ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР. ҶУЗ ИН ВОЖАИ МУҚАДДАС ХИТОБИ ДИГАР НЕСТ ӮРО

МОДАР. ҶУЗ ИН ВОЖАИ МУҚАДДАС ХИТОБИ ДИГАР НЕСТ ӮРО

08 октябр 2024, Сешанбе
6
0


Хонандаи синфи чор будам. Паси партаи мактабӣ бе ғами олам менишастам. Танҳо ташвишам ин буд, ки ҳарфу ҳиҷо ва рақамҳоро дуруст азхуд кунаму пеши омӯзгор сархам набошам. Дар яке аз чунин рӯзҳо омӯзгори дигаре омаду маро аз аҳли синф интихоб карда, берун баровард. Аз дастам гирифта, ба тарафи хона равон мешуд. Чизе намегуфт ва ман ҳам ҷуръати гуфтани ҳарферо надоштам. Дар ҳайрат будам, ки чи шуда бошаду ин муаллим маро чаро ба сӯи хона мебарад. Ба гардиши кӯчаи ҳавлиамон наздик шудему дасти маро раҳо кард. Ишора кард, ки ба хона равам. Доду фиғони дилобкунандаи хешу таборон аз хонаамон боло мешуд. Бо вуҷуди он ки, кӯдаке беш набудам, эҳсос кардам, ки барои модарам мегирянд, зеро чанд вақти охир ӯ бемор буду ҳама хешон гирди бистари бемориаш парвона...
Ҳамин тавр, модарро дар кӯдакӣ аз даст додам. Ба ман Худованд ҳамин қадар фурсат дода будааст, ки аз меҳри гарми модарӣ баҳравар шавам. Ба ҳамин ҳам шукр, зеро дар дунё касонеро медонам, ки чеҳраи модарашон дар ёдашон нест. Ман ба ҳар ҳол, аз тарбият, навозиш ва накҳати биҳиштии ӯ 10 сол баҳра бурдаам. Модарам раиса буд. Зани озодаву кордону дилёб. Дар Ванҷ ва берун аз он қариб ҳама ӯро мешинохтанд ва эҳтиром мекарданд. Баъди сари ӯ сарнавишти мо ба дасти хонаводаи бародарам монд. 
Ҳарчанд дар кӯдакӣ намедонистам, аммо дар остонаи шасти умрам фикр мекунаму ба ҳамсари бародарам - Муҳаббатшо офарин мехонам. Ҳамон қадар азизу дӯстдоштанӣ буд, ки бемодарии худро бо ҳузури мунаввари ӯ эҳсос накардам.
Ончунон тозаву озода, сариштаву сарфароз ба мактаб мерафтам, ки ҳама ҳавас мехӯрданд. Роҳбари мактаб дар маҷлисҳо маро ҳамчун намуна ба дигарон муаррифӣ карда, мегуфт: “Шумо аз Муҳаммадзоиршо омӯзед, ба сару либосаш эътибор диҳед, хонишаш ҳам аъло аст, ба дарсҳо дер намекунад, ҳама кораш покизаву таърифист”. 
Чашмамон ҳам сер буду диламон ҳам аз муҳаббати модар саршор. Ангуштнамои мактаб будам. Худ низ ифтихор доштам, ки модарам чи зани хубест, ки маро чунин покизаву озода нигаҳ медорад. 
Оре, ман чунин модари озода дорам, ҳам ба хӯю хислат ягона ва ҳам дар кори зиндагӣ бадаступанҷа. Солҳо надонистам, ин бонуе, ки модараш мехондам, ҳамсари бародарам будааст. Ӯ ҳам оила ва фарзандони худро доштааст. Бо писарони ӯ, ки маро хешу пайванданд, чунон аҳлу тифоқ бузург мешудем, ки донистани кӣ аслан кӣ мешавад, аҳамият надошт. Надидаму ёд надорам, ки фарзанди худро аз мо бештару болотар дониставу дар назди мо ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда бошад. Ҳамаро бо як чашм медид ва забонаш ҳам бо дилаш яке буд. Ҳатто ба меҳмониҳо равад, на писари калонаш Беҳзод, балки маро ҳамроҳ мебурд. Ӯ гӯё ин панди Саъдиро ҳалқаи гӯш карда буд:
Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,
Медеҳ бӯса бар рӯи фарзанди хеш.

