ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОҲИБКОРӢ. СОҲАЕ, КИ РУШДАШ АЗ МУҲИМТАРИН ҲАДАФҲОИ МИЛЛИСТ

СОҲИБКОРӢ. СОҲАЕ, КИ РУШДАШ АЗ МУҲИМТАРИН ҲАДАФҲОИ МИЛЛИСТ

15 октябр 2024, Сешанбе
22
0


Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар пайваста чораҷӯӣ менамояд.
Соҳибкорӣ дар рушди бемайлони иқтисоди кишвар нақши муҳим мебозад. Ин аст, ки ҳанӯз аз соли 2007 инҷониб Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд ва барои таҳкими раванди беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз татбиқи тадбирҳои мушаххас, аз қабили қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои дастгирии соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ буд, ки саҳми ин бахши муҳими иқтисодиёт дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзоиш ёфта, имрӯз тибқи маълумоти дастрас, ҳудуди 70 дарсадро ташкил медиҳад. Имрӯз бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, баррасии масъалаҳои соҳа дар бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шуроҳои машваратӣ таъсис дода шудаанд. 
Тағйироти дар муносибатҳои фаъолияти соҳибкорӣ баамаломада, барои тараққиёти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим бозиданд. Ҳоло мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар ҷумҳурӣ соҳибкорӣ рӯ ба рушд дорад. 
Вобаста ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ, танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо як қатор корҳо амалӣ шуданд. Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки тавассути «Равзанаи ягона» ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар ҷумҳурӣ 358,6 ҳазор субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 3,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба соҳаи соҳибкории кишвар беш аз 10,6 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. 
Қобили зикр аст, ки дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ гардида, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам  ва хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон роҳандозӣ шуд. Соҳибкорон, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръат, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас мегузоранд. Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супурданд. Дар соҳаи маориф бошад, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст соли гузашта 117 иншоот бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону навсозии 139 иншоот анҷом ёфтааст. 
Воқеан, имрӯз саҳми соҳибкорони ватанӣ дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва пешбурди иқтисодиёти мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба ташаккули ММД шоёни таҳсин буда, корҳои бунёдкориву созандагӣ аз тарафи онҳо рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо мекунад. Умедворем, ки соҳибкорон боз ҳам дар пешрафти кишвари азизамон  саҳми арзанда мегузоранд.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 15.10.2024 №: 202
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив