ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

14 октябр 2024, Душанбе
18
0

 
Истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи ноҳияи Рӯшон
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рӯшон оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дигар шахсони расмӣ ва сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Рӯшон бо самимияти хоса, руҳияи идона ва меҳри беандоза истиқбол гирифтанд. Барои истиқболи меҳмони олиқадр аҳли санъат ва ҳунар барномаи рангину фарҳангиро дар сатҳи баланд баргузор намуданд.
Дар ноҳияи Рӯшон барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ гардида, раванди созандагиҳо вусъати тоза касб мекунанд.
Имрӯз симои ноҳия бо қомат афрохтани иншооту биноҳои муосир куллан тағйир ёфтааст ва қудуми файзбори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вусъати корҳои ободонӣ заминаи бештар мегузорад.
Ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ 
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дар маркази ноҳияи Рӯшон дар фазои тантанавӣ майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия дар масоҳати 600 метри мураббаъ, дар паҳлуи сутунпояи Парчами давлатӣ ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бунёд шуд. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, майдони назди он бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш ёфтааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки сохтмони майдони Нишони давлатӣ моҳи июл оғоз гашта, бо саҳми соҳибкорони бонангу номуси  ноҳияи Рӯшон ва сокинони маҳаллӣ  дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расид.
Бо мақсади ободу зебо ва назаррабо гардидани майдони Нишони давлатӣ, даромадгоҳ ва роҳравҳо сафолпӯш шуда, гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию ҳамешасабз шинонда шуданд. Чароғонии ин мавзеъ ва насби суҳбаткадаҳо имкон медиҳад, ки сокинону меҳмонони ноҳия рӯзона ва шабона сайругашт намоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ба вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ҳидоят карданд.

Гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти кӯҳистон” 
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон аз гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти кӯҳистон” боздид намуданд.
ҶДММ “Сабзавоти кӯҳистон” тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади таъсиси ҷойҳои кор ва фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза, аз ҷониби соҳибкор Ҳамдам Давлатмамадов сохта шуд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки гармхона дар масоҳати 1,5 гектар замин доман густурда, дар он намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла помидор, қаланфури булғорӣ, бодиринг, боимҷон, сабзаҷот, гулкарам ва полизиҳо, кишту парвариш мешаванд.
Баъди ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ “Сабзавоти кӯҳистон”,  8 нафар сокини маҳаллӣ, ки дар самти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ дорад, бо кори доимӣ ва 24 нафар бо кори мавсимӣ таъмин гардиданд.
Масъулон бо истифодаи дурусти агротехникаи парвариши зироатҳо ва кишти такрорӣ ният доранд, ки ҳамасола аз 65 то 120 тонна маҳсулот ба даст оварда, дар таъмини бозори истеъмолии вилоят саҳм гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати бунёди гармхонаҳо дар шароити кӯҳистон метавонад қадами устувор дар самти ноил шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фасли сол бошад. Пас аз шиносоӣ аз ҳолати нашъунамои сабзавот ва иқтидори гармхона, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот ва полизию донагиҳо, ки маҳсули заҳмати хоҷагидорони ноҳия мебошанд, ба маъраз гузошта шуда буд. Тибқи маълумот, масоҳати заминҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Рӯшон зиёда аз 1600 гектарро ташкил намуда, хоҷагидорон бо истифода аз техникаҳои муосири соҳавӣ ва дуруст ба роҳ мондани қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии давлатии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия як қатор техника ва мошинолоти соҳавӣ тақдим намуда, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, истифодаи оқилонаи замин, рӯёндани аз ду то се ҳосил ва саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ, ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон”
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшиданд.
Ҷамъият дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кор ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ниёзбегим Абдулова таъсис ёфт. Корхона аз рӯи самти фаъолият дар ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 1200 тонна меваи хушк ва 500 ҳазор қуттии шартии консерви меваю сабзавотро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нави саноатӣ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, дар он 12 номгӯи маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза бо риояи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” 25 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла 15 зан, бо кор ва маоши хуб таъмин шуда, шумораи коргарон дар ояндаи наздик ба 100 нафар хоҳад расид. Меваю сабзавот аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харид шуда, дар шаш сардхона нигоҳ дошта мешавад. Сардхонаҳо, ки иқтидори ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулотро доранд, ба таъмини фаъолияти муназзами корхона дар ҳамаи фаслҳои сол мусоидат менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити кӯҳистон бунёд намудани чунин корхонаи саноатӣ намунаи ибрат гуфта, иброз доштанд, ки ин тадбир метавонад ба истифодаи оқилонаи замин, гирифтани ҳосили зиёд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуда, ба масъулон барои зиёд намудани номгӯйи маҳсулот ва ғановати бозори истеъмолӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Сипас, ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки дар шафати ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” сохта мешавад, муаррифӣ шуд. Иншоот бо тарҳи замонавӣ бунёд гашта, дорои ошхона, маркази фурӯши армуғонҳо, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайян бунёд намудани иншоот ба масъулон дастурҳои мушаххас доданд.

Муаррифии лоиҳаҳои бунёди бинои истиқоматӣ 
ва корхонаи “Сендвич Панел” 
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон ба лоиҳаи ангоравии бинои панҷошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки дар маркази ноҳия сохта мешавад, шинос шуданд.
Масъулон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои мазкур панҷошёна буда, дар масоҳати 0,22 гектар қомат хоҳад афрохт. Ҳангоми таҳияи лоиҳа 24 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ ба нақша гирифта шудааст. Мактабу боғчаи бачагона, дармонгоҳу марказҳои савдою хизматрасонӣ дар наздиктарин масофа ҷойгир мебошанд.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии "Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" буда, ҳоло корҳои оҳану бетонӣ дар таҳхонаи иншоот бомаром идома доранд. Дар сохтмони иншоот 28 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардида, бо гузариш ба ошёнаҳои якум ва дуюм иловатан 20 нафари дигар ба кор ҷалб  мешавад.
Тавре таъкид гардид, таъмини хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи  онҳо бо манзили истиқоматӣ доимо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бино ба масъулон маслиҳатҳои муфид дода, зимни иҷрои корҳо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ, санъати меъмории миллӣ ва риояи меъёри талаботи муосири шаҳрсозиро ҳатмӣ арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин ҷо, ҳамзамон, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи корхонаи «Сендвич Панел» муаррифӣ шуд. Оянда  дар корхонаи мазкур бо насби технологияи нав истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла ангарҳои гуногунандоза, ба роҳ монда мешавад. Корхонаи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ба хотири таъсиси ҷойҳои нави кор ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ивазкунандаи воридот бунёд мегардад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхона, асосан, ба соҳаи моҳипарварварӣ, махсусан ҳавзҳои муосири парвариши гулмоҳӣ, пешбинӣ гардидааст. Дар асоси фармоиш, ҳамзамон, истеҳсоли ангарҳои гуногунандоза барои бомпӯшнамоии иншооти ёрирасон ба роҳ монда мешавад. Барои бунёди корхона, аллакай, 3,5 гектар замин ҷудо шуда, тахту ҳамворкунии зери иншоот амалӣ гардид ва корҳои сохтмонӣ бояд оғоз ёбанд. Технологияи навтарин барои корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва насб  мегардад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки агар барои бунёди як ҳавзи парвариши гулмоҳӣ тавассути оҳану бетон то 100 ҳазор сомонӣ хароҷот шавад, арзиши ҳамин андоза ҳавзи металлӣ 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ноҳияи Рӯшон барои парвариши гулмоҳӣ басо созгор аст. Барои парвариши ин навъи моҳӣ соҳибкорон, аллакай, 12 гектар заминро дар соҳили рӯди деҳаи Хуф  ба нақша гирифтаанд.  Дар ин мавзеъ оянда тавассути ангарҳои металлӣ   ҳавзҳои муосири моҳипарварӣ бунёд гардида, имкони истеҳсоли 1000 тонна гулмоҳӣ ва таъмини наздики 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойҳои нави кор таъмин мегардад. Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи «Сендвич Панел», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои бунёди чунин корхонаи муосир, дастгирии ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ташкили ҷойҳои нави кор изҳори сипос намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ноҳияи Рӯшон дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 165 иншоот ба нақша гирифта шуда, аллакай, 115-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт  ва дар 50 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон ва маъюбон 
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Сафина» бо 100 нафар ятимону маъюбони ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Шуғнон ва Рӯшон суҳбати самимӣ оростанд.
Тибқи иттилои масъулон, ҳоло дар ноҳияи Рӯшон қариб 240 ятим ва наздики 100 нафар шахсони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва парастории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳоло дар ноҳия барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо як мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ ва як мактаб-интернати наздимактабӣ фаъолият менамояд.
Бо давра ба давра таҳким бахшидани муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони ятиму бепарасторе, ки бо амри тақдир аз падар ё модар маҳрум мондаанд, сатҳу сифати нигоҳубини онҳо дар муассисаҳои таълимӣ бамаротиб беҳтару хубтар мешавад ва ин раванд оянда низ идома меёбад. Хурсандиовар аст, ки, дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои инсондӯстонаи Сарвари давлат, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо аз тарафи шахсони алоҳида ба ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд пайваста кумак расонда мешавад. Ятимону маъюбон суҳбату вохӯрии имрӯзаро бесаброна интизор буданд, зеро, ба андешаи онҳо, суханҳои инсондӯстонаи Роҳбари давлат ба зиндагияшон умеди тоза мебахшад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ятимону маъюбон иштироки онҳоро дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ муҳим маънидод намуда, ба масъулон дар самти таъмини иштироки фаъолонаашон дар ҳамаи озмунҳо ва дар руҳияи ватандӯстӣ ба воя расидан дастуру маслиҳатҳо доданд. 
Сарвари давлат ба ятимону маъюбон либос, ширинӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд, ки ин боиси шодию нишоти  онҳо гардид.

Маркази инкишофи кӯдакони “Шайдо” 
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рӯшон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои хуштарҳу муосири маркази инкишофи кӯдакони “Шайдо”-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар ин рӯз хурсандии сокинони ноҳия ва беш аз 120 кӯдакро ҳадду канор набуд, зеро маҳз бо иштироки Сарвари давлат барояшон бинои зебову замонавии сеошёнаи марказ ба фаъолият шуруъ намуд. Он аз тарафи соҳибкори ватанӣ Достамбуев Назархудо дар муддати ду сол бунёд гардида, баҳри татбиқи Стратегияи миллии фарогирии кӯдакони синну соли томактабӣ то соли 2030 мусоидат хоҳад кард. Дар марказ кӯдакони 4-6-сола ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд, ки барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо мураббияҳои соҳибтаҷрибаву забондон ҷалб шудаанд. Таълиму тарбия дар ин ҷо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба кӯдакон, ҳамчунин, забонҳои русиву англисӣ омӯзонда мешаванд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассиса дорои ошхона барои зиёда аз 100 нафар, чор синфхонаи таълимӣ, толори кушоду барҳавои варзишиву мусиқӣ дар ошёнаи сеюм ва майдончаи бозии кӯдакон дар саҳни бино мебошад. Дар ошёнаи сеюми бинои навбунёд ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Марказ, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон ва маъмурияти муассиса, ҳамшираи шафқат ва равоншинос буда, ба талаботи замон мувофиқ аст. Сокинони хуштолеи ноҳияи Рӯшон ба Сарвари давлат ҷиҳати таваҷҷуҳи доимияшон ба соҳибкорон ва дар мавзеи кӯҳӣ фароҳам овардани чунин шароити муосири таълиму тарбияи кӯдакон изҳори сипосу миннатдории самимӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди чунин як иншооти муосири соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуда, зиёд кардани шумораи чунин марказҳои инкишофи кӯдаконро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд. 

Кӯдакистони 2-и деҳоти Баррӯшон 
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кӯдакистони 2-и деҳоти Баррӯшони ноҳияи Рӯшонро ба тариқи видеоӣ ифтитоҳ карданд.
Муассисаи томактабӣ дуошёна буда, барои 150 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст ва он дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо ҷалби шарикони рушд сохта шуд. 
Иншоот аз панҷ ҳуҷра барои таълиму тарбия ва панҷ ҳуҷраи дигар барои хоби кӯдакон, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона бо 150 ҷойи нишаст ва толор барои машғулиятҳо иборат мебошад. Барои истироҳату фароғати кӯдакон дар саҳни бино майдончаи бозии тобистона бо таҷҳизоти зарурӣ бунёд ёфт. Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи томактабӣ, 30 ҷойи нави кор фароҳам гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар деҳот намунаи дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар арзёбӣ карданд.    
Тарбияи томактабӣ дар рушди малакаи зеҳнии кӯдакон нақши муҳим мебозад ва бо таъсиси чунин кӯдакистонҳои хуштарҳу муосир онҳо аз таълиму тарбия дур намонда, ҳамчун фарзандони солимфикр ба мактаб хуб омода мешаванд. Ҳамаи синфхонаҳои муассиса дар фасли сармо тариқи низоми гармидиҳии мустақил, ки бо неруи барқ ва панелҳои офтобӣ фаъолият менамояд, гарм нигоҳ дошта мешаванд.
Ба фаъолият оғоз намудани кӯдакистони мазкур орзуи деринаи сокинони деҳоти Баррӯшон ба шумор меравад, зеро дар ин деҳот талаботи кӯдакон ба боғча зиёд аст. 
Сарвари давлат зимни суҳбат кормандони соҳаи маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи дӯстрӯякон масъулияти баланд эҳсос намоянд.
Бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшон
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Рӯшонро ба истифода доданд. 
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои нуҳ ҳуҷраи корӣ мебошад, ки ҳар яки онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти лозимӣ муҷаҳҳаз карда шуданд. Маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст дар ошёнаи дуюм ҷойгир буда, дар он барои ташкилу баргузор кардани ҷамъомадҳои гуногун шароити мусоид фароҳам мебошад.  
Бинои маъмурии деҳоти Рӯшон дар заминаи собиқ бинои Ҷамоат, ки бо мурури замон таъмирталаб гардида буд, дар масоҳати  6 садяк замин бо сифати баланд сохта шуд. Ҳоло шумораи кормандони ҷамоат беш аз 10 нафарро ташкил менамояд, ки аксари онҳо ҷавононанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки минбаъд бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида, дар бинои Ҷамоат ба сокинони панҷ деҳа, ки дар умум беш аз 6 ҳазору 620 нафарро дар бар мегиранд, хизматрасонии босифат расонда мешавад. Лозим ба таъкид аст, ки асоси рушди ноҳияи Рӯшон ба даврони соҳибистиқлолии кишвар рост меояд ва дар зарфи сию се соли соҳибистиқлолӣ, махсусан чанд соли охир, бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб беҳтару хубтар гардидааст.  
Кормандони Ҷамоати деҳоти Рӯшон ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ саҳми арзишманд мегузоранд. 

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯшон
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолон ва сокинон мулоқот намуда, суханронӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯшон барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос карданд.
Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Рӯшон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда барору комёбиҳо орзу намуданд. Дар ҷамъбасти нишаст Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот муроҷиат намуда, таъкид доштанд, ки бо мардум муомилаи хуб дошта бошанд. Аз ҷумла, изҳор доштанд, ки “вазифаи мо хизмат ба мардум аст”.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа 
12-уми октябр дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд. Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинон ва аҳли фарҳанги ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар маркази ноҳия, нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Ҷамоати деҳоти Роштқалъаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муҳайёшуда шинос гардиданд. Бинои Ҷамоат аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда,  дорои 19 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 58 ҷойи нишаст мебошад.  Масоҳати бинои Ҷамоат 755 метри мураббаъро ташкил дода, ба маблағи 4 миллиону 728 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт. Иншоот бо  дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, дорои шароити мусоиди корӣ мебошад. Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро  ба хизмати софдилона ва татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Сохтмони бинои нави Ҷамоати деҳоти Роштқалъа моҳи сентябри соли 2020 оғоз гарида, аз ҷониби ширкатҳои маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талаботи замон сохта шуд. Дар иншоот системаи ягонаи гармидиҳӣ мавҷуд буда, дар фасли зимистон ҳуҷраҳои корӣ бо гармӣ таъмин карда мешаванд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Ҷамоат, сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон боз ҳам беҳтар мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон истифодаи самараноки шароити муҳайёгардидаро таъкид намуда, иброз доштанд, ки бояд иҷрои ҳамаҷонибаи қонунҳои амалкунанда дар меҳвари фаъолияти кормандон қарор дошта бошад ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар сатҳи маҳал боз ҳам хубтар шавад.

Ба истифода додани бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Роштқалъа бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нав, ки аз ду ошёна иборат аст, дорои ҳафт ҳуҷраи корӣ, китобхона ва маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст мебошад ва дар он барои кормандон шароити хуб фароҳам оварда шуд. Дар китобхонаи он китобҳои тозанашр, хоса асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёти илмиву бадеӣ маҳфуз буда, дар толори хониш кормандон ва аъзои ҳизб метавонанд ба мутолаа машғул шаванд. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавиро дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандону аъзои ҳизб туҳфаи арзанда арзёбӣ намуданд. Сохтмони бинои мазкур моҳи июли соли 2023 оғоз гардида, барои иҷрои корҳо 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ харҷ шуд. Барои дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ва бунёди иншооти муосир бо имконоти замонавӣ кормандону аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ  намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои иҷрои боз ҳам босифати нақшаву барномаҳои ҳизб, саҳмгузорӣ дар рушди маҳал, пешбурди фаъолияти самараноку созанда, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-ро, ки аз чор ошёна иборат мебошад, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти тозабунёди соҳаи маориф дорои шароити муосири илмомӯзӣ буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки мактаб дар масоҳати 2134 метри мураббаъ сохта шуда, дар он 31 синфхонаи таълимӣ, маҷлисгоҳ бо 300 ҷой нишаст, толори варзиш, ошхона ва китобхона мавҷуд аст.
Ифтитоҳи мактаби нав ва таъмини шароити хуби таҳсил идомаи иқдому ташаббусҳои ояндасози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фаро гирифтани хонандагон ба низоми муосири таълим буда, оянда барои тарбияи ҷавонони донишманду худшинос мусоидат мекунад. Сохтмони иншоот тибқи фармоиши Муассисаи давлатии Дирексияи сохтоми иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати  беш аз ду сол бо ҷалби 150 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расид. Дар мактаб ҳашт синфхонаи фаннӣ мавҷуд буда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. 
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагони Муассисаи навбунёд, таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи маориф тамоми тадбирҳоро  амалӣ менамояд. Аз ин рӯ, хонандагонро лозим аст, ки аз ин имконот самаранок истифода намуда,  дониш омӯзанд, илму техникаи муосир ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд. Барои таъмини гармӣ дар бино иншооти алоҳида бунёд шудааст, ки бо ангишт фаъолият менамояд ва тавассути он ба тамоми синфхонаҳои таълимӣ дар фасли тирамоҳу зимистон гармӣ дода мешавад. 
Дар марказ ва деҳоти ноҳия ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳсозии сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ҳоло корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ дар чор муассисаи таълимӣ идома доранд. Аз рӯйи маълумот, ҳоло дар 41 муассисаи таълимии ноҳияи Роштқалъа зиёда аз 4 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон 
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 бо лоиҳаи бинои қасри фарҳанг ва кӯдакистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа шинос шуданд.
Дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои дуошёнаи қасри фарҳанг ва кӯдакистон барои 200 нафар  бунёд мегардад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз рӯи лоиҳа бинои қасри фарҳанги ноҳияи Роштқалъа дар масоҳати 2245 метри мураббаъ, ба таври муосир ва бо назардошти унсурҳои хоси миллӣ бунёд шуда, дар ин замина, барои кормандони бахши фарҳанг шароити хуби корӣ муҳайё мегардад. Дар иншооти соҳаи фарҳанг бунёди толор бо 515 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои кор ва дигар инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ шуда, дар оянда барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Биноҳои қасри фарҳанг ва кӯдакистон тибқи фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бунёд мегарданд.
Тибқи лоиҳа, бинои дуошёнаи кӯдакистон дар масоҳати 2200 метри мураббаъ сохта шуда, дар он синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо лавозимоту аёниятҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, майдонча барои бозӣ ва фароғати кӯдакон, фаввора ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад ва оянда барои насли навраси ин ноҳияи дурдаст шароити хуби таълим фароҳам оварда мешавад.  Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа хатҳои интиқоли барқи баландшиддати Хоруғ – Қозидеҳ, Сурхсангов – Ванҷ ва пули мошингузари деҳаи Даштакро ба таври онлайн мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои нави иншооти энергетикӣ, ки дар ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим ва Рӯшон амалӣ мегарданд, шинос шуданд.
Хатти интиқоли барқи баландшиддати 110 кВ Хоруғ – Қозидеҳ ва хатти интиқоли барқи баландшиддати 35 кВ Сурхсангов – Ванҷ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, дарозии он 84,5 километрро ташкил медиҳад. Бо роҳандозии ин тадбир, сатҳи садаманокӣ дар низоми ягонаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бамаротиб коҳиш ёфта, сифати барқтаъминкунӣ ба аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим беҳтар мегарданд. 
Пеш аз ин ба ноҳияҳои вилоят интиқоли барқ тавассути хатҳои 10 кВ сурат мегирифт, ки нокифоя буд. Бо андешидани тадбирҳои зарурӣ, хатти интиқоли барқи 10 кВ ба 35 кВ ва 110 кВ иваз шуд ва, ба ин восита, иқтидори интиқол ва сифати таъминоти аҳолӣ  хеле беҳтар гашт.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло, дар доираи лоиҳаи электрофикатсияи деҳоти Тоҷикистон, сохтмони 13 неругоҳи хурди обӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз идома дошта, дар 22 деҳаи ноҳияи Мурғоб панелҳои офтобӣ насб мешаванд. Ғайр аз ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд лоиҳаҳои нав, аз ҷумла лоиҳаҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Чартем» бо иқтидори 14 мВт дар ноҳияи Шуғнон, хатти интиқоли барқи 110 кВ дар ноҳияи Рӯшон ва зеристгоҳи 110 кВ дар ноҳияи Ишкошим амалӣ мешаванд. Пули мошингузар дар деҳаи Даштаки ноҳияи Роштқалъа дар доираи сохтмони НБО “Себзор” бо ҷалби шарикони рушд бо сифати баланд бунёд шуда, ду деҳаро ба ҳам мепайвандад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2023 оғоз гардида, дар муҳлати беш аз як сол ва бо сифати баланду ҷавогӯи талабот мавриди истифода қарор гирифт. Дарозии пул 34 метру паҳноияш 6 метр буда, иқтидори борбардории он 40 тоннаро ташкил медиҳад. Пеш аз ин сокинони деҳаҳои Барҷангал ва Даштак аз ин пули мошингузар, ки вайрону валангор буд, бо мушкилиҳои зиёд истифода мебурданд. Бунёди пули мошингузар на танҳо мушкилоти рафтуомади сокинонро бамаротиб осон менамояд, балки ба вусъати корҳои сохтмонӣ дар НБО “Себзор” мусоидат мекунад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои иҷрошуда дар сохтмони НБО “Себзор” муаррифӣ шуд. Ҳоло бо ҷалби беш аз 500 нафар коргарону мутахассисони ватанӣ корҳои сохтмонӣ дар сарбанди Неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо ва дигар қитъаҳои иншоот идома доранд. Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани се агрегат, бо иқтидори лоиҳавии 11 мВт фаъолият хоҳад кард. 
Бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори ширкати “Помир энерҷи” 25 дарсад баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтару хубтар хоҳад шуд. Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони НБО “Себзор” то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ, чароғонкунии  чор километр роҳи мошингард ва бунёди мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа дар назар аст.
Баъди ба кор даровардани ҳамаи агрегатҳо дар Неругоҳ, 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегардад.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ ороста, суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмати содиқонаи мардуми ноҳияи Роштқалъа баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии сарзамини аҷдодӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки ҳамаи талошҳои Ҳукумат дар доираи лоиҳаҳои амалигардида ба самти сохтмону муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, дастрас гардондану баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, нигоҳдории роҳҳо, бо барқ таъмин намудани деҳаҳо, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин, пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ равона шудааст.
Дар интиҳои суханронӣ Роҳбари давлат барои татбиқи ҳадафу нақшаҳои неку созанда ба сокинони ватандӯсту сарбаланди ноҳияи Роштқалъа барори кору сарфарозӣ орзу карданд.

Истиқболи Сарвари давлат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ
12-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ, ташриф оварданд.
Роҳбарияти вилоят ва сокинони шаҳри Хоруғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Дар фурудгоҳ аҳли санъату ҳунар барномаи рангини фарҳангиро, ки тараннумгари истиқлолу озодӣ ва хизматҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду пешрафти кишвар мебошанд, пешниҳод намуданд. Ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшида, дар самти расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кӯҳистон мусоидат мекунад.
Сокинони шаҳри Хоруғ аснои истиқболи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодиву сурур ва эҳтироми худро  нисбат ба Роҳбари давлат то кӯчаҳои марказӣ ва ду хиёбони асосӣ – Шириншоҳ Шоҳтемур ва Исмоили Сомонӣ, нишон доданд. 

Пешвози меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи ноҳияи Ишкошим
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Ишкошим ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳи муваққатӣ, воқеъ дар деҳаи Дашт, сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Маврид ба ёдоварист, ки ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим 110 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин шумора, то имрӯз 74 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар муҳайё намудани ҷойҳои нави кор, беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши муҳим мегузоранд.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди ангати ҶДММ “Гулчеҳра-80”
13-уми октябр сафари кории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим бо ифтитоҳи корхонаи коркарди ангати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гулчеҳра-80” оғоз гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ шинос шуда,  ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо харҷи 920 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, барои ноҳияи дурдасти Ишкошим аҳамияти калон дорад, зеро дар он дар баробари истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза,  ҳар мавсим беш аз 100 нафар бо кор таъмин мегардад. Равғани ангат ба бемориҳои зиёде даво мебошад. Аз ин рӯ, дар корхона хатти муосири технологӣ насб гардидааст, ки ашёи хомро бо сифати баланд коркард менамояд. Ашёи хом дар ин корхона меваи ангат буда, аз он 12 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад. 
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 500 килограмм равғани ангат аст.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ду корхона ба ҳисоби миёна дар як сол 430 литр равғани ангат истеҳсол менамояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти корхона, барои боз ҳам беҳтар намудани сифат, зиёд кардани шумораи ҷойҳои кор ва бештар намудани номгӯи маҳсулоти аз равғани ангат истеҳсолшаванда, ба масъулон ва соҳибкорон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Супурдани калиди хонаҳои истиқоматӣ 
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зугванди Поёни деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим хонаҳои истиқоматии навбунёдро барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, аз сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Биноҳои нави истиқоматӣ давоми бештар аз як моҳ бунёд ёфта, бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин шуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида суҳбати самимӣ анҷом дода, дар фазои тантанавӣ ба 13 оила калиди хонаҳои истиқоматиро супурданд. Сокинон, ки пеш аз фарорасии зимистон соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ шуданд, бо муҳаббату самимият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ намуданд. 
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ дар деҳаи Зугванди Поёни деҳоти Зонг бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 гектар замин ҷудо гардида буд, то ки дар ин маҳал манзилҳои истиқоматӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд шаванд.
Бо азму талоши созанда имрӯз дар ин ҷо маҳаллаи наве бунёд шудааст, ки хонаҳои истиқоматии он дорои панҷ ҳуҷра, ошхона, долон, роҳрав ва дигар шароити зарурӣ мебошанд. Роҳи маҳаллаи навбунёд дар масофаи 200 метр мумфарш ва чароғон шудааст. Ҳамчунин, ҳар як хонаи истиқоматӣ  бо хатти барқ ва об таъмин мебошад. Дар атрофи ҳар як хона дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои зебову рангоранги мавсимӣ парвариш мешаванд, ки зинатбахши маҳаллаи навбунёданд. 
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ масолеҳи зарурӣ ба зарардидагон дастрас шуд, то ки хонаҳои истиқоматӣ дар муҳлати муайяншуда бунёд шаванд. Бинокорон манзилҳои истиқоматиро бо масолеҳи босифат сохтаанд, то ки шароити зисти зарардидагон аз пештара дида, беҳтару хубтар бошад. Рафти корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматӣ барои аҳолии зарардида аз аввалин рӯзҳо зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Масъулони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллӣ вазифадор гардида буданд, ки хонаҳои зисти шаҳрвандон дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба истифода дода шаванд. Инчунин, дар маҳаллаи навбунёд дар масоҳати 8 садяк замин майдончаи варзиши наву замонавӣ сохта шуд, ки минбаъд сокинон, хусусан наврасону ҷавонон, ба тамринҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд. Дар майдончаи варзиш тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар майдончаи варзиш баҳои баланд дода, бунёди ин иншоотро  идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкоронаи  Ҳукумати кишвар арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони маҳаллаи навбунёдро барои соҳиб шудан ба хонаҳои нав табрик карда, иброз доштанд, ки мавзеи қитъаҳои замин ва хонаҳои пешинаашон аз нигоҳи бехатарӣ осебпазир аст. Аз ин рӯ, барои бунёди боғ ва дигар ҳадафҳои маишӣ минбаъд онро метавонанд истифода баранд. Сарвари давлат ба масъулони соҳа супориш доданд, ки ҳар як оилаи маҳаллаи навбунёдро бо як сар чорвои калони ҷӯшо, 10 сар моли майда ва сарулибоси зимистона таъмин созанд.

Бинои нави раёсати молия 
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим бинои нави хуштарҳу замонавии раёсати молияро дар ноҳия ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он шароити корӣ барои фаъолияти босамари кормандони соҳаи молияи ноҳия муҳайё гардидааст. Бино дуошёна буда, ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ сохта шуд. Он дорои ҳафт ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва иншооти ёрирасон мебошад.  Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд. Иншоот бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин аст. Корҳои сохтмонӣ дар бино моҳи сентябри соли 2023 оғоз гардида, аз ҷониби ҶДММ «Фараҳноз»  бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши технологияи муосири низоми молиявӣ вазифадор намуданд. Дар атрофи бино корҳои ободонӣ анҷом ёфта, гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ атрофи онро зинат бахшидаанд. Ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба Ҳукумати кишвар, махсусан ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сипосу миннатдорӣ баён намуданд.  

Ба истифода додани бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  дар ноҳияи Ишкошим мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароити бинои навбунёд шинос шуда, ба масъулон барои фаъолияти босамар, тарғиби ҳамаҷонибаи ҳадафу нақшаҳои созандаи Ҳизб, ки ба ободониву шукуфоии бештари Тоҷикистон равона гардидаанд,  дастуру маслиҳатҳо доданд. Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизб дар маркази ноҳияи Ишкошим бунёд ёфта, аз ду ошёна ва чор ҳуҷраи барҳавои корӣ иборат мебошад. Барои гузарондани маҷлису вохӯриҳои хурд дар иншоот толори алоҳида мавҷуд аст. Инчунин, иншоот дорои китобхонаи замонавӣ бо махзани ғании китоб ва ҳуҷраи алоҳидаи бойгонист. Иншоот бо маблағгузории Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ бунёд гардидааст. Намои берунаи иншоот низ бо сабку усули муосири меъморӣ оро ёфта, ободониву сабзкорӣ дар гирду атрофи бинои нав бо сифати баланд анҷом дода шуд. Иброз гардид, ки Кумита бо ҳамаи созмонҳои ибтидоии худ, ки теъдодашон дар ноҳия ба 61-то мерасад, имконияти фароҳамовардашударо  барои тарғиби бештари  барномаву нақшаҳои созандаи Ҳизб ва талқини ғояҳои ватандорӣ ҳамаҷонибаву самаранок истифода хоҳанд бурд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки ҳар корманд ва аъзои Ҳизб вазифадоранд, ки дар рушду ободонии кишвар ва татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи Ҳизб ҳиссагузор бошанд.

Бинои нави МТМУ №21 
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим, инчунин, ба фаъолияти бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 оғоз бахшида, бо шароити он аз наздик ошно шуданд.
Бинои нави Муассиса барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои имкониятҳои муосири таълимӣ мебошад. Он 22 синфхонаи барҳавои таълимӣ дорад.  Ғайр аз ин, 6 кабинети фаннӣ барои дарсҳои физика, химия ва биология ташкил гардида, дар синфхонаҳо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ насб гардидаанд. Синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо 25 компютер ва тахтаи электронӣ  таъмин аст.  
Иттилоъ дода шуд, ки маҳорати дӯзандагиро духтарон дар синфхонаи алоҳидаи таълими меҳнат аз бар менамоянд. Барои писарон низ синфхонаи алоҳидаи таълимӣ бо дастгоҳҳои гуногун ташкил гардид. Ба хотири  омӯзиши бозии шоҳмот ва гузарондани мусобиқаҳои шоҳмотбозӣ, дар Муассиса синфхонаи алоҳида фаъол аст. Китобхонаи бинои нав бо махзани ғании адабиёти таълимӣ ва бадеӣ таъмин буда, толори  хониш  барои хонандагон ташкил гардид.  Бинои нав, инчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва ошхона бо 50 ҷой мебошад. Толори варзиш низ бо 100 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст, ки дар он имконоти зарурӣ барои гузарондани дарс ва мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам мебошад. Таъмини гармӣ дар бинои нав аз тариқи буғхонаи алоҳида ба роҳ монда мешавад. Бинои нав дар масоҳати 2 гектар бунёд ёфта, аз 4 ошёна иборат аст. Дар саҳни Муассиса майдонҳои алоҳида барои бозиҳои футбол, волейбол ва майдони махсус барои обу тоби бадан сохта шудаанд. Корҳои ободониву сабзкорӣ дар саҳни таълимгоҳ бо сифати баланд ба сомон расидаанд.
Бояд зикр сохт, ки бинои қаблии Муассиса бо сабаби фарсудаву куҳна гардиданаш, имконияти қонеъсозии талаботи афзояндаро бо ҷойи нишаст надошт, аз ин рӯ, бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нав бо назардошти талаботи муосир сохта шуд. Бунёди мактаб масъалаи норасоии ҷойи нишастро дар маркази ноҳия ба пуррагӣ ҳал намуд.
Зимни боздид омӯзгорону хонандагон ба Сарвари давлат барои чунин туҳфаи бебаҳо ва дастгирии ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ карданд. Пас аз шиносоӣ ва суҳбати самимӣ бо мактабиён, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба таври онлайн Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-ро, ки дар деҳоти Птуп бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои ин Муассиса дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия барои 240 хонанда дар як баст сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад. Иншоот дорои 14 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ мебошад. Дар бинои нав бо 24 компютери наву замонавӣ ва тахтаи электронӣ синфхонаи алоҳидаи технологияи иттилоотӣ ташкил шуд.
Қомат афрохтани иншоот самара аз татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим ба шумор меравад. Бинои таълимӣ тибқи фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд ёфта, ин иқдом ба мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон, хоса дар сардиҳои зимистон, хатм бахшид. Таълимгоҳ дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳаз, низ бо шабакаи гармидиҳӣ, ки бо тариқи ангишт фаъолият менамояд, таъмин мебошад. Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва гузарондани машғулиятҳои варзишӣ дар саҳни иншоот ду варзишгоҳи замонавӣ бо 140 нишастгоҳ сохта шудааст. Чунин шароит имконият медиҳад, ки дар ин майдончаҳо сабқатҳои гуногуни варзишӣ гузаронда шаванд.  Гирду атроф ва намои берунаи иншоот бо сифати баланд ва дар доираи талаботи муосири соҳавӣ оро ёфтааст. 
Омӯзгорону хонандагон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави МТМУ №13-ро дар деҳоти дурдасти Птуп намунаи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи шахсии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас арзёбӣ карданд.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ишкошим 
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Ишкошимро ифтитоҳ карданд.
Маҷмааи калони варзиш бо майдони футбол ва дигар иншооти зарурии соҳа ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо харҷи 20 миллион сомонӣ дар майдони 3 гектар бунёд гардида, дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.
Дар рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ 60 дарсади кормандон аз ҳисоби сокинони  маҳаллӣ таъмин шуданд. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми иншоот барои мураббиёну варзишгарон 30 ҳуҷраи либосивазкунӣ, нуқтаи санитарӣ, ҳуҷраҳои корӣ, анбори таҷҳизоти варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуданд. Дар маҷмааи варзиш барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ва машқу тамрини наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам аст.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки минбаъд наврасону ҷавонони ноҳия ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи марказиро, пеш аз ҳама, барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар ноҳия ва умуман вилоят, муҳим арзёбӣ карда, онро ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзанда хонданд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ишкошим
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқот намуда, суханронӣ карданд.
Сарвари давлат аз талошҳои сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорони бонангу номус, дар самти ободу зебо гардондани диёри худ миннатдорӣ баён дошта, ба ғайрату садоқати онҳо баҳои баланд доданд.
Зикр шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои ободонии ноҳия беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Дар ин давра, дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 62 миллион сомонӣ татбиқ гашта, ҳоло барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва ободу пешрафта гардондани он панҷ лоиҳаи дигар ба маблағи 106 миллион сомонӣ амалӣ мешавад.
Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳия минбаъд низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва бо шукрона аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд.

Корхонаи коркарди санги ҶДММ «Помир Стоун» 
13-уми октябр дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди санги «Санги Бадахшон»-и ҶДММ «Помир Стоун»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бунёд ёфта, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар бо кор таъмин буд. Барои коркарди санг дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст. Тибқи лоиҳа, иқтидори корхона дар як сол 20 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти санг мебошад. 
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар корхона зиёда аз 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик дар корхона шумораи коргарон то ба 100 нафар расонда мешавад. Ашёи хоми корхона аз ҳисоби сарватҳои дохилӣ таъмин гардида, ин раванд ба муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, омода намудани мутахассисон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаи мазкур изҳор доштанд, ки фаъолияти ин самт аз мутахассисону устоҳо диду завқи баландро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, мутахассисон бояд пайваста дониш ва маҳорату малакаи худро сайқал диҳанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таъкид  сохтанд, ки ба сифати маҳсулот бояд диққати ҷиддӣ дода шавад. 
Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити имрӯза барои сохтмони иншооти таъиноти гуногун таваҷҷуҳ ба маҳсулот аз санг зиёд аст. Аз ин рӯ, бо дастгирии Ҳукумати кишвар  шумораи чунин корхонаҳо зиёд мегардад. Дар ҳудуди вилоят ин, аллакай, сеюмин корхонаи коркарди санг ба шумор меравад. Дар ҷумҳурӣ  бошад, шумораи чунин корхонаҳо ба 16 расидааст.
Зимни боздид аз корхонаи "Санги Бадахшон" Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти он диққати махсус доданд. Зикр шуд, ки дар корхона санги хоро ва  ё гранит, ки аз кӯҳҳои Бадахшон гирифта мешавад, мавриди коркард қарор мегирад. Сифати аввалиндараҷаи санги мазкур, қабл аз коркард  аз нигоҳи мутахассисон баланд арзёбӣ мешавад. Аз ин хотир, коркарди он ва маҳсулот аз он ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ карда шудааст. Ин аст, ки маҳсулоти санги хорои ин корхона, аллакай, дар бозори дохилӣ ҷойгоҳи намоён касб намудааст ва таваҷҷуҳ ба он аз хориҷи кишвар низ рӯй ба афзоиш дорад.

Бинои истиқоматии 10-ошёна 
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои истиқоматии 10-ошёна бо пентҳаусро дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемур мавриди истифода қарор доданд.
Бинои баландошёна дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, хишти нахустини он соли 2023 гузошта шуда буд. Иншоот аз се қисмат иборат буда, бо қомат афрохтани бинои баландошёна ба маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ, ҳусни дигар зам намуд. Бинои баландошёна 154 хонаи истиқоматии барҳаво дошта, мутобиқ ба талаботи замон бунёд ёфт ва дар он шароити сатҳи баланди зиндагӣ фароҳам омадааст. Бинои истиқоматӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 75 миллион сомонӣ қомат афрохт. 56 хона ҳамчун туҳфа аз номи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ ва 6 манзили зист ба омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев тақдим шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳо калиди хонаҳои нави истиқоматиро тақдим намуданд. Хонаҳои истиқоматӣ бо ошхона ва лавозимоти рӯзгор таъмин буда, туҳфаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди шаҳри Хоруғ мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохили хуҷраҳо дидан намуда, ба бинокорон барои бо сифати баланд анҷом додани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ баҳои баланд доданд. Хонаҳои истиқоматӣ дар фасли зимистон бо системаи гармидиҳӣ тавассути қувваи барқ таъмин хоҳанд шуд. Дар ҷараёни бунёди бинои баландошёна беш аз 300 бинокори маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид. Соҳибони хуштолеи манзилҳои истиқоматӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхории пайваста изҳори сипос намуданд. Дар ошёнаи якуми бино маркази тиҷоратии 24-соата фаъолият мекунад, ки дар он барои истиқоматкунандагон маҳсулоти ниёзи рӯзгор пешниҳод мешавад. 
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар марҳалаи аввал дар маркази тиҷоратӣ зиёда аз 20 нафар аз ҳисоби аҳолии шаҳри Хоруғ бо кори доимӣ таъмин гардида, оянда шумораи онҳо меафзояд. Дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои муосири хизматрасонӣ мавҷуданд, ки сокинон имкон доранд, ҳамоишу чорабиниҳои гуногунро баргузор намоянд. Ҳудуди бинои истиқоматӣ ва пиёдаравҳо бо истифода аз сангҳои ороишии корхонаи навбунёди «Суман»-и шаҳри Хоруғ зинат дода шуда, ба як макони дилфиреби сайру саёҳат табдил ёфтааст. Дар атрофи бино дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои зебову рангоранг шинонда шуда, сутунҳои равшанидиҳандаи чароғон шабонгоҳ ба ин макон зебоии хос зам менамоянд.

Бинои истиқоматии 15-ошёна 
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бинои 15-ошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд.
Бино бо марказҳои хизматрасонӣ аз 128 манзили истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрадор иборат буда, дар он мутобиқ ба талаботи замони муосир барои зист шароит фароҳам оварда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни супурдани калиди  манзилҳои истиқоматӣ, ободкориву созандагиҳоро дар шаҳри Хоруғ ба шарофати соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуда, расидан ба қадри ин неъмати бебаҳоро амри зарурӣ донистанд.  Дар ошёнаи якум ва таҳхонаи бино марказҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидаанд, ки дар онҳо оянда то 30 нафар бо кор таъмин мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои баландошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби ҶДММ “Помирсоз” соли 2021 оғоз гардида, дар ин муддат сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин буданд. Дар саҳни бино майдонча барои фароғати истиқоматкунандагон ташкил ва атроф чароғону сабзазор шудааст. Бояд гуфт, ки бунёди манзилҳои истиқоматии баландошёна дар маркази вилоят тибқи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ сурат мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки раванди созандагӣ ва бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ дар оянда низ тибқи нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома меёбад.

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширии ҶДММ “Панҷ” 
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҶДММ “Панҷ”-ро ба истифода доданд.
Дар корхонаи саноатӣ дар як рӯз то ду тонна шир коркард ва 11 номгӯи маҳсулот, аз қабили сметана, қаймоқ, творог, ёгурт ва кефир, истеҳсол мегардад. Дар корхонаи шир ҳоло наздики 30 нафар бо кор таъмин шуда, ояндаи наздик бо боло рафтани иқтидори истеҳсолии корхона зиёда аз 100 ҷойи кор ташкил мешавад. Технология аз Русияву Чин ворид шуда, корхона имкон дорад, ки дар як сол то 700 тонна ширро коркард намояд.
Дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ҷой барои қабули шир аз чорвои аҳолӣ ташкил гардида, баъди санҷидани сифат он коркард хоҳад шуд. Таъсиси корхона, дар баробари пешниҳоди маҳсулоти босифат ба бозор, ҳамзамон, тавассути истифодаи имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон ба рушди чорводорӣ ва аз ин ҳисоб ба даст овардани даромади иловагӣ барои аҳолӣ мусоидат мекунад. Дар анбори корхона мувофиқ ба талабот барои нигоҳдории чор тонна маҳсулот шароит мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз маҳсулоти гуногуни корхона муаррифӣ шуд, ки натиҷаи татбиқи нақшаҳои Ҳукумати мамлакат ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад. Тибқи маълумот, давоми ҳашт моҳи соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар вилоят 2,5 маротиба афзуд.
Иншооти нави истеҳсолӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулпарӣ Қурбонназарова сохта шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхонаи нави саноатиро барои қонеъ сохтани талаботи бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо маҳсулоти ширӣ, татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кор ва рушди иқтисодии шаҳри Хоруғ муҳим арзёбӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба омӯзиши талаботи бозори истеъмолӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатпазир ва истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудаю таҳкими фаъолият ҷалб намуданд.

Парки технологии шаҳри Хоруғ
13-уми октябр зимни сафари корӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Парки технологиро бо фарогирии якчанд корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парки технологии шаҳри Хоруғ дар масоҳати 1,6 гектар  бунёд гардида, дар он корхонаҳои коркард ва бандубасти гӯшт, гиёҳҳои шифобахш, меваю сабзавоти хушк, коргоҳҳои хушкашӯӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра мавҷуд мебошанд. Иқдоми мазкур дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ гардид.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парки технологӣ, нахуст, корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ “Насим”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхона бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он истеҳсол ва бандубасти 12 намуд шириниҳои мевагӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори солонаи корхона коркарди 25 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он бештар аз тути хушк бо иловаи дигар намуди меваю сабзавоти хушк омода мешавад. Ин шириниҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бе иловаи қанд ва маводи кимиёӣ истеҳсол мегарданд. Маҳсулоти корхона рақобатпазир буда, бо бандубасти зебо на танҳо ба бозорҳои дохилӣ пешниҳод мегардад, балки ба  хориҷи кишвар  низ содир мешавад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркард ва бандубасти гиёҳҳои шифобахши ҶДММ “Авитсена”-ро ба истифода доданд. Корхонаи мазкур дар масоҳати 160 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 5 тонна мева ва гиёҳҳои шифобахш мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона 66 навъи дору истеҳсол шуда, қисмати зиёди он аз гиёҳҳои шифобахш омода мегардад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркард ва бандубасти гиёҳҳои шифобахш 18 нафар бо ҷойи кор таъмин гашт, ки 12 нафари онҳо занон мебошанд. Зимни баистифодадиҳии Парки технологии шаҳри Хоруғ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи корхонаи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ муаррифӣ гардид. Сохтмони корхона моҳи марти соли 2024 оғоз ёфта, масоҳати он 2 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки технологияи корхонаро аз Олмон ва Австрия меоранд. Баробари ба фаъолият оғоз намудани корхона, 50 нафар бо кор таъмин хоҳад гардид. Ашёи хом барои маҳсулоти гӯштӣ гӯшти қутос аст, ки аз ноҳияи Мурғоб ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои вилоят харида мешавад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки пас аз оғози фаъолият, маҳсулоти тайёри корхона содирот низ мегардад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар ин мавзеъ коргоҳи олами хушкашӯиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Коргоҳи олами хушкашӯии “Тозагӣ гарави саломатӣ” нахустин иншооти хизматрасонии технологӣ барои шустани қолин, кӯрпа, парда ва либос дар шаҳри Хоруғ мебошад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои хизматрасонӣ дар коргоҳ шаш намуди технология аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуд. Дар коргоҳи мазкур 8 нафар бо кор таъмин гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар Парки технологии шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли мебели нарми ҶДММ “Хонаобод”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар гӯшаи намоишӣ бо маҳсулоти  корхона шинос шуданд. Сохтмони корхонаи мазкур моҳи январи соли 2024 оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба итмом расид.
Корхона аз ду сех иборат аст, ки дар онҳо 12 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид. Дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи истеҳсоли мебели нарм аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шуд, ки бо истифода аз онҳо 10 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва мутахассисон дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи  ҷиддӣ зоҳир шавад, то ки ин навъи маҳсулот дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содир гардад. 
Ҳамзамон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ корхонаи коркарди меваи тари ҶДММ “Бунёд”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхона бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Гулаҳмадшо Шоҳсафедов дар масоҳати 52 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ҷумлаи иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар корхона коркарди меваҳои шаҳдбори кишвар, ба монанди шафтолу, ангур, себ, анор, зардолу, нок ва хуч, роҳандозӣ гардида, шарбатҳои гуногун истеҳсол мешаванд. Дар корхонаи мазкур 8 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд. Корхона бо шаш намуд дастгоҳи муосири шарбатбарорӣ муҷаҳҳаз буда, сифати маҳсулот ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошад.
Маврид ба ёдоварист, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 42 коргоҳи нави саноатӣ бо 230 ҷойи кор ба фаъолият оғоз намуд.

Бинои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои маъмурии кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти хуштарҳу замонавӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд ёфта, дар он барои кормандону мутахассисон шароити хуби корӣ муҳайё шудааст. Иншоот дар масоҳати 770 метри мураббаъ қомат афрохта, аз се ошёна иборат мебошад. Ошёнаи якуми бино аз китобхона бо фарогирии асарҳои Роҳбари давлат ва китобҳои бадеӣ, шуъбаи таблиғот ва иттилоот, бойгонӣ ва ҳуҷраи қабули шаҳрвандон иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро ҳуҷраҳои корӣ, маъмурият ва маҷлисгоҳ бо назардошти 100 ҷойи нишаст ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти навбунёд, бо кормандону мутахассисони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суҳбати самимӣ ороста, масъулони соҳаро барои вусъат додани ободонию бунёдкориҳо, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, беҳсозии шароити зиндагии сокинон ва бо эҳсоси баланди масъулият амалӣ намудани ҳадафу барномаҳои ҳизб ҳидоят намуданд.
Тақдими туҳфаҳо ба ятимон
Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои маркази хизматрасонии навбунёди “Шоми Хоруғ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Шукурбек Шукурбеков ва Бахтиёр Шукурбеков бунёд гардид, бо ятимон суҳбат оростанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятим, ки аз парасториву меҳрубонии волидайн маҳрум мондаанд, либоси мактабӣ, маводи канселярӣ, шириниҳо ва ёрипулӣ тақдим намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки ятимон таҳти таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумат қарор дошта, барои онҳо шароиту имкониятҳои таҳсил ва кору зиндагии хубу шоиста то замони ба воя расиданашон фароҳам оварда мешавад.

Иштироки Сарвари давлат дар тантанаҳои Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ 
13-уми октябр Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили бошукӯҳи истиқлоли Ватанро, ки аз ҷониби мардуми ватандӯсту сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл ҷашн гирифта шуд, нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат арзёбӣ намуданд.
Чорабинии бошукӯҳи фарҳангии имрӯзаро низ Пешвои миллат самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон номиданд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири ободиву пешрафти диёри худ ва Тоҷикистони маҳбубамон минбаъд низ саъю талош карда, дар таҳкиму тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзишманд мегузоранд.
Баъди суханронии Сарвари давлат, чорабинии идонаро барномаи бошукӯҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандони вилоят идома дод, ки дилнишин буд.

Санаи нашр: 14.10.2024 №: 200-201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив