БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”
НОМАҲО ИФШОГАРИ РОЗИ ДИЛАНД (АЗ СИЛСИЛАИ «НОМАҲОИ МОДАР)
Бо Абдусалом бештар аз чил сол аст, ки дӯстӣ дорем. Ҳангоми довталаб буданамон (давраи абитуриентӣ), дар саҳни Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) бо ҳам шинос шудем. Ҳар ду ба мактаби олӣ дохил гардидем. Баъди андаке ӯро ба хизмати Модар-Ватан даъват намуданд. Вай пас аз адои хизмат таҳсилро дар Донишгоҳ идома дод. Дар як муассисаи давлатӣ ба кор даромад. Бо сабаби он ки, ӯ дар шаҳри Бохтар кору зиндагӣ дораду ман дар пойтахт, ҳамдигарро гоҳ-гоҳ мебинему солҳои охир бештар тавассути телефон суҳбат менамоем. Абдусалом ба қарибӣ ба Душанбе омад ва мо дар як ҷаласа тасодуфан бо ҳам вохӯрдем.
Аз ҳолу аҳволи худу аҳли оилаашон пурсон шудам. Гуфт, ки як сол пеш аз ин модари мушфиқро аз даст додаасту хеле мутаассиф, ки дар рӯзи дафнаш иштирок надоштааст. Ба муддати як моҳ аз ҷойи кораш ба хориҷа, ба сафари корӣ фиристодаанд. Касе аз ин ҳодисаи мудҳиши нобаҳангом ба ӯ хабар надодааст. Акнун як умр месӯзаду месӯзад.
Симои нуронии модараш ва меҳрубонии ӯ як умр дар хотирам нақш бастааст. Ҳар гоҳ ки ба Бохтар, ба хонаашон мерафтем, модари Абдусалом маро низ чун фарзанди худ ба оғӯш мекашид.
Ба хотири дуо ва гиромидошти поси хотири модари дӯстам, ба ҳавлиашон рафтам. Абдусалом пазироӣ намуда, гуфт, ки, ақаллан, як шаб меҳмонаш бошаму аз модари бузургвораш ёд кунем.
Модари Абдусалом омӯзгор буд. Хеле хушмуомилаву дидадаро. Аз суханонаш кас ҳаловат мебурд. Ҳусни хатташ низ зебову хоно, аз тамошои хатташ чашм нур мегирифт. Сиву ҳафт сол дар мактаби деҳаашон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Ба шогирдон одобу ахлоқ, эҳтироми пиронсолону гирифтани дасти дармондаеро меомӯзонд. Дар маъракаҳои деҳа, ба қавли маъруф, гули сари сабад буд. Ҳама ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меоварданд.
Шаб Абдусалом аз болои ҷевони баланд ҷомадони рангаш сурхро гирифту пешамон гузошта, гуфт:
– Медонӣ, ҳангоми дар хизмати аскарӣ дар Шарқи Дур ва таҳсил дар шаҳри Душанбе модарам нома менавишт. Онҳоро дар ҳамин ҷомадон нигоҳ медоштам, ба партофтан ё сӯзондану нест карданашон дилам намешуд. Хайрият, онҳоро нигоҳ доштаам, вагарна ғайр аз ин номаҳо дигар чизе таскинбахши дилам нест. Ҳар гоҳ онҳоро такроран мехонам, гӯё бо модарам рӯ ба рӯ нишастааму бо ҳам суҳбат мекунем.
Абдусалом бо чашмони пурнам номаеро аз байни номаҳои зиёди дохили ҷомадон берун овард. Хатти шинос. Хаёл мекунӣ, ки дирӯз навишта шудаву садои қалби модарро эҳсос мекунӣ. Абдусалом номаро кушода қироат кард:
«Салом, нури дидагонам, фарзанди дилбанд ва муниси қалбам. Аҳволат чӣ тавр? Чаро дер-дер менависӣ? Охир, наход андаке вақт ёфта, як порча коғази сафедро сиёҳ кардан бароят душвор бошад? Мо, ҳама аҳли оила, сиҳату саломат, дуои ҷон ва саломатии туро хоҳонем. Навис писарам, аз навигариҳои хизмат, рӯзгори ҳамхизматонат ба мо хабар деҳ, хурсанд мешавем. Бовар дорам, маслиҳату машварати ману падаратро фаромӯш накардаӣ. Хизмат кардан қарзи ҳар як соҳибватан ва ҷавони шуҷоу матин аст. Дар ёдат ҳаст? Ҳангоми дарси адабиёт пораҳои ватандӯстонаи достони Мирзо Турсунзода «Писари Ватан»-ро аз бар кардаву бо ҳарорат мехондӣ:
Микола, рав ҳимоят кун, Ватанро,
Ки бе он ту нахоҳӣ ёфт манро…
Албатта, хизмати ту аз хизмати Микола фарқ дорад. Вай дар замони ҷанги хонумонсӯз Ватанро ҳимоят мекард, ту барои оромиву осоиштагии Меҳан хизмат намуда истодаӣ. Ҳар гоҳ ки ба ҷогаҳ медаромадӣ, «Мунтахаби ашъор»-и шоири шаҳид Ҳабиб Юсуфиро дар бағал гирифта, то дер боз мутолаа мекардӣ. Ба хотират омад? Вақте аз забони шоир «Ман Ватанро беш аз ҳар ҳарвақта дорам дӯсттар»,– гуфта садо мебаровардӣ, шукр мекардам, ки фарзанди ман Ватани худро дӯст медорад, ба қадри он мерасад.
Бале, дӯст доштани Ватан дӯст доштан ва эҳтироми Модар аст ва ин гуна сифат аз гӯшаи имондорист. Ту бояд донӣ, ки мо, аҳли оила, бо ту фахр мекунем…
Саломатии туро аз даргоҳи илоҳӣ таманно дорам. Худованд ёру мададгорат. Бо умеди дидор, МОДАРАТ».
Абдусалом номаи модарро бо ашки резон, эҳтиёткорона чорқат карда, ба лифофа андохту дар ҷомадон, байни номаҳои дигар гузошт. Солҳои донишҷӯиро ба ёд овардем. Аз устодону ҳамсабақон гуфтем, хотираи шабҳои бехобӣ ҳам бо мақсади бо баҳои аъло супурдани имтиҳонҳо тагурӯ шуданд. Нохост, Абдусалом воқеаеро ба хотир оварду бо табассум ҷомадонро аз нав кушод:
– Медонӣ дӯстам, модарам ҳамеша аз ҳолу аҳволам хабардор шуда меистод. Таъкид мекард, ки хизматро бо сарбаландӣ адо намоям. Вақтҳои холӣ ҳамеша ба хондану омӯзиш банд бошам, ба корҳои дуюмдараҷа машғул нашаваму умрамро зоеъ накунам. Дар ин бора аз бузургони илму адаби олам мисолҳо меовард. Аз китобҳои фиристодааш мепурсид. Фалон асарро хондӣ? Ба рафиқони ҳамхизматат ҳам бидеҳ, хонанд. Омӯхтану донистан зарар надорад, бачам. Дар ин номааш аз хусуси интихоби ояндаи ҳамсар маро ҳушдор дода, чунин навишта буд:
«Абдусаломи ҷонам, саломи меҳрбори модарату аҳли оилаамонро бипазир. Хеле шуд, ки наменависӣ, чаро? Охир, пазмони дидору суҳбати ширинат гаштаем. Хайр ҳеҷ гап не, кам монд, се моҳи дигар, тоқат мекунем. Абдусаломҷон! Аз як чизи дигар дилам хавотир аст. Ту ҳам мабодо мисли писари ҳамсояамон русдухтареро ба хонаамон ориву маро маҷбур кунӣ, ки ӯро келин хонам. Туро ҳушдор медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ ин корро накун. Урфу одат, анъанаҳои миллиамон чӣ мешавад? Ба ҳар ҳол бароят хушрӯйтарин духтари деҳаамонро интихоб кардаам. Пушаймон намешавӣ. Боз худат, ки омадӣ, ӯро рафта мебинӣ. Духтари муаллимаи ҳамкорам аст. Худат медонистагистӣ, аз одами хондагӣ бадӣ намебарояд. Одобу ахлоқаш намуна, тарбияи хуби модарашро гирифтааст…
Орзу дорам, ки Худованд моро ба ҳамон рӯзҳои нек бирасонад. Саломату сарбаланд, дар паноҳи Яздони пок бимонӣ, хайр. Бо дуо ва орзуҳои нек ва интизори ҷавоби номаам. Модарат!».
Абдусалом ин номаро низ бо меҳру ихлос дар байни номаҳои ҷомадон гузошт.
– Ана ҳамин хел, дӯстам, – гуфт Абдусалом. – Акнун метавонем хоб равем. Ба ту ташаккур, ки суханамро рад накардиву бароят диламро холӣ кардам. Хаёлам, ки руҳи модарам низ шод гашт, аз қудумат кошонаам гул кард.
Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор
Санаи нашр: 15.10.2024 №: 202