ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДУХТАРАМ, ГИРЕҲИ ДИЛАТРО КУШО

ДУХТАРАМ, ГИРЕҲИ ДИЛАТРО КУШО

17 октябр 2024, Панҷшанбе
7
0


Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 90-уми ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ ба хонандагон сабақ медод. Дар муддати ҳашт соли омӯзгорӣ таҷрибаи кофӣ андӯхт. Бисёр дастпарваронаш дар идораҳои бонуфуз машғули кор ба нафъи кишвару ҷамъият камари ҳиммат баста буданд. Вай аз ин меболид, вале имрӯз хотираш каме мушавваш буд. Ин ҳолати руҳии ӯ аз чашмони ҳаётдидаи модар пинҳон намонд.

– Духтарам, гиреҳи дилатро кушо, дар мактаб ягон ҳодиса шуд, ки ҳоли парешон дорӣ?
– Не, очаҷон, корҳоям хубанд, шогирдонам аълохон, чанд нафараш дар озмунҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ғолиб омад, ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ низ роҳхат гирифтем. Аз онҳо дилам пур, ҳатман ба зинаҳои ифтихорӣ мебароянд, аммо аз он дар андешаам, ки ба ман вазифаи муовини директори Литсейи рақами 1-ро пешниҳод намуданд. Дар раёсати маорифи шаҳри Душанбе будам. Рад накардам, лекин акнун дар фикрам, ки аз уҳдааш мебаромада бошам.
– Албатта, мебароӣ. Оқилон гуфтаанд: «Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…». Кордидаӣ.  Ба ҳар кас ин вазифаро бовар намекунанд, меомӯзанд. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ҷавон бовар доранд. Ту метавонӣ, ба кӯдакон дилбастаӣ. Ҳамчунин, дуои мо ҳамеша мададгорат. Дар ёд дорӣ, вақте ки Сотим Улуғзода бо завҷаашон Клавдияхола ба хона омаданд, ту зочабозӣ мекардӣ, ба лӯхтакҳоят афсона мегуфтӣ, устод аз суханҳои ту мафтун шуда гуфта буданд:
– Аз Зулфинисо оянда омӯзгори ҳақиқӣ месабзад. Гуфтаашон шуд. 
Устод Сотим Улуғзода ба ин хонадон, ки дар маҳаллаи Камонгарони пойтахт маъво дошт, соле ду-се бор меҳмон мешуд. Падари оила Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Ваҳҳобҷон Иномов раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Яккачинор буду бо устод ҳамдеҳа. Ҳам дар водии Вахш ва ҳам дар шаҳри Душанбе аҳли оилаашон бо ҳам рафтуомад мекарданд. 
Модар ифтихор дошт, ки аз ҳашт фарзандаш се нафар маълумоти олии омӯзгорӣ гирифт, дигарҳо олим-агроном, иқтисоддон, муҳандиси соҳаҳои кишоварзию барқ ва муҳосиб буданд.  Ана, имрӯз аз ҳама хурдии онҳо ба вазифаи баланд пешбарӣ шудааст, акнун ӯ дуогӯ аст, ки чашми бад ба духтараш нарасаду комёбиҳо ёраш бошанд. 
Зулфинисо Иномова аз панди модар руҳ гирифт. Дар Литсей ҳамчун муовини директор оид ба тарбия корро тавре ба роҳ монд, ки ҳам роҳбарони шуъбаи маорифи ноҳия, раёсати маорифи шаҳр ва ҳам Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз фаъолияташ розӣ буданд. Литсей барои дигар муассисаҳои таълимӣ намуна гашт. Намояндаҳои мактабҳои мамлакат омада таҷрибаи кори онҳоро меомӯхтанд, ҳатто, аз кишварҳои хориҷӣ меҳмонон оянд, ҳатман аз ин Литсей дидан мекарданд. Моҳи феврали соли 1998 бо ибтикори Сарвари давлат Литсейи онҳо Литсейи президентӣ барои бачаҳои болаёқат ном гирифт. Акнун аз саросари ҷумҳурӣ бачаҳои лаёқатманд дар ин ҷо мехонданд.  
Вақте ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаи иваз намудани директори Гимназияи рақами 74 ба миён омад, аз байни якчанд номзад Зулфинисо Иномова интихоб гардид, зеро ӯ ҳамчун пайвандгари мактабу оила, ташкилотчии хуб, ташаббускори бисёр лаёқатманди чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ, ном бароварда буд. 
Ӯ дар Гимназия, баъди омӯзиши мукаммали дастурҳои методиву китобҳои тавсиявии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тарзу усулҳои нави хонишро роҳандозӣ намуд. Аз таҷрибаи мактабҳои кишвар ва хориҷ навгониҳоро эҷодкорона истифода мекард. Бо омӯзгорон машваратҳо меорост, ташаббусҳои онҳоро баррасӣ намуда, аввал дар як синф месанҷид, чун ба муваффақияти он бовар ҳосил мекард, тавсия медод, ки дигар омӯзгорон ҳам аз ин усули нави фоидаовар истифода баранд. Гимназияро аз таъмир баровард, бинои нави иловагии панҷошёна аз ҳисоби буҷети шаҳр сохта шуд. Имрӯз атроф, ҳавлӣ ва дохили муассиса басо зебову диданӣ шудааст. Толорҳои барҳаво, ошхона, китобхона, варзишгоҳ дар хизмати хонандагонанд. 
Вай дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кумитаи падару модаронро дар Гимназия созмон бахшид. Дар чандин вохӯрию семинару маҳфилҳо масъулияти зодмандонро вобаста ба иҷрои моддаҳои Қонун банд ба банд шарҳу эзоҳ дод. Акнун ҳар падару модар вазифаи хешро медонист ва дар иҷрои он масъулият эҳсос мекард. Ҳоло кумитаи падару модарони Гимназия Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро мавриди омӯзиш ва иҷро қарор додаанд.
Дар тули директории Зулфинисо Иномова бисёр омӯзгорони Гимназия «Омӯзгори сол» дар ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳри Душанбе ва Тоҷикистон шуда, сазовори медали Хизмати шоиста ва нишонҳои Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон гардидаанд. Шогирдон низ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ғолиб гаштаанд. Аз 115 нафар омӯзгор 31 нафар Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон мебошад. Соли ҷорӣ муаллим М. Мавлоназарова аз дасти мубораки Пешвои муаззам медали Хизмати шоиста гирифт. Дар соли хониши 2023-2024-ум 38 хонанда дар олимпиадаҳои фаннии шаҳр, 27 нафар дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардид. Гимназияи рақами 74 барои комёбиҳояш дар байни литсей ва гимназияҳои типи нав соҳиби ҷоиза: «Стелла» шуд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 нафар, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 4 хонанда ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. И. Алиев Гимназияро бо медали тилло хатм намуд. Аз 174 хатмкунанда 32 нафар ба донишгоҳҳои хориҷӣ шомил гашт, 138 кас донишҷӯи мактабҳои олии кишвар гардид. 
Ба шарофати сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» ва сиёсати хирадмандонаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми мамлакат Зулфинисо Иномова ба кишварҳои Беларус, Полша, Қирғизистон, Ӯзбекистон, шаҳрҳои Москваю Санкт-Петербурги Россия сафар намуда, аз таҷрибаи мактабҳои пешқадам баҳра бардоштааст ва, ҳамчунин, дар бисёр конфронсҳо, семинару маҳфилҳои байналмилалӣ, аз таҷрибаи худу мактабҳои Тоҷикистон, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, сухан рондааст. 
Ӯ чанд рӯз пеш аз Минск (Беларус) баргашт. Модар бо меҳр пешвозаш гирифт, аз соҳибистиқлолӣ, аз сулҳу осоиши Ватан ситоишу шукр намуду аз бардоштҳои духтараш аз сафари навбатӣ пурсид.
– Вақте ки аз сохтмони мактабҳо, бунёдкориҳо  дар Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ сухан карда, далелҳоро бо ҳафтод соли даврони шуравӣ муқоиса намуда, фарқиятро иброз медоштам, шунавандагон ба ҳайрат меомаданд, ки чӣ тавр мо баъди барҳам додани оқибатҳои кашмакашҳои шаҳрвандӣ,  дар давраи ниҳоят кӯтоҳи таърих ба ин комёбиҳо ноил гаштем. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои олӣ, гимназияву литсейҳо, мактабҳои махсуси таълимашон пурра ба забонҳои хориҷӣ ба назарашон афсона менамуд, аммо наворҳоро дида ба дастовардҳои маорифпарварони тоҷик аҳсант мехонданд. 
Модари 94-сола, соҳиби набера, абера ва чабера, ҳарфҳои аз завқи дил гуфтаи нури чашмонашро бо шодмонӣ мешуниду аз бахти духтараш, аз Ватани шукуфонаш, аз Сарвари мардумпарвараш шукр мекарду даст ба дуо мебардошт, ки дастовардҳои Тоҷикистон зиёда гарданд. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»  

Санаи нашр: 16.10.2024 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив