ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

14 октябр 2024, Душанбе
7
0


БУЗУРГИИ МОДАР
Агар гӯем, ки модар муқаддас аст ё бартар аз фаришта аст, ин гуфтаҳо касеро ба ҳайрат намеорад, зеро ҳеҷ як сухани волое наметавонад бузургии модарро ба пуррагӣ ифода намояд.  

Нақши модар дар ҳаёти ҳар як инсон беназир ва ивазнашаванда аст. Модар олиҳаест, ки ҳаёт меофарад. Аз қадамҳои аввал то каломҳои нахустин, мекӯшад, то тифлаш дуруст ба воя расаду арзишҳои ахлоқиро дарк намояд ва дар ҷомеа шахси барӯманд гардад. Воқеан, ғамхорӣ, муҳаббат ва дастгириҳои модар аз тифли нотавон шахси баркамол месозад. Хирад ва таҷрибаи ҳаётии ӯ дар лаҳзаҳои душвор роҳнамои фарзанд мегарданд. 
Ҳар як амали модар бо муҳаббат ва ғамхорӣ фаро гирифта шудааст. Онҳо аксар вақт аз орзуву ҳадафҳои худ мегузаранд, то ки хоҳишу ниёзҳои фарзандашонро бароварда созанд. Аз худ гузаштанҳои зиёд барои манфиати ҷигарбандаш, ишқи ҳақиқиест, ки ба сухан ниёз надорад. 
Модар шахсест, ки тамоми ҳастии худро барои хушбахтӣ ва саодати фарзандонаш мебахшад, ба душворӣ ва озмоишҳои зиндагӣ сабр намуда, мубориза мебарад. Аммо, мутаассифона, на ҳама вақт ин воқеият ба дурустӣ дарк мегардад. Баъзан, аз шӯру шавқи зиндагӣ, ин ҳама машаққат ва аз худ гузаштанҳои модар паси парда мемонад. Баъзан, аз беэътиноӣ ва мушкилоту ташвишҳои худ аз вуҷуди ин ганҷинаи бебаҳо ғофил мемонем. Ва замоне, мисли дурри аз даст рафта, ба думболаш мегардем, ки дигар нест.  Замоне ин ҳақиқати зиндагиро дарк менамоем, ки ӯро дигар намеёбем. Набудани модар, чи аз лиҳози ҷисмонӣ ва чи равонӣ дар ҳаёти фарзанд осори амиқ мегузорад, ки ҳеҷ кас наметавонад ҷои ӯро иваз ё пур намояд.
Воқеан, ҳеҷ як сухане, миннатдории моро нисбат ба модар пурра ифода карда наметавонад. Модар асоси зиндагист, ки ҷаҳон бар он сохта шудааст. Муҳаббат, ғамхорӣ ва фидокории ӯ чунон бузург аст, ки сухан барои изҳори миннатдории мо оҷиз мемонад. 
Аз ин лиҳоз, бояд бикӯшем, то модаронро ки ба муҳаббату ғамхорӣ ниёз доранд, қадр намоем. Беҳтарин суханҳо ва ноёбтарин неъматҳоро барояшон арзонӣ дорем. Вазифаи фарзандии худро тарзе ба ҷо оварем, ки сазовори дуо бошем, дуои модар. Чун ӯ ягона шахсест, ки сазовори эҳтирому муҳаббати мост ва маҳз ҳамин муҳаббат метавонад беҳтарин намунаи ифодаи сипосгузорӣ бошад. Дарки бузургӣ ва қадршиносии модар он чизест, ки метавонем бар ивази муҳаббати бепоёнаш ҳадия намоем. 

Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.10.2024 №: 200-201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив