КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад ва имрӯз мо бо сарфарозӣ зикр карда метавонем, ки ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ тавонист баҳри бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон заминаи калидӣ ва роҳу василаи дурустро барои ояндаи дурахшон ба вуҷуд оварад. Воқеан, дар як марҳалаи ҳасоси таърихӣ таҳияи чунин санад кори басо мушкил буд, вале маҳз кордонӣ, масъулият ва садоқати Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонистанд бо таклифу пешниҳодҳои худ як гурӯҳи кории босалоҳият созмон диҳанд ва пайваста аз он натиҷагирӣ намоянд. Барои ман боиси ифтихору сарбаландист, ки дар раванди таҳияи он бевосита иштирок доштам ва шоҳиди он гардидам.
Бояд хотирнишон намуд, ки гурӯҳи корӣ аз ҳисоби ходимони давлатӣ, шахсони соҳибтаҷриба, олимони варзидаи соҳаҳои гуногуни илми Тоҷикистон, донишмандони соҳаҳои таъриху анъанот, фарҳангу одат, ҳуқуқу сиёсат ташкил гардид. Гурӯҳи корӣ аз аввали моҳи ноябри соли 1993 ба кор оғоз намуд ва бо истифодаи таҷрибаи бойи ҷаҳониён лоиҳаро омода сохт. Зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия борҳо байни аъзои гурӯҳи корӣ оид ба баъзе меъёрҳои он баҳсҳо доир мегардиданд, аз ҷумла меъёрҳои моддаҳои он, шакли идоракунии давлат, масъалаҳои моликият ва дигар падидаҳои муҳими конститутсионӣ аз ҳамин қабил масъалаҳо буд.
Қобили зикр аст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои нави давлати соҳибистиқлол, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои илмӣ оид ба падидаҳои конститутсионализм, инчунин, таҷрибаи давлатҳои пешқадам оид ба таҳия ва қабули Конститутсия, арзишҳои байналмилалӣ ва санадҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ пурра ба инобат гирифта шуд. Маҳз ҳамин омилҳо буд, ки дар ҳамон марҳала лоиҳаи Конститутсия аз ҷониби як зумра мутахассисони кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Англия, Россия ва чанд кишвари дигар баҳои сазовор гирифт ва ҳатто коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ низ ба лоиҳа баҳои баланд доданд.
Дарвоқеъ, азбаски меъёрҳои лоиҳаи Конститутсияи мардумӣ пурра ҷавобгӯ ба ҳадафҳои халқ ва умед барои ояндаи нек буд, 6-уми ноябри соли 1994 ба сифати қонуни асосии кишвар пас аз баррасӣ ва ба инобат гирифтани ҳаштуним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар тули таърихи мавҷудияти худ аввалин маротиба соҳиби ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз гардиданд, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва дар ин замина, тақвият бахшидан ба дурнамои ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи давлати Тоҷикистон ва низоми қонунгузорӣ замина гузошт. Яъне, Конститутсия барои бунёди давлатдории навини мо аҳамияти таърихӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ дорад ва он кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқиро ба вуҷуд овард. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
То ин муддат амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Баъд аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ дар амалӣ намудани моҳияти демократии давлати Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Имрӯз мо ба ояндабинии Пешвои муаззами кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қоил шуда метавонем, зеро ҳанӯз охири соли 1993 таъкид карда буданд:“...ман ба тамоми ҳамватанони худ ва тамоми аҳли башар эълон менамоям, ки ин роҳи интихобкардаамон моро ба самти демократияи воқеӣ мебарад”.
Таҳлил ва омори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба он далолат менамояд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар зиёда аз 427 санади қонунгузорӣ ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шудаанд.
Бо дарназардошти дастовардҳои нави ҷомеа, то ин муддат ислоҳоти конститутсионӣ гузаронда шуда, марҳалаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбад.
Бояд таъкид кард, ки дар се марҳала ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия сабаб ва омилҳои хоссаро доро буда, бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои сифатии ҳаёти ҷомеа дар раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ табиист, ки ба вуқуъ мепайвандад. Албатта, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия талаби замон буда, мазмуну муҳтавои онро таҳкиму тақвият мебахшанд, инчунин, барои таҳкими ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мустаҳкам ва такмил додани фаъолияти мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инкишофи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуда истодаанд.
Донистани Конститутсия ва эҳтиром гузоштан ба меъёрҳои он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси худогоҳу худшинос ва ватандӯсту меҳанпараст буда, омӯзиши ин ҳуҷҷати волои ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ мусоидат менамояд. Дар робита ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар замони муосири тағйирёбанда басо муҳим арзёбӣ мегардад ва тамоми тоҷикистониёнро ҳушдор месозад, ки ба ин санади сарнавиштсоз арҷ гузошта шавад.
Боварии комил дорам, ки суханони зерини Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳанӯз дар солҳои аввали бунёди давлати соҳибистиқлоламон – 30 сол пеш гуфта буданд, имрӯз низ саривақтӣ буда, барои ояндаи нек раҳнамо мебошанд: “Ман аминам, ки мо ҳама аз як гиребон сар бароварда, масъалаҳои дарпешистодаро, ки танҳо барои некуаҳволии халқ нигаронда шудаанд, бо сарбаландӣ ҳал намуда, якдиливу муттаҳидии худро бори дигар дар назди халқамон нишон медиҳем ва ба боварии мардум сазовор будани худро бо корҳои неки амалиамон исбот менамоем”.
Шавкат ИСМОИЛОВ,
узви Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994), доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор