ФАЗОРО ПОЛУДА БОЯД КАРД, ТО ЗАБОН ПОКИЗА БИМОНАД!
Забони имрӯзаи тоҷикии Тоҷикистон минбари забони тоҷикони саросари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Вай намуна аз гӯйиши тоҷикии тоҷикони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва махсусан Ӯзбекистон аст ва ба қавле “дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон, сарҳади тоҷик забони тоҷик аст”.
Бо касби истиқлоли кишвар, мавқеи забони тоҷикӣ ба зинаи бартар расида, мақоми давлатиро соҳиб шуд. Истиқлоли давлатӣ, яъне истиқлоли сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангию забонӣ аст. Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ дар Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, ҳамасола 5-уми октябр чун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта шавад.
Хушбахтона имрӯз Ҳукумат ва идораҳои зирабти он, бахусус Кумитаи забон ва истилоҳот, Институти забон ва адабиёт, олимони соҳаҳои мухталиф, барои ба танзим даровардани луғоту истилоҳоти наву бегона тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд, аммо пешорӯи раванди босуръати рушди илму техника, муомилоти иҷтимоиву фарҳангӣ ва афзоиши коммуникатсия истодагарӣ кардан ва зери назорат гирифтан ва ба низом даровардани ин ҳама тағйироту табаддулот дар таркиби луғавии забон кори чандон саҳл нест. Моро зарур аст, тамоми ин луғотро дар якҷоягӣ бо тамоми ниҳодҳои дахлдор ба танзим дарорем. Сарвари давлат дуруст зикр карданд: “Вақти он расидааст, ки таҳияи фарҳангу луғатҳои соҳавӣ вусъат дода шуда, милликунонии забони технологияҳои навин ва умуман, тамоми соҳаҳо таъмин ва иқтидори забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм тақвият бахшида шавад”.
Воқеан, имрӯз вазъи забон барои соҳибони худогоҳу бедордили ҷомеаи мо ташвишовар аст. Дар кӯчаву бозор, маҷлису маҳфилҳо мебинем, ки табақоти мухталифи ҷомеа ба чи лаҳну тариқе сухан мегӯянд. Ҳама суханҳо саршор аз таркиботи ғарибу бегона. Ҳамаи ин бегонапарастию дағалию носуфтагию ноҳамворӣ дар гуфтор аз куҷост? Бегумон, аз пастии сатҳи фарҳангии мост, зеро забони мо баёнгари фарҳанги мост. Имрӯз шуруъ аз паёмакҳои ширкатҳои мобилӣ, навору овезаҳои ташвиқотӣ, бастабандии хӯрокворӣ ва либосворӣ аксар ба забони ғайридавлатӣ сурат мегирад, ки, бешубҳа, пайомади баде барои амнияти забони мо ва дар маҷмуъ, ба амнияти миллии мо дорад.
Бо дарки масъулият ва муҳаббат ба фарҳангу забони миллиамон барои гирифтани пеши роҳи зуҳуроти хатарзо, ки теша ба решаи миллати мо мезананд, чанд пешниҳод дорем:
1. Забони ҳазорсолаи зоёву пӯёву тавонои мо қудрату тавонмандиеро дорад, ки номи муассисаву корхонаҳову идороти маъмуриро бо вожаҳои нобу асили тоҷикӣ бо меъёрсозии онҳо иваз кунем. Мебояд аз истилоҳоти нодурусту дурушту тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи аз лиҳози мантиқӣ нодуруст даст кашем.
2. Тамоми реклама (таблиғоти бозаргонӣ) ҳам аз тариқи радио ва телевизион, ҳам дар нашрияҳо ва торнамоҳо дар дохили Тоҷикистон бояд ба забони давлатӣ сурат гирад.
3. Паёмҳои ширкатҳои мобилӣ, вазорату корхонаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ ба забони давлатӣ дурусту беғалат ва бо риояи имлои забони тоҷикӣ сурат гиранд.
4. Ширкатҳо огоҳиномаҳоро барои ҷойҳои холии кор ба забони тоҷикӣ диҳанд ва ба донандагони забони давлатӣ барои қабул ба кор авлавият дода шавад. Дар бархе аз ширкатҳо нафароне, ки забонҳои дигарро медонанду забони давлатиро намедонанд, бе мушкилӣ ба кор қабул мешаванд.
5. Шарти ҳатмии ба кор қабул кардани шаҳрвандони Тоҷикистон донистани забони давлатист ва ба ин мақсад, бояд низоми имтиҳонии қавие барои забони миллӣ сохта шавад. Мисли имтиҳони забони инглисӣ бояд дараҷа (левел: дараҷаи ибтидоӣ, миёна, корӣ ва академӣ) муқаррар гардад, агар касе забони расмиро дар сатҳи корӣ (бизнес левел) надонад, набояд ба кор пазируфта шавад.
6. Соатҳои дарсии забони тоҷикӣ ва забони давлатӣ ба ҳадди кофӣ барои омӯхтани забони давлатӣ муқаррар шуда, имтиҳони он ҷиддӣ гирифта шавад.
7. Аломатгузории (маркировка) бастабандии маводи хурокӣ ва либосию колоҳои ба Тоҷикистон воридшуда бо ду забон: забони кишвари тавлидкунандаи маҳсулот ва забони давлатӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ анҷом шавад.
8. Пахши филмҳои тасвирию кинофилмҳои хориҷӣ дар шабакаҳои Тоҷикистон бидуни тарҷума мамнуъ гардад.
9. Тамоми муомилоти созмону ташкилоти хориҷӣ дар Тоҷикистон бо давлат ва вазорату муассисаҳои дохили Тоҷикистон ба забони давлатӣ анҷом ёбад.
10. Барномаи вижа барои тақвияти омӯзиши забони давлатӣ дар саросари кишвар ва пурзӯр кардани имтиҳони донистани ин забон роҳандозӣ гардад.
11. Мисли ТОЕФЛ бояд як маркази озмуни забони расмӣ таъсис дод ва имтиҳонотро ҷиддӣ гирифт, ки ҳеч касе бо андак дониш натавонад кор пайдо кунад, на тавонад вориди донишгоҳ шавад, на тавонад ба хориҷа барои таҳсил равад.
12. Омӯзиши алифбои ниёгонро низ тақвият дода, дарсҳои забон ё адабиёт аз як давраи хос ба ин алифбо гузарад, то ин хат дар зеҳну ҳофизаи хонандагон устувор гардад. Имрӯз дар китобхонаҳои ҷаҳон наздики 120 ҳазор нусха китоби дастнавис ба хатти ниёгон мавҷуд аст, ки тақрибан 35 ҳазор номгӯй китобро ба шумор меоранд ва мутолиаи онҳо барои ҳар як тоҷики боору номусу бедордил фарз аст.
13. Ба ҷанбаҳои қонунӣ ва табъизу беэҳтиромӣ ба забони миллӣ бештар бояд аҳамият дод ва шахсонеро, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя намекунанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ бояд кашид.
Умед аст, ки ниҳодҳои дахлдор, донишмандон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, аз хос то ом норасоию костагиҳои дар мавриди корбурди забони давлатӣ ҷойдоштаро бартараф карда, забонро дар мақоми боиставу шоиста нигаҳ хоҳанд дошт.
Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