ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  АСОСГУЗОРИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  АСОСГУЗОРИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

11 октябр 2024, Ҷумъа
17
0

 
Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. 30 сол аст, ки мардуми шарифи тоҷик дар ҳимояи Конститутсия,  зери Парчами парафшони Ватан кору зиндагӣ доранд. Конститутсия қонуни аосии ҷомеа ва давлат буда, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки давлатдории имрӯзаро бе Конститутсия тасаввур кардан номумкин аст, зеро масъалаҳои асосӣ, бунёдӣ ва калидии ҷомеа дар ин санад муқаррар карда мешаванд. Аз ин ҷо Конститутсияро ҳамчун қонуни асосӣ низ ном мебаранд.
Дар Тоҷикистон то эълони истиқлоли давлатӣ панҷ маротиба  Конститутсия қабул шудааст: солҳои 1929, 1931, 1935, 1937 ва 1978. Ин конститутсияҳо дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ қабул шудаанд ва моҳияту мақсаду мароми ин сохти ҷамъиятиро инъикос карда, Тоҷикистонро ҳамчун узви Иттиҳоди Шуравӣ ба сифати ҷумҳурии иттифоқӣ муайян карда буданд.
Баъд аз эълони Истиқлоли комили давлатии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 зарур буд, ки Конститутсияи давлати нави мустақили бавуҷудомада, таҳия ва қабул карда шавад, аммо кашмакашиҳои сиёсӣ ва баъдан ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки ин санади муҳиму зарурӣ ва муайянкунандаи шоҳроҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистон омода ва қабул гардад.
Амалан, ин масъала аз Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Роҳбари нави Тоҷикистон, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад. Баъди Сарвари давлат интихоб шудан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври қатъӣ иброз намуданд: «Мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем». 
Ин изҳороти Роҳбари ҷавон ва тозаинтихоби Тоҷикистон дар дили мардуми кишвар шуълаи умедро бедор кард,  халқ  ба ояндаи Тоҷикистони озоду демократӣ, дунявию ҳуқуқбунёд ва ободу пешрафта боварӣ ҳосил кард ва он халқи «роҳгумкарда» - и мамлакатро дар гирди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуд.
Бояд зикр созем, ки ин яке аз масъалаҳои муҳимтарине буд, ки аксарияти мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш оварда буд, чунки Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом бо пайравону думравон ва хоҷагони берунаи худ мехост дар мамлакат давлати исломиро барпо намоянд ва бо ҳар роҳу восита (ташвиқу тарғиб, тарсондану зӯроварӣ) халқро маҷбур мекард, ки иқдоми мазкурро дастгирӣ ва пайравӣ намояд.
Дар чунин вазъият изҳори қатъии бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд саривақтӣ ва тақдирсоз буда, аз ҷасорату боҷуръатии Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медод.
Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ яке аз аркони асосӣ, муҳим ва зарурии Конститутсия мебошад. Дар пояи ин арзиш дигар принсипу меъёрҳои конститутсионӣ ташаккул меёбанд. Бинобар ин, арзиши номбурда дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зерин ифодаи худро ёфтааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи стратегие, ки дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва дар ин замина дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардану таҳким бахшидан ба истиқлоли давлатӣ  зарур буд, ки ҳарчи зудтар Конститутсия таҳия ва қабул карда шавад. 
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам воқеъбинона андешаҳои худро чунин баён кардаанд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шуруъ кард. Ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби куҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».
Бо ин мақсад дар иҷлосияи XVII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми июни соли 1993  Комиссияи таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд.  Дар ин замина бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 1993  гурӯҳи кории  Комиссия оид ба таҳия намудани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати он вакилони Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатӣ ва олимони варзида шомил гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба зарурат, моҳият ва мазмуну мундариҷаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар суханрониашон дар иҷлосияи ҳаждаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28-уми декабри соли 1993 баргузор шуда буд, изҳори андеша намуданд. Аз ҷумла, оид ба зарурати ҳарчи зудтар қабул кардану муҳимияти ин санади роҳнамосоз чунин иброз намуданд: «Яке аз омилҳои асосии устувории иҷтимоию сиёсии ҷомеа Қонуни асосӣ ва қонунҳое мебошанд, ки ба талаботи шароиту замон ҷавобгӯ ҳастанд. Як қатор бахшҳои муҳими Қонуни асосии ҷумҳурӣ ва дигар қонунҳое, ки дар заминаи онҳо таҳия гардидаанд, куҳна шудаанд ва ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ рост намеоянд. Аз ин рӯ, имрӯз барои мо вазифаи аз ҳама муҳим ин тайёр намудан ва қабул кардани Қонуни асосии кишварамон мебошад».
Дар ин суханронӣ Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати амалӣ шудани ҳамаҷонибаи онҳо дар Қонуни асосии кишвар диққати аввалиндараҷа дода, чунин таъкид карданд: «Қонуни асосӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро  муайян намуда, доираи татбиқи онро танзим мекунад. Таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон яке аз рукнҳои муҳими Қонуни асосии Тоҷикистонро ташкил хоҳад кард. Ҳукуқи зистан, озодона фаъолият кардан (аз ҷумла фаъолияти сиёсӣ ва эҷодӣ), баробар будани ҳамагон дар назди қонун ва масъулиятшиносии ҳар фард ин ҳама нуктаҳое ҳастанд, ки дар Конститутсияи аксари давлатҳои ҷаҳон сабт шудаанд. Гап фақат дар сари татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрванд аст, ки вобаста ба шароити мушаххаси ҷомеаи инсонӣ, суннатҳои таърихию маънавии кишвар, сатҳи рушди фарҳанги сиёсии мардум сурат мегирад».
Тибқи таъкидҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳуқуқҳои конститутсионии инсон дар Конститутсияи кишвар ба танзими ҳамаҷониба фаро гирифта шуданд. Қобил ба зикр аст,  ки  аз 100 моддаи Конститутсия 34 моддаи он (зиёда 1/3 ҳисса) ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон бахшида шудааст.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки мавриди баҳсу мунозираҳои зиёд дар гурӯҳи корӣ ва комиссияи конститутсионӣ гардид, ин интихоби шакли идоракунии давлат, яъне интихоби шакли ҷумҳурӣ – ҷумҳурии парламентӣ ё ҷумҳурии президентӣ буд. Ин баҳсу мунозираҳо сабаби он гардиданд, ки гурӯҳи корӣ ба Комиссияи конститутсионӣ ду лоиҳаи Конститутсияро, яке лоиҳае, ки дар он ҷумҳурии парламентӣ пешбинӣ гардидааст ва дигар лоиҳае, ки дар он ҷумҳурии президентӣ ифода шудааст, пешниҳод намояд.
Ҳангоми муҳокимаи ин лоиҳаҳо дар Комиссияи конститутсионӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро оид ба ин масъала иброз дошта, ҷонибдории худро аз ҷумҳурии президентӣ изҳор намуданд. Оид ба ин масъала Сарвари давлат дар иҷлосияи нуздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфтанд: «Бо назардошти тамоми хусусиятҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни кишвар, ба мақсади муташаккилона гузарондани ислоҳот ва таҷрибаи талхи давлатдории  собиқи  худ,  шакли мувофиқ ва боэътимоде, ки имрӯз ба шароити мушаххаси Тоҷикистон ҷавоб медиҳад, ҷумҳурии президентӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси Тоҷикистон мебошад».
Бояд зикр намоем, ки андешаҳои Сарвари давлат дар Комиссияи конститутсионӣ оид ба ҷумҳурии президентӣ аксарияти аъзои Комиссияро муътақид кард ва онҳо ба тарафдории пешниҳоди лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ овоз доданд.  
Як воқеияти дигарро ҳам бояд хотирнишон кард, ки ақидаи худро оид ба шакли идораи президентӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар суханронии худ дар иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки 28-уми декабри соли 1993 баргузор шуда буд, иброз намуда буданд: «Пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар атрофи масъалаҳои шаклҳои идораи давлатӣ, қабули Конститутсия ва интихоботи Парлумон баҳсу мунозираҳои ниҳонию ошкоро сурат мегиранд. Мехостам назари шахсии хешро ба масоили мазкур баён созам. Ҳоло бештар сухан дар бораи идораи президентӣ ва парлумонӣ меравад. Боварӣ дорам, ки тарафдорони ҳар ду навъи идораи давлатӣ бурҳону андешаҳои раднопазир оварда метавонанд… Шахсан ман, ҷонибдори идораи мустақили президентӣ ҳастам. Танҳо як ҷиҳаташро таъкид мекунам, ки дар шароити давраи гузариш идораи мустаҳками президентӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳои умда имконият медиҳад. Табиист, ки Раиси ҷумҳур низ бояд ба тарзи умумихалқӣ интихоб гардад. Ман ҳамеша мегуфтам ва ҳозир ҳам таъкид мекунам, ки ҳеҷ гоҳ аз масъалаи интихоботи умумихалқӣ рӯ нагардондаам ва барои он омода ҳастам». 
Масъалаи дигаре, ки боиси таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид, ин тарзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Оид ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Изҳороти  сиёсӣ аз 28-уми декабри соли 1993 чунин таъкид намуда буданд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман ҳамчун Сардори давлат изҳор мекунам, ки асоси эҷоди ин навъи давлатро Конститутсияи нави ҷумҳурӣ мегузорад. Дар ин бобат кори пурмаҳсул дар ҷараён аст ва моҳҳои наздик лоиҳаи Қонуни асосӣ пурра иншо мешавад. Бинобар ин, ман дар андешаи онам, ки бояд Шурои Олӣ лоиҳаи Қонуни асосии навро баррасӣ карда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд.  Баъд аз хатми муҳокима таҳрири ниҳоии лоиҳаи Конститутсия ва гузарондани раъйпурсии умумӣ он қабул шавад».
Ин андешаи худро Сарвари давлат дар «Муроҷиатнома ба ҳамватанони хориҷи хоки Тоҷикистон» 16-уми январи соли 1994  чунин иброз намуда буданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ватани азизи мову шумо дар арафаи дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ қарор дорад, таърих бори дигар ба тоҷикон имконият фароҳам меоварад, ки дар офаридани сарнавишти ин миллати куҳан ҳамагон саҳм бигиранд. Мо бояд Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба муҳокима кунем, онро ба раъйпурсии ҳамагонӣ гузорем, бар пояи Қонуни асосии навин интихоботи мақомоти олии ҷумҳуриро гузаронем». 
Дар иҷлосияи XIX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20-уми июли соли 1994  баргузор гардид ва дар он оид ба тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул гардид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маъруза баромад карда, дар бораи аҳамияту моҳияти ин санади сарнавиштсоз андешаҳои худро иброз намуданд. Аз ҷумла, оид ба тарзи қабули ин санад чунин зикр карданд: «Оид  ба тарзи қабули Конститутсия, муҳлати интихоби Президент, Парламенти ҷумҳурӣ фикру ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Ман бар он муътақидам, ки Қонуни асосиро ба воситаи раъйпурсӣ қабул ва Президентро ба тариқи умумихалқӣ интихоб намудан лозим аст. Ман аминам, ки мардуми босабру бо таҳаммули мо озодона Сарвари худро интихоб ва Қонуни асосиро қабул менамояд». 
Сабаби асосии чунин тарзи қабули Конститутсияро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат чунин баён карданд: «Конститутсия ба муҳокимаи васеи мардум пешниҳод гардид ва зарурати аз тариқи раъйпурсӣ қабул кардани он маъқул дониста шуд. Зеро таҷрибаи талхи солҳои навадум талаб мекард, ки Конститутсияро худи халқ қабул намояд. Дар он айём зери таъсири майдонҳо ва гурӯҳҳои ҷонибдори онҳо ба Конститутсия дар як рӯз чандин тағйирот, аз ҷумла тағйироти мухолифи ҳамдигар, ворид карда мешуданд ва онҳо дар маҷмуъ, ин санади олиро ба қонуни одӣ ва бозичаи дасти худ табдил дода буданд. Ин зарурат, инчунин, аз принсипи ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалкӣ сарчашма мегирад». 
Дар асоси ин пешниҳодҳои Сарвари давлат лоиҳаи Конститутсия аввал ба муҳокимаи умумихалқӣ (аз 13-уми апрел то 1-уми июли соли 1994) ва баъд ба овоздиҳии умумихалқӣ пешниҳод гардид. 6-уми ноябри соли 1994 раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Мувофиқи ахбори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 87,59 фоизи овоздиҳандагон ба тарафдории Конститутсия овоз доданд. Дар ин асос Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардид ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи қабули Конститутсия 6-уми ноябр рӯзи ид эълон гардид ва ҳар сол ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Бо қабули Конститутсия асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон гузошта шуд, мамлакат ба шоҳроҳи рушду тараққиёти худ ворид гардид, дар натиҷа дар кишвар дигаргуниҳои куллӣ бавуҷуд омаданд. 
Ҳамон тавре гуфтаҳои боло тасдиқ менамоянд, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба он маҳз бо ташаббус, заҳмату талошҳо ва истодагарию  пофишориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сурат  гирифтанд. Аз ҷумла, дар онҳо масъалаҳои калидӣ – барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон, зарурати ҳокимияти президентӣ, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия, таҳкими Конститутсия бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳои саривақтӣ ба он, ташкил ва такмили низоми мақомоти давлатӣ ва таъмини фаъолияти самараноки он ва ба мисли онҳо пешниҳод, қабул ва амалӣ гардиданд, ки ҳама баёнгари он мебошанд,  ки, дарвоқеъ,  Асосгузори  сулҳу   ваҳдати   миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Зариф АЛИЗОДА, ҳуқуқшинос

Санаи нашр: 11.10.2024 №: 199
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив