ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕҲРНОМАИ ШОГИРД БА УСТОД

МЕҲРНОМАИ ШОГИРД БА УСТОД

09 октябр 2024, Чоршанбе
34
0


Агар сарнавишт ба мо – инсонҳо, лутф кунад, дар кору зиндагӣ бо нафароне рӯ ба рӯ менамояд, ки дар фазлу донишу камол бартарӣ доранд. 
Хушбахтона, ман аз ин лутфи сарнавишт бенасиб намондам ва ин саодат маро дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» насиб гашт. Дар ин даргоҳ бо нафароне кор оғоз кардам, ки на танҳо аз нигоҳи касбият, балки бо одамияту ҳунару садоқат барои ман беҳтарин намуна буданд ва ҳастанд. Хайринисои Расулӣ аз зумраи онҳо мебошад. Ӯ, ба назари  ман,  бо хоксорию фурӯтанӣ навъи вижаи инсон буду ҳаст. Ман аз ҳамкорӣ ва суҳбатҳо бо ӯ донистам, ки ҳусни инсон дар ҳалолу покиза зистан аст. 
Тобистони соли 2009 замоне ки соли охири донишҷӯӣ дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пушти сар шуд, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба кор омадам. Роҳхатро ректори вақти Донишгоҳ Нуриддин Саид ба дастам дода, гуфт: «Духтарам, Шумо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ таҳсил кардед. Бояд се сол аз рӯйи касб фаъолият баред ва  баъд дипломатонро мегиред». 
Дар шуъбаи фарҳанги «Ҷумҳурият» се моҳи санҷишӣ муқаррар намуданд. Устод Абдулқодири Раҳим, сардори шуъбаи мазкур, маро бо хабарнигорон шинос намуд. Ҳамин ҷо бори аввал Хайринисои Расулиро дидам, ҳарчанд мақолаҳои зиёдашро аз рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» хонда будаму ғоибона мешинохтам. Ӯ ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи фарҳанг фаъолият мекард. Кор дар як шуъба маро бо апаи Хайринисо, (мо, кормандони ҷавон, ӯро ҳамин гуна ном мебурдем) ба ин бонуи хоксору корозмуда наздиктар намуд. Мани навакак аз пушти мизи донишҷӯӣ ба кор омада, аз ӯ, ки собиқаи бисёрсолаи кор дар бонуфузтарин рӯзномаҳои давлатӣ – «Ҷумҳурият», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум»-ро дошт, таҷрибаи зиёд омӯхтам. Таҷорубе, ки дархӯри фаъолияти минбаъда ва ҳам зиндагии шахсиам шуданд. 
Гумон мекунам, будани чунин нафароне,  ки зиндагии худро пурра ба журналистика бахшидаанд, талхиҳои ин касбро чашида, бо ин вуҷуд ба журналистика содиқ мондаю ин касбро, воқеан, дӯст медоранд, муҳимтар аз ҳама, масъулиятшиносанд, фақат барои идораи рӯзнома не, балки ҷавонони тоза ба журналистика ворид шуда, муфид мебошад. Муфид ба он хотир, ки онҳо нисбат ба ҷавонони навқалам бетафовут нестанд ва онҳоро ба ҳоли худ ҳавола намекунанд. Ҳатто, камтарин истеъдодро, ки дар навқалам - журналисти оянда диданд, онро тарбияву инкишоф медиҳанд. Журналистоне, ки аз чунин нафарон роҳнамоии зиёд мебинанду баҳра мебардоранд, ҳароина ба журналистика ва ҷомеа самараи нек  меоранд. 
Апаи Хайринисо низ нисбат ба мани ҷавон (ва чанд ҷавони дигари тоза ба «Ҷумҳурият» ба кор омада) бефарқ набуд. Ба ман мавзуъ медод, навиштаҳоямро таҳрир мекард ва баъзе бандҳоро аз нав  менавишт. Мегуфт, ки мавзуъро дуруст биомӯзам, бештар бихонаму бештар нависам, ҳатулкор набошам, захираи луғавиамро ғанӣ созам… 
Дар Донишгоҳ устодон ба мо омӯзонда буданд, ки    журналист бояд мушоҳидакор, таҳлилгар, нотарс, суҳбаторо, заҳматкаш бошад. Ман ҳамаи ин хислатҳоро, ки  хоси як журналисти ҳирфаӣ мебошанд, дар ӯ дидаву мушоҳида кардаам. Ҳоло, ки ин сатрҳоро менависам, боварам ба ин андеша, ки ҳар касе ба журналистика эътиқодмандонаву содиқона ворид шуд, сарфи назар аз он, ки мутахассиси кадом соҳа аст, аз он канор рафта наметавонад, бештар мегардад. Гумонам Хайринисои Расулӣ аз зумраи ҳамин нафарон аст.
Тобистони соли 2011 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» таъин намудани Хайринисои Расулӣ ба имзо расид. Ин хабарро ҳамкорони дигарам намедонам чи гуна қабул намуда буданд (он замон дар рухсатӣ барои нигоҳубини кӯдак будам), аммо  маро ин рухдод шод карда буд, зеро фикр мекардам ин тасмим дуруст ва ба манфиати рӯзнома аст.
Аз рухсатӣ ба кор баромадам. Маро наздашон даъват карда гуфтанд, ки минбаъд дастовардҳои илмро инъикос намоям. То ин замон ин корро дар рӯзнома  худашон анҷом медоданд, аммо, бо сабаби он ки минбаъд вақташон намерасад, нафаре аз кормандони шуъба ин масъулиятро бояд ба зимма мегирифт. 
- Барои инъикоси кашфиётҳои илмӣ таҷрибаи кофӣ зарур,- гуфтам.
- Оҳиста-оҳиста меомӯзию ворид мешавӣ, - таъкид кард ӯ.  
Ғайримунтазир аввалин матлабам дар соҳаи илм - мусоҳиба бо академик Ғиёсиддин Мироҷов, директори вақти Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии ба номи Ҳ. Мансуров, ба Хайринисои Расулӣ писанд омад. Офарин шунидан аз ӯ ва дигар ҳамкорон, аз ҷумла Абдулқодири Раҳим, Раҷабалӣ Исматулло, бароям на танҳо гуворо, балки  ифтихор буд.  
Ҳамин тавр, аз соли 2013 то соли 2022 (то замоне, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекардам) инъикоси соҳаи илм ба зиммаи ман буд. Ин муддат бо донишмандони зиёде ҳамсуҳбат шудам, олимони ҷавону ояндадорро муаррифӣ намуда, аз бурду бохти соҳа бисёр навиштам. Чизеро, ки дуруст сарфаҳм намерафтам, аз устодон мепурсидам. Ҳамин тавр, ман олимони соҳаҳои гуногунро шинохтаму онҳо маро. Суҳбату вохӯриҳо бо донишмандон назари маро ба олам комилан дигар намуд, ки ин дигаргунии мусбат аст. Ҳамон дигаргуниест, ки  чашми сару чашми дили касро боз месозад,  инсонро аз ботин тағйир медиҳад. Ман барои ин ҳама аз устод Хайринисои Расулӣ миннатдорам.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, журналист

Санаи нашр: 09.10.2024 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив