НАСЛИ СОЗАНДА ВА НЕРУИ ПЕШБАРАНДА
Дар сиёсати иҷтимоии давлат татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мавқеи калидӣ дошта, аз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Пешвои муаззами миллат дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 хеле хуб изҳор доштанд: “Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд”.
Воқеан ҳам, Сарвари давлат дар оғози даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дарки муҳимияти нақши таърихии ҷавонон дар пешрафт ва пойдории давлати навбунёди миллӣ иқдомҳои шоистаро рӯйи кор оварданд, ки мо самараи онро имрӯз дар симои ҷавонони созанда баръало эҳсос менамоем.
Бахусус, дар самти тарбияи мутахассисони ҷавон, ҷалби ҷавонон ба донишомӯзӣ, ҳавасмандгардонӣ ва фарогирии ҳарчи бештари онҳо ба илмомӯзӣ ва тарбияи кадрҳои боистеъдод иқдомоти наҷибе амалӣ гаштанд. Бо мақсади фаъол гардондани насли навраси кишвар ва дастгирии афроди болаёқат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 1998 стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Роҳбари давлат ба он боваранд, ки маҳз ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад. Аз ин хотир, баҳри таҳкиму густариши маърифати илмии ҷавонон иқдомҳои шоистае роҳандозӣ гардидаанд, ки далели рӯшани онҳо эълони Соли маориф ва фарҳанги техникӣ (2010) ва Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040 мебошанд.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ба хотири фарогирии ҷавондухтарону ҷавонписарони деҳоти дурдасти кӯҳистон ба таҳсил ва омода намудани кадрҳои маҳаллӣ дар мактабҳои олии кишвар соли 1997 квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Хушбахтона, дар тули ин солҳо 20 ҳазор нафар духтар аз деҳоти дурдаст тавассути квота муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро хатм намуда, соҳибмаълумот гардид.
Қадами навбатӣ баҳри ташаккули афкори созанда, ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ташкил ва эълони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ва “Илм – фурӯғи маърифат” буда, барои такмили суханварию сухандонӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа таъсиргузоранд. Бо мақсади дастгирии моддии ҷавонону наврасони лаёқатманд, дарёфту тарбияи олимони ҷавон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ ба олимони ҷавон барои корҳои шоиста дар соҳаи илм ва техника», «Дар бораи Низомнома дар бораи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» ба тасвиб расида, барои гаравиши ҷавонону наврасон ба илмомӯзӣ мусоидат намуданд.
Дар беҳбуди рӯзгори ҷавонон, махсусан ҷавонони деҳот, таҳия ва қабули барномаҳои давлатии соҳавӣ нақши асосӣ бозиданд. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон (қаблан Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон) муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқӣ барои ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир буда, барои дастгирӣ ва инкишофи ҳаматарафаи ҷавонон муносибатҳои маҷмуиро дар бар мегирад.
Дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон Барномаи мазкур муваффақ буда, дар байни ҷавонон натиҷаҳои назаррас дорад. Айни замон, Барномаи мазкур ягона механизми нисбатан устуворест, ки робитаи ҷавононро ҳамчун объект ва, ҳамзамон, субъект бо дигар субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон, махсусан бо мақомоти ваколатдори давлатӣ, таъмин менамояд.
Яке аз муваффақиятҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими ғояи ватанпарвариву худшиносӣ дар ниҳоди ҷавонону наврасон мебошад. Таҳия ва қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими тафаккури миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дигар санадҳои мусоидаткунанда боиси он гардиданд, ки имрӯз насли созандаву ҷавонони ватандӯст ба майдони сиёсат ворид шаванд.
Амалисозии сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори соҳа дар чанд соли охир, махсусан, татбиқи қонунҳои амалкунанда ва барномаҳои соҳавӣ ба баланд бардоштани савияи худшиносии ҷавонон мусоидат намуд. Фарогирии ҳарчи бештари ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, маърифатию таблиғотӣ сафи ҷавонони равшанфикру ватанпарварро зиёд намуд.
Ташкили мулоқоту вохӯриҳо аз рӯи усули “деҳа ба деҳа”, “маҳалла ба маҳалла” ва “факултет ба факултет” яке аз воситаҳои беҳтарини баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон, худшиносиву зиракии сиёсии онҳо, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароёна, терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад. Далели гуфтаҳои боло сол ба сол беҳтар шудани вазъи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ мебошад.
Ин нуктаро мехостам бо суханони ҳикматомези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми ироаи Паём садо доданд, тақвият бахшам: “Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд”.
Маҳз чунин суханони меҳрбори Пешвои муаззами миллат, ки саршор аз баҳои баланд ва боварӣ ба насли созанда мебошанд, меҳру муҳаббати ҷавононро ба Ватан ва давлат афзун намуда, барои анҷоми корҳои созандагӣ раҳнамун месозанд.
Давлатхотун ПАЙШАНБИЕВА, рӯзноманигор
Санаи нашр: 10.10.2024 №: 198