ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «QNET».  ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТЕ, КИ ДАСТ БА ҶАЙБИ МАРДУМ МЕЗАНАД, ТО КУҶО ҚОНУНИСТ?!

«QNET».  ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТЕ, КИ ДАСТ БА ҶАЙБИ МАРДУМ МЕЗАНАД, ТО КУҶО ҚОНУНИСТ?!

04 апрел 2023, Сешанбе
471
0

 
Дар ин авохир як гурӯҳ мардони миёнасол, ҷавонписарону духтарон дар ҳудуди шаҳри Турсунзода, бавижа назди бозори марказӣ ва дигар маконҳои сераҳолӣ, шаҳрвандонро барои кор дар ширкате даъват мекунанд, вале онҳо на номи ширкатро мегӯянд ва на фаъолияти онро тавзеҳ медиҳанд. Танҳо мегӯянд, ки кори ташкилот даромади хуб дорад ва шумораи телефони мобилии худро ба шаҳрвандон пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд, ки рақамҳои телефонашонро ба онҳо диҳанд. Саволе ба миён меояд, ки ин нафарон кистанд ва он кори «даромаднок» дар куҷост? Дар робита ба ин, хабарнигори «Ҷумҳурият» тадқиқоти журналистӣ анҷом дод, ки дар он парда аз рӯи амалҳои ба зоҳир хубу дар асл мардумфиребонаи ширкати мавриди назар бардошта мешавад.  


Фарохонӣ ба «даромади иловагӣ»
2 марти соли ҷорӣ, соати 09:42 дақиқа дар назди бозори марказии шаҳри Турсунзода мушоҳида гардид, ки як марди миёнасол дар роҳи пиёдагузар истода, роҳгузаронро ба кор даъват мекард. Аз ҷумла, ин шахс сари роҳи як ҷавонро гирифта гуфт: «Мо аз шаҳри Душанбе омадем ва дар ин ҷо филиали ташкилотамонро кушодем. Ҳадаф ёрдам ба пиронсолону маъюбон мебошад. Мехоҳем, коргар қабул кунем. Барои мо ашхосе лозим, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ озодона ҳарф зада тавонанд. Кори пешниҳодкардаи ман иловагӣ буда, вақти бештарро талаб намекунад. Намехоҳӣ даромади иловагӣ дошта бошӣ? Шумораи телефони маро навис ва ҳамин алъон ба ман занг зан, то аз туро ҳам дар телефонам сабт кунам…». 
Рафти таҳқиқ муайян сохт, ки ин ҷаноби мубаллиғ сокини шаҳри Душанбе Азизов Соҳиб Мансурович будааст. 

«QNet» пӯст иваз кард… ё «QI kommersi»  чӣ гуна ташкилот аст?
 5 марти соли равон, дар атрофи бозори марказӣ боз чунин ҳолате ба мушоҳида расид, вале ин бор чунин нақшро ду ҷавон – духтару писар иҷро мекарданд.  Онҳо низ роҳгузаронро манъ карда, барои  фаъолият ба он  ташкилоти  номаълум  таклиф менамуданд, ки занон бештар мавриди таваҷҷуҳашон қарор доштанд. Баъд аз тамошои ин манзара худро корҷӯ вонамуд сохта, назди онҳо рафтам. Вақте аз ҷавон дар бораи ҷойи корашон суол кардам, номбурда гуфт: «Мо барои ёрмандии маъюбону пиронсолон барномаи тиҷоратӣ дорем. Ташкилоти мо байналмилалӣ буда, «QI kommersi» ном дорад. Агар хоҳед, шуморо ба офис даъват карда, дар бораи ташкилот аз рӯи ҳуҷҷатҳо суҳбат мекунем…». Ӯ шумораи телефонашро пешниҳод карда, номашро Илёс гуфт. Арқоми телефони маро ҳам талаб кард. Ҳамон рӯз соати 16:00 ба ман занг зада, гуфт: «6 март, соати 15:00, барои вохӯрӣ исматро қайд мекунам». Барои мукаммал воқиф шудан аз ташкилот ва аҳдофи он, бояд камина панҷ соат «таълим» бигирам. Нишонии дафтари ташкилот: шаҳри Турсунзода, маҳаллаи 4-ум, бино 24 «А» буда, дар ошёнаи дуюми он амал мекунад. Сареҳ аст, ки номи ҳамаи ташкилоти ҷамъиятӣ ва хориҷии фаъолияти қонунидошта, дар қисмати пеши бино насб шудааст. Аҷиб ин аст, ки дар ягон гӯшаи бинои 24 «А» номи «QI kommersi» мавҷуд нест. То ба ташкилот ташриф овардан, шахсияти «Илёс» муайян карда шуд. Мавсуф сокини шаҳри Турсунзода, Хашимов Илясджан Иномджонович мебошад. «QI kommersi» бошад, навтаъсис набуда, балки «QNet» - и собиқ будааст. 
Алқисса, 6 март ба дафтари кории И. Хашимов рафтам. Номбурда гуфт, ки «фаъолият дар ин ҷо ҷиддӣ буда, ҷойи ҳар кас нест…». Вай дар аввал «QNet»  будани ташкилоташонро инкор карда, бори дигар онро «QI kommersi» хонд. Дар давоми 2 рӯз И. Хашимов ба телефони мобилиам 5 маротиба занг зад. Ин усули ҷазбкуниро дар китоби «8 хишт»-и марбут ба «QNet», «пайгирӣ» мегӯянд. Яъне як нафарро пайдо мекунанд, давоми 3-4 рӯз бо истифода аз навору лексияҳо ба ӯ таъсири равонӣ мерасонанд, то аз «QNet» маҳсулот харидорӣ накунад, доманашро раҳо намекунанд. Бахши «пайгирӣ»-ро дар поён ба пуррагӣ шарҳ медиҳем. 

«Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!» 
Дар бахши бақайдгирии Нозироти андози шаҳри Турсунзода дар бораи «QNet» ва «QI kommersi»  маълумот дарёфт нашуд. Роҳбарияти нозирот ду мутахассиси соҳаро муваззаф намуд, ки дар якҷоягӣ бо хабарнигор ба коргоҳи  «QNet» рафта, андозсупоранда будан ё набудани масъулони ташкилотро дақиқ созанд. 
Дар дафтари  «QNet» моро Соҳиб Азизов ба ҳузур пазируфт. Ӯ зимни як суҳбати кӯтоҳ тасдиқ кард, ки ташкилоти онҳо дарвоқеъ «QNet» аст. Баъди чанд дақиқа фарди дигаре дохили утоқ гардида, худро Абуалӣ Калонов муаррифӣ намуд. Номбурда зикр кард, ки кулли фаъолияташ дар доираи қонун буда, дорои асноди расмист. Маҳз бо ташаббуси ӯ ҳафт моҳ боз ташкилот дар шаҳри Турсунзода фаъолият дорад. Аз 11 апрели соли 2022 дар Нозироти андози шаҳри Турсунзода ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи соҳибкорӣ мебошад. Тааҷҷубовар ин аст, ки аз рӯи иқтибоси ягонаи давлатии соҳибкорони инфиродӣ А. Калонов дар нозироти андоз фаъолияти соҳибкории худро «Тадқиқи вазъи бозор ва ошкор намудани фикру андешаҳои ҷомеа (Харидуфурӯш бо интернет)» ба қайд гирифта, вале фаъолияти «QNet» роҳандозӣ кардааст. Номи «QNet» бошад, на дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ва на дар бахши бақайдгирии нозироти андоз сабт нашудааст. Аммо А. Калонов аз рӯи мақоли халқии «Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам!», – амал карда, ба мақомоти санҷишӣ он шаҳодатномаро, ки ҳеҷ рабте ба ташкилоти хориҷии «QNet»  надорад, пешниҳод мекунад. 

Тафовут миёни «QNet» ва «Ҳафтбурҷ»  аз куҷо то ба куҷост?
Тавре аксари мардум огоҳанд, соли 2011 то 2013 дар ҷумҳурӣ ширкате бо номи «Ҳафтбурҷ» расман фаъолият мекард. Масъулони он бо суиистифода аз боварии мардум, самти фаъолияташро тағйир дода, «тиҷорати шабакавӣ» ва «пирамидаи молиявӣ»-ро ба роҳ монда буданд. Ҳамин тариқ, ба садҳо нафар зарари азими иқтисодӣ расонданд. Баъди тафтиши Прокуратураи генералӣ тақаллубкорӣ дар фаъолияти ширкат ошкор гардида, соли 2017 дастандаркоронаш бо ҳукми суд ба муҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон гардиданд. Системаи кории «QNet» низ, ба «Ҳафтбурҷ» шабеҳ аст. Масалан, «QNet» ҳам, тиҷорати шабакавӣ буда, бо пешниҳоди коргарони он маҳсулот мехарӣ, дигаронро барои харидорӣ ҷалб месозӣ ва аз ҳисоби онҳо фоидаи муайяне ба даст меорӣ. Он нафар барои ба даст овардани суди худ боз дигаронро бояд ҷалб бисозад. Рафту дар даъвату ҷалбсозӣ муваффақ нашуд, ашёи харидаашро ба ҳеҷ ваҷҳ баргардондаю пулашро пас гирифта наметавонад. Агар ин саҳнаро рӯи қоғаз тасвир кунӣ, дар натиҷа аҳром ё «пирамидаи молиявӣ» ҳосил мешавад. А. Калонов низ, амали 12 сол пеш анҷомдодаи масъулони «Ҳафтбурҷ»-ро такрор карда, аз нозироти андоз барои намуди соҳибкории инфиродӣ шаҳодатнома дастрас намуда, кори «QNet»-ро ба роҳ мондааст. Ин масъули «QNet» дар пешааш таҷрибадор буда, дар ташвиқу тарғиб ва таъсиррасонии равонӣ ба инсон, маҳорати баланд дорад. Фаъолияти ташкилотро тавре бозгӯ мекунад, ки гӯё он сирф барои манфиат ва беҳбудии зиндагии мардум нигаронда шудааст. Мавсуф мегӯяд: «QNet» дар шаҳри Душанбе сад дафтари корӣ дорад. Як гурӯҳи коргарони ин ташкилотро худи масъулони давлативу тафтишотӣ ташкил медиҳанд. Лозим донед, шуморо дафтари онҳо мебарам. 
Вақте корро дар шаҳри Турсунзода оғоз кардам, нахуст, бо мақомоти дахлдор ҳамсуҳбат шудам. Аз онҳо пурсидам, ки ман ҳамин корро анҷом диҳам ё не? Онҳо ба ман гуфтанд: «Хуб, фаъолиятатро амалӣ кун, вале фарзандони мо дар курсҳои 3-4 таҳсил мекунанд, мешавад, ки онҳоро ба кор ҷалб кунӣ?» Зеро онҳо (манзураш масъулони мақомоти давлатист) се рӯз дарс хонда, кори моро фаҳмиданд». 
Ба суол дар мавриди шумораи кормандони «QNet»  А. Калонов посух дод, ки онҳо зиёд нестанд, тахминан 15 нафарро ташкил медиҳанд. Санҷиши далел дар нозироти андоз собит кард, ки кормандони ин ташкилот дар қайди андоз нестанд. Бавижа, С. Азизов ва И. Хашимов, ки ҳамарӯза дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба мубаллиғию даъвати сокинон ба «QNet» машғуланд, ягон ҳуҷҷати расмӣ надошта, то алъон дар нозироти андоз худро ба қайд нагирифтаанд.

Таҳқиқи «Ҷумҳурият» диққати мақомотро  ба «QNet» ҷалб кард
Бо мақсади риояи тавозуни андеша ва санҷиши саҳеҳияти иттилоъ, аз масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи шаҳр ҳақиқат доштан ё надоштани суханони масъули «QNet»-ро пурсидем. Ҳам кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам масъулони мақомоти прокуратураи шаҳри Турсунзода аз фаъолияти «QNet» дар шаҳр изҳори бехабарӣ намуданд. А. Калоновро бошад, ҳатто намешиносанд. Акнун бубинед, ин «бунёдгузор»-и «QNet» дар шаҳри Турсунзода, барои ба боварии шаҳрвандон даромадан, чӣ гуна аз номи мақомоти давлатӣ суиистифода ва номи онҳоро доғдор мекунад.  

 
Мутасаддиёни прокуратураи шаҳр баробари огоҳ шудан аз фаъолияти «QNet» вокуниши фаврӣ нишон дода, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ШВКД-ро ба дафтари ташкилот сафарбар намуданд, ки муаллифи ин сатрҳо низ, ҳамроҳи онҳо буд. Бо иҷозати масъулони «QNet» вориди дафтари кории онҳо шудем. Намояндагони мақомоти милитсия дар чаҳорчӯби қонун аз масъулони ташкилот ҳуҷҷату асноди қонунии ташкилоташонро талаб карданд. Аммо А. Калонов ягон санаде, ки фаъолияти расмии Ширкати «QNet»-ро дар шаҳри Турсунзода тасдиқ намояд, пешниҳод карда натавонист. Равшантар гардид, ки  «QNet» ғайриқонунӣ дар шаҳр фаъолият дорад. 

Ноболиғонро кӣ ба «QNet» ҷалб кардааст?
Дар дафтари кории ташкилоти мазкур бо ду ноболиғ: яке писар (16-сола) ва дигаре духтар (17-сола) рӯ ба рӯ гардидем. Духтари ноболиғ аз шаҳри Душанбе буда, дар Турсунзода иҷоранишин аст. То ҳадде афкораш тағйир ёфтааст, ки мегӯяд, роҳи интихобкардааш дуруст аст ва барои «ояндаи дурахшонаш» дар  «QNet» кор мекунад. Навраси 16-сола Ҷ. К. истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ низ, дар кӯчаю хиёбон шаҳрвандонро барои кор дар «QNet» даъват мекардааст. Вале С. Азизов гуфт, ки ноболиғон ҳамроҳи волидонашон ба ташкилот меоянд. Духтари наврас гуфт, ки ятим аст ва танҳо ба ин ҷо омадааст.  
Дар ташкилот бо як нафар бо исми Мавлуда мусоҳиб шудам. Мавсуф таърихчаи ба «QNet» омоданашро қисса кард: 
«Маро Ҷ. К. дар роҳ манъ карда, пешниҳоди ҷойи кор ва ваъдаи даромади пулӣ кард. Шумораи телефонашро дода, аз ман ҳам, талаб намуд. Баъдан ба ман занг зада ба ин ҷо даъват кард. С. Азизов ду рӯз ҷаласаи муаррифии ташкилотро бо ман гузаронд. Рӯзи нахуст ҳарфи пул дар миён набуд, вале дар идома пешниҳод шуд, ки бо маблағи зиёда аз 600 доллар бояд маҳсулот бихараму баъдан дигаронро барои харид кардан ҷалб намоям. Ба ҳамин тартиб, аз ҳисоби онҳо фоида мегирифтаам». 

Таълимоти «8 хишт»: «…Ҳар рӯз ва рӯзе чанд бор  ӯро пайгирӣ кунед» 
Дар коргоҳи «QNet» дар шаҳри Турсунзода китобест бо номи «8 хишт». Барои кормандони ташкилот ин китоб роҳнамо буда, тибқи фармудаҳои он амал мекунанд. Аз саҳафоти он чанд нуқтаи асосиашро иқтибос меорам: 
Хишти № 4: Даъвати шахсон: «Шумо ҳангоми даъват кардан ҳеҷ гоҳ ба шахси даъватшаванда дар бораи ин тиҷорат иттиллоъ надиҳед. Гуфтани бахшҳои кор ё гуфтани номи ширкат як ноқисии калони кор хоҳад шуд. Додани ҳар гуна иттилоот пеш аз ҷаласаи муаррифӣ боиси аз даст додани шахс мешавад.
(Даъват) Ба хеш ё дӯсте, ки аз шумо калонтар аст. Ва байни шумо равобити расмӣ (эҳтироми якдигар) вуҷуд дорад: 
– Ба наздикӣ бо тиҷорате ошно шудам, ки ба назари худам хеле фавқулода аст. Муддати кӯтоҳе ҳам ҳаст, ки ба он машғулам ва аз он лаззат мебарам. Аммо барои муваффақияти бештар дар он эҳтиёҷ ба машварат ва маслиҳати одами бузург дорам. Лутфан, 30 дақиқа вақти худро ба ихтиёри ман бигзоред, то аз тариқи ҳуҷҷатҳо, каталогҳо ва иттилооти кофиро дар ихтиёри шумо диҳам ва фикри шуморо дар ин бора фаҳмам…».
Хишти №6. «Пайгирӣ»: «Пайгирӣ кардан бахши муҳим дар кори мост. Ҳатман дар муддати 24 соат пас аз муаррифӣ ба назди шахсе, ки кор ба ӯ муаррифӣ шудааст, биравед….ва мустақиман дар бораи «QNet» ва «Network Marketing» суҳбат кунед. Фарз кардем, шумо пораи оҳанеро доғ кардед ва 24 соат вақт доред, ки онро шакл диҳед. …Бе пайгирӣ кардан ҳеҷ кадом аз дӯстони шумо вориди кор намешаванд. Шумо вазифа доред, ки ҳамроҳ бо ӯ бошед ва то лаҳзае, ки шахси презентшуда хариди худро (манзур харид аз «QNet» аст) анҷом надодааст, бояд ҳар рӯз ва рӯзе чанд бор ӯро пайгирӣ кунед...».
Зангҳои такрорӣ, даъват ба дафтари корӣ ва боз чандин ваъдаю дурӯғпардозии масъулони «QNet» то он дамест, ки «объект» аз ширкат маҳсулот бихарад. Баъди харид, ӯ маҷбур аст, дар кӯчаю хиёбонҳо рӯз то шом ба «даъват»-у «пайгирӣ»-и дигарон пойбанд гардад.  

Ба ҷойи хулоса
Ба гуфтаи масъулони «QNet» онҳо хизматрасониҳои сафари туристӣ ба кишварҳои хориҷӣ ва таҳсил дар донишгоҳи кишвари Малайзияро низ, доранд. Аммо дар ин масоил бо Вазорати маориф ва илми мамлакат ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордод надоранд. Гузашта аз ин, масъулони «QNet»  биодиску биокулон ва ашёҳое, ки гӯё табобатианду шахсро аз зарари телефони мобилию дигар маризиҳо ҳифз мекунанд, бо қимати баланд ба шаҳрвандон барои харид пешниҳод менамоянд. Месазад, ки «Тоҷикстандарт» ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат он ашёҳоро аз санҷиши давлатӣ гузаронда, сифат ва табобатӣ будану набудани онҳоро муайян созанд, зеро тариқи «QNet» маблағҳои махсусан калони шаҳрвандон аз ҷумҳурӣ ба кишварҳои хориҷӣ берун рафта, бар ивазаш чунин ашёҳо ворид мегарданд. 
Аз ШВКД дар шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд, ки бахши тафтишот дар ин самт корро оғоз кардааст. Дар ҳамин ҳол, масъулони «QNet» фаъолияти худро давом дода истодаанд.
«Ҷумҳурият» баробари дастрасӣ ба натиҷаи тафтишоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба ин мавзуъ бармегардад ва хонандагонро дар ҷараён мегузорад…
 
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 03.04.2023 №: 68
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив