КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПАЙВАНДИ ОН БО ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ баргузор шуд. Қабл аз оғози Конфронс, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон дар пояи Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Бояд гуфт, ки Конфронс бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони парламентҳои 11 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
Дар оғози суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмонони олиқадри Конфронс ва ҳайатҳои воломақоми парламентҳои кишварҳои хориҷиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Иброз гардид, ки нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати ояндасози миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайванди он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.
– Қабули ин санади олӣ арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар марҳалаи нави инкишофи он ба шумор рафта, натиҷаи саъю талошҳои бисёрсолаи ҷомеаи мардумпарвар ва адолатпеша дар масири рушду пешрафт ва муаррифии давлати мо ба оламиён мебошад, – иброз дошт Рустами Эмомалӣ.
Гуфта шуд, ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар баробари тамаддунҳои қадимтарини ҷаҳон, дар саргаҳи пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон қарор дошта, ташаббускори қабули нахустин эъломия доир ба ҳуқуқҳои фитрии инсон дар таърихи башар – Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба ҳисоб меравад.
Дар робита ба раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи эъмори давлати навини Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии он таъкид карда, иброз намуд, ки Роҳбари мамлакат бо хиради воло, иродаи қавӣ, шуҷоату далерии бемисл ва бо қадамҳои қатъии хеш ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, давлатро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот доданду дар таъмини сулҳу субот, рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми бузург гузоштанд.
Пас аз анҷоми қисми ифтитоҳӣ кори Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар чор бахши алоҳида дар доираи мавзуъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», «Конститутсия – заминаи асосии рушди босуботи давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои занон» ва «Конститутсия ва ҷавонон» идома ёфт.
Дар ин бахшҳо аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ҳайатҳои парламентӣ, мақомоти судӣ, ҳокимияти иҷроияи марказӣ, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ доир ба нақш ва аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи рушди босуботи давлатдории миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои занон дар ҷомеа ва аҳамияти Конститутсия дар рушду такомули ҷавонони мамлакати соҳибистиқлол суханронӣ ва табодули афкор намуданд.
Комрон САФАР, Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.10.2024 №: 202