ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ «ДУОИ МОДАР»

БА ОЗМУНИ «ДУОИ МОДАР»

17 октябр 2024, Панҷшанбе
2
0


НОМАИ НОНАВИШТА Ё ХИРАГИИ МАНУ САБУРИИ МОДАРАМ
Замони донишҷӯӣ ва ҳоло ҳам бароям аҷиб аст суҳбати  ёру дӯстонам бо модаронашон. Модарашонро чӣ гуна садо мекунанд ва чӣ ҷавоб мегиранд...  Баъзан беихтиёр телефон ба даст мегирам, баъд ёдам меояд, ки ман танҳо як бор бо  модарам телефонӣ суҳбат кардаам, ки он ҳам пурра дар хотирам намондааст... Он замон хурд будаму  модарамро хеле пазмон шуда будам. Очаам фақат навозиш мекард ва ваъда медод, ки зуд меояд... Он дафъа омад, аммо зиёд наистод, мани хурдсолро боз танҳо монду барои ҳамеша рафт... 
Меандешам, ки агар имрӯз имкони ба модарам нома навиштан ё телефонӣ суҳбат кардан медоштам, яқинан танҳо аз хотироти рангину навозишҳои бемислаш қисса мекардаму механдидем: аз хирагии ману сабурии ӯ.
ОЧА, 50 ДИРАМ ТЕ
Солҳои зиёд бо модарам якҷо ба мактаб мерафтем. Рӯзе дертар аз хона баромадем ва саросема буд модарам. Зуд-зуд қадам мемонд. Бо вуҷуди ин, ман инҷиқӣ мекардаму бо исрор мегуфтам: 
–  Оча, 50 дирам те. Оча... 
–  Чӣ кор мекунӣ?, –  ғазаболуд мепурсид модарам. 
– Ягон чиз мехарам, – гарданшахӣ мекардам. Аввали солҳои 2000-ум, ки кишвар нав аз гирдоби ҷанг баромада буду пулу мол камчин, барои хонандаи мактаб 50 дирам хело пул буд, бо он ҳам сақичу яхмос мегирифтем. 
Иштиёқи яхмосхӯрӣ боз боло гирифту якравиро давом додам: – Оча, 50 дирам... 
–  Надорам. Ғам нате, бачам, –  суханҳояш оҳанги илтиҷо гирифтанд. 
Вале аз куҷо мани кӯдак инро дарк мекардам, ҳамоно гаштаву баргашта бо такрор мегуфтам: Оча, 50 дирам те.... 
Модари бечораам чи кор карданашро намедонист. Кӯшиш мекард фикрамро ба дигар тараф барад, намешуд. Ҳатто агар ҷангам  ҳам мекард, бефоида. Боз ба навозиш мегузашт, аммо...  Дар як он чеҳрааш гирифт, зеро намедонист аз куҷо 50 дирами сабилмондаро пайдо кунад. Оҳи сарде кашиду ба замин чашм дӯхт ва хомӯшона роҳ мерафт. Оҳиста роҳ рафтани модарам, пас аз саросемагӣ, маро ҳайрон мекард, аммо каме баъд аз замин 25 дирам ёфт. Бо ғазаб онро аз замин гирифта, баъд табассум намуд ва тангаро ба ман  дароз кард: 
– Маа, зунукта гир, ҳозир боз меёбам!
Модарам каме осудахотир гашту қадамзаниашро тезтар кард. Акнун дубора ба ёдаш расид, ки ба кор дер карда истодааст. Ман низ хурсанд будаму интизор, ки модарам боз бароям пул меёбад. Иттифоқан, модарам боз 25 дирам ёфт. Онро низ ба ман дод. Аз "лутфи тақдир" хурсанд шуд ва изтиробаш ба дӯстдорӣ табдил ёфт... 
Шоду хурсанд ҳар ду ба мактаб расидем. Он замон намефаҳмидам ҳолати модарамро. Аммо ҳоло дарк мекунам ва аз руҳи бузургаш узр мепурсам.

МОДАРАМ ОМӮЗГОР БУД
Модарам 32 сол муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби № 9-и шаҳри Кӯлоб буд. Наслеро хондану навиштан омӯхт. Кори худро хуб медонист, зани хоксор буду муаллимаи ҷиддӣ. Дар мушкилтарин рӯзҳо ба касбаш хиёнат накард, ҳатто, бе маош дарс медод. Аз ин сабаб, дар мактабу кӯча хурду калон эҳтиромаш мекарданд. Рӯзона ҳам ба мактаб мерафту ҳам кори хона мекард, шабҳояш бо дарстайёркунӣ мегузашту санҷиши дафтарҳо. 
Боре пеш аз дарс, аввал дукони пойафзолдӯзӣ рафтем, то попӯшашро таъмир намояд. Ба ёдаш расид, ки план-конспекташро нанавиштааст. Дафтарро рӯи зонувонаш гузошту ба навиштан сар кард. То корашро тамом кардани усто, модарам, аллакай, плани ду соати дарсиашро навишт. Усто саргарми дӯхтан гоҳ-гоҳ ҳайратзада ба модарам менигарист. 
Ҳамеша бо тайёрӣ ба дарс мерафт. Талабаҳояш ба хона низ меомаданд. Баъзе аз кӯдакони маҳалларо хондану навиштан ёд медод. Гоҳе ҷангашон мекард, гоҳе меҳрубонӣ ва гоҳи дигар бо онҳо кӯдакона рафтор мекард, то ҳарфу ҳиҷоро ёд гиранд.  
Шавқи хонданро дар дили ман маҳз модарам ҷо карда буд. Рӯзе аз дастам гирифта, маро ба китобхонаи мактаб бурд. Аз байни рафҳои китоб қиссаи “Юсуф ва Зулайхо”-ро гирифта ба ман дод. "Ҳар рӯз 10 саҳифа мехонӣ", – гуфт. Ҳамин гуна маро китобхон кард модарам.
Бешак, агар ӯ мебуд, ин лаҳзаҳоро дар номае ба ӯ менавиштам, ё телефонӣ нақлаш мекардаму  механдидем ҳар ду. Вале, ҳайҳот. Мо дар чи хаёлему фалак дар чи хаёл... 
Хандаи зебову самимӣ дошт модари ман. Ҳатто, лаҳзае, ки асабӣ мешуд, механдид. Ёдам меояд баъд аз бархостан аз бистари беморӣ аз пойтахт ба хона омаду пеши пояш пойандоз андохтем. Заҳри беморӣ аз танаш нарафта бошад ҳам, бо хандаи малеҳе шукру сипос мегуфт ба ҳамсояҳо. Мо хурсанд будем, ки ӯро дубора чеҳрахандон мебинем. Шодмонӣ мекардем, ки духтурони Душанбе модарамонро сиҳат кардаанд ва дигар дард асло ба ӯ наздик шуда наметавонад. Ӯ ҳам гӯё моро фиреб дод, ки ҳамеша механдид. Ҳамсоядӯстдор, ки буд, ба хонаи онҳо зиёдтар мерафт. Мегуфту механдонд онҳоро. Заҳри дилашро ба ханда тоза кардан мехост магар, ки ханда дар лаб, субҳе ногаҳон бирафт...
Фикр мекунам, ки ин бузургиву сабурӣ, меҳрубониву  сарсупурдагӣ ва содиқ будан ба арзишҳои оилавӣ на танҳо хоси модари ман, балки тамоми модарони тоҷик аст. Бале, модари тоҷик ҳамин гуна ҷонфидову сарсупурдаи оилаи худ аст ва, ҳатто, то дами марг ба рӯи азизонаш механдад. Ғами дунёро худ мехӯраду ба дигарон шодӣ мебахшад.

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 16.10.2024 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив