ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ба озмуни “Дуои модар”

Ба озмуни “Дуои модар”

09 октябр 2024, Чоршанбе
18
0


ФАЙЗИ ҲАСТӢ
Вақте ки вожаи муқаддаси “модар”-ро ба забон меорем, қабл аз ҳама, пеши назар симои ҷаззобу нуронии шахси бароямон ҳамеша азизу арҷманд, гаронмоятарин мавҷуди рӯйи Замин ва сароғози ҳастии насли башар, сарчашмаи мусаффои меҳру муҳаббат, ягона шахси дар пастию баландиҳои рӯзгор барои инсон мунису ғамхор ва офарандаву идомадиҳандаи зиндагии инсон ҷилвагар мешавад. Зеро, агар Хуршед бо анвори хеш ҷаҳонро файзу рӯшноӣ ва хуррамӣ бахшад, пас, меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан-модар нури зиндагии инсон, сарчашмаи саршори рӯзгор ва ободию осудагии ҳар хонавода маҳсуб меёбад.

Калимаи “модар”, ки аз панҷ ҳарф иборат аст, ба назари ман, ифодагари панҷ унсури таҷассумгари шахсияти беҳамтои ӯ – Меҳр, Одамӣ, Дилсӯзӣ, Адолат ва Ростӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки вақте мо калимаи муқаддасу зебои “модар”-ро ба забон меорем, тамоми вуҷудамонро эҳсоси гарму фараҳбахше фаро мегирад, қалбамонро лабрез аз шодию сурур мегардонад. 
Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва қувват мебахшад. 
Мақоми модар он қадар баланд аст, ки бузургон биҳиштро зери пойи модарон қарор доданд. Вақте донишҷӯй будам як қиссаеро хондам, ки бисёр дарднок буд. Ҷавонмард аз замони тифлӣ чунин таҳқиру маломатро таҳаммул мекард: «Модари ту кӯр, модари ту якчашма». Чун ба мактаб омад, боз ҳам ҳамсинфонаш бо чунин суханҳои дилрешкунанда пешвоз мегирифтанду мегуселонданд. Аз ин ваҷҳ, аз хурдсолӣ дар дилаш нафрати ниҳоние нисбат ба модараш пайдо шуд. Гӯё норизо буд аз он ки, зодаи зани якчашма аст.
Ӯ бо аламу хории зиёд, хубу аъло хонда, донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Соҳиби ҷойи кори хуб, оила ва хонаи ҷудогона гардид. Модари пиру нуқсондори худро дар он ҳавлӣ гузошту худ ба шаҳр кӯчид ва бо ин роҳ аз маломату таҳқир «халос» шуд.
Албатта, ҳамсоязанҳо модари ӯро танҳо намегузоштанд. Борҳо ба воситаи ҳамсояҳои башаҳрраванда хоҳиш намуд, ки писараш биёяд ва пеш аз марг рӯяшро бубинад. Аммо наомад, савори аспи ғурур буду пеши пиразани якчашма омаданро ор медонист.
Вақту соаташ расид, модар пеш аз дунёро падруд гуфтан ба ҳамсоязан номае дода, таъкид кард, ки агар ҷигарбандаш ба ҷаноза ояд, бирасонед. Писари мутаккабиру ҷоҳил бо «гардани баста» ба мотам омад ва чун бегонаҳо аз шарм худро аз ҳозирон дур гирифта меистод. Ин замон нома ба дасташ расид. Дар нома чунин сатрҳо буданд: «...Ту кӯдаки сесола будӣ. Ногоҳ ҳангоми бозӣ афтодиву чашмат кӯр шуд. Бе ҳеҷ дудилагӣ чашми худро ба ту додам, то дунёро бо чашмони ман бинӣ. Ман аз ту розиям, Худо дар паноҳаш нигаҳ дорад. Туро дӯст медорам». Ҷавонмард хеле афсус мехӯрад, ки ба қадри модараш нарасида, асои даврони пириаш нагардиду фарзанди номбардори модараш нашуд. Акнун, ин ҳама афсусхӯриҳои ӯ дигар фоида надошт.
Мақсади овардани ин қисса дар он буд, ки модар дарвоқеъ дили бузург дорад. Барои мо – фарзандон, тайёр аст, ки ҷонашро фидо кунад. Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадраш мерасему иззату эҳтиромашро ба ҷо меорем. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро бо он ҳама дилсӯзиаш, бо он ҳама меҳру муҳаббаташ ба коми фаромӯшӣ месупорем ва гоҳо носипосиро баҳраш раво медонем. Аммо, баъдан аз кирдор ва рафтори хеш пушаймон мешавем, аммо кайҳо дер шудаасту дигар ӯро пайдо карда наметавонем. 
Модар чароғи умри мо – фарзандон, дар зиндагист. Маҳз меҳри бепоён ва навозишҳои гарми модар моро бо оламу одам ошно сохтааст. Ҳамин меҳрубониҳои ӯст, ки модарро офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон меноманд.
Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расондани фарзандон ва дар онҳо парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан, қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.10.2024 №: 197
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив