ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ПАРТАВИ АНДЕШАҲОИ САДРИДДИН АЙНӢ
Забони тоҷикӣ, ки дар осори илмӣ бо номи порсии нав ё порсии ҷадид маъруф аст, таърихи басо ҷолиб ва ибратбахш дорад. Устод Айнӣ 19-уми марти соли 1949 ба фарзандаш Камол Айнӣ, ки дар факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград таҳсил мекард, номаи муфассал навишта, аз ҷумла, оид ба ҳақиқати пайдоиши забони тоҷикӣ чунин изҳори андеша мекунад: Забони адабии тоҷик, ки бо истилоҳи “порсии ҷадид” ном бурда мешавад, на дар асоси забони паҳлавӣ (зеро арабҳо баъди истило забони паҳлавиро аз ҳуқуқи гражданӣ маҳрум намуда, ҳамаи асарҳои дар ин забон навишташударо сӯзонданд ва мактабҳоро ба забони арабӣ гардонданд), балки дар асоси забони суғдӣ, ки дар Мовароуннаҳр ва забони дарӣ, ки дар Хуросони Шарқӣ, Ҳисор, Хатлон зинда буданд, ба вуҷуд омадааст.
Далелҳои устод оид ба маҳали пайдоиш ва густариши забони порсии ҷадид басо мушаххас ва боварибахш буда, дорои ҷанбаи пурқуввати таърихӣ мебошад. Аз ҷумла, устод исёнҳои бо сардории Абумуслим, Муқаннаъ, Гурдаки Ғиҷдувонӣ, Рафеъ ибни Лайси Самарқандӣ дар Хуросон ва Мовароуннаҳр сарзадаро ёдовар шуда, ба чунин хулоса меояд: “Вақте ки дар натиҷаи исёнҳо арабҳо маҷбур шуданд, ки Мовароуннаҳр, Фарғона ва Хуросонро ба маҳаллиҳо супоранд, дар ин тарафи дарёи Ому Сомониён қувват гирифта, ба осори миллӣ ва забони миллӣ аҳамият доданд ва забони “порсии ҷадид”, ки шакли умумият гирифта буд, забони расмии ин давлат шуд ва шоирони калон монанди Рӯдакӣ ва Дақиқӣ аввал дар Мовароуннаҳр расида, ин забонро ба осмон бароварданд, баъд аз он ин забон дар Хуросон қувват гирифт, Фирдавсиҳо ба майдон омаданд. Кам-кам ин забон ба ҳама ҷойи Эрон паҳн шуда, забони адабӣ ва забони расмӣ шудан гирифт, ки дар Эрони марказӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ҳам шоирон расидан гирифтанд. Ин аст таърих”.
Устод Айнӣ андешаашро оид ба маҳали пайдоиши забони миллӣ идома дода, онро бо чанд мисоли дигар тақвият медиҳад. Аз ҷумла, оид ба ин масъалаи муҳим ба хонанда гӯшрас кардани мулоҳизаҳои донишманди барҷастаи Эрон Саид Нафисиро зарур мешуморад: “Саид Нафисӣ дар бораи Рӯдакӣ ду ҷилд китоб навиштааст (шояд, ҷилди сеюми ин китоб ҳанӯз ба устод Айнӣ дастрас нашуда бошад – К.А.) ва дар як ҷойи ин китоби худ мазмунан ин тавр мегӯяд: “Мо, эрониён, дар сояи исёни Абумуслим, Муқаннаъ ва дигарҳо, дар сояи ташкил ёфтани давлати Сомониён ва дар сояи шоирони онзамонии Мовароуннаҳр ба сифати як миллат соҳиби забон шуда, дар рӯйи дунё зинда мондем. Агар он исёнҳо ва он ташаббуси мовароуннаҳриҳо намебуд, имрӯз Эрон ҳам мисли Миср як мамлакати арабшуда, мо – эрониён ҳам, монанди мисриён араб мегардидем (мазмунан нақл шуд)”.
Устод Айнӣ дар мақолаи “Забони тоҷикӣ” ақидаи забоншиносонро оид ба ҳолати истифодаи забони адабии тоҷик ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад: “Аз рӯйи шунидам, дар болои хостани забон дар адабиёти нави навиштаи тоҷик ду фикри асосӣ меравад: яке, қабул кардани забони умумии порсӣ, ки аз он ҳамаи порсизабонони ҷаҳон фоида бурда тавонанд, дигаре, забони содаи авоми тоҷик”. Устод ба ақидаҳои гурӯҳи аввал, ки забони матбуоти Эронро ба сифати забони адабӣ қабул карданӣ буданд, комилан муқобил мебарояд, зеро ин забон “60-70 фоиз ба арабиҳои мушил омезиш ёфтааст ва бинобар арабизада будан, барои босаводҳои Эрон низ мушкил эҷод кардааст”. Ин аст ки “агар мо байналмилалӣ мекунем гуфта, забони адабиёти тоҷикро аз доираи тоҷикон барорем, қисми авоми тоҷик аз ғизои дониш маҳрум мемонад” ва таъкид мекунад, ки “худи ман тарафдори фикри дувумӣ ҳастам, зеро “аввал хеш, дувум дарвеш” аз масалҳои машҳури тоҷикӣ аст”. Баъд усули таъини забони ҳозираи тоҷикро шарҳу тафсир дода, роҳҳои истифодаи онро дар мактаб, муассисаҳо, матбуот, нашриёт ва тарҷума нишон медиҳад ва ақидаҳои хешро дар дигар мақолаҳо тақвият мебахшад.
Умуман, дар нимаи аввали садаи ХХ суханварон ва суханшиносони тоҷик ва дигар донишмандон бо сарварии устодон Садриддин Айнӣ барои аз вартаи ҳалокат раҳондан, нигоҳ доштан ва афзун гардондани асолати забони миллӣ талош варзида, меҳнати зиёде ба харҷ додаанд.
Забони гуфторӣ ва навиштории мо ҳанӯз ҳам ниёзманди таҳриру такмил мебошад ва ин ҳолати ногуворро танҳо бо ҳамдастӣ ва талоши якҷоя ва эҳсоси баланди ватанхоҳиву миллатдӯстии шаҳрвандон рафъ кардан имконпазир аст. Барои ин идомаи роҳе, ки устод Айнӣ барои мо боз кардааст, ҳатмист.
Аламхон КӮЧАРЗОДА,
профессори ДМТ,
узви вобастаи АМИТ