Вохӯрии Маҳмадтоир Зокирзода бо Дунёгузел Гулманова
14-уми октябр дар шаҳри Ашқобод Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси парлумони Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни он ҷонибҳо таҳкими робитаҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Шаҳбоз Шариф ва Ли Тсян
15-уми октябр, дар доираи ҷаласаи 23-юми Шурои сарварони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ, дар шаҳри Исломобод Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф ва Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Тсян мулоқот намуд.
Дар вохӯриҳо таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни давлатҳои мо марҳала ба марҳала рушд менамоянд. Муҳаммад Шаҳбоз Шариф Тоҷикистонро яке аз давлатҳои шарики асосии худ дар минтақа арзёбӣ намуда, барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Зимни мулоқот бо Ли Тсян бошад, татбиқи лоиҳаҳои бузурги роҳсозӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисиони Чин ёдоварӣ шуд.
Дурнамои рушди муносибатҳои шарикӣ баррасӣ гардид
14-уми октябр муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд.
Дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларусро дар самтҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус иқомат доранд, матраҳ карданд.
Густариши ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо сардори Сарраёсати тафтишот ва ҷустуҷӯи ҷиноятии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Абдураҳмон ал-Муҳаймид вохӯрд.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ҳар ду давлатро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хатару таҳдидҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Дар шаҳри Ботканди Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гашт.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ додааст, ки дар вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳодҳои хешро ироа доштанд.
Тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири иттилооту фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба ҷавонон Абдураҳмон ал-Мутайрӣ мулоқот намуд.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни мулоқот роҳҳои тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои телевизион ва радио, фарҳанг ва ҷавонон баррасӣ шуда, ҳамзамон, омодагии ҷонибҳо ба чорабиниҳои муштараки дарпешистода таъкид гардид.
Саридораи геология дастгоҳҳои замонавии рақамӣ дастрас намуд
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030, ба Саридораи геология дастгоҳҳои замонавии рақамӣ ворид шуд.
Дар Саридора ба мо тавзеҳ доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии барои соли 2024 ҷудогардида, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 2 миллион сомонӣ таҷҳизоти пармагарӣ, аз ҷумла дастгоҳи пармагарии муосир бо қудрати пармагарии то 200 метр умқи замин, 2 дастгоҳи пармагарии кофтани замин аз 400 то 1000 метр, ки барои гирифтани марза истифода бурда мешавад ва як пойгоҳи барқии 65 кВт харида шуданд.