ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУ ҚАТРАИ ЯК БАҲР. ДАР СИТОИШИ МОДАР ВА ҶОМЕАИ ПЕШРАФТА

ДУ ҚАТРАИ ЯК БАҲР. ДАР СИТОИШИ МОДАР ВА ҶОМЕАИ ПЕШРАФТА

17 октябр 2024, Панҷшанбе
4
0


Модар дар ҳама давраҳои ҳаёти инсон сарчашмаи муҳаббат ва тарбия ба ҳисоб меравад. Аз лаҳзаи таваллуд роҳнамои фарзанд мегардад. Вай на танҳо муҳити созгорро барои рушди фарзанд фароҳам меорад, балки нақши муҳим дар ташаккули шахсияти ӯ низ дорад. Барои ҳар як инсон, модар рамзи нигаҳдорандаи оила, тарбиятгари ахлоқӣ ва ёвари устувор мебошад.
Модар дар раванди ташаккули шахсияти фарзанд нақши асосӣ мебозад. Бо иродат ва меҳнат ба фарзанд масъулияти иҷтимоӣ, ватандӯстӣ ва ҳисси инсонгароиро омӯхта, онҳоро ба роҳи зиндагии босамар раҳнамоӣ мекунад. Тарбияи дуруст, ки аз оила сарчашма мегирад, дар ташаккули инсонҳои солим ва комил нақши муҳим дорад. Ҳар шахс дар тамоми давраҳои зиндагӣ бояд фаҳмад, ки қадри модар на танҳо барои хонавода муҳим аст, балки барои ояндаи миллат низ арзиши бузург дорад.
Модар барои ҷомеа низ як сарчашмаи бузурги иқтидор аст. Имрӯз модарон дар Тоҷикистон бо иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ нақши калидӣ мебозанд. Дар баробари нигоҳдории оила имрӯз модарон дар рушди кишвар, ба ҳайси роҳбарон ва кормандони бахшҳои гуногун саҳмгузор ҳастанд. 
 Ҳар миллат барои нигоҳ доштани фарҳанг ва анъанаҳои худ ба тарбияи дурусти фарзандон ниёз дорад. Модар ҳамчун ҳимоятгари анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ ин вазифаро иҷро мекунад. Дар муҳити босуръати ҷаҳонишавӣ ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ аҳамияти махсус дорад ва модарон дар ин раванд нақши калидӣ доранд.
Меҳру муҳаббат ва дастгирии модар фарзандонро дар баробари мушкилот ва шикастҳо омода мекунад. Ин хислатҳои модар боиси он мегарданд, ки фарзандон қудрати руҳӣ, итминон ва бовари худро пайдо кунанду дар оянда дар роҳи муваффақияту пирӯзиҳо гом бардоранд.
Вақте насли нав дар роҳи муваффақият қадам мезанад, ин нишонгари заҳмату талоши модар буда, бори дигар собит мекунад, ки саробону роҳбалади ҷомеаҳои пешрафта зан-модар аст. Бидуни кӯшиш ва меҳнати модарон, ташаккули ҷомеаи пешрафта ва аҳли илм ё рушди арзишҳои маънавӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва эътирофи нақши модар дар ҷамъият вазифаи ҷонии ҳар шахс мебошад.

Зуҳробону САНДАЛОВА, 
мудири бахши котибот, 
матбуот ва маркетинги 
Кумитаи рушди сайёҳии назди 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 16.10.2024 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив