ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАН ОРИЁИЯМ

МАН ОРИЁИЯМ

09 октябр 2024, Чоршанбе
11
0


(мулоҳизаҳо дар бораи мероси бузурги тоҷикон ва дарки фарҳанги бостонии ориёиҳо)
Воқеан, чун ба таърихи ниёгони хеш менигарем, ганҷеро мемонад, ки ҳанӯз ҳам пурра кашф нашуда, тули садсолаҳо арзишҳои худро аз як насл ба насли дигар ба мерос мегузорад. Табиист, ки забон ва фарҳанг ҳамчун ҷузъи таркибии ҳамин як таърихномаи бузург дар ҳамаи давру замонҳо аз асолату ҳувияти миллии мо ҳифз кардаву арзишҳои миллию давлатдории моро умри ҷовидона бахшидаанд.
Воқаен, фарҳанги тоҷикон унсурҳои зиёде дорад, ки бо анъанаҳои ориёӣ алоқаманданд. Мардуми мо, ки ба гурӯҳи халқҳои ҳиндуаврупоӣ шомил аст, дар тамаддун ва ташаккули фарҳанги минтақаи паҳновар то ба Аврупо нақши назаррас гузоштааст. Бо гувоҳи таърих, тоҷикон пули қудратмандеро мемонанд миёни фарҳанги Осиё ва Аврупо. 
Бо тасдиқи андешаи мавриди назар, Ҷонибек Асрориён, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, чунин таъкид кард: 
– Фарҳанги тоҷикон намунаи барҷастаи он аст, ки чи гуна меросу анъанаҳои қадимаи ориёиҳо тули садсолаҳо ҳифз ва пос дошта шудааст.  Ориёиҳо, ки аҷдодони тоҷикон мебошанд, ба гурӯҳи халқҳои ҳиндуаврупоӣ мансубанд, ки аз Аврупо то Осиёи Ҷанубӣ манотиқи васеъро  дар ихтиёр доштанд. Ин иттиҳоди бузург, ки дорои маданияти ҳиндуаврупоӣ буд, дар қатори дигар халқиятҳо ба фарҳанги тоҷикон низ осори арзишманди худро гузошт.
Хоса фарҳанги либоспӯшии тоҷикони ориёӣ мазмуни ғании маънавиеро ифода мекард, ки аз насл ба насл то ба имрӯз омада расидааст. Аз нигоҳи таърих, либоси тоҷикон мисли бисёре аз мардумони ҳиндуаврупоӣ маънои рамзӣ ва иҷтимоӣ доштааст. Либосҳои занонае, ки бонувон ба бар менамуданд, аксар вақт ороишӣ буд ва бо истифода аз рангҳои дурахшон ва нақшҳои печида оро дода мешуд. Яке аз муҳимтарин рамзҳо дар либоси тоҷикӣ нақши Офтоб буд, ки маънои зиндагӣ ва шукуфоиро дошт. Фарҳанги либоспӯшии тоҷикони ориёӣ як ҷанбаи муҳими ҳувияти миллӣ ва мероси фарҳангии мост...
Ин ва далелҳои зиёди таърихӣ, ки раднопазиранд, бори дигар собит месозанд, ки тоҷикон ҳеҷ вақт мардумони сиёҳпӯш ва печида дар ҳиҷоб набудаанд. Онҳо меросбарони фарҳанги ориёӣ ва тамаддуни ҷаҳонсозанд. Онҳо, ки аз қадим забон, фарҳанг ва урфу одатҳои хоси худро доштаанду доранд. 
Албатта, ҳадаф аз ин гуфтаҳо беғараз ва холисона аст. Ҳарчанд баъзе аз ашхоси ғаразнок дониставу надониста аз минбарҳо ҳадс мезананд, ки гӯиё тоҷикон аз азал либосҳои сиёҳ ва сатру ҳиҷоб мепӯшиданду имрӯз аз ин “ҳуқуқ”-ҳои худ маҳруманд. Ва бо ин аъмоли зишт ва суханпардозиҳои беасос мехоҳанд миёни мардум тафриқа андозанд, ки боиси накӯҳиш аст. Бинобар ин, насли имрӯзи ояндасоз бояд чун азон дар гӯш дошта бошад, ки  эҳтиром ба либоси миллӣ эҳтиром ба фарҳанг ва расму ойини аҷдодист. Набояд фаромӯш кард, ки тоҷикон таърихи чандинҳазорсола доранд ва муҳимтарин омилҳои ҳастии онҳо, пеш аз ҳама, забон ва фарҳанги ишон аст. Дар марҳалае, ки кишварҳои тавонманд даст ба гиребони ҳамдигаранду таъсири манфиатхоҳиҳояшон ба кишварҳои рӯ ба рушде чун Тоҷикистони азиз расидан дорад,  фарзандони баору номуси Ватанро мебояд  ҳувияти ориёи худро амиқан дарк намоянд, то фардо дер нашавад! 

Руҳафзо МУРОДОВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.10.2024 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив