ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР. НАҚШИ ФАРИШТАИ МЕҲР ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ФАРЗАНД

МОДАР. НАҚШИ ФАРИШТАИ МЕҲР ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ФАРЗАНД

17 октябр 2024, Панҷшанбе
3
0


Аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт инсон тадриҷан аз атрофиён дониш, малака ва арзишҳои заруриро меомӯзад. Аммо муҳимтарин шахсе, ки ба ин раванд таъсири бештар дорад, модар аст. Маҳз рафтор ва хислатҳои модар, бо муҳаббату меҳрубониҳояш, асоси ташаккули фарзанд ҳамчун шахсият мебошанд. Бо қиссае аз даврони кӯдакиям, мехоҳам суханони гуфтаамро тасдиқ кунам.
Дар хурдӣ бо қироати шеъре ё чистону тезгӯяке, ҳамсояву хешовандонро ба ҳайрат меовардам ва онҳо ҳамеша маро кӯдаки доно мегуфтанд. Баъд, мани кунҷкоб худамро донои олам фикр карда, хостам аниқ кунам, ки чаро ман ин қадар доно ҳастам. Барои ин пеши модар рафта пурсидам: "Модарҷон, чаро ман ин қадар доноям?".  Бо табассуми гарм ва меҳру муҳаббат, модарам ҷавоб дод: "Вақте ки ту дар батнам будӣ, ман бисёр китоб мехондам ва боз себ мехӯрдам, барои ҳамин ту доно ва солим таваллуд шудӣ". 
Ин ҷавобе буд, ки минбаъд шахсияти маро ташаккул дод. Бо шунидани ин посух ман даҳчанд ба доно будани худ бовар кардам, ҳамеша кӯшиш доштам, ки шеъру ҳикояҳои бисёрро аз худ кунам, то минбаъд низ ин имиҷи худро аз даст надиҳам. Ин ҷавоб на танҳо як хотираи ширини кӯдакӣ, балки як асос, як эътиқод, ки модарам пеш аз таваллуди ман, аллакай, дар бораи саломатӣ ва рушди ман фикр мекардааст, мебошад.
Ин суханон дар назари аввал шояд як ҷавоби одӣ бошанд, аммо ман ҳис мекардам, ки модарам ҳанӯз пеш аз таваллуд дар бораи ояндаи ман фикр мекард, дар бораи он ки доно, қавӣ ва солим бошам. Ин далеле буд, ки бо нияти махсус, барои беҳтар кардани вазъи саломатии ман модар аз дигар навъи хӯрока даст кашида себ мехӯрд,  чун ин мевае пур аз витаминҳо ҳаст, ки ба рушди фикрӣ ва ҷисмонӣ кумак мерасонад. Ин амал бароям як рамзи ғамхории ӯ ва оқилу доно будани модарам аст.
Сухани модар, ки дар кӯдакӣ барои ман гуфта буд, ба ман ёрӣ кард, то шахсиятамро ёбам, худро фаҳмам ва ба худ бовар дошта бошам. Ман ҳамеша фикр мекардам, ки китобхону саломат ҳастам, зеро модар ба ман китобхонӣ ва ғамхорӣ ба саломатиро пеш аз таваллуд омӯзонда буд. 
Мо аксар вақт аз атрофиёнамон мешунавем: "Фалонӣ доно ва зирак аст, мисли модараш". Ин гуфта маънои амиқ дорад, чунки модар на танҳо шахсест, ки фарзандро ба дунё меорад, балки ӯро меомӯзонад. Ӯ ҳамчун аввалин шахсе, ки бо фарзанд дар тамос аст, заминагузори хислатҳои асосии ӯ мегардад. Ҳар ҳаракат, ҳар каломе, ки модар нисбати фарзандаш мегӯяд, дорои як қувваи бузург аст. Фарзандон метавонанд дар тамоми ҳаёташон аз ин суханон ва амалҳо илҳом гиранд.
Ин хотира ва мисоли ҳаёти шахсии худро барои он овардам, ки ба тамоми бонувон хотиррасон созам: ҳар як ҳаракат, қарор ва, ҳатто, ҳар як тасмиме, ки шумо нисбати фарзанди худ мекунед, аҳамияти калон дорад. Ояндаи кӯдак аз модар вобаста аст, зеро муҳимтарин қисми ҳаёти худро – заминае, ки дар он инсон рушд мекунад, бо модар мегузаронад. Дар ин замина модар на танҳо фарзанди худро ба дунё меорад, балки ӯро ба шахси воқеӣ табдил медиҳад.
Фарзандон ҳамеша намунаи аввалинро аз модар меомӯзанд. Шояд ин амалҳо барои модарон одӣ ё, ҳатто, як навъ вазифаи маъмулӣ намоянд, аммо барои фарзанд таъсири бузург доранд. Бояд гуфт, ки ҳар як калом, ҳар як амал ва ҳар як нияти шумо – бонувон, барои фарзандон таъсири амиқ мегузоранд. Модар будан танҳо масъулияти парвариш нест, балки ташаккул додани ояндаи як инсони дигар низ мебошад. Шумо асосгузори шахсияти кӯдак ҳастед ва албатта, ҳар як амали шумо ба насли оянда хоҳ-нохоҳ таъсир мерасонад. 

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.10.2024 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив