ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАШНИ МЕҲРГОН ФАРХУНДА БОД

ҶАШНИ МЕҲРГОН ФАРХУНДА БОД

10 октябр 2024, Панҷшанбе
47
0


Идҳои суннатию таърихии аҷдодамон маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд. Ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳ яке аз идҳои миллиамон – Меҳргон бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мегардад. Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо гардида, иди ҳосил ва бештар ҷашни кишоварзон аст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митр ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст». Дар ин ҷода адиби машҳур Масъуди Саъди Салмон гуфтааст:
Меҳрубонӣ кун ба Ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру Ҷашни Меҳргон.

Ҷашни мазкур аз давраи Каёниён сарчашма гирифта, дар давраи Сосониён ба ҳукми анъана даромада, дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид ва дар сатҳи давлатӣ таҷлил мешуд. 
Рӯзи Ҷашни Меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) густурда, онро бо нону мевагиҳои шаҳдбор оро медоданд. Ҳунармандон аз ҳафт навъи зироат нон мепухтанд: аз гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё. Рамзи дастархон ва ороиши онро бобои деҳқон фоли нек медонист ва омадани Ҷашни  мазкурро бахосият мегуфтанд.
Дар фасли тирамоҳ фаро расидани  Ҷашни Меҳргон бесабаб нест. Дар ин фасл дарахтон ғарқи ҳосиланд  ва хирмани деҳқон низ  пур аз дастранҷи он мегардад. Марди деҳқон маводи ғизоӣ захира намуда, аз заҳмати кашидааш қаноатманд мешавад.
Истиқболи Ҷашни мазкур баъд аз истилои арабу муғул расман манъ гардида, моҳияти он коста шуд.  Идҳои суннатии мо, аз ҷумла Меҳргон, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, аз соли 2009 дар қаламрави  мамлакат расман бо шукӯҳи хосса  ҷашн гирифта мешавад. 
Ҷавҳари таърихию фарҳангии ин Ҷашн дар он аст, ки барои рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ мусоидат намуда, мардумро ба дӯст доштану ҳифз намудани табиат ва накукорию созандагӣ ҳидоят мекунад.
Ҷашни мазкурро кишоварзон бесаброна   интизор шуда, дар ин давра ҳосили бо арақи ҷабин парваришнамудаи худро ҷамъоварӣ  менамоянд ва ба  зимистон омодагӣ мегиранд. Маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузошта, идҳои харбуза, тарбуз ва ғайраро таҷлил мекунанд. Маъракаи пуршукӯҳ барпо намуда, дастархони ҷашнӣ ороста, онро бо маҳсулоти нониву мевагиҳо оро медиҳанд. 
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнгирӣ танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда ҳидоят намояд. Бинобар ин, амалӣ гардондани чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори  он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи мутахассисон ва олимони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.
Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни Меҳргон тадқиқоти мақсаднок анҷом дода, ба дастовардҳои муайян ноил шуданд.  Аз ҷумла, олимони муассисаҳои илмии Академия соли ҷорӣ дар асоси дастовардҳои илмӣ соҳиби шаш патенту 31 шаҳодатномаи муаллифию ихтироъкорӣ, се хабарнома барои натиҷаи мусбати экспертизаи расмӣ ва шаш арзнома гардиданд. 
Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш навъи зироатҳои кишоварзии офаридаи  олимони Академия, аз ҷумла се навъи пахта,  ду навъи гандум  ва  як навъи ҷав минтақабоб шуда, кишт гардиданд ва ба зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуданд. Ҳоло навъҳои ватании зироатҳои кишоварзӣ аз 50 то 80 фоизи майдонҳои кишти  ҷумҳуриро ишғол менамоянд. Дар соли ҷорӣ зиёда аз 60 тухмии навъу намунаҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, ангур, дарахтони  мевадиҳандаю ороишӣ  аз минтақаҳои  ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва ба Маркази захираҳои генетикии Академия ворид карда шуда, дар маҷмуъ, миқдори тухмии навъу намунаҳо ба 15 ҳазор расонда шуд.
Олимони самти чорводории Академия оид ба офаридани зоту типҳои  сермаҳсули  чорво  ва  занбӯри асал соҳиби  7 шаҳодатномаи  муаллифӣ гардиданд.  Саршумори зиёди зоту  типҳои  офаридашудаи чорво  дар хоҷагиҳои  соҳавии  ҷумҳурӣ  парвариш мешаванд. Олимони Академия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳамасола Ҷашни муқаддаси ниёгонамон – Меҳргонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Ҳамасола дар моҳи октябр бо карнаю сурнай, мусиқиву шодӣ, рақсу тарона дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон Ҷашни Меҳргон ба таври расмӣ бошукӯҳ таҷлил мегардад. Кишоварзон маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузошта, гурӯҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. 
Дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бо роҳбарии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ таҷлили Ҷашни  Меҳргон  бо ташкили намоиши дастовардҳои  бахшҳои соҳаи  кишоварзӣ ва фурӯши маҳсулоти соҳа бо нархи арзон сурат мегирад. Дар  ҷамъбаст ба  фаъолияти кишоварзон баҳогузорӣ намуда, беҳтарин хоҷагиҳои  ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва  беҳтарин олими сол муайян гардида, бо ифтихорнома, сипосномаю  туҳфаҳо  сарфароз  мешаванд. 
Ҳоло дар айёми фарорасии Ҷашни Меҳргон Офтоб ба бурҷи Мизон расида, Замин-Модар шираи меҳрашро ба воситаи ҳосили зироат, меваҳои  шаҳдбор ба ҳама ҳадя мекунад. 
Бошад, ки Меҳргон – Ҷашни тамаддунсозу фарҳангиамон,  ба мардуми Тоҷикистон  файзу баракат ва  фаровонӣ  ато созад.

А. Ф. САЛИМЗОДА, 
президенти Академияи илмҳои 
кишоварзии Тоҷикистон, 
Д. Қ. КОМИЛЗОДА, мушовири АИКТ

Санаи нашр: 10.10.2024 №: 198
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив