МЕҲРГОН ТАҶАССУМГАРИ СУННАТҲОИ НЕКИ ИНСОНИСТ
Меҳргон, ба монанди Наврӯз, таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сарукор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Бикшод Меҳргон дари иқбол бар ҷаҳон,
Фархунда бод малики Шарқ Меҳргон.
Ҷашн гирифтани Меҳргон – яке аз қадимтарин иди мардуми Шарқ ва халқи тоҷик, барои мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳои кишвар аҳамияти таърихию маърифатӣ дорад. Дар таърихи мардуми Шарқ Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи кишоварзон, деҳқон, фаровонӣ, шодию нишот, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Дар сарзамини Шарқ дар замонҳои қадим Меҳргон ба монанди Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Тавре ки Абурайҳон Берунӣ, А. Кристенсен, М. Баҳор ва олимони дигар ишорат намудаанд, шоҳон зимни таҷлили ин ҷашнҳо ба назди мардум баромада, маросими ҳадия додан ва ҳадия гирифтанро анҷом медоданд. Марде чун «пайки хуҷаста» вориди дарбори шоҳ мешуд ва оини хоссае баргузор мегашт. Дар ин ҷашнҳо, ки шашрӯзӣ идома меёфтанд, дастархони зебои пурнозу неъмат меоростанд. Меҳргон низ ба мисли Наврӯз аз «Меҳргони омма» ва «Меҳргони хосса» иборат буд. Вожаи «меҳргон» аз ду ҷузъ иборат буда, онро дар луғатномаҳо чунин шарҳ додаанд: «меҳр» ба маънои муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ зикр мешавад, ки дар замони Сосониён ва баъдҳо дар байни хони меҳргонӣ, ки ба хони наврӯзӣ монанд буд, чун рамзи рӯшноӣ шамъ мегузоштанд. Дар атроф гулу гиёҳҳои хушбӯй мепошиданд. Бо дуди испанд неруҳои аҳриманиро дур карда, бо пош додани гулоб муҳитро хушбӯй менамуданд. Ба мисли Наврӯз дар Ҷашни Меҳргон низ шодиву сурур, рақсу бозӣ, созу мусиқӣ танинандоз мегардид.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостонӣ, ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон таваҷҷуҳ намуда, барои эҳёи дубораи онҳо шароит муҳайё сохтанд. Дар фасли тирамоҳ, чун нишонаи Ҷашни Меҳргон, баргузор гардидани идҳои тарбузу харбуза, фестивали картошка, оши палов, каду, ангур, себ, анор, нок, асал ва намоиши дигар дастовардҳо ба мардум шодию сурур мебахшад. Ҳоло дар кишварамон Ҷашни Меҳргон ҳар сол моҳи октябр таҷлил мегардад. Дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо мардум маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузошта, гурӯҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Ҳамчунин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо намоишҳои махсуси театрӣ бахшида ба Меҳргон баргузор мекунанд. Мардуми Тоҷикистон Меҳргонро мисли Наврӯз ҷашн гирифта, бо Роҳбари ватандӯсту маърифатпарвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд ва баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар саъю талош менамоянд.
Ҷашни Меҳргон муборак бошад, азизони дил ва тоҷикони тамаддунсоз!
Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи таърихи археология, этнография ва диншиносии ДДХ
ба номи академик Б. Ғафуров