Баъдтар ҳақиқатро донистаму дар дил меҳри модарии ӯ даҳчанд афзуд, ки накост. Баръакс, ҳамеша ва то ҳол гумон мекунам, ки агар модарам зинда мебуд, бегумон, мисли ҳамин зан мебуд, ман дигар чеҳра ва дигар хилқати модариро ёд надорам. Ман ҳамин гуна дастони навозишкор, ҳамин гуна нигоҳи меҳрафшон, ҳамин гуна суханони гарм, бахшандагиву беозориро аз модарам ҳам интизор дораму доштам. Ӯ на танҳо лоиқи хитобаи модар, балки сазовори сиришту зоти поки модарӣ ҳам буд. Нисбат ба ӯ истифодаи вожаи “модарандар” имкон надорад. 
Дар идомаи ин ёдгуна ҳар ҷо, ки модар гуфтаму навиштам, донед, ки ин ҳамон бонуи хуштинати биҳиштист, қаҳрамони кӯдакиҳои ман.
Дар хитоб ба ӯ, ки Нафиса ном дорад, ба ҷуз аз вожаи модар дигар вожаи муқаддасро наметавонам истифода барам. Худро бишнохтаву меҳри модарро дарк кардам, ӯ бо ман аст. Чунин зани биҳиштиро, чунин бонуи ятимпарварро ёд оварам, ашк дар чашмонам ҳалқа мезанад. Агар фурсати биҳитшравӣ фаро расад, бешак, чунин занони ҳалиму дилсӯз аввал бояд вориди он шаванд. 
Замони имрӯзро мебинам, баъзе аз падару модар ба ҷигарбанди худ раҳм надоранд, чи расад ба фарзандони дигарон. Воқеаи аҷиби дигар бо писарам Абубакр рух дода буд. Ӯ ҳам қариб 15-16-сола буд, ки донист момаи Нафиса ба ман чи касест. Бо ҳайронӣ мепурсид: “Падар, бовар намекунам, ки момаи Нафиса модари ту набошад. Бигӯ, дурӯғ аст. Охир дар ҳама ҷо, пеши ҳама хешу табор туро писари калонам, ҷигарпайвандам гуфта мешиносонад-ку... Бо ту ифтихор мекунаду ба аёдаташ рафтанатро ба ҷон пазмон мешавад-ку...”
Дар ҳақиқат, модарам маро бинад, то ҳанӯз мисли кӯдак шод мешавад. Маро ба Замину Осмон бовар намекунад. Имсол бо баҳонаи рухсатии корӣ ҳамроҳи Абубакр ба Ванҷ, ба зиёраташ рафтам. Аз сару рӯи ман бӯсаҳои меҳр мепошид, маро мисли гул мебӯид, сахт оғӯш кашида, ҳасрату фироқи дар вуҷудаш ҷамъшударо то қадри имкон пинҳон мекард. 
Дар чунин фазои меҳрбор бори дигар ба чашмони писарам нигаристам. Аз чашмонаш мехондам, ки мегуфт: “Не, бовар нокарданист, ҳамин аст модари ту, падар!”.
Бале, ду писари ман ҳам аз меҳрубонии беохири ин зани фариштахӯ баҳравар буданду ӯро модаркалон медонанд. Шодмоние, ки аз дидори писарам дошт, ногуфтанист. 
Падарам баъди марги модарам дубора хонадор нашуд. Ончунон меҳру муҳаббаташ ба модарам зиёд буд, ки натавонист ҷои ӯ дигареро биёрад. Натавонист ҷои ӯ, ҳатто дигареро тасаввур кунад. Чунин мардонро ошиқони содиқ мегӯянд. То ҳанӯз ба сабру матонат ва садоқати падарам таҳсин мехонам. Шояд мендешид, ки зани дигар мо – фарзандонашро озор медиҳад. Падар одами шинохтаву соҳибэҳтиром буд, метавонист дар дилхоҳ вақт занеро хуш карда, издивоҷ намояд, вале...
Дар хона бо ҳамон болишу бистар ва ҳамон фазои фароҳамовардаи модарам мезист ва касеро намегузошт ҳавлии ҳамсараш оростаро тағйир диҳад. Хулоса, падарам танҳо ва бо ёди ишқи аввалаш зист ва аз дунё гузашт.
Ҳоло тасаввур мекунам, ки маро чун чӯҷаи шаҳбоз агар модар ба зери болаш намегирифт, чӣ мешуд? Албатта, ҳоли ман табоҳ мешуд. Аз сару рӯ, тозагӣ, хориву залилӣ то ҳолати руҳии ман ҳама барбод мерафт. Аз зиндагӣ, одамон ва аз ояндаи хеш сахт дилгиру малул мегаштаму худро сохта наметавонистам. Ин ҳама озодагиву покизагиро дар зоти ман модари Нафиса маъво бахшидааст. Ҳазорон сипос ба илтифоти Яздони пок, ки сарнавишти маро бо номи чунин зани солеҳа ва меҳрубон пайваст. 
Модаро! Дилам равшан аст, ки ту дар он дунё оромиш дорӣ, зеро руҳи покат медонад, ки писари ту дар дасти модари дигарам – Нафиса мисли гул парварда шуду аз ишқу муҳаббат камӣ надид:
Агарчи дошт ранҷу дард модар,
Дили пурғам, ду рӯи зард модар.
Баҳори ҷони худ бар ман бибахшид,
Маро монанди гул парвард модар.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.10.2024 №: 196
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив