КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. НАҚШИ ЯК ТАШАББУС ДАР КАМОЛОТИ ДУХТАРОНИ ҶОМЕАСОЗ
Яке аз ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти соҳибмаълумот гардондани занону духтарон ва, ба ин васила, ба кор ҷалб кардани онҳо таъсиси Квотаи президентӣ мебошад. Маҳз ин иқдом даст дод, ки онҳо дар ҷомеа мавқеи худро касб намуда, баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намоянд.
Воқеан, ин иқдоми саривақтӣ ва наҷиби Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки духтарони кӯҳистон ба ин васила тавонанд дар дилхоҳ донишгоҳу донишкадаҳои кишвар идомаи таҳсил намуда, соҳибкасб гарданд. Ёдовар бояд шуд, ки ин иқдоми шоистаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 анҷом доданд. Инак, бисту ҳафт сол мешавад, ки духтарони ноҳияҳои дурдаст тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дохил шуда, таҳсил менамоянд.
Тавре зимни Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд: «Аз 41 ҳазору 232 донишҷӯи тоҷике, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамояд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо давоми 10 соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тариқи Квотаи президентӣ хатм намуданд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки имсол танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд».
Тибқи маълумоти Хуршед Мавлонов, сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2023-2024, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 1279 Квотаи президентӣ ҷудо шудааст, ки 656-тоаш барои духтарон мебошад. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин гардидани минтақаҳои кӯҳистон мусоидат менамояд. Ин аст, ки танҳо соли таҳсили 2024-2025 аз минтақаи Рашт 118 нафар, аз ҷумла аз ноҳияи Рашт 23, Сангвор 22, Тоҷикобод 26, Лахш 25 ва Нуробод 22 нафар тариқи Квотаи президентӣ сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардид. Ёдовар бояд шуд, ки дар минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Нуробод, то даврони соҳибистиқлолӣ шумораи занони соҳибмаълумот, ангуштшумор буд. Имрӯз тариқи Квотаи президентӣ зиёда аз 200 духтари нурободӣ соҳибихтисос гардид.
Суҳайло Сиярова, яке аз духтарони ин минтақа, ки бо Квотаи президентӣ дар курси якуми факултети забони англисии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳсил дорад, бо изҳори қаноатмандӣ чунин гуфт: «Ман хушбахттарин нафаре ҳастам, ки ин имкон ба ман даст дод. Ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат кӯшиш мекунам, ки Донишгоҳро бо сари баланд хатм намуда, дар оянда бо касби интихобнамудаам дар тарбияи насли оянда саҳм гузорам».
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.10.2024 №: 203