ДИЛБОХТА
Табиати инсон аҷиб аст. Гоҳо байни издиҳоми одамон чашмонат гӯё танҳо як нафарро мебинанд ва дар хаёлат то ҷовидон чеҳраи ӯ нақш мебандад. Инак, даҳ сол мешавад, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекунам. Тули ин солҳо бисёриҳо ба кор омаданду қисме аз кор рафтанд. Табиист, ки на ҳама дилбохтаи кор мешавад. Аммо, Гулистон Мавлоназарова, то ба нафақа баромадан, тули 40 сол «Ҷумҳурият»-ро тарк накард, зеро ин даргоҳ барояш муқаддас буд.
Албатта, зиёданд сарсупурдаву дилдода ва фидоиёни ин ҷаридаи садсола, вале муҳаббати хосу рафтори намунавӣ ва насиҳатҳои модаронаи ин бонуи ҳалиму меҳрубон ва хушсухану хушрафтор аз лавҳи хотироти ҳеҷ яки мо зудуда нахоҳанд шуд. Апаи Гулистон, мо ӯро бо эҳтиром ҳамин тавр ном мебурдем, нисбат ба кормандон модарона рафтор мекард. Дар рӯзнома нест нафаре, ки аз насиҳатҳову маслиҳатҳои судманди ӯ баҳра набурда бошад. Рӯзи ба кор омаданам, апаи Гулистон ба ҳайси мудири шуъбаи кадрҳо фаъолият мекард. Ба хубӣ ёд дорам, ки баробари тасдиқ шудани фармони ман ба кор, маро наздаш даъват карда, чунин насиҳату маслиҳатам дод: «Ба коллективи мо хуш омадӣ. Ин ҷо макони дӯстдорони каломи бадеъ ва эҷодкорҳост. Бояд хеле эҳтиёткор бошӣ. Қабл аз ҳама, эҳтирому самимиятро нисбат ба кормандон ба ҷо ор. Ин коргоҳро мисли хонаи худ ва ҳамкоронро ҳамчун узви оилаат бидон. Духтарам, туро акнун, дар дигар идораву корхонаҳо ҳамчун намояндаи ин рӯзнома – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз мегиранд ва чеҳраи он мешиносанд. Ту шуруъ аз имрӯз, корманди «Ҷумҳурият» ҳастӣ…».
Ин суханонеанд, ки ҳамеша дар ёдам мондаанд ва апаи Гулистон бо ҳамаи тоза ба кор омадагон ин гуна муносибати ҳасана дошт. Дар ғаму шодӣ моро ҳамроҳӣ мекарду баробарамон мегиристу механдид. Воқеан, ӯ соҳиби таҷрибаи бойи кору рӯзгор буд. Тайи солҳои корӣ бо садҳо шахсиятҳои шинохтаи кишвар ҳамкорӣ карда, бо ифтихор худро духтари содиқи «Ҷумҳурият» муаррифӣ мекард. Чеҳраи кушоду дасти сахиаш дарак аз муҳаббати волои ӯ нисбат ба коргоҳу кормандонро медод. Ҳар гоҳ ки самимияти апаи Гулистонро нисбат ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва дигар рӯзномаҳо медидам, бароям аҷиб менамуд ва аз худ суол мекардам. Наход, кас ин қадар ошиқи кор бошад? Вақте фаҳмидам, ки ӯ фаъолияташро аз 18-солагӣ, аз соли 1982 дар ҳамин идора оғоз намудаву ба қавле мӯйи сиёҳашро дар ин ҷо сафед кардааст, дарк намудам, ки ин қадар меҳрубонӣ нисбат ба «Ҷумҳурият» аз куҷост. Боре дар маъракае, аз апаи Гулистон таърихи зодрӯзи яке аз ҳамкоронро пурсида, ҳайрон шудам. Ӯ рӯзу моҳу соли таваллуд ва ҷойи зисти тамоми кормандонро аз ёд медонисту бо оилаи ҳар яки он робитаи дӯстӣ дошт. Ҳифзи мактубу мақолаҳо ва сари вақт дастрас намудани ҳар яки онро вазифаи аввалиндараҷа медонисту мунтазам таъкид менамуд, ки ба қадри ҳар ҳарфи навиштаи эҷодкор бояд расид. Саҳми апаи Гулистон на танҳо дар пешрафти рӯзномаи «Ҷумҳурият», балки ӯ ҳуруфчину мусаҳҳеҳи моҳномаҳои шаҳру ноҳияҳо низ буд. Кӯшиш менамуд, ки дар саҳфаҳои рӯзнома хатое ҷой надошта бошад. Мунтазам таъкидамон мекард, ки бе ғалат нависем, зеро рӯи ҳар як матлаби мо чеҳраамон дида мешавад.
Ӯ тавонист давоми фаъолияташ барои гузашта, имрӯза ва ояндаи коргарзанони рӯзнома нақши муҳим бигзорад. Сари вақт ба кор, ба идора меомад, дар интизоми меҳнат ва муомилаву муошират, дӯст доштани кору касби худ воқеан, намунаи ибрат буд. Шиораш дар кор «Корро ҳалол бикун ва нонро ҳалол бихӯр» буд.
Апаи Гулистон имрӯз дар истироҳати бофароғат аст, давлати пирӣ меронад, аммо бо мо робитаро нагусастааст. Ҳамеша аз мо хабар мегирад.
Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.10.2024 №: 199