарҳангии худ фаротар аз фарҳанги мардуми Тоҷикистон аз кулли фарҳанги ориёӣ ва тамоми форсизабонон ба номи «Фарҳанги ниёкон» посдорӣ мекунад. Ҳақиқат ин аст, ончунон ки аз фарҳанг ва ҷашнҳои ориёӣ дар Тоҷикистон посдорӣ мешавад, дар кишварҳои дигари форсизабон намешавад. 

Яъқуби ЯСНО, пажӯҳишгар

Санаи нашр: 05.10.2024 №: 194
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив