ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРОДАРИ ҲАР ДАВОҶӮ

БАРОДАРИ ҲАР ДАВОҶӮ

10 октябр 2024, Панҷшанбе
13
0


Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техника, доктори илмҳои тиб, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино Ғиёсиддин Мироҷов 60 соли умрро сарфи омӯхтани илм ва дарёфти роҳу усулҳои табобати бемориҳо намуда, таҷрибаву тавсияҳои илмиашро олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.
Дар ҷодаи илм қадам гузоштани устод Ғиёсиддин Мироҷов таърихи аҷиб дорад. Соли 1966, ҳангоми дар курси панҷуми Донишкадаи тиббии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) таҳсил карданаш, олими намоёни шуравӣ, академик Ҳамид Мансуров, ки мудири кафедраи терапияи госпиталии Донишкада ва ҳамзамон, директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ буд, ӯро даъват намуда, баъди суҳбат ба Ғиёсиддин якчанд маҷаллаи илмиро барои мутолааву омӯзиш дода, хоҳиш менамояд, ки пас аз як моҳ боз ба наздаш ояд. 
Пас аз сӣ рӯз вақте назди устод ҳозир мешавад, академик Ҳамид Мансуров ба ӯ якчанд савол медиҳад ва баъди ҷавобҳои дуруст гирифтан, ба Ғиёсиддин пешниҳод мекунад, ки ба Пажӯҳишгоҳ ба кор ояд.
– Устод, ман ҳанӯз донишҷӯ ҳастам. Ҳам кору ҳам таҳсил бароям мушкил аст, – беҷуръатона ҷавоб медиҳад Ғ. Мироҷов.
Устод, ки дар симои шогирд ояндаи дурахшон ва раҳнаварди ҷодаи илмро медид, оромона мегӯяд:
– Ҳар рӯз баъди дарс ба кор оед. Ман ба Шумо вазифаи чандон душворро намефармоям, одат мекунед.
Маҳз ҳамин тавсияи устод сабаб шуду Ғиёсиддин Мироҷов ба ҷодаи илм қадам ниҳод. Ин риштаи устодию шогирдӣ оқибат ба дӯстии қавӣ табдил ёфт.
Он солҳо дар Пажӯҳишгоҳ, асосан, беморони гирифтори гепатити шадиди вируси В бистарӣ буданд. Рӯзе Ҳамид Мансуров шогирдашро ба наздаш даъват намуда, гуфт:
– Мо усули наверо дар самти омӯхтани фаъолияти ҷигар дар беморони гирифтори гепатити шадиди вируси В ба роҳ монданӣ ҳастем. Ин корро Шумо мекунед.
Ҳамин тавр, Ғиёсиддини ҳанӯз донишҷӯ дар ин боргоҳи илм, ба қавле, аз илм ба амал гузашт. 
Вақти супурдани имтиҳони давлатӣ устод Мансуров ним соат бо Ғиёсиддин суҳбати табибона кард. Аз ҷавобҳои шогирд қаноатманд гашта, хоҳиш намуд, ки дар  паҳлуяш нишинад. Вақте донишҷӯёни дигар дар посух ба саволҳо мушкилӣ мекашиданд, устод аз Ғиёсиддин ҷавоби он саволро мепурсид. Ниҳоят, ба ӯ баҳои 5 гузошта, рухсат дод.
– Устод, кош баҳои се мегузоштеду барвақт ҷавоб медодед. Дар ин чанд соат аз дили ман чи гапу гумонҳое гузашт, – гуфт Ғиёсиддин.
Устод хандида, афзуд: 
– Баъди супурдани имтиҳонҳо назди ман биёед.
Чун супурдани имтиҳонҳо ба поён расид, Ғиёсиддин назди устод ҳозир шуд. Ҳамид Мансуров бо шафқати падарона ба ӯ пешниҳод кард:
– Чӣ мегӯед, агар Шуморо ба Москва барои таҳсил дар аспирантура фиристем?
– Хурсанд мешавам, устод, – гуфт Ғиёсиддин.
– Лекин як нозукӣ дорад, ки моҳона кам аст. Оё бо 60 рубл зиндагӣ карда метавонед?
– Ман бо 22 рубл стипендия рӯз гузаронда тавонистаму чаро бо 60 рубл натавонам? – посух дод Ғиёсиддин. 
Ҳамин тавр, ӯ бо фотиҳаи устоди мушфиқ аз соли 1968 то соли 1971 дар Пажӯҳишгоҳи тиббии рақами 1-и шаҳри Москва ба ҳайси унвонҷӯ (аспирант) таҳсил кард. Чоруми октябри соли 1971 рисолаи номзадиашро ҳимоя намуд. Рӯзи ҳимояи рисолаи номзадӣ, ки дар Пажӯҳишгоҳи тиббии ба номи Петровский баргузор шуд, устодон Боқӣ Раҳимзода, Қандил Ҷӯраев ва Чиллаев (котиби якуми комитети ҳизбии ноҳияи Панҷ) ҳузур доштанд.
Моҳи декабри ҳамон сол Ҳамид Мансуров Ғиёсиддинро ҳамчун ходими калони илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ ба кор қабул  кард.
Моҳи октябри соли 1972 Ғиёсиддин Мироҷови 28-соларо муовини директори Пажӯҳишгоҳ оид ба илм таъин намуданд. Баъди ин масъулиятро бар дӯш гирифтан, ӯ ҳамеша дар паҳлуи устод буд.
Рӯзе Ҳамид Мансуров ба шогирдаш гуфт: 
– Ҳоло олимони ҷаҳон бар ин назаранд, ки машрубот гӯё ба ҷигар таъсири манфӣ намерасонад. Аз ҷумла, академик Логинов мегӯяд, ки агар алкогол таъсир расонад ҳам, каме ҷигар чарб мегираду халос. Дигар ягон ориза намешавад. Шумо таъсири машруботро ба ҷигар муфассал омӯзед. Дигар ин ки, фарқияти сиррози ҷигарро бо сабаби вирус ва бо сабаби таъсири машрубот муайян кунед.
Ҳамин тавр, Ғиёсиддин Мироҷов бо роҳнамоии устод ба омӯзиши проблемаи мазкур шуруъ намуд. Соли 1975 дар Симпозиуми байналмилалӣ суханронӣ карда, бо далелу арқом собит намуд, ки машрубот на танҳо боиси чарбгирии ҷигар, балки сабаби сарзании гепатити шадид мегардад. Дуюм ин ки, бо таъсири машрубот дар ҷигар баъзе аз дигаргуниҳое пайдо мешаванд ва онҳо метавонанд масуният (иммунитет)-ро заиф созанд. Олими ҷавон, инчунин, собит намуд, ки машрубот на танҳо гепатити шадид, балки гепатити музминро ба амал меорад ва ҳатто, боиси сирроз ва саратони ҷигар мегардад.
Ҳамид Мансуров баъди шунидани маърузаи илмии шогирд қаноатманд гардида, тавсия дод, ки ин мавзуъ барои ҳимояи рисолаи докторӣ хеле муҳим, вале кам аст.
– Акнун, вирусҳои гепатити В ва С-ро биомӯзед, – хулоса намуд Ҳамид Мансуров.
Ҳамин тариқ, Ғиёсиддин Мироҷов бо ҳидояти устод дар Иттиҳоди Шуравӣ нахустин шуда, масъалаи муайян кардани антигенҳои вируси гепатити В-ро дар ҳуҷайраҳои ҷигар ба роҳ монд.
Дар ҷараёни таҳқиқ зиёда аз сӣ мақолааш дар маҷаллаҳои илмии Иттиҳоди Шуравӣ ба табъ расид. Соли 1979 хулосаи таҳқиқоташро дар маҷмуае сабт карда, соли 1980 ба шаҳри Москва бурд ва аз апробатсияи пеш аз ҳимояи рисолаи докторӣ гузашт ва 19-уми марти соли 1981 дар 37-солагӣ рисолаи докториро ҳимоя намуд.
Пас аз ин, академик Ҳамид Мансуров дар назди шогирд яке аз масъалаҳои муҳими илми гастроэнтерология: фиброзҳои ҷигарро, ки то он вақт онро дар ҷаҳон касе наомӯхта буд, ба миён гузошт.
Зимни омӯзиши ин масъала Ғ. Мироҷов соли 1986 дар беморхонаи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ бо маризе рӯ ба рӯ шуд, ки муддати тулонӣ бистарӣ буд. Ӯро ташхис намуд, вале бемориашро аниқ карда натавонист. Баъди ҷарроҳию ташхис, намуди нави фибрози ҷигарро муайян сохт, ки он «намуди модарзодии фибрози ҷигар» ном гирифт. Натиҷаи таҳқиқоти устоду шогирд аввал дар маҷаллаҳои муътабари Иттиҳоди Шуравӣ, сипас дар ИМА чоп шуд. Инчунин, китобаш бо номи «Фибрози ҷигар» низ аз чоп баромад.
Соли 1992, бинобар нооромӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, барои соҳаи тандурустӣ ва илм низ давраи вазнинтарин буд. Ҳамон айём, бинобар мушкилиҳои иқтисодӣ, дар кишварҳои ҳамсоя фаъолияти академияҳо қатъ гардид.

– Баъди Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар дили мо – табибон, ба ояндаи нек умеду бовар пайдо шуд. Пешвои муаззами миллат соли 1993 зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат иброз доштанд, ки «то вақте ман Сарвари давлат ҳастам, намегузорам академияро банданд. Ман академияро дастгирӣ мекунам», – ба ёд меорад Ғиёсиддин Мироҷов.
Соли 1993 дар ноҳияҳои Фархору Восеъ ва Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) эпидемияи гелиотропи ҷигар сар зад, ки қариб 7000 нафар гирифтори он гардид. Бо даъвати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Фаронса, Федератсияи Россия, Беларус ва ғайра табибон барои муолиҷаи бемории зикршуда ҷалб шуданд. Ғиёсиддин Мироҷову устодаш Ҳамид Мансуров низ ба он минтақа рафта, якчанд лексияву суҳбатҳо гузаронданд. Баъдан, 100 нафар бемори вазнинро бо чархбол ба Пажӯҳишгоҳ оварданд.
То он замон бемории мазкурро «гепатити гелиотропӣ» мегуфтанд. Устоду шогирд муайян карданд, ки заҳри дар таркиби гелиотроп мавҷудбуда, на ба худи ҷигар, балки ба рагҳои хунгард таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, дар узвҳо (гурда, ҷигар, мағзи сар) хунрезии шадид ба амал меояд. Дар узвҳое, ки ковокӣ ҳаст, мисли қафаси сина ва шикам, аз рагҳои хунгард об мерезад. 
Ғ. Мироҷов ва Ҳамид Мансуров ин масъаларо хуб омӯхтанд ва дар калламушҳо таҷрибаи гелиотропӣ гузаронданд. Ба ҳамин тариқ, олимони тоҷик ба ин беморӣ мафҳуми нав – «гепатоангепатияи гелиотропӣ», ном гузоштанд.
Вақте Ғиёсиддин Мироҷов ва Ҳамид Мансуров дар Конфронси якуми терапевтҳои Осиёи Марказӣ, ки дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд, ҷараён гирифт, вобаста ба бемории зикршуда корҳои илмиро муаррифӣ намуданд, олимони ӯзбекистонӣ ёдовар шуданд, ки чунин эпидемия соли 1934 дар Ӯзбекистон низ рух дода буд.
– Азбаски дар бораи ин беморӣ Мирочник ном олими рус ҳам матлаб навишта будааст, пешниҳод шуд, ки ба он «Гепатоангепатияи гелиотропии Мирочник – Мансуров» ном гузошта шавад. Ман аз ҷо хеста, шӯхиомез гуфтам, агар онро «Гепатоангепатияи гелиотропии Мироҷов – Мансуров» ном гузоред, боз хубтар мешавад, – бо зарофат ёдовар шуданд Ғиёсиддин Мироҷов.
Соли 1995 Ғ. Мироҷовро сардори раёсати илм ва муассисаҳои илмии Вазорати тандурустӣ таъин намуданд, вале ӯ бо хоҳиши Ҳамид Мансуров бо ним басти корӣ дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ фаъолиятро идома дод. Соли 2000-ум бошад, ӯ директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология таъин гардид.
Ғ. Мироҷов хулосаи таҳқиқоти вобаста ба гепатоангепатияи гелиотропӣ гузарондаашро дар шакли китобча чоп кард, ки соли 2003 сазовори Ҷоизаи ба номи Е. Н. Павловский шуд.
Таҳқиқоти дигари Ғ. Мироҷов дар мавзуи «Ҳеликобактер пилори» мебошад. Ин бактерияро соли 1979 олими австралиягӣ Робин Уоррен кашф карда буд. Баъзеҳо бар он ақида буданд, ки бактерияи мазкур таъсири бад намерасонад. Агар он боиси пайдоиши захми меъда ё гастрит шавад, пас чаро эпидемия сар намезанад?
 – Мо дар ин хусус таҳқиқот гузаронда, ба хулоса омадем, ки баъзе аз бактерияҳои сапрофит дар организм ҳастанд, вале таъсири бад намерасонанд. Қисми дигар ба организм ворид гашта, дарҳол сабаби беморӣ мегарданд. Масалан, пневмококк ба шуш дохил шуда, боиси пневмония мешавад. Лекин ҳеликобактер пилори на сапрофит асту на аз ҳад зиёд патогенӣ, балки «миёна» мебошад. Аз ин рӯ, боиси сарзании эпидемия намешавад,– иброз дошт Ғиёсиддин Мироҷов.
Ӯ оид ба таҳқиқоти мазкур китобе бо номи «Ҳеликобактер пилори» ва чандин мақолаҳои илмӣ навиштааст. Ҳоло бо  шогирдонаш таҳқиқотро дар бораи намудҳои генетикии ҳеликобактер пилори («KAG» ва «VAG») идома дода истодааст.
Дар воқеъ, зери роҳбарии Ғиёсиддин Мироҷов қариб 30 нафар рисолаи номзадӣ ва 6 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд. Инчунин, барои табибон протоколҳои махсуси тиббӣ тайёр кардааст, ки тавассути он духтурон чи хел ташхис кардану чи гуна табобат пешниҳод карданро муайян мекунанд.
Дар бораи фидоии илму дониш ва вориси арзандаи Синои бузург Ғиёсиддин Мироҷов нависанда ва журналисти шинохта Диловари Мирзо китоберо зери унвони «Авҷи дилҳо – Меъроҷи ман» навиштааст, ки фаъолияти пурсамари ӯро дар соҳаи илми тиб бозгӯ мекунад.
Яке аз беҳтарин баҳоро бошад, ба фаъолияти Ғ. Мироҷов Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб додааст:
Пур зи номи даво сараш гаштаст,
Пур зи хат ҷайбу дафтараш гаштаст,
Даргаҳи зиндагӣ дараш гаштаст,
Ҳар давоҷӯ бародараш гаштаст,
Аз даво кардани ҷигар ин мард,
Як ҷигарбанди кишвараш гаштаст.

Самариддин АСОЗОДА, 
дорандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ,
Сайфиддин СУННАТӢ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 10.10.2024 №: 198
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив