АЛӢ ДЕҲБОШӢ АЗ "ШАБИ ТОҶИКИСТОН" ТО РӮНАМОИИ КИТОБИ "ТОҶИКИСТОН"
РАВЗАНАИ РОБИТА
Алӣ Деҳбошӣ, ки ному насаби пуррааш Алиакбар Ҷаъфари Деҳбошист, узви хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва яке аз донишмандони номвари муосири Эрон мебошад. Ҳанӯз сардабири маҷаллаи маъруфи “Килк” буд, ки дар тарғиби адабиёти тоҷик дар Эрон саҳм мегирифт.
Аз як номаи шоири номвар Лоиқ Шералӣ, раиси вақти Бунёди забони порсӣ-тоҷикӣ, дар таърихи 10-уми ноябри соли 1991 ба номи Алӣ Деҳбошӣ пайдост, ки робитаи мавсуф аз оғози солҳои 90-уми асри ХХ бо мо оғоз шуд. Аз ин нома маълум мешавад, ки Алӣ бори нахуст соли 1991 ба Тоҷикистон омадааст.
Номбурда 21-уми марти соли 1958 дар шаҳри Қазвини Эрон ба дунё омад ва ҳоло дар Теҳрон фаъолияти илмиву адабӣ мебарад. Рӯзноманигориро дар ҷаридаи “Ҷунбиш” оғоз кард. Бо рӯзномаву ҳафтаномаҳои дигар пайваста ҳамкорӣ дошт ва дар ин муддат таҷрибаи зиёди матбуотро омӯхт.
ДИЛБАСТАИ “БУХОРО”
Алӣ Деҳбоширо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон бештар номвожаи таърихии Бухоро ошно сохт. Ӯ маҳз Бухороро меҳвари фаъолияти худ қарор дод. Яке аз ибтикори тозаи ӯ дар баробари таъсис ва чопи маҷаллаи “Бухоро”, ҳамчунин, баргузории маҳфили “Шабҳои Бухоро” аст. Дар ин чорабинӣ ҳар бор як тан аз бузургони илму адаби ҳавзаи порсизабонон муаррифӣ мешавад.
Суҳроби Зиё дар як мақолааш доир ба Деҳбошӣ менигорад: “Соли 2010-ум рӯйхати 30 тан аз адибону пажӯҳишгарони забону адаби тоҷик ва нишонии маҳалли зисти онҳоро омода кардем. Алӣ Деҳбошӣ чанд сол барои аҳли илму адаби тоҷик, ки мо ба ӯ муаррифӣ карда будем, моҳномаи “Бухоро”-ро мефиристод. Аз рӯи шунидам, солиёни пеш устод Деҳбошӣ на танҳо ба тоҷикҳо, балки ба садҳо кас аз порсизабонон дар саросари дунё ин моҳномаро ба сурати ройгон мефиристодааст”.
Воқеан ҳам, “Бухоро” дар кӯтоҳтарин фурсат маҳбуби порсизабонон гардид, зеро дар он имкон ҳаст, то намояндагони ин ҳавзаи тамаддун аз осори ҳамдигар огоҳ шаванд. Ҳоло шакли электронии он байни фарҳангиён радду бадал мешавад ва ному ҷойгоҳи маҷалла накостааст.
Наврӯзи соли 2016 бо иштироки масъулон ва Деҳбошӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии “Бухоро” гузашт ва аз он баъд аҳли илм низ ошноии бештар бо ин марди фозил доранд. Он сол Деҳбошӣ дар Наврӯзи байналмилалии Тоҷикистон, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашт, ширкат варзида буд.
Муҳаммадкозими Козимӣ, шоир ва пажӯҳишгари Афғонистон, навишта буд: “Баъзе одамҳо ба танҳоӣ кори як ниҳоди фарҳангиро мекунанд. Метавон онҳоро вазоратхонаҳои сайёр донист. Ва Алӣ Деҳбошӣ аз ин одамҳост. Касе, ки чанд даҳаи мутаволӣ бо талошу ҳиммати таҳсинофарин ва ба шакли хастагинопазир барои донишу адаби ин ватани фарҳангӣ кор карда ва корномае шигифтангез бар ҷой ниҳодааст”.
АЗ "ШАБИ ТОҶИКИСТОН" ТО РӮНАМОИИ КИТОБИ "ТОҶИКИСТОН"
Ҳанӯз соли 2018 Деҳбошӣ дар Теҳрон "Шаби Тоҷикистон"-ро гузаронда, барои эрониён бори дигар тоҷикон ва фарҳанги вижаи ононро муаррифӣ кард. Дар он маҳфил китоби "Тоҷикистон", муаллифаш Баҳром Амираҳмадиён, рӯнамоӣ гардид, ки бо талоши Деҳбошӣ чоп шудааст.
Соли 2019 маросими рӯнамоии китоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”-ро бо номи “Шаби забони порсӣ-тоҷикӣ” гузаронд, ки дар шабакаҳои телевизионӣ ва интернетии Эрон ба таври густарда инъикос ёфт. Ин китоби Сарвари давлат бо баргардонии Ҳасан Қарибӣ ба хатти порсӣ дар нашриёти “Хомӯш” 2200 нусха чоп шуд.
Танҳо ҳамин сол ду маҳфили барои миллати мо муҳим – «Шаби устод Садриддин Айнӣ» ва “Шаби Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ”-ро роҳандозӣ кард, ки дар таҳкими робитаҳои адабии Тоҷикистону Эрон муассиранд.
Наврӯзи соли 2023 барои Алӣ Деҳбошӣ фаромӯшношуданӣ буд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ифтихори пазириши Алӣ Деҳбошӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфиле орост ва хидматҳои наҷиби ӯро дар густариши фарҳанги ду кишвар сутуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”