МЕҲРУБОНӢ КУН БА ҶАШНИ МЕҲРГОН!
Халқи тоҷик фарҳанги ғанию ҷолиб ва басо пурмуҳтаво дорад ва бо маросиму оину анъанаҳои пуробурангу дерини худ, ки ҳама аз “гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек” маншаъ мегиранд, ифтихорманд аст.
Як бахши муҳими таърихи фарҳанги тоҷикони тамаддунпарварро ҷашнҳои миллӣ ташкил медиҳанд. Дар ин миён чор ҷашни халқи тоҷик, ки ба чор фасли сол мутааллиқанд (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада), бештар қадимию ғанию маъруфанд. Ҷашни Меҳргон дар радифи анъанаҳои неки ниёгон ҷойгоҳе хосса дорад ва муҳтавояш рангину хушбинона аст. Дар гузашта ин Ҷашн шукӯҳу эътибори бузург дошта, доираи васеи мардумро гирд меовардааст. Сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи Ҷашни Меҳргон маълумоти гуногун ва таваҷҷуҳбарангез овардаанд. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар асари маъруфаш “Чаҳор мақола” мафтуни тантанаҳои меҳргонӣ гаштани амири вақтро чунин ёд кардааст: “Чун амир Наср ибни Аҳмад Меҳргон ва самароти он бидид, азимаш хуш омад”. Дар ашъори шоирони адабиёти классикиамон васфу тараннуми Меҳргон ва таҷлили он фаровон ба назар мерасад. Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз фарорасии Ҷашни Меҳргон ба ваҷд омада, мужда ба шоҳ мерасонад:
Малико, Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Ин қитъа якчанд мисраъро фаро мегирад ва нишоту фараҳе, ки дар он эҳсос мешавад, худ ифодагари азамати Ҷашни Меҳргон ва маҳбубияти он дар байни хосу ом аст.
Даъвати шоири маъруф Масъуди Саъди Салмон ба ифтихори фарорасии ин Ҷашни файзбор хеле самимию меҳрбор садо медиҳад:
Меҳрубонӣ кун ба Ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру Ҷашни Меҳргон.
Ҷашни Меҳргон, ки чун Садаю Тиргону Наврӯз дар як давраи муайяни таърихи тоҷикон бинобар сабабҳои маълум ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буд, аз файзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳё гашту умри дубора дарёфт ва расман дар силсилаи ҷашнҳои миллии тоҷикон ҷой гирифт ва акнун ҳамасола таҷлил мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сиёсати халқгароёнаю ватанпарастона доранд ва ба анъанаю муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, ба эҳёи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон, мусоидат намуданд ва чун ҷашнҳои дигар ин Ҷашнро низ намунаи барҷастаи афкору омоли тамаддунпарваронаю хайрхоҳонаи миллати тоҷик хонданд. Ҳамасола Сарвари кишвар халқи азизи худро ба ифтихори фарорасии Ҷашни Меҳргон табрик мегӯянд. Дар яке аз чунин табрикоти Пешвои миллат омадааст: “Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд”.
Хушо, ки дар кишвари хуршедии мо Ҷашни Меҳргон сол ба сол вусъат мепазирад ва бештар шукӯҳманду нишотбор мешавад.
Иззат ПИРНАЗАРОВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоии Мактаби миёнаи умумӣ
бо омӯзиши амиқи фанҳои алоҳида дар шаҳри Хуҷанд