ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧОПАРОНИ АСРИ ХХI Ё ХАТКАШОНӢ КАСБИ ҚАДИМИИ ТОҶИКОН АСТ

ЧОПАРОНИ АСРИ ХХI Ё ХАТКАШОНӢ КАСБИ ҚАДИМИИ ТОҶИКОН АСТ

15 октябр 2024, Сешанбе
10
0


– «Саидмурод, нағз расидӣ?
– Раҳмат, акаи Маҳмадалӣ, мисли ҳаррӯза.
– Дар роҳ мошин ғам надод? 
– Не, шукр. Мошин камбудӣ надорад-ку? “Асп” – даванд, роҳ ҳамвору самти ҳаракат ҳам алоҳидаи яктарафа. Дигар чӣ ғам дорем?”, – бо табассуми малеҳ посух дод Саидмуроди Қурбонмурод, ронандаи КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон ба Маҳмадалӣ Хидиров, сардори шуъбаи муросилоти ҳамин идора. 
“– Бале, шукри беинтиҳо барои пешравиҳои давлат, барои ин роҳҳои обод, аммо шаб ташвишҳои худро дорад, додар. “Оҳиста рав, ҳамеша рав!”, – гуфтаанд оқилон... 
Ҳамаи газету маҷаллаҳоро овардӣ?
– Ҳамаашро овардам.  
– Ҳа-а, раҳмат! Андак фароғат бикун, то ин ки мо рӯзномаҳоро фарорем, ҷобаҷо ва тақсим намоем, боз аз пайи кор мешавӣ”.
Рӯзи кормандони КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон ҳамин гуна аз соати тақрибан 6-и субҳ сар мешавад ва гоҳо шабҳо низ мактубу муросилоту рӯзномаҳоро қабул карда, пасон ба хона мераванд. Кори эшон ба онҳое, ки бистари нармро дӯст медоранд, вазнин менамояд. Аммо онҳо, ки муҳимияти сари вақт расондани рӯзномаю маҷалла, мактубу муросилотро медонанд, гармои сахт ва ҳам сармою сардиҳоро зиёд дида, обутоб ёфтаву таҷриба андӯхтаанд, барвақт ба кор ҳозир шудан барояшон як чизи муқаррарист. 
– Мо агар корро барвақт сар накунем, ҳама рӯзномаю маҷаллаҳо ва мактубу муросилоти почтавиро сари вақт ба соҳибонашон бурда расонда наметавонем, – мегӯяд Саидалӣ Мирзозода, сардори КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон. – Ҳарчанд хаткашонҳои мо бо автомашина, велосипед ва, ҳатто, асп (барои минтақаҳои кӯҳистон) таъмин карда шудаанд, лекин ҳудуди фаъолиятамон хеле васеъ аст. Биноан, корро барвақт сар мекунем. 
Воқеан, ҷойи ифтихор аст, ки барои фаъолияти хуб, ҷиҳати меҳнати ҳалоли кормандонамон Маҳмадалӣ Хидиров, Убайдуллои Назарзода, Сангимурод Расулов, Саидмуроди Қурбонмурод, Раъногул Раҳмонова, Нуқра Самиева, Қурбоной Надимова ва чанд тани дигар аз муштариён, обуначиён ва роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва вилояту ҷумҳурӣ борҳо сипос шунидаем. Пирони ин макон дар алоҳидагӣ як дабистоне ҳастанд баҳри тарбияи кадрҳои болаёқати соҳаи почта. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” баъд аз таъкиди ин, ки хаткашонӣ барои миллати тоҷик касби нав нест, аз таърих чунин далел овардаанд: “Бо фармони Дориюши Бузург 2500 сол пеш аз ин нахустин бор дар ҷаҳон почта бо номи чопар бо назму фосилаҳои ҳисобшуда эҷод гашт, ки шиораш чунин буд: “На гармо, на сармо, на боду борон чопарро аз рафтан боз намедорад”. 
Яъне, меҳнатқарин, пурсабр будан барои чопар, барои хаткашон як чизи муқаррарӣ аст. 
Почтаи тоҷик дар шакли имрӯзаи фаъолияти хеш дар ҳудуди вилояти Хатлон соли  1913 дар деҳаи Саройкамар (ноҳияи Панҷи имрӯза) барои хидмат ба 600 ҳазор аҳолӣ ташкил шуда буд. Шукри равнақу ривоҷи Ватан, ки ҳоло корхонаи мо дар тобеияти худ 23 маркази алоқаи почта дар шаҳру навоҳӣ дошта, дар маҳалҳо дар маҷмуъ, 148 шуъба ба мардум хидмат мерасонад. 197 корманд дорем, ки аз ин 83 нафарашон бонувон буда, шаш нафари онҳо ба ҳайси роҳбар фаъолият доранд.
 “Почтаи тоҷик” феълан бо 193 давлати дунё ҳамкорӣ мекунад. Натиҷаи ҳамин ва ҳам ҷалби беҳтари муштариёни дохилӣ аст, ки самти дигари фаъолияти мо, яъне қабул ва фиристодани мактубҳои одӣ, хидматӣ, супоришӣ ва арзишнок, ирсолпулиҳо, равонаку бастаҳо, бастаҳои хурд, ки аз ин 2 ҳазору 221 килояшон муросилоти почтаи байналхалқӣ мебошад, ба муштариён дастрас шудааст. 
Зикр бояд кард, ки дар нуҳ моҳи соли 2024 ба Маркази алоқаи почтаи шаҳри Бохтар 214 адад пардохти гумрукӣ ворид ва ба аҳолӣ дастрас гардидааст. 
Аз ҳисоби хидматрасониҳои гумрукӣ дар давоми нуҳ моҳ 2 ҳазору 448 сомонӣ ба суратҳисоби корхонаи вилоятии мо ворид шудааст. 
Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар дигар самтҳо низ хуб буда, даромади тарифии корхона ба маблағи 3431976 сомонӣ, яъне 104,05 дарсад иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,08 дарсад зиёд мебошад. 
Хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ба маблағи 479079 сомонӣ иҷро шуд, ки ин 100,22 дарсади нақша буда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли мозӣ 8,81 дарсад бештар аст. 
Боиси хушнудист, ки бо дастгирии роҳбарияти Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои маъмурии идораҳои почтаи шаҳри Левакант, ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритӯс, Ховалинг, Кӯшониён, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Дӯстӣ таъмиру навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти корӣ таъминанд ки ин албатта, ба сифати кор таъсири мусбат мерасонад. 
Бо вуҷуди тараққиёти техникии аср ва рушди беш аз пеши хидматрасониҳои интернетӣ хидмати почта ҳеҷ гоҳ камранг намешавад. Балки, баръакс ин ҳама сатҳу сифати кори моро низ беҳтар менамояд. Дастгириҳои Ҳукумати мамлакат низ боис мегарданд, то  ки кори мо боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.10.2024 №: 202
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив