БА ЁДИ УСТОДИ АВВАЛИНАМ
Табиист, ки ҳар нафар аз овони хурди орзуи сазовори номи бузург ва соҳибкасб шуданро дорад. Яке духтур шудан мехоҳаду дувумин корманди низомӣ, дигаре кайҳоннаварду ба ҳамин минвол ҳар кадоме дунёи орзуҳои хешро рангин мегардонад. Вале, касби пуршарафи омӯзгорӣ байни онҳо тафоҳуми дигар дорад, зеро ҳамаи касбҳо аз таълими омӯзгор маншаъ мегиранд.
Воқеан, маҳз омӯзгор метавонад моро раҳнамуни ҳар соҳа гардонаду ба қуллаи мурод расонад. Яқин аст, ки ҳар яки мо бо дидани муаллиме, ки бароямон дарс гуфтааст, ба дунёи кӯдакӣ бармегардем. Бахусус, муаллими аввалинамон. Хотироти хуши он рӯзҳоро ба ёд оварда, гоҳ механдему гоҳи дигар бо таассуф аз саркашиҳоямон қисса мекунем. Оре, ӯ кист, ки бо дидани муаллим, нахуст, рӯзҳои ба мактаб рафтанашро ёд накунад. Нест нафаре, ки аз он рӯзҳои хуши кӯдакиву наврасӣ хотироте надошта бошад. Агарчи аз хатми мактаб солиёни зиёд гузашта бошад ҳам, бо дидани нахустустод ҳар яки мо худро ҳамон кӯдаки шӯху беқарор ва ё гирёнчаку нодонак мебинем. Муаллими аввалини ман Саъдоншо Боронов буд. Бале, падарам, зеро ӯ омӯзгор буд. Аз рӯзҳои аввали ба мактаб рафтанам ба хотири тағйир ёфтани хислати ӯ мунтазам назди модар шикоят мекардам. Чун, ӯ дигар дар хона ва мактаб бароям меҳрубонӣ намекард, шоҳдухтари падар гуфта, навозишам наменамуд, оғӯш намегирифт, ҳарчанд пас аз анҷоми дарс мехостам дастамро гирифта мисли рӯзҳои қабл ҳамроҳаш бубарад, баръакс маро «Рав дарсатро хон» - мегуфт. Ӯ дигар бароям падар не, устодам шуда буд. Модарам низ тағйир ёфта буд. Ҳар ду касби пуршарафи омӯзгорӣ доштанду дар баробари ман садҳо фарзанди дигар. Дар мактаб гӯё маро намешинохта бошанд. Дар хона маҷбурам менамуданд, ки китоб хонаму дарс тайёр бикунам. Хуб рӯзҳое гузаштанд. Боре, пас аз ношто хостам лӯхтакамро гирифта ҳамроҳи духтари ҳамсоя, ки бо модараш ба хонаамон меҳмонӣ омада буд, бозӣ кунам. Фасли поиз буду ҳамон шаб ба бахти ман қувваи барқ набуд. Пас аз чанд лаҳза бозӣ падарам, ки дар равшании фонус китоб мехонд, маро низ таъкид ба дарсхонӣ кард. Бо ваъдаи «ҳозир мехонам» гӯё, ӯро ором кардан хостам. Пас аз ду-се маротиба таъкиди падарам, ӯ низ дигар «китобатро хон!» нагуфт. Фардо дарси аввал, аз фанни география муаллим Боронов вориди синфхона шуда, як чанд ҳамсинфамро аз вазифаи хонагӣ пурсиду ман таги дил гуфтам: «Шояд, падарам дишаб дид, ки ман нахондам, ба ин хотир, намепурсад», вале ҳанӯз фикрҳоям ҷамъбаст нашуда, ту гуфта, бо чӯбишорае наздам истод. Бо табассум ва боварӣ бар он ки, падар аз асли воқеа бохабаранд, аз ҷоям нимхез шудаму хостам чизе гӯям, ки муаллимам пешдастӣ карда, «Релеф чист?»- гуфтанд. Бо ҳисси шармандагӣ, ки ба дарс омода нестам, хостам ба чашмонаш нигоҳ кунам, вале он дам ӯ падарам не муаллимам буд, бале муаллим. Охир, шаб маро ба хубӣ дарсҳоятро тайёр кун гуфт, вале ман аз меҳрубониаш истифода кардам. Акнун, ҷавобашро бояд гирам. Ӯ дар синф чарх заду «ҷавоб деҳ» гуфта рӯбарӯям қарор гирифт. «Тайёр нестам», - гуфтам ва то ҳанӯз танбеҳи он рӯз дар ёдам ҳаст. Чанд рӯз бо ман ҳарф назаданд. Падарам – устодам, дигар маро дарс намепурсид, танҳо ба хотири холӣ намондани варақи рӯзномаам, баҳои 3 мемонд. На дар хона ва на дар мактаб рӯи хуш намедод. Пас аз оне, ки соли 2001 дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забону адабиёти тоҷик сазовори ҷойи 3-юм гаштам, маро зиёдтар ба аз ёд кардани шеъру ғазал таъкид мекард. Ҳамин тавр, пас аз хатми мактаб муаллимам барои идомаи таҳсил дар риштаи журналистика кумакам намуд. Ин аст, касби пуршарафи омӯзгорӣ. Бале, ӯ бароям танҳо падар набуд, устодам, дӯстам, рафиқам ва аввалин шунавандаи лавҳаву таронаҳои шогирдонаам буд. Ёдаш гиромӣ бод.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.10.2024 №: 196