Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ дар бораи амният дар АвруОсиё изҳорот қабул карданд
Мир 24. Вазирони корҳои хориҷии ИДМ зимни мулоқот дар остонаи нишасти сарварони давлатҳои узви ИДМ, ки дар Москва баргузор шуд, санадеро дар бораи принсипҳои ҳамкорӣ ва амният дар АвруОсиё тасдиқ карданд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба хотири таъмини сулҳу субот дар фазои АвруОсиё аҳамияти ҳифзу нигаҳдории системаи ҳуқуқҳои байналмилалиро, ки асоси онро ойинномаи СММ ташкил медиҳад, дарк намуда, баланд бардоштани мақоми ИДМ-ро дар ин раванд муҳим арзёбӣ мекунанд.
СММ: хушксолии соли 2023 боиси 50 дарсад паст шудани сатҳи дарёҳои ҷаҳон
Мир24. Коршиносони Созмони ҷаҳонии метеорологии СММ изҳор доштанд, ки дарёҳои Миссисипи ва Амазонка соли 2023 ба сатҳи рекордӣ паст шуданд.
Дар натиҷаи хушксолии шадиди соли гузашта, дар бисёр минтақаҳои Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ маҷрои дарёҳо кам шуд. Гуфта мешавад, ки вазъи обу ҳавои соли 2023 ба дарёҳои ҷаҳон таъсири сахт расонд, ки тули 33 соли мушоҳидаҳо сабт нагардида буд. Ҳамин тавр, гармии тулонӣ ба сатҳи оби ҳавзаҳои дарёҳои Ганг, Браҳмапутра ва Меконг таъсир расонд, ки дар натиҷа, он аз дараҷаи миёна паст шуд. Дар маҷмуъ, гармӣ ба 50 дарсади тамоми ҳавзаҳои обёрӣ таъсир расонд, ки бар асари он соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат зарар диданд. Ҳарорати баланди соли 2023 низ боиси бузургтарин обшавии пиряхҳо дар 50 соли охир гардид, ки дар натиҷа, 600 гигатонна об талаф ёфт.
Даъвати намояндаи доимии Чин дар СММ аз ҳамаи ҷонибҳо
Синхуа. Намояндаи доимии Чин дар СММ Фу Сун рӯзи душанбе аз ҳамаи ҷонибҳо даъват кард, ки аз амалҳои иғвогарона худдорӣ кунанд, то ба минбаъд муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна роҳ надиҳанд.
Фу Сун дар ҷаласаи пленарии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки ба иҷрои натоиҷи конфронсу нишастҳои СММ, ҳамчунин, таҳким ва ислоҳоти низоми СММ бахшида шудааст, гуфт: «Айни замон дар барқарорсозии ҳифзи сулҳи Шарқи Наздик сустӣ набояд кард».
Фу Сун мушкили Фаластинро ҳамчун захми ҷонкоҳ номида, иброз дошт, ки низоъ дар навори Ғазза тул кашида, ҳар рӯз боиси талафоти нав ба нави аҳолии осоишта мегардад, даргириҳо ба Лубнон паҳн шуда, ҷанги васеъмиқёс дар Шарки Наздик, аллакай, дар арафаи оғозёбӣ аст».
Путин дар нишасти сарварони ИДМ ширкат варзида, бо Алиев ва Пашинян мулоқот хоҳад кард
INTERFAX.RU. Имрӯз Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти сарварони кишварҳои узви ИДМ дар Москва ширкат карда, ҳамчунин, бо ҳамтои озарбойҷониаш Илҳом Алиев ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳад.
Раҳбарони ИДМ мулоқоти худро шоми душанбе дар фазои ғайрирасмӣ оғоз намуданд. Тавре Юрий Ушаков, ёрдамчии Роҳбари давлати Русия, қаблан изҳор дошт, чунин шакле, ки баҳси озодро пешбинӣ мекунад, маҳсулнокии худро собит намудааст.
Ушаков гуфт, ки мулоқотҳо дар ҳайати маҳдуду васеъ, маросими имзои санадҳо, ҳамчунин, мубоҳисаҳои пӯшидаи сарварони давлатҳо доир ба масоили гуногун баргузор мешаванд. Илова бар ин, роҳбарони давлатҳо масъалаи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ва ҷойи баргузории ҷаласаи навбатӣ – 10-уми октябри соли 2025 дар Душанберо баррасӣ хоҳанд кард.
Дар маҷмуъ, чордаҳ масъала ба баррасии раҳбарони кишварҳои узви ИДМ гузошта мешавад.
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Лента.ру. Рӯзномаи Financial Times хабар додааст, ки Британияи Кабир ба хонаводаҳо ва корхонаҳо барои сарфаи неруи барқ маблағи муайян пардохт хоҳад кард. Гуфта мешавад, бо ин роҳ онҳо нақша доранд, ки талаботу пешниҳодот дар системаи энергетикии кишварро ба танзим оранд, то аз қатъи неруи барқ ҷилавгирӣ шавад.
Синхуа. Аз рӯзи ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мардумии Чин 75 сол муқаддам, ин кишвар ба пешравии бузург ноил шуда, нарасоии либос ва озуқавориро бартараф карда, ба он муваффақ шуд, ки даромади миёнаи аҳолӣ аз 49,7 юан (7,1 доллари ИМА) дар соли 1949 ба 39 ҳазору 218 юан дар соли 2023-юм расад.
Санаи нашр: 08.10.2024 №: 196